Drawer trigger

Манзур аз шиа чист

Манзур аз шиа чист?

Ҷавоб: “Шиа” дар луғати араб ба маънои “пайрав” аст. Қуръони маҷид мефармояд:

"إنّ من شيعته لإبراهيم".

“Яке аз пайравони Нўҳ, Иброҳим аст”.( Аммо дар истилоҳи мусалмонон, шиа ба касоне гуфта мешавад, ки эътиқод доранд Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам пеш аз реҳлати худ, ҷонишини худ ва халифаву раҳбари мусалмононро дар муносибатҳои гуногуне, аз ҷумла дар рўзи 18-и зулҳиҷҷа дар соли даҳуми ҳиҷрӣ, ки ба рўзи “Ғадир” маъърўф аст, дар як иҷтимои бузург, мушаххас фармуданд ва ўро ба унвони марҷаъ ва раҳбари сиёсӣ, илмӣ ва динии пас аз худ, таъин намуданд.

Тавзеҳ ин ки: пас аз Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, муҳоҷиру ансор ба ду гурўҳ тақсим шуданд:

1-Гурўҳе мўътақид буданд, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам масъалаи хилофатро нодида нагирифта ва ҷонишини худро таъин фармудааст ва ў ҳамон Алӣ ибни Абутолиб алайҳис-салом аст нахустин касе, ки ба он ҳазрат имон овард.

Ин ҷамъият, ки аз муҳоҷиру ансор ташкил шуда буданд ва дар раъси онҳо, ҳамаи шахсиятҳои болои Банӣ Ҳошим ва ҷамъе аз бузургони саҳоба, монанди Салмон, Абўзар, Миқдод, Хаббоб ибни Арат, Аммор ва амсоли онон қарор доштанд, бар ҳамин ақида боқӣ монданд ва шиаи Алӣ алайҳис-салом ном гирифтанд.

Албатта ин лақабро Паёмбари гиромии ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар ҳоли ҳаёти худ ба пайравони Амирал-мўъминин алайҳис-салом ато фармудааст. Онҷо ки ба Алӣ ибни Абитолиб салавотуллоҳи алайҳ мефармояд:

"والذي نفسي بيده انّ هذا و شيعته لهم الفائزون يوم القيامة".

Савганд ба он ки ҷони ман дар дасти ўст ў (Алӣ алайҳис-салом) ва пайравону шиаёнаш дар рўзи қиёмат, растагоранд.[1]

Бинобар ин шиа, иборат аст аз гурўҳе аз мусалмонони садри Ислом, ки ба хотри эътиқод ба “тансисӣ будани”[2] мақоми вилоят, ба ин ном маъруф гардидаанд ва ин ҷамъият то кунун низ бар хатти васоят ва пайравӣ аз Аҳли Байти Паёмбар боқӣ мондаанд.

Мақому мавқеияти шиа, аз ҳамин роҳ муайян мешавад ва ба ин баён, бепоягии гуфтори баъзе аз дурўғсозони нодон ё муғриз мабнӣ бар ин ки шиа дар замонҳои баъд ба вуҷуд омадааст, равшан мегардад.

2-Гурўҳи дигар бар ин ақида буданд, ки мақоми хилофат мақоме аст интихобӣ, аз ин рў бо Абўбакр байъат намуданд ва баъдҳо лақаби “аҳли суннат” ё “тасаннун”-ро ба худ гирифтанд. Ва саранҷом натиҷа ин шуд, ки байни ҳар ду гурўҳи исломӣ бо доштани муштаракоти бисёр дар усул, ихтилофи назар дар масъалаи хилофат ва ҷонишинии Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба вуҷуд омад ва ҳастаҳои нахустини ҳар ду гурўҳро ҳамон муҳоҷир ва ансор ташкил метиҳанд.

