
Нигариши кӯтоҳе ба зиндагии Паёмбари Ислом (с)
Publish number :
Аввал
(1 Votes)
(1 Votes)
Нигариши кӯтоҳе ба зиндагии Паёмбари Ислом (с)
Нигариши кӯтоҳе ба зиндагии чаҳордаҳ маъсум
Қисмати аввал Зиндагии Паёмбари Ислом (с)
Муҳаммад (с) ба дунё омад ва ҳамроҳ бо таваллуди ӯ ҳодисаҳое дар осмону замин, махсусан дар Машриқ, ки гаҳвораи тамадуни он рӯз буд, падидор гардид.
Ин ҳаводис ба монанди сариътари василаи хабаргузории имрӯзи ҷаҳон буд, ки аз ҳодисаи муҳимме хабар медод. Аз он ҷо, ки ин навзод мебоист одобу русуми кӯҳна ва хурофии миллатҳоро дарҳам кӯбад ва асоси нав барои пешрафту тараққии инсонҳо бирезад, аз ҳамон рӯзҳои аввал занги бедорбошро ба садо даровард.