Ҷаҳонишавӣ ва Ислом
Ҷаҳонишавӣ ва Ислом
0 Vote
59 View
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ва дуруду салом ба Паёмбари инсу ҷин ва ба ҳама аҳли байт ва асҳоби Эшон. Имом Аҳмад (р) дар Муснади худ аз Савбон аз Расули Худо (с) ривоят карда аст, ки гуфтанд: “Қариб аст, ки умматҳо аз ҳар гӯшаву канор болои шумо дармеафтанд, ҳамон тавре, ки тановулкунандагони таом болои он дармеафтанд.” Савбон мегӯяд, мо пурсидем, ки оё ин ҳолат аз сабаби кам будани шумораи мо аст? Паёмбар (с) гуфтанд: “Шумораи шумо дар он рӯз зиёд аст, лекин монанди кафки рӯйи сел мешавед, ҳайбати шумо аз қалби душманатон барканда мешавад ва Аллоҳ таоло дар қалби шумо “ваҳн”-ро ҷой медиҳад.” Савбон мегӯяд, пурсидем, ки “ваҳн” чист? Расули Худо (с) гуфтанд: “Муҳаббат ба дунё ва бадбинӣ нисбати марг.” Овардани ривояти боло то як андоза мавзӯи мавриди баҳси моро равшан месозад. Зеро аз ин ҳадис ду нуктаи асосӣ маълум мегардад: якум ин ки Паёмбар (с) бо ваҳйи илоҳӣ аз вазъи имрӯзаи уммат, ки рафта-рафта дар қолаби қудратҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифта, мақоми худро то андозае аз даст медиҳад, огоҳ буданд ва моро хабардор кардаанд ва нуктаи дуюм ин ки сабабгори асосӣ дар ба чунин вазъ расидани уммати исломӣ худи мусуслмонон ҳастанд, на шахси дигар. Ҳамин нуктаро ба инобат гирифта, устод Муҳаммад Қутб ҳадиси болоро дар китоби “Ислом ва Ҷаҳонишавӣ”-и худ овардаанд. Баҳси “ҷаҳонишавӣ” имрӯз дар доираҳи гуногуни илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ, таҳқиқоти назарӣ қарор гирифта ва то андозае яке аз мавзӯоти зоҳиран хеле печида ба назар мерасад. Зеро коршиносон ва донишмандоне, ки мавзӯи болоро мавриди баҳсу муноқиша қарор медиҳанд, ҳатман андешаҳояшон вобаста ба уфуқи фикрӣ, пасандози зеҳнӣ, таассуроти ин ё он мактаб ва дигар омилҳо аз ҳам фарқ мекунад. Баъзе тарафҳо мавзӯи “ҷаҳонишавӣ”-ро имрӯз ҳамчун як воқеият дониста, пазируфтани онро як амри табиӣ медонанд, баду неки онро аз ҳам ҷудо намекунанд ва гоҳо ин равандро бо баъзе хостаҳои носолими худ муносиб ҳам медонанд. Дар муқобил донишмандон ва мутафаккирони дигар раванди “ҷаҳонишавӣ”-ро муборизаи навбатӣ ва истеъмори ҷадид, вале бо пӯшиши нав алайҳи арзишҳои инсонӣ, хосатан таолими дини Ислом медонанд. Ба ин номгӯи донишмандон метавон ба таври мисол исми аллома Юсуф Қарзовӣ ва мутафаккири маъруф, Муҳаммад Қутбро дохил намуд. Тавре Муҳаммад Қутб дар китоби худ “Ислом ва Ҷаҳонишавӣ” ишора мекунад, имрӯз аз раванди ҷаҳонишавӣ бештар мусалмонон шикоят мекунанд ва бояд ҳам онҳо шикоят кунанд, зеро мақсади асосӣ аз ин раванд, ки мавриди ҳадафи аслӣ қарор гирифтаанд, ин уммати исломӣ ва ё олами исломӣ мебошад. Вай сабабгори асосӣ дар ба вуҷуд омадани чунин раванд худи мусалмонҳоро медонад, ки мо барои чунин як ҷараён майдонро боз намудем ва ба қудратҳои ҷаҳонӣ фурсатро фароҳам овардем, ки бо ин амалиёт машғул бишаванд. Устод, доктор