Саййид Ризо Ҳусайнӣ Насаб

Манбаъ: Шиа посух медаҳад

Баргардонанда И. Қосмиов



[1] -Дур-ул-мансур-и Суютӣ ҷ.6.Дар тафсири ояти ҳафтуми сураи Баййинаҳ.  Аҳодиси зиёде дар ин мавзўъ ворид шудааст, ки мо дар зер ба отҳо ишора мекунем: 1-Вақте ин оят нозил шуд "Касоне, ки имон оварданд ва амалҳои солеҳ анҷом доданд, онҳо беҳтарини халқи (Худо) ҳастанд" Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: Беҳтарин халқ ту ва шиаёнат ҳастед, эй Алӣ. Ту ва шиаёнат дар рўзи қиёмат меоед дар ҳоле ки шумо розӣ ҳастед ва аз шумо низ розӣ ҳастанд ва душманонат ғазабнок меоянд". Ба китобҳои зер муроҷиа кунем: "Тафсир"-и Табарӣ. "Тафсир"-и Шавконӣ. "Тафсир"-и Олусӣ. "Шавоҳид-ут-танзил"-и Ҳасконӣ ҷ1.с.459 то 462. "Савоиқ-ул-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.с.468. Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.371. 2-Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Алӣ фармуданд: "Ту ва пайравонат (шиаёнат) хушҳол ва масрур вориди ҳавз мешавед дар ҳоле ки суратонатон зебо ва сафед аст ва душманони ту вориди ҳавз мешаванд дар ҳоле ки ташнаву ғазабнок хоҳанд буд". "Мўъҷам-ул-кабир"-и Табаронӣ ҷ1.саҳ.319, р.948. "Маҷмаъ-уз-завоид"-и Ҳайсамӣ ҷ.9.саҳ.131. "Назми дурару симтайн"-и Зарандӣ саҳ.92. 3-Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Алӣ фармуданд: "Эй Абулҳасан, ту ва шиаёнат дар биҳишт хоҳед буд". "Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.6.саҳ.354,р.6605.ҷ.7.с.355. "Таърихи Бағдод" ҷ.4.с.329,ҷ.12.саҳ.284-353. "Таърихи Ибни Асокир ҷ.42. с.332 то 335 бо нуҳ санад. 9)"Савоиқ-ул-муҳриқа" ҷ.2.с.505. "Канз-ул-уммол" ҷ.1.с.223.р.1127,ҷ.11.с.323,р.31631. 4-Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: "Алӣ ва шиаёнаш наҷотёфтагон ҳастанд дар рўзи қиёмат". Таърихи Ибни Асокир ҷ.42.саҳ.332-333. "Ал-Ағонӣ"-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ ҷ.18.саҳ.90. 5-Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Алӣ алайҳис-салом фармуданд: "Меоӣ ту ва шиаёнат дар рўзи қиёмат дар ҳоле ки шумо розӣ ҳастед ва аз шумо низ розӣ ҳастанд ва душманонат меоянд дар ҳоле ки ғазабнок хоҳанд буд".  Мўъҷам-ул-авсат"-и Табаронӣ ҷ.4.саҳ.187.р.3934. "Маҷмаъ-уз-завоид" ҷ.9.саҳ.131. "Руҳ-ул-маони"-и Олусӣ ҷ.3.саҳ.207. ""Канз-ул-уммол" ҷ.13.саҳ.156,р.36484. 6-Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Алӣ фармуданд: "Ваъдагоҳи ман бо ту ва пайравонат (шиаёнат дар рўзи қиёмат) сари ҳавзи Кавсар аст". "Маноқиб"-и Хоразмӣ саҳ.266. "Шавоҳид-ут-танзил”-и Ҳасаконӣ ҷ.2.с.459. "Дурр-ул-мансур"-и Суютӣ ҷ.6.с.379. "Файз-ул-қадир”-и Муновӣ ҷ.5.с.477. 
[2] -касоне, ки мўътақид ба ҷонишин таъин кардани Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буданд ва таъини мақоми хилофатро аз сўи Худованд медонистанд.

Related Titles


No dataNo Data