Зиндагии пешвои аввал ҳазрати Алӣ ибни Абӯтлиб

Зиндагии пешвои аввал ҳазрати  Алӣ ибни Абӯтлиб

Зиндагии пешвои аввал ҳазрати Алӣ ибни Абӯтлиб

Interpreter :

Зарринтоҷ

Publication year :

2008

Number of volumes :

2

Publish number :

Аввал

(0 Votes)

QRCode

(0 Votes)

Зиндагии пешвои аввал ҳазрати Алӣ ибни Абӯтлиб

Нигариши кӯтоҳе ба зиндагии чаҳордаҳ маъсум

Қисмати дуюм Зиндагии пешвои аввал ҳазрати  Алӣ ибни Абӯтлиб (а

قَالَ رَسُول الله (صلّی الله عليه وَ آله): اِنِّي تَارِكٌ فِيكُمُ الثَّقَلَيْنِ: كِتَابَ الله،ِ وَعِتْرَتِي اَهْلَ بَيْتِي، مَا اِنْ تَمَسَّكْتُمْ بِهِمَا لَنْ تَضِلُّوا اَبَدًا، وَانَّهُمَا لَنْ يَفْتَرِقَا حَتیّ يرِدَا عَلَيَّ الْحَوْضَ.

Расули Худо(с) фармудаанд:

Ман ду чизи гаронбаҳоеро дар миёни шумо аз худ боқӣ мегузорам: яке Китоби Худованд ва дигаре Итратам, Аҳли байтам. Агар ба ин ду чанг занед, ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд. Ин ду ҳеҷ вақт аз якдигар ҷудоӣ надоранд, то он гоҳ ки бар ҳавзи Кавсар бар ман ворид шаванд.

Саҳеҳи Муслим, ҷилди 7, саҳ. 122; Сунани Дорамӣ, ҷилди 2, саҳ. 432; Муснади Аҳмад, ҷилди 3, саҳ. 14, 17, 26, 59, ҷилди 4, саҳ. 366, 371, ҷилди 5, саҳ. 182, Мустадраки Ҳоким, ҷилди 3, саҳ. 109, 148, 533 ва ...

Аҳли Байт алайҳимуссалом мероси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд, ки пайравонашон онро аз хатари нобудӣ ҳифз намудаанд. Ин намунаи фарогири як мактабе аст, ки шохаҳои мухталифи маърифати исломиро дар бар дошта ва тавониста аст ашхоси зиёди тавонмандеро барои сероб шудан аз ин чашмаи ҷӯшон, парвариш ва тақдими уммати исломӣ намояд.

Ин донишмандон бо пайравӣ аз Аҳли Байти Паёмбар(с) дар мақоми посухгӯӣ ба дасисаҳо ва шубҳаҳои воридшуда аз сӯи мазҳабҳо ва ҷараён-ҳои фикрии дохил ва хориҷи ҷомеаи исломӣ баромада, дар давоми қарнҳои гузашта пеш-ниҳодкунандаи матинтарин посухҳо ва роҳи ҳалҳо барои ин шубҳаҳо буда ва ҳастанд.

Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а) бар асоси масъулиятҳои бар гардан гирифтаи худ ба дифоъ аз ҳарими рисолат ва эътиқодоти ҳақиқии он; ҳақоиқе, ки арбоби фирқаҳо, мазҳабҳо ва асҳоби ҷараёнҳои мухолифи Ислом пайваста дар мухо-лифат бо он кӯшиш ба харҷ додаанд, камари ҳиммат баста аст. Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а) худро дар ин роҳи муқаддас пайрави шогирдони ростини мактаби Аҳлибайт(а) медонад; ҳамон, ки ҳамвора барои радди ин иттиҳомоти давомдор омодагӣ дошта ва кӯшиш намудаанд мутобиқ бо зарурати ҳар асру замон дар сафи пеши ин мубориза боқӣ монанд.

Таҷрибаҳое, ки дар ин замина дар китобҳои донишмандони мактаби Аҳлибайт(а) захира шудаанд, дар навъи худ  беназир мебошанд. Зеро ин таҷрибаҳо аз дастовардҳои илмӣ бар асоси ҳокимияти ақл, истидлол, дурӣ аз ҳавою ҳавас ва таассуби кӯркӯрона бархурдор буда, мутахасси-сон ва соҳибони андешаро чунон мавриди хитоб қарор медиҳад, ки ақли солим ва фитрати поки инсон пазирои он бошад.

Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а) кӯшида аст, то марҳалаи наве аз ин таҷрибаҳои арзишмандро дар маҷмӯае аз таҳқиқот ва таълифоти муал-лифони муосир аз мактаби Аҳлибайт(а) барои ташнагони ҳақиқат қарор диҳад.

Ин Маҷмаъ ҳамчунин иқдом ба таҳқиқ ва нашри таълифоти судманди гузаштагон ва шахсиятҳои барҷастаи пайравони ин мактаб намудааст, то ин манобеъ низ ташнагони ҳақиқатро чашмаи гуворое бошад, то дар асри такомули босуръати ақлҳо гӯши ҷони худро бар ҳақоиқе, ки Аҳли Байти рисолат(а) барои ҳамаи ҷаҳониён ба армуғон овардаанд, бикушоянд.

Умедворем хонандагони мӯҳтарам бо пешни-ҳоди назарияҳо ва пешниҳодҳои арзишманд ва интиқодҳои созандаи худ Маҷмаи ҷаҳонии Аҳлибайт(а)-ро дар ин замина бонасиб гардо-нанд.

Ҳамчунин аз соири муассисаҳо, донишмандон ва тарҷумонҳо даъват мекунем, то дар нашри фарҳанги Исломи ноби Муҳаммадӣ(с) моро ёрӣ намоянд.

Аз Худованди мутаол мехоҳем ин талоши ночизро аз мо қабул намуда, талоши моро зери сояи ҷонишини худ дар замин ҳазрати Маҳдӣ (Худованд зуҳурашро наздик гардонад) рӯзафзун-тар созад.