Назари уламои аҳли суннат дар мавриди таваллуди Имоми Маҳдӣ
Назари уламои аҳли суннат дар мавриди таваллуди Имоми Маҳдӣ
0 Vote
250 View
1-Муҳаммад ибни Ҳоруни Рўёнӣ мутаваффои соли 307 дар китоби хаттии “Муснад”-аш Бинобар нақли муҳаққиқон Рўёнӣ дар китоби муснадаш ба таваллуди Имоми Замон алайҳис-салом ишора кардааст. Шарҳи ҳоли Рўёнӣ: Заҳабӣ мегўяд: "Имоми ҳофизи сиқа Муҳаммад ибни Ҳоруни Рўёнӣ соҳиби "Муснад"-и машҳур.[1] 2-Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Тўсии Билозарӣ мутаваффои соли 339-и Ҳиҷрӣ Билозарӣ, ки аз уламои бузург ва хеле сутудашудаи аҳли суннат аст ва дар шарҳи ҳолаш хоҳем бо ў ошно шуд, ҳадиси зерро шахсан худаш аз Имоми Замон, ҳазрати Маҳдӣ алаҳис-салом ривоят кардааст. Ин ҳадисро Абдулазиз маъруф ба Шоҳ Соҳиб нависандаи китоби "Тўҳфатул исно ашария фи рад ало имомия" фарзанди Шоҳ Валиюллоҳ Аҳмад ибни Абдураҳими Деҳлавӣ мутаваффои соли 1176-и ҳиҷрӣ дар китоби "Ан-Нузҳа"-аш аз китоби падараш ба номи “Ал-Мусалсалот” маъруф ба "Фазлул мубин" нақл кардааст. Ў падарашро чунин васф карда: "Хотами орифон ва қосими мухолифин ва сарвари муҳаддисин ва санади мутакаллимон, ҳуҷҷати мусалсалоти машҳур ба "Фазлул мубин". Баъд мегўяд: Дар ин китоби мусалсалоташ ҳадиси мусалсалеро ёфтам, ки ҳар як аз ровиёни он бо сифатҳои азиму бузурге тавсиф шудаанд ва он ҳадис ин ки ў (падараш) Худо ўро раҳмат кунад, мегўяд: اخبرنی فريد عصره الشيخ حسن بن علی العجمي انا حافظ عصره جمال الدين الباهلي، انا مسند وقته محمد الحجازي الواعظ، انا صوفي زمانه الشيخ عبد الوهاب الشعراني، انا مجتهد عصره الجلال السيوطي، انا الحافظ عصره أبو نعيم رضوان العقبي، انا مقرىء زمانه الشمس محمد بن الجزري، انا الامام الجمال الدين محمد بن محمد الجمال الزاهد عصره، انا امام محمد بن مسعود محمد بلاد فارس في زمانه، انا اسماعيل بن مظفلر الشيرازي عالم وقته، انا عبد السلام بن ابي الربيع الحنفي محمث زمانه، انا ابو بكر عبد الله بن محمد بن شابور القلانسي شيخ عصره، انا عبد العزيز حدثنا محمد الآدمي امام اوانه، انا سليمان بن ابراهيم بن محمد بن سليمان نادر عصره، ثنا احمد بن محمد بن هاشم البلاذري حافظ زمانه، ثنا محمد بن الحسن بن علي المحجوب امام عصره، ثنا الحسن بن علي عن ابيه، عن جده، عن ابي جده علي بن موسى الرضا عليه السلام، ثنا موسى الكاظم قال ثنا أبي جعفر الصادق ثنا محمد الباقر بن علي ثنا أبي علي بن الحسين زين العابدين السجاد ثنا أبي الحسين بن علي سيد الشهداء، ثنا أبي علي بن أبي طالب سيد الاولياء قال: اخبرني محمد بن عبد الله، قال: اخبرني سيد الملائكة جبرئيل قال: قال الله تعالی سيد السادات: إنى أنا الله لا إلا أنا فمن أقر لي بالتوحيد دخل حصني ومن دخل حصني أمن من عذابي. Хабар дод бар ман ягонаи замонаш Шайх Ҳасан ибни Алии Аҷамӣ, ман ҳофизи замони худаш Ҷамолидини Боҳилӣ, ман муснади вақташ Муҳаммади Ҳиҷозии воиз, ман суфии замонаш Шайх Абдулваҳҳоби Шаъронӣ, ман муҷтаҳиди замонаш Ҷалоли Суютӣ, ман ҳофизи замонаш Абўнаим Ризвони Ақабӣ, ман муқрии замонаш Шамс Муҳаммад ибни Ҷазарӣ, ман имом Ҷамолидин Муҳаммад ибни Муҳаммад зоҳиди замонаш, ман имом Муҳаммад ибни Масъуд фориси замонаш, ман Муҳаммад ибни Музаффари Шерозӣ олими замонаш, ман Абдусалом ибни Абирабиъ-и ҳанафӣ муҳаддиси замонаш ман Абўбакр Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Шобур шайхи замонаш, ман Абдулазиз, ҳадис кард маро Муҳаммади Одамӣ имоми авонаш, ман Сулаймон ибни Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Сулаймон нодири замонаш, ҳадис кард маро Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳошими Билозарӣ ҳофизи замонаш, ҳадис кард Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алии маҳҷуб имоми замонаш (Ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом) хабар дод Ҳасан ибни Алӣ аз падараш аз бобош аз падари бобош Алӣ ибни Мўсо Имоми Ризо алайҳис-салом, хабар дод Мўсои Козим алайҳис-салом ва гуфт: Хабар дод маро падарам Ҷаъфар ибни Муҳаммад, хабар дод Муҳаммади Боқир ибни Алӣ, хабар дод маро падарам Алӣ ибни Ҳусайни Зайнулобидини Саҷҷод, хабар дод падарам Ҳусайн ибни Алӣ сарвари шаҳидон, хабар дод падарам Алӣ ибни Абитолиб сарвари авлиё ва гуфт: Хабар дод маро Муҳаммад ибни Абдуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, хабар дод маро сарвари малоика Ҷабраил ва гуфт: Худованди Мутаол сарвари сарварон фармуд: “Ба дурустӣ, ки Ман Аллоҳе ҳастам, ки Аллоҳе ғайр аз ман нест, пас ҳар ки ба ягонагии ман иқрор кунад дохил бар паноҳгоҳи ман мешавад ва ҳар ки бар паноҳгоҳи ман дохил шуд, аз азоби ман дар амон хоҳад монд”.[2] Чунон, ки мулоҳиза кардед, Билозарӣ шахсан худаш ин ҳадисро аз Имом Замон ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом ривоят кардааст. Аммо шарҳи ҳоли Билозарӣ: Заҳабӣ дар бораи Билозарӣ мегўяд: "Имому ҳофиз ва воизи бо фоида шайхи ҷамоат. Ҳоким (соҳиби Мустадрак) гуфтааст: Билозарӣ дар ҳифз ва мавъиза ягонаи замонаш буд. Шайхамон ҳофиз Абўалӣ ва дигар устодонам ба ҷаласаи ў ҳозир мешуданд ва аз суханоне, ки ў мегуфт хеле хушҳол мешуданд. Ман ҳаргиз надидам, ки касе аз онҳо дар санади ҳадис ё дар ном ва ё дар ҳадис ба ў ишкол гирифта бошанд. Ў дар Тобирони Нишопур дар соли 339 шаҳид шуд.