Юсуф Қарзовӣ дар навиштаҳои худ зери унвони “Хитоби исломии мо дар асри ҷаҳонишавӣ” менависанд, ки аввалин маротиба калимаи “ҷаҳонишавӣ” бо таъбири “глобализатсия” дар ИМА мавриди истифода қарор гирифта буд ва маънои “ба чизе умумият бахшидан ва доираи онро вусъат додан, то ҳамаро фаро бигирад”-ро ифода менамояд. Аллома Қарзовӣ дар идомаи баҳси худ таъкид кардаанд, ки аввалин маротиба сохташавии калима ба маънои боло дар ИМА ба мо имконият медиҳад, ки тахминан бигӯем, мақсад аз ҷаҳонишавӣ, яъне даъват ба вусъат додани намунаи амрикоӣ ва фарох гардонидани маҷоли он аст, то ин ки Амрико тамоми оламро дар ҳама паҳлӯ фаро бигирад. Решаи ҷаҳонишавӣ Баъзе аз соҳибназарон ба чунин андеша ҳастанд, ки аслан муҳтаво ва доираи фаъолияти ҷаҳонишавӣ ин чирадастии иқтисодии кишварҳои абарқудрат болои ҷаҳони сеюм аст ва ин раванд ба дигар самтҳо равона нашуда аст ва таъсир ҳам намерасонад. Аммо устод Муҳаммад Қутб ва ҳамчунин доктор Юсуф Қарзовӣ назари болоро асоснок намешуморанд, балки онҳо ин равандро ба маънои чирадаст гаштани кишварҳои абарқудрат, махсусан Амрико дар ҳама абъоди ҳаёт болои ҷаҳони сеюм ва ё кишварҳои исломӣ меҳисобанд. Шахсан устод Муҳаммад Қутб дар китоби худ пайдоиши раванди ҷаҳонишавиро аз зери пойи Амрико, ё Изроил ва ё аз тарафи ҳарду тарҳрезишуда медонанд. Муҳаммад Қутб дар ин бобат чунин навиштаанд: “Агарчи дар ибтидо чунин ба назар мерасад, ки ҷаҳонишавӣ танҳо ба самти иқтисодӣ бастагӣ дорад, вале дар асл он фарогирандаи самтҳои сиёсӣ, ахлоқӣ, динӣ, фарҳангӣ, фикрӣ, тақлидҳо, урфу одатҳо мебошад. Агар мо фаразан қабул дошта бошем, ки ҷаҳонишавӣ танҳо ба маънои ҳайманати иқтисодии кишварҳои абарқудрат болои ҷаҳони ислом аст, вале набояд фаромӯш кард, ки ба вуҷуд омадани ин чирадастии иқтисодӣ бидуни хароб кардани дигар паҳлӯҳо имконпазир нест. Масалан миллате, ки соҳиби дин, ахлоқ ва фарҳанге бошад, ки бо он ифтихор мекунад ва арзишҳои зотие дошта бошад, ки нисбати он рағбати шадид дорад, ҳеҷ гоҳ ба осонӣ зери бори чирадастии иқтисодии дигарон намеравад ва ҳамеша барои соҳиби иқтисоди мустақил будани худ мубориза мебарад, ҳамеша барои озодӣ аз банди бардагӣ талош меварзад. Дар чунин ҳолат нақшаи кашидаи абарқудратҳо барбод меравад. Пас барои ба осонӣ ба даст овардани ҳокимияти иқтисодӣ болои ҷаҳони сеюм бояд шахсияти он миллат маҳв гардад, арзишҳои эътиқодӣ, равонӣ, фикрӣ мисли барф об карда шавад ва нобуд гардад.” Ончи таҷрибаҳои амалӣ аз раванди ҷаҳонишавӣ нишон медиҳад, гуфтаҳои болоро таъйид менамояд, ки аслан мақсад аз ин раванд танҳо ҳайманати иқтисодӣ нест, балки дар умум ба таъбири устод Қарзовӣ “амрикоикунонӣ”-и олам аст. Мисолҳои хеле возеҳ дар ин бобат: даъват ба расмият шинохтани ҳамҷинсгароҳо, иҷозаи никоҳи расмии онҳо тариқи ба тасвиб расонидани қонунҳо аз тарафи зинаи қонунгузор, даъват ба озодии мутлақи занон, даъват ба бахшидани озодӣ ба фарзандон баъд аз расидан ба синни 16 солагӣ ва дар сурати дахолати волидайн ба ҳаёти шахсии онҳо ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо, даъват ба бебандуборӣ, даъват ба фаҳмидани мафҳуми “демократия” ба маънои раво будани ҳама чиз барои ҳама кас ва ғайра. Масъулияти мусалмонон Мусалмонон набояд зери таҳоҷуми таблиғотӣ қарор гирифта, ин равандро ҳамчун як амри воқеӣ бипазиранд, балки то ҷон дар бадан доранд, барои баргардонидани ҳувияти динӣ ба мардум бо камтарин имконот мубориза баранд. Масхусан, ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, чи тавре устод Муҳаммад Қутб таъкид кардаанд, набояд ба ҳар шаклу қолаби даъвои ҷаҳонишавӣ ворид гарданд, зеро мақсади ин раванд ҳам ҳамин аст, ки бо “лаббайк” гуфтан ба даъватҳояш ҳаракатҳои исломиро аз саҳнаи ҳаёт нобуд гардонад. Ислом барои он ба башарият наомада аст, ки бо каҷравиҳои онҳо ҳамқадам бошад, балки ҳадафи аслии таолими ислом ин тасҳеҳ намудани каҷравиҳои башарият аст. Устод Муҳаммад Қутб менависанд, ки ҳаракатҳои исломӣ дар аввал худашон бояд дар асоси ҳақиқати калимаи тавҳид “Ло илоҳа иллаллоҳу...” ва талаботи он тарбияи амиқ бубинанд, сипас ин таҷрибаи зиндаро ба мардум интиқол бидиҳанд, то атрофиён намунаи амалиро дар онҳо пайдо кунанд ва фирефтаи найрангҳои “ҷаҳонишавӣ” нагарданд. Ояндаи раванди ҷаҳонишавӣ Устод Муҳаммад Қутб бо овардани чандин далоил умри раванди “ҷаҳонишавӣ”-ро кӯтоҳ медонанд. Ҳуҷҷатҳое, ки номбурда барои суқути ин раванд овардаанд, ба таври зерин аст. Якум, мухолифат доштани ин раванд бо яке аз қонунҳои собит дар олами ҳастӣ. Аллоҳ таоло дар чандин ояҳои муборака ишора карда аст, ки ҳаргиз ҳама мардум яксон нестанд, балки иддае муъмин ва тоифаи дигаре кофир ҳастанд. Вале раванди “ҷаҳонишавӣ” ниҳоятан ҳамаро аз доираи инсонӣ ва меъёрҳои динӣ берун кардан мехоҳад, то ҳама яксон бошанд, дар ҳоле, ки чунин амал имконпазир нест. Дуюм, саркашии баъзе аз кишварҳои Аврупо ба монанди Фаронса ва Олмон аз фармонбарии Амрико. Ин кишварҳо намехоҳанд, ки Амрико барои онҳо дар соҳаҳои забон, урфу одат, тафаккур, фарҳанг нақшакаш бошад, чӣ расад ба масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ. Дар Осиё ҳам кишвари Хитой ва Ҷопон қудрати хеле калон доранд ва маҳв намудани ҳувияти онҳо кори осон нест. Илова ба ин ҳаракатҳои исломӣ, агарчи чандон имконоти васеъ надоранд, вале боз ҳам метавонанд монеи ин раванд гарданд. Сеюм, агар масалан раванди “ҷаҳонишавӣ” аз тарафи Амрико тарҳрезӣ гашта бошад, бешак ин кишвар дар ҳолати рукуд ва ба ақибгардӣ аст. Инро мо намегӯем, балки нависандаҳо ва матуботи худашон мегӯянд. Чорум, вале агар раванди “ҷаҳонишавӣ” реша аз кишвари Изроил мегирифта бошад, шубҳае надорем, ки яҳудиҳо дар Қуръон, сураи Исроъ, ояҳои 4,5,6,7,8 аз тарафи Аллоҳ таоло таҳдид шудаанд, ки агар ба маъсияту гуноҳ ва зулму ситам баргарданд, ҳатман мавриди азоби илоҳӣ қарор мегиранд ва сарнагун мешаванд. Манбаъ:nahzat.tj