[3] Самаонӣ мегўяд: "Аҳмад ибни Маҳаммади Билозарӣ, ҳофиз ва воиз ва аз аҳли Тўс буд. Ҳофизу фозили бо фаҳм ва ориф ба ҳадис буд. Сипас сухани Ҳокимро нақл карда ва баъд мегўяд: Дар Макка аз имоми Аҳли Байт Абўмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мўсо (Имом) Ризо (падари Имоми Замон алайҳимо салом) ҳадис навишт.[4] 3-Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ мутаваффои 345-и ҳиҷрӣ Масъудӣ мегўяд: "Дар соли 260-и ҳиҷрӣ Абўмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мўсо ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб дар замони хилофати Мўътамади Аббосӣ дар ҳоле, ки 29 сол дошт аз дунё рафт. Ў падари Маҳдии мунтазар ва имоми дувоздаҳуми имомия (шиа) аст".[5] Шарҳи ҳоли Масъудӣ: Заҳабӣ мегўяд: Соҳиби китоби "Муруҷ-уз-заҳаб", ахборӣ ва соҳиби аҷоибу ғароиб ва фанҳо ва мўътазилӣ буд.[6] Ибни Тағрӣ дар “Нуҷум-уз-зоҳира” мегўяд: “Дар соли 345 Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ шайх, имом, таърихнавис, Аллома... вафот кард.[7] 4-Абўлфатҳ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Аҳмад ибни Абўлфаворис мутаваффои соли 412-и ҳиҷрӣ Ў дар китоби "Арбаин"-аш, ки дар бораи ҳадиси "Ҳар, ки аз умматам чиҳил ҳадис ҳифз кунад, дар қиёмат фақеҳ машҳур мешавад" аз Аҳмади Ҳанбал ва ў аз Имом Шофеӣ нақл карда, ки манзур аз 40 ҳадис яъне 40 ҳадис дар фазоили Имом Алӣ ва Аҳли Байт алайҳимус-салом аст. Ў дар ин китоб аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳадисеро аз Аҳмад ибни Нофеи Басрӣ ва ў аз падараш, ки ходими Имом Ризо алайҳис-салом буда ва Имом Ризо аз падарашон Имом Мўсои Козим ва он ҳазрат аз падарашон Имоми Содиқ ва ишон аз падарашон Имом Боқир Муҳаммад ибни Алӣ ва ишон аз падарашон Имом Саҷҷод Алӣ ибни Ҳусайн ва ишон аз падарашон Имом Ҳусайн ва ишон аз Имом Алӣ ва он ҳазрат аз бародарашон Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва алайҳим ривоят карда, ки фармуданд: "Ҳар ки дўст дошта бошад, ки Худоро дар ҳоле мулоқот кунад, ки ба ў рў карда на пушт, пас Алиро дўст бидорад ва ҳар, ки дўст дошта бошад, ки Худоро дар ҳоле, ки аз ў розӣ аст мулоқот кунад писараш Ҳасанро дўст дошта бошад...(ин ҳадис як-як бо зикр 12 Имом алайҳимус-салом ва фазли дўстии онҳо мепардозад то ба Имоми Замон алайҳис-салом мерасад ва мефармояд): Ҳар, ки дўст дошта бошад Худоро дар ҳоле, ки имонаш комил шуда ва исломаш хуб шуда мулоқот кунад, пас писараш (писари Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом) соҳиби замонро дўст дошта бошад. Инҳо (ин дувоздаҳ имом аз хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) чароғҳои шаби торик ва имомони ҳидоятгар ва парчамдорони тақво ҳастанд, пас ҳар ки онҳоро дўст дошта бошад ва вилояти онҳоро дошта бошад ман биҳиштро назди Худованд зомини ў ҳастам.[8] Шарҳи ҳоли Ибни Абўлфаворис: Заҳабӣ мегўяд: "Имоми ҳофиз ва муҳаққиқи зиёд сафар кунанда (барои касбу ҷамъи ҳадис) мутаваллиди 338, бағдодӣ. Машҳур бар ҳифз, салоҳ ва маърифат буд".[9] 5-Абўнаими исфаҳонӣ мутаваффои соли 430 дар китоби "Арбаина ҳадис фил Маҳдӣ" Бинобар нақли муҳаққиқин Абўнаими исфаҳонӣ дар ин китобаш ба таваллуди Имоми Замон ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом ишора кардааст. Шарҳи ҳоли Абўнаим: Заҳабӣ мегўяд: "Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмад имом, ҳофиз, сиқа, аллома, шайхул Ислом Абўнаими исфаҳонӣ.[10] 6-Аҳмад ибни Ҳусайни Байҳақии шофеӣ мутаваффои соли 458 дар китоби “Шаъб-ул-имон” чопи аввали Дорул маорифи Ҳинд Ў мегўяд: "Мардум дар бораи Маҳдӣ ихтилоф кардаанд. Гурўҳе дар амри ў мутаваққиф шуда ва назар дар бораи ўро ба олими ба он вогузор кардаанд ва мўътақид ҳастанд, ки Маҳдӣ аз фарзандони Фотима духтари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст. Баъд худи Байҳақӣ мегўяд: "Тўлонӣ будани умраш ғайри мумкин нест ва он ба монанди тўлонӣ будани умри Исо ва Хизр мебошад".[11] Шарҳи ҳоли Байҳақӣ: Заҳабӣ мегўяд: "Ў ҳофиз, аллома, сабт, фақеҳ, шайхул Ислом Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Алӣ мебошад".[12] 7-Аҳмади Ҷомӣ мутаваффои соли 536-и ҳиҷрӣ Абўнаср Аҳмад ибни Абўлҳасани Номиқӣ маъруф ба Аҳмади Ҷомӣ. Ў ба Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ иродати хос дошта, яко-яки онҳоро дар шеърҳояш бо эҳтиром ном бурдааст. Ў мегўяд, ки: "Шоирон он чӣ мегўянд, аз рўи тамаъ буда, мехоҳанд ба ин васила чизе ба даст оранд. Аммо ман, он чӣ дар бораи Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ сурудаам, ба хотири ризои Парвардигор буда ва ҷуз шафоати он хонадони мутаҳҳар чизе таманно надорам. Ишон чунин мефармояд: Ман зи меҳри Ҳайдарам,[13] ҳар лаҳза дар дил сад сафост, Аз паси Ҳайдар, Ҳасан моро имому раҳнамост. Ҳамчу калб[14] афтодаам, бар хоки даргоҳи Ҳусайн, Хоки наълайни[15] Ҳусайн, андар ду чашмам тутиёст. Обидин[16] тоҷи сару Боқир[17] ду чашми равшанам, Дини Ҷаъфар[18] бар ҳақ ҳасту мазҳаби Мўсо[19] равост. Эй маволӣ, васфи султони Хуросонро[20] шунав, Заррае аз хоки қабраш дардмандонро давост. Пешвои мўъминон аст, эй мусулмонон, Тақӣ,[21] Гар Нақиро[22] дўст дорӣ, бар ҳама миллат равост. Аскарӣ[23] нури ду чашми Одам асту олам аст, Ҳамчў як Маҳдӣ сипаҳсолор дар олам куҷост. Қалъаи Хайбар гирифта он шаҳаншоҳи араб, З-он, ки дар бозўи Ҳайдар номае аз ло-фатост.[24] Шоирон аз баҳри симу зар, суханҳо гуфтаанд, Аҳмади Ҷомӣ ғуломи хоси Шоҳи авлиёст.[25] Шарҳи ҳоли Ҷомӣ: Умар Каҳола мегўяд: Аҳмад ибни Абилҳасани номиқии Ҷомӣ, мутаваффои 538-и ҳиҷрӣ, сўфӣ.[26] Ва Самаонӣ ўро ориф тавсиф кардааст.[27] 8-Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ мутаваффои 548-и ҳиҷрӣ. Мегўяд: "Баъд аз Ҳасан фарзандаш Муҳаммади Қоими Мунтазар, ки сокини Сомирро буд ва назди шиа ба имомат расид. Ў 12-умин имон назди онҳо аст".[28] Шарҳи ҳоли Шаҳристонӣ: Заҳабӣ мегўяд: "Шаҳристонӣ шайхи аҳли калом ва ҳикмат ва соҳиби китобҳост.[29] Вале ўро баъд аз мадҳ ба имомат ва ҷалолат муттаҳам ба ташаййўъ кардаанд, ки он ҳақиқат надорад ва аз сухани гузаштаи худи ў низ ин матлаб равшан мешавад. 9-Абдулкарим ибни Муҳаммади Самаонӣ мутаваффои соли 562 Самаонӣ дар китоби "Ансоб"-аш вақте эътиқоди шиа нисбат ба хулафои дувоздаҳ гонаро яке-яке мешуморад, Имоми Замон алайҳис-салом-ро, низ ба унвони Маҳдии Мунтазар ва дувоздаҳумин имоми мешуморад ва ҳеҷ ишколи бар он ворид накардааст, ки худ далолат бар ин мекунад, ки ў низ ба таваллуди он ҳазрат мўътариф аст. Чун ў ки насабдон ва риҷолшиноси бузурги аҳли суннат аст агар мўътақид ба таваллуди он ҳазрат набуд ба ин назария ишкол ворид мекард. [30] Шарҳи ҳоли Самаонӣ: Заҳабӣ дар бораи ў мегўяд: "Шайх, имом, аллома, муфтӣ, фахри дин... шахси бузург ва комил буд".[31] 10-Ибни Хашшоб Абдуллоҳ ибни Аҳмад мутаваффои соли 567-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: (في ذكر الخلف الصالح عليه السلام) 1-حدثنا صدقة بن موسى حدثنا ابى عن الرضا عليه السلام قال الخلف الصالح من ولد ابي محمد الحسن بن علي وهو صاحب الزمان وهو المهدى. (Дар зикри Халафи Солеҳ алайҳис-салом) 1-Садақа аз падараш ва ў аз Имом Ризо алайҳис-салом, ки фармуданд: "Халафи Солеҳ фарзанди Абўмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ хоҳад буд ва ў Соҳиби замон ва ў аст Маҳдӣ аст". 2-وحدثني الجراح بن سفيان قال حدثنى أبو القاسم طاهر بن هرون ابن موسى العلوى عن ابيه هرون عن ابيه موسى قال قال سيدى جعفر بن محمد: "الخلف الصالح من ولدى المهدى اسمه محمد كنيته أبو القاسم يخرج في آخر الزمان، يقال لامه صيقل. 2-Ҷарроҳ аз Тоҳири Алавӣ (Аз хонадони Имом Алӣ алайҳис-салом) ва ў аз падараш Ҳорун ва ў низ аз падараш Мўсо, гуфт: Сарварам Ҷаъфар ибни Муҳаммад фармуд: "Халафи Солеҳ аз наслу фарзандони ман аст ва ў Маҳдӣ мебошад, номаш Муҳаммад ва куняаш Абўлқосим. Ў дар охири замон хуруҷ хоҳад кард ва ба модараш Сайқал гуфта мешавад". وفى رواية اخرى بل امه حكيمة وفى رواية اخرى ثالثة يقال لها نرجس. ويقال بل سوسن والله اعلم بذلك. Дар ривояти дигар номи модараш Ҳакима гуфта шуда ва дар ривояти саввум, Нарҷис ва дар ривояти чаҳорум Сусан гуфта шуда, Худованд бар он донотар аст. "حدثنى محمد بن موسى الطوسى قال حدثنا أبو السكين عن بعض اصحاب التاريخ ان ام المنتظر يقال لها حكيمة." "Муҳаммад ибни Мўсо ва ў аз Абўсиккин ва ў аз баъзе асҳоби таърих, ки гуфтааст: Ба модари "Имом Маҳдӣ" Ҳакима гуфта мешавад". حدثنى عبيد الله بن محمد عن الهيثم بن عدى قال يقال كنية الخلف الصالح أبو القاسم وهو ذو الاسمين صلى الله عليه وآبائه اجمعين Убайдуллоҳ аз Ҳайсам ривоят мекунад, ки гуфт: "Гуфта мешавад, куняи Халафи Солеҳ (ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом) Абулқосим аст ва ў дорои ду ном аст, ки дуруди Худо бар ў ва бар ҷамии падаронаш бод.[32] Ин буд суханону ривоёти Ибни Хашшоб дар мавриди Имоми Замон алайҳис-салом. Ва аммо шарҳи ҳоли Ибни Хушшоб: Ибни Хашшоб Абдуллоҳ ибни Аҳмад аст, ки Заҳабӣ дар бораи ў мегўяд: Ў адиб буд ва дар наҳв, луғат, шеър, ҳадис ва фароиз, олим буд ва Самаонӣ гуфта, ки ў ҷавони комилу фозил аст ва дорои маърифати комил дар адаб, наҳв, луғат, ҳадис ва... буд ва дар соли 567 дар гузашта аст. Шайх Муваффақ гуфта, ки Ибни Хашшоб имоми замонаш дар илми арабӣ буд ва...[33] Ибни Халлакон дар Таърихаш мегўяд: "Шайхи олиму адиби ягона ҳуҷҷатул Ислом Абўмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Хашшоб маъруф ба Ибни Хашшоби бағдодӣ. Олими машҳур дар адаб, наҳв, тафсир, ҳадис, насаб ва фароиз ва ҳисоб буд. Қуръони азизро бо қироатҳои зиёде ҳифз карда ва дар илмҳо ворид ва моҳир буд. Суютӣ низ дар "Табақот-ун-нуҳот" хеле ўро сутуда аст. 11-Хоразмии ҳанафӣ мутаваффои соли 568 дар “Мақтал-ул-Ҳусайн” Шарҳи ҳоли Хоразмӣ: Заҳабӣ мегўяд: "Адиб, фозили бореъ, ки муддати зиёде дар Хоразм хатиб буд".[34] 12-Ибни Азрақи Фориқӣ мутаваффои соли 577-и ҳиҷрӣ Ибни Халлакон баъд аз ишора ба таваллуди Имоми Замон алайҳис-салом мегўяд: “Ибни Азрақ дар китоби “Таърихи Миёфориқин” гуфтааст, ки: “Ҳазрати Маҳдӣ дар рўзи 9-уми Рабиъ-ул-аввали соли 258 таваллуд шуд ва гуфта шуда, ки 8-уми Шаъбони соли 256 таваллуд шуда ва ин саҳеҳтар аст».[35] Шарҳи ҳоли Ибни Азрақ: Заркалӣ мегўяд: "Аҳмад ибни Юсуфи фориқӣ, муаррихи раҳҳол, аҳли Миёфориқин, дар он таваллуд шуда ва ҳамонҷо таълим гирифта ва аз ҷумла китобҳояш "Таърихи Миёфориқин" аст.[36] 13-Фахриддини Розӣ мутаваффои соли 606-и ҳиҷрӣ Вай дар китобе, ки дар мавзўи ансоб навишта мегўяд: "Аммо Ҳасани Аскарӣ, ў ду писар ва ду духтар дошт. Яке аз писаронаш соҳибуз-замон аст. Он гоҳ менависад: Нусуси аксари таърихнависон ва тарҷума нависон бар таваллуд шудани Ҳуҷҷат, Абўлқосим, Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алии Аскарӣ иттифоқ дорад. Ў дар соли 252 ё 255 ё 259 аз модараш Нарҷис ба дунё омад агар чӣ бинобар назари шиа дар соли 255 дар шаби Шаъбон ба дунё омада аст".[37] Шарҳи ҳоли Фахр Розӣ: Заркалӣ мегўяд: "Муҳаммад ибни Умар ибни Ҳасан, Фахридини Розӣ, имоми муфассир ва ягонаи замонаш дар маъқул ва манқул ва улуми авоил аст".[38] Заҳабӣ низ ўро хеле сутуда аст.[39] 14-Абўабдуллоҳ Ёқути Ҳамавӣ мутаваффои 626-и ҳиҷрӣ Ҳамавӣ дар бораи аскари Сомирро мегўяд: ... Гурўҳе аз афроди ҷалилулқадр низ ба он ҷо нисбат дода шудаанд монанди Алӣ ибни Муҳаммади ибни Алӣ ибни Мўсо ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб разияллоҳу анҳу куняаш Абўлҳасан, фарзандаш Ҳасан ибни Алии Аскарӣ. Ҳар ду дар Мадина ба дунё омаданд ва ба Сомирро мунтақил шуданд... Фарзандашон "Ал-Мунтазар" дар он ҷо (дар Сомирро) машоҳиди маъруфе дорад".[40] Шарҳи ҳоли Ҳамавӣ: Заҳабӣ мегўяд: Ёқут адиби ягона, наҳвӣ, ахборӣ ва таърихдон. Дар бораи баъзе аз саҳоба сухан гуфт (айбгирӣ мекард) бинобар ин бар ў тавҳин карданд, пас аз он ҷо ба Ҳалб гурехт.[41] Китобҳояш аз балиғ будани ў ва маҳораташ дар алмҳои мухталиф ҳикоят мекунанд ва Ибни Халлакон дар тарҷумааш фазоили ўро баён кардааст.[42] Заркалӣ мегўяд: Таърих нависи сиқа, олим ба луғат ва адаб ва...".[43] Чунон, ки мелоҳиза мекунед Ҳамавӣ бинобар эътирофи Заҳабӣ шахси носибӣ ва душмани Имом Алӣ алайҳис-салом будааст, вале бо вуҷуди ин ба ин воқеият эътироф кардааст, ки Имом Аскарӣ алайҳис-салом фарзанде доштанд доштанд, ки ба ў Ал-Мунтазар гуфта мешавад. 15-Шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ мутаваффои соли 627-и ҳиҷрӣ Ў ҳазрати Ҳуҷҷат ибни Ҳасанро дувоздаҳумин имом дониста аст, он гоҳ бо баёни таърихи таваллуд ва аҳвол ва баъзе аз мўъҷизаҳои он ҳазрат мегўяд: "Ў касе аст, ки заминро пур аз адлу дод хоҳад кард...".[44] Ў дар шеъре бо зикри номҳои ҳар як аз имомон мефармояд: Сад ҳазорон авлиё рўи замин Аз Худо хоҳанд Маҳдиро яқин Ё илоҳӣ Маҳдиам аз ғайбат ор То ҷаҳони адл гардад ошкор Аз ту хатми авлиёи ин замон Ва зи ҳама маъно ниҳонӣ ҷону ҷон Аз ту ҳам пайдо ва пинҳон омада Бандаи Атторат сано хон омада.[45] Шарҳи ҳоли Аттор: Умар Каҳола мегўяд: Сўфӣ, шоир, табиб ва қозии Машҳади Разавӣ буда".[46] 16-Ибни Асири Ҷазарӣ мутаваффои соли 630-и ҳиҷрӣ Ибни Асир дар ҳаводиси соли 260-и ҳиҷрӣ менависад: Дар он сол Абўмаҳаммади Алвии Аскарӣ вафот кард. Ў яке аз имомони дувоздаҳ гона бинобар мазҳаби имомия аст. Фарзанди ў Муҳаммад (Имоми Маҳдӣ алайҳис-салом) аст, ки имомия (шиа) дар сардоби Сомирро ба интизори ў нишастаанд.[47] Ёдовар мешавем, ки сухани охири Ибни Асир тўҳмате аст бар шиа, ки хеле аз дигарон, низ онро такрор мекунанд, вале шиа мўътақид аст, ки Имоми Замон алайҳис-салом дар Маккаи мукаррама зуҳур мекунанд на дар Сомирро. Шарҳи ҳоли Ибни Асир: Заҳабӣ мегўяд: Ибни Асир, Шайх, имом, аллома, муҳаддис, адиб ва насабдон аст. ...Таърихи кабирро, ки лақаби "Комил"-ро гирифта навишт.[48] Мадҳу ситоиши дигар низ дар ҳаққи ў Заҳабӣ ва дигарон, кардаанд. 17-Мўҳйидин ибни Арабӣ мутаваффои соли 638-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: "Бидонед, ки хуруҷи Маҳдӣ (алайҳис-салом) ҳатмӣ аст. Хуруҷ намекунад, то ин ки замин пур аз зулму ситам шавад ва он гоҳ онро пур аз адлу дод мекунад. Ў аз итрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва аз фарзандони Фотима аст. Бобояш Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб ва падараш Ҳасани Аскарӣ фарзанди Имом Алии Нақӣ аст. Ў ҳамноми Расули Худо аст. Мусулмонон бо ў байни рукну мақом байъат хоҳанд кард...".[49] Шарҳи ҳоли Ибни Арабӣ: Дар васфи Ибни Арабӣ, Заркалӣ ва дигарон мегўянд: Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Арабӣ мулаққаб ба "Шайхул акбар" файласуф аз имомону мутакаллимон дар ҳамаи илм. Ў чунон, ки Заҳабӣ мегўяд: Пешво ва улгўи қоилон ба ваҳдати вуҷуд аст ва ҳудуди 400 ҷилд китоб дорад, ки аз ҷумлаи онҳо "Футўҳотул Маккия" дар 10 ҷилд аст...[50] ва баъд китобҳои дигари ўро низ ном бурдааст. Заҳабӣ низ аз ў ба аллома таъбир кардааст.[51] 18-Муҳаммад ибни Талҳаи Шофеӣ мутаваффои соли 652-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам ду набера дошт Абўмуҳаммади Ҳасан ва Абўабдиллоҳи Ҳусайн ва Ҳуҷҷати Халафи Солеҳ, Муҳаммад (Имом Маҳдӣ алайҳис-салом) аз фарзандони Абиабдиллоҳи Ҳусайн мебошад на аз фарзандони Абўмуҳаммади Ҳасан. Ва аммо умри ў: Пас ў дар рўзгори хилофати Мўътамади Алаллоҳ ба дунё омад ва аз тарс пинҳон шуд ва ў махфӣ аст то ба имрўз. Қудрати Худо восеъ аст ва ҳукму алтофаш бар бандагонаш бузург. Ин ки Худованд умри баъзе аз бандагони мухлисашро тўлонӣ мекунад аз корҳои нав ва ғариб нест. Худованд умри ҷамъи зиёде аз бандагон аз авсиё ва авлиёаш ва ҳамчунин баъзе душманон ва ронда шудагонро тўлонӣ кардааст. Пас аз авлиёаш Исо алайҳис-салом ва Хизр ва дигарон аз паёмбарон, ки умрашон тўлонӣ буда ва аз душманону ронда шудагон Иблис ва Даҷҷол. Ва ҳамаи ин барои баёни восеъ будани қудрати Парвардигор дар умри зиёд додан ба баъзе аз халқаш аст, пас чӣ монее аст, ки Худованд умри бандаи солеҳашро тўлонӣ гардонад, то ба ҳангоме, ки ҳукми муқаррар шудаи Худоро баъд аз расидани вақти он ошкор шуда, анҷом бидиҳад".[52] Сипас ба ишколоти дигар, низ дар ин бора посух дода ва аз насли Имом Ҳусайн алайҳис-салом будани Имоми Замон алайҳис-салом-ро собит кардааст. Аммо шарҳи ҳоли Муҳаммад ибни Талҳа: Заҳабӣ дар бораи ў мегўяд: Алломаи ягона Камолидин Муҳаммад ибни Талҳаи шофеӣ мутаваллиди соли 582, дорои ҷалолат буд.[53] Умар Каҳола мегўяд: Муҳаммад ибни Талҳа, муҳаддис, фақеҳ, усулӣ, ориф ба илми ҳуруф ва авфоқ буд.[54] 19-Сибт ибни Ҷавзӣ Юсуф ибни Фазоали мутаваффои соли 654-и ҳиҷрӣ Вай дар фасле дар бораи Имоми Ҳуҷҷат, ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом мегўяд: "Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад. Куняи ў Абўабдиллоҳ ва Абўлқосим аст ва ў ҷонишин ва Ҳуҷҷат, Соҳибил-замон ва Қоим ва Мунтазар аст..."[55] Ибни Ҷавзӣ аз уламои бузурги Ҳанафӣ мазҳаби аҳли суннат аст. 20-Ҳофиз Муҳаммад ибни Юсуфи Ганҷии шофеӣ мутаваффои соли 658-и ҳиҷрӣ. Ў дар боби 25 аз китоби худ дар баҳсе аз тўли умри ҳазрат мегўяд: "Бақояш ҳеҷ мушкиле надорад, чун ҳазрати Исо ва Илёс ва Хизр аз авлиёи илоҳӣ умри тўлонӣ доранд ва низ Даҷҷол ва Иблиси малъун аз душманони Худованд умри тўлонӣ карданд..."[56] Ва дар китоби дигараш дар бораи Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом чунин мегўяд: "Аз худ фарзанде ба ҷой гузошт, ки ҳамон Имоми Мунтазар аст. Салавотуллоҳи алайҳи".[57] Шарҳи ҳоли Ганҷӣ: Заркалӣ мегўяд: "Муҳаммад ибни Юсуф, муҳаддиси шофеӣ мазҳаб, ба шиа тамоюл дошт ва китоби Кифоят-ут-толибро навишт.[58] Умар Каҳола мегўяд: Ў шахси фозил буд ва аз осораш "Ал-Баён фи ахбори соҳибиз-замон" ва "Кифоят-ут-толиб" мебошад.[59] 21-Ҷалолидини Балхии Румӣ маъруф ба Мавлавӣ мутаваффои соли 672 ҳиҷрӣ Мо дар ин ҷо ғазалеро аз ин орифи номӣ, интихоб намудем, ки ишон яко-яки имомони Аҳли Байт алайҳимус-салом-ро дар он ном бурда, салом медиҳад: Эй сарвари мардон Алӣ, мастон саломат мекунанд, Эй сафдари мардон Алӣ мастон саломат мекунанд. Бо қотили куффор гў, бо дину диндор гў, Бо Ҳайдари каррор гў, мастон саломат мекунанд. Бо бурҷи ду гавҳар бигў, бо бурҷи ду ахтар бигў, Бо Шуббару Шуббайр[60] бигў, мастон саломат мекунанд. Бо Зайнидин Обид бигў, бо нури дин Боқир бигў, Бо Ҷаъфари Содиқ бигў, мастон саломат мекунанд. Бо Мўсии Козим бигў, бо Тўсии олим бигў, Бо Тақии Қоим бигў, мастон саломат мекунанд. Бо мири дин Ҳодӣ бигў, бо Аскарӣ маҳдӣ бигў, Бо он валӣ Маҳдӣ бигў, мастон саломат мекунанд. Бо боди наврўзӣ бигў, бо бахти фирўзӣ бигў, Бо Шамси Табрезӣ бигў, мастон саломат мекунанд.[61] Шарҳи ҳоли Ҷалолидини Балхии Румӣ: Заркалӣ мегўяд: "Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Аҳмади Балхӣ, Румӣ олим ба фиқҳи ҳанафиҳо ва хилоф ва илмҳои гуногуни дигар. Ў соҳиби Маснавии машҳур ба форсӣ ва соҳиби тариқати мавлавия буда ва қабраш, низ маъруф аст".[62] 22-Абўмаолӣ Садридини Қўнавӣ мутаваффои соли 673-и ҳиҷрӣ Ў ҳангоми вафот ба шогирдонаш мегўяд: "...Ҳафтод ҳазор бор "ло илоҳа иллаллоҳ"-ро баъд аз маргам бо ҳузури қалб бигўед ва саломи маро низ ба ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом) бирасонед".[63] Шарҳи ҳоли Қўнавӣ: Заркалӣ мегўяд: Ў аз шогирдони Ибни Арабӣ буда ва дар баъзе улум маҳорат дошт ва аз ҷумлаи китобҳои фаровонаш "Эъҷоз-ул-баён фи кашфи баъза асрори Уммул-Қуръон" ва... мебошад".[64] 23-Аллома Шамсидин ибни Халлакони шофеӣ мутаваффои 681 Ў мегўяд: "Абўлқосим Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ фарзанди Алии Ҳодӣ фарзанди Муҳаммади Ҷавод, дувоздаҳумин имом назди шиа ва маъруф ба Ҳуҷҷат... аст ва таваллуди ў дар рўзи Ҷумъа нимаи Шаъбон дар соли 255-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. Ў ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сола буд...".[65] Шарҳи ҳоли Ибни Халлакон: Заркалӣ мегўяд: Таърихнависи ҳуҷҷат ва адиби моҳир соҳиби “Вафаёт-ул-аъён” аз машҳуртарин китоби шарҳи ҳол ва аз беҳтарини онҳо дар забт ва аҳком мебошад. Муддате дар Миср ва баъд дар Шом қозӣ буд ва дар бисёре аз мадрасаҳои Дамишқ тадрис мекард.[66] 24-Шайхул Ислом Садридини Ҳамўянӣ мутаваффои соли 722-и ҳиҷрӣ Ў дар боби 31 аз китобаш ҳадесоро нақл мекунад, ки далолати сареҳ бар вилодати ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом мекунад. Дар он ҳадис Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ номҳои ҳар як аз ҷонишинон ва имомони баъд аз худро зикр мекунанд ва дар охир мефармоянд: Ба дурустӣ, ки дувоздаҳумини онҳо аз фарзандонам ғайбат мекунад, то ин ки Худованд ба ў иҷозаи хуруҷ бидиҳад" то охири китоб ба ин ҳадис ба муносибат ишора хоҳем кард.[67] Шарҳи ҳоли Ҳамўянӣ: Заҳабӣ мегўяд: "Шунидам аз имом ва муҳаддиси ягонаи комил ва фахри Ислом Садруддин Иброҳим ибни Муҳаммади Ҳамўянии Хуросонӣ, шайхи суфиён".[68] 25-Абўлфидо Исмоил ибни Алии шофеӣ мутаваффои соли 732-и ҳиҷрӣ Ў дар рухдодҳои таърихи соли 254-и ҳиҷрӣ мегўяд: "Ҳасани Аскарӣ падари Муҳаммади Мунтазар соҳиби сардоб аст..."..[69] Шарҳи ҳоли Абулфидо: Умар Каҳола мегўяд: "Фақеҳи шофеӣ, олим, адиб, шоир ва дар улуми мухталиф монанди тафсир, наҳв, тиб, мантиқ, фалсафа ва... маҳорат дошт...".[70] 26-Шайх Сафиюддин Абдул Мўъмини бағдодӣ мутавоффои соли 739-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: Дар ин Машҳад яъне (машҳади Имоми Аскарӣ ва Имом Ҳодӣ алайҳимо-салом) сардобе аст, ки рофизиҳо мўътақиданд барои Ҳасан ибни Алӣ аст. Аз ў фарзанде аст ба номи Муҳаммади сағир ки мегўянд дар он сардоб махфӣ шудааст..".[71] Шарҳи ҳоли Абдул Мўъмин: Заркалӣ мегўяд: "Абдул Мўъмин ибни Абдул Ҳақ олими Бағдод дар замони худаш, аз уламои ҳанбалимазҳаб. Дар маърифати фароиз ба ў мисол мезаданд".[72] 27-Ҷамолидин Муҳаммад ибни Юсуф Зарандии ҳанафӣ мутаваффои 747-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: Имоми дувоздаҳум соҳиби каромати машҳур касе, ки қоим ба ҳақ ва даъват кунанда ба роҳи ҳақ аст. Вилодати Имом Абўлқосим Муҳаммад ибни Ҳасан бинобар нақли шиа замони подшоҳии Мўътамади Аббосӣ дар шаби нимаи шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ дар Сомирро итифоқ афтодааст. Модараш Нарҷис духтари Қайсари дуввум буд...".[73] Шарҳи ҳоли Зарандӣ: Заркалӣ мегўяд: "Ў фақеҳи ҳанафӣ ва олими ҳадис аз аҳли Мадина ва дар он ҷо амри тадрис ва қазоватро баъд аз падараш ба ўҳда гирифт".[74] 28-Шайх Зайнидин Умар ибни Вардӣ мутавоффои соли 749-и ҳиҷрӣ "...Ва Ҳасани Аскарӣ падари Муҳаммади Мунтазар соҳиби сардоб дувоздаҳумин имоми шиа лақабаш Қоим, Маҳдӣ ва Ҳуҷҷат аст. Вилодати ў дар соли 255-и ҳиҷрӣ итифоқ афтод...".[75] Шарҳи ҳоли Вардӣ: Умар Каҳола мегўяд: "Умар ибни Музаффар ибни Умари шофеӣ маъруф ба Ибни Вардӣ, фақеҳ, адиб, наҳвӣ, луғавӣ, муаррих ва дар Манбаҷ қозӣ буд".[76] 29-Аллома Салоҳуддин Халил ибни Айбеки Сафадӣ мутаваффои 764 Ў дар китоби "Шарҳ-уд-доира" менависад: "Ба дурустӣ, ки Маҳдии Мавъуд аз имомони дувоздаҳум аз имомоне аст, ки аввалашон сарварамон Алӣ ва охирашон Маҳдӣ разияллоҳу анҳу аст, ки Худованд ба василаи онҳо бар мо фоида бирасонад.[77] Ва дар китоби "Ал-Вофӣ" менависад: Ҳуҷҷати Мунтазар Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ фарзанди Алии Ҳодӣ фарзанди Муҳаммади Ҷавод, фарзанди Алии Ризо, фарзанди Мўсои Козим, фарзанди Ҷаъфари Содиқ, фарзанди Муҳаммади Боқир, фарзанди Зайнулобидин, фарзанди Ҳусайн ибни Алӣ, фарзанди Алӣ ибни Абитолиб, Ҳуҷҷати Мунтазар, дувоздаҳумин имом назди шиаи имомия, ки ба эътиқоди онҳо, ў Қоим мебошад ва дар соли 255-и ҳиҷрӣ ба дунё омадааст".[78] Шарҳи ҳоли Сафадӣ: Заркалӣ мегўяд: Сафадӣ, адиб, таърихнавис дорои китобҳои фаровони қобили баҳрабардорӣ аст, ки китобҳояш беш аз 200 ҷилд аст ва дар шарҳу тарҷуманависӣ хеле бузург буда,... ва аз ҷумла китобҳои ў "Ал-Вофӣ бил-вафиёт" аст...".[79] 30-Шамсиддини Заҳабии шофеӣ мутаваффои соли 748-и ҳиҷрӣ Ў дар баъзе аз китобҳояш ба вилодати ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом эътироф карда ва дар китоби "Ал-Ибар фи хабари ман ғабар" мегўяд: Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ ибни Алии Ҳодӣ ибни Муҳаммади Ҷавод ибни Алии Ризо ибни Мўсои Козим ибни Ҷаъфари Содиқ Алвии Ҳусайнӣ Абўлқосим. Рофиза ўро Халафи Ҳуҷҷат, Маҳдӣ, Мунтазар, Сиҳибуз-замон ва хотами дувоздаҳумин имом медонанд".[80] Дар китоби "Таърихи Ислом"-аш низ ба таваллуд шудани Имоми Замон алайҳис-салом ба равшанӣ ишора карда ва баъд мегўяд: Кай ва чӣ гуна мурданаш маълум нест.[81] Шарҳи ҳоли Заҳабӣ: Заҳабӣ аз уламои бузург ва риҷол шиноси аҳли суннат аст, ки китобҳои ў мавриди истифодаи ҳамагон аст ва нисбат ба шиа низ таассуфи васф нашуданӣ дорад. 31-Орифи Комил Саййид Алӣ ибни Шаҳобидини ҳамадонии шофеӣ мутаваффои соли 786-и ҳиҷрӣ Саййид Алии Ҳамадонӣ дар дар "Маваддати даҳум" аз китоби "Маваддатул қурбо"-аш ба таваллуд шудани Имоми Замон, ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом таъкид кардааст. Шарҳи ҳоли Саййид Алӣ: Заркалӣ мегўяд: "Дар Кишмир мустақар шуд ва аксари аҳли Кишмир бо дасти ў мусулмон шуданд. Ў дар Хатлон (Кулоби Тоҷикистон) дафн шудааст".[82] 32-Ибни Халдуни мағрибӣ мутаваффои соли 808-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: "Рофизиҳо хилофатро баъд аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад ба фарзандаш Мўсои Козим ва аз ў ба фарзандаш Ризо ва аз ў ба Ҷавод ва аз ў ба Алӣ ва сипас Аскарӣ ва аз ў ба фарзандаш Муҳаммади Маҳдӣ мунтақил намудаанд...".[83] Аз ин иборат истифода мешавад, ки Ибни Халдун вилодати ҳазратро қабул дорад, вале хилофати ўро ба шиа нисбат медиҳад. Ибни Халдун аз уламои бузург ва маъруфи аҳли суннат аст. 33-Абўлаббос Аҳмад ибни Алии Қалқашандии шофеӣ мутаваффои соли 821-и ҳиҷрӣ Ў ки олими мутахассис дар ансоб аст дар баёни насаби Имом Ҷаъфари Содиқ алайҳис-салом ва фарзанди он ҳазрат фарзандаш Маҳдӣ алайҳис-салом-ро аз Имоми Аскарӣ алайҳис-салом дувоздаҳумин имоми шиаён ба ҳисоб меоварад, ки шиа мўътақид ба зинда будани ўст. Аз зоҳири иборат истифода мешавад, ки Қалқашанди мўътақид ба вилодати Имоми Маҳдӣ алайҳис-салом буда вале эътиқод ба зинда буданро ба шиа нисбат медиҳад.[84] Шарҳи ҳоли Қалқашандӣ: Заркалӣ мегўяд: "Муаррихи адиб. Ў аз хонадони илм аст ва фарзандон ва аҷдоди ў уламо ва фузало ҳастанд ва аз ҷумла китобҳои ў "Ниҳоят-ул-араб" аст".[85] Умар Каҳола мегўяд: Адиб ва фақеҳи шофеимазҳаб аст.[86] 34-Муҳаммад ибни Муҳммади Бухорӣ маъруф ба Хоҷа Порсои ҳанафӣ мутаваффои 822-и ҳиҷрӣ Вай чунин мегўяд: "Аз имомони Аҳли Байти таййибин Абўмуҳаммад Ҳасани Аскарӣ аст....ў фарзанде ҷуз Абўлқосим Муҳаммади Мунтазар маъруф ба Қоим, Ҳуҷҷат, Маҳдӣ, Соҳибаз-замон ва хотами имомон бар ҷой нагузошт. Вилодаташ дар шаби нимаи шаъбон соли-255-и ҳиҷрӣ будааст".[87] Шарҳи ҳоли Хоҷа Порсо: Умар Каҳола мегўяд: "Сўфӣ, муҳаддис, фақеҳ буда ва дар Мадина ба дунё омад ва ҳамон ҷо низ аз дунё рафт".[88] 35-Ҷамолуддин Аҳмад ибни Алии Ҳусайнӣ, маъруф ба Ибни Аня мутаваффои соли 828-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: "Алии Ҳодӣ мулаққаб ба Аскарӣ буд, ба хотири сокин будан дар Сомирро. Ў ду фарзанд дошт. Яке аз он ду Абўмуҳаммад, Ҳасани Аскарӣ ва дигарӣ Ҷаъфар аст. Ҳасани Аскарӣ дорои Зўҳд ва илми фаровон буд. Ў падари Имом Муҳаммади Маҳдӣ дувоздаҳумин имом назди имомия аст. Назди онҳо касе аст, ки қиём хоҳад кард. Модараш Умми Валад, номаш Нарҷис аст...".[89] Шарҳи ҳоли Ҳусайнӣ: Заркалӣ мегўяд: "Таърихнавис ва насабдони ироқӣ соҳиби китоби "Умдатут-толиб фи ансоби оли Абитолиб" ва китобҳои дигар".[90] 36-Нуриддин ибни Саббоғи Моликӣ мутаваффои 855 –и ҳиҷрӣ. Ў дар фасли дувоздаҳум аз китобаш мегўяд: "Абўлқосим Муҳаммад Ҳуҷҷати Халафи Солеҳ фарзанди Абўмуҳаммад Ҳасани Холис, имоми дувоздаҳум. Баъд таърихи таваллуд ва далели имомати он ҳазратро зикр кардааст".[91] Шарҳи ҳоли Ибни Саббоғ: Заркалӣ мегўяд: Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Саббоғ, фақеҳи мазҳаби моликия таваллуд ва вафоташ дар Макка будааст. Соҳиби китобҳост ва аз он ҷумла китоби "Фусул-ул-муҳимма лимаърифатил аимма".[92] 37-Абўлвалид Муҳаммад ибни Шаҳнаи ҳанафӣ мутаваффои соли 882-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: "Худованд ба Ҳасани Аскарӣ фарзанде иноят фармуд, ки интизори ўро мекашиданд. Ў дувоздаҳумин имом назди имомия аст. Номаш Муҳаммад ва алқобаш Маҳдӣ, Қоим ва Ҳуҷҷат аст. Вилодаташ дар соли-255-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтода аст".[93] Шарҳи ҳоли Ибни Шаҳна: Заркалӣ мегўяд: "Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад Абўвалид ибни Шаҳна, қозии ҳанафиҳо дар шаҳри худаш буд".[94] 38-Шайх Нуриддин Абдураҳмони Ҷомии ҳанафӣ мутавоффои соли 898-и ҳиҷрӣ Абдураҳмони Ҷомӣ, ки исми комилаш Мавлоно Нуридин Абдураҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ, аз донишмандони бузург ва нобиғаи донишу адаб дар замони худ будааст. Ишон ҳамчунин орифи комил ва шоири фозиле аст, ки даҳҳо асари баҷоймондаи ў, аз он ҳикоят мекунад. Вай бо вуҷуди таассуби зиёде, ки дошт ба мадҳи имомони Аҳли Байт алайҳимус-салом пардохта, ашъореро дар фазоилашон сурудааст. Шоҳиди ин матлаб, қасидаи маъруфи Фараздақ аст, ки дар мадҳи Имоми Саҷҷод алайҳис-салом сароида шуда, Ҷомӣ онро ба шеъри форсӣ тарҷума кардааст. Далели дигаре, ки таваҷҷўҳи Ҷомиро нисбат ба хонадони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, нишон медиҳад, метавонад ғазале бошад, ки матлабаш чунин аст: Кардам зи дидаи пой сўи машҳади Ҳусайн, Ҳаст ин сафар ба мазҳаби ушшоқ фарзи айн. Ҳоло, бо таваҷҷўҳ ба мавзўи баҳсамон, ашъореро аз ин шоири маъруф меоварем, ки мустақиман дар бораи Имоми Замон алайҳис-салом сурудааст: Биё, эй имоми ҳидоятшиор, Ки бигзашт аз ҳад ғами интизор. Зи рўи ҳумоюн барафкан ниқоб, Аён соз, рухсори чун офтоб. Бурун ой, аз манзили ихтифо,[95] Намоён кун, асрори меҳру вафо. Барафроз, аркони Исломро, Бияндоз, бунёди асномро.[96] Ҷаҳон пур шуд аз шеваи зулму ҷавр, Зи инсоф дур аст, атвори давр. Назар кун ба ҳоли мани мустаманд, Ки гардам зи алтофи ту сарбаланд. Бувад ин умедам, ки бошам мудом, Мубоҳӣ ба алтофи хоси Имом. Илоҳо, ба ҳаққи Имоми Замон, Ба иззи муҳиббони ин хонадон. Ки тавфиқ гардон, рафиқи дилам, Бирўён гули марҳамат аз гилам. Шарҳи ҳоли Ҷомӣ: Умар Каҳола мегўяд: "Олим ва дорои маҳорат дар улуми ақлӣ ва нақлӣ буд. Аз ҷумлаи китобҳои зиёде, ки навишта "Тафсир Қуръони Карим" "Шарҳи Кофия" ва ... мебошад".[97] 39-Фазл ибни Рўзбаҳон мутаваффои ҳудуди 900-и ҳиҷрӣ Ў дар саломҳое, ки бар ҳар як аз имомон аз зуррияи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дорад ба ин ҷо мерасад: "Салом бар Қоими Мунтазар, Абўлқосим...".[98] Шарҳи ҳоли ў: Умар Каҳола ўро аз фузалои ашоира хонда ва китоби "Ибтолул ботил"-ро бар зидди шиа навишта ва дар бораи саҳеҳи шашгонаи аҳли суннат мегўяд: Ҳар ки савганд ёд кунад, ки ҳар чӣ дар ин китобҳо аст саҳеҳ ва аз Расули Худо аст, савгандаш дуруст аст. 40-Алломаи Мир Хонд мутаваффои 903-и ҳиҷрӣ ў мегўяд: Таваллуди Имоми Маҳдӣ, ки ҳам номи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳ) ва саллам ва ҳам куня бо ў аст, дар Сомирро нимаи Шаъбони соли 255 иттифоқ афтод. Ў ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сол дошт. Худованди Мутаол дар он син ба ў ҳикмат дод ҳамон гуна ки ба ҳазрати Яҳё дар кўдакӣ иноят фармуд ва ўро имом қарор дод ва ҳазрати Исоро низ ба мақоми набувват баргузид".[99] 41-Аҳмад ибни Ҳаҷари Ҳайтамии шофеӣ мутаваффои соли 909-и ҳиҷрӣ Вай баъд аз шарҳи ҳоли Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом мегўяд: "Ҳасани Аскарӣ фарзанде ғайр аз Абўлқосими Ҳуҷҷат аз худ ба ҷой нагузошт. Умри ў (Имом Маҳдӣ алайҳис-салом) ба ҳангоми вафоти падараш, панҷ сола буд. Аммо Худованд ба ў дар панҷсолагӣ ҳикмат омўхт. Ўро Қоими Мунтазар меноманд...".[100] Мегўям: Хонандаи азиз бояд таваҷҷўҳ дошта бошанд, ки Ибни Ҳаҷар ин китобро бар зидди шиа навишта аст, вале бо вуҷуди он ба ин ҳақиқат эътироф карда, ки Имом Замон алайҳис-салом ба дунё омада ва дар қайди ҳаёт ҳастанду ва дар хурдсолӣ Худованд ба он ҳазрат ҳикмат омўхта аст. Шарҳи ҳоли ибни Ҳаҷар: Заркалӣ мегўяд: Шайхул Ислом, фақеҳи боҳиси Мисрӣ. Ў дорои китобҳои фаровон аст ва аз ҷулмаи онҳо "Савоиқ-ул-мўҳриқа"-ро ном бурдааст.[101] 42-Суютӣ мутаваффои соли 911 дар рисолааш “Эҳё-ул-маййит би фазоили Аҳлул Байт”. Ба дурустӣ, ки Маҳдӣ аз зуррияи Ҳусайн ибни Алӣ мебошад, ки дар охири замон барангехта мешавад. Ва тамоми фарзандони Ҳусайн, ки аз имомон маҳсуб мешаванд аз бузургон ҳастанд. (ва сипас яко яки дувоздаҳ имомро ном мебарад.[102] Шарҳи ҳоли Суютӣ: Заркалӣ мегўяд: "Имоми ҳофиз, муаррих, адиб ва соҳиби наздик ба 600 ҷилд китоб".[103] 43-Ғиёсидини Хондамир 942 ҳ.қ Ў дар бораи Имом Замон алайҳис-салом чунин суруда: Имоми Замон, Маҳдии Мунтазар, Ки гуфта Паёмбар зи ҳолаш хабар. Ҷаҳон равшан аз лумъаи рўи ў, Шаби қадри торе зи гесўи ў. Сиришта ба оби каромат гилаш, Муҳити улуми ладунӣ дилаш. Чу созад ливои хилофат баланд, Дарорад сари осиё дар каманд. Маҳи рояташ солиси моҳи хўр, Зи адлаш шавад, ҷумла офоқ пур. Чу гардад ба меҳроби дин муқтадо, Кунад Ибни Марям ба д-ў иқтидо.[104] 44-Шамсидини Муҳаммад ибни Тўлуни Ҳанафӣ мутаваффои соли 953 ҳиҷрӣ Ў дар шарҳи ҳоли имомон мегўяд: "Дувоздаҳумини онон, фарзанди Муҳаммад ибни Ҳасан Абулқосим аст... вилодаташ дар рўзи Ҷумъа нимаи Шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ итифоқ афтод ва ҳангоми вафоти падараш панҷ сол дошт..."[105] Шарҳи ҳоли Ибни Тўлун: Умар Каҳола мегўяд: "Муҳаммад ибни Алӣ машҳур ба Ибни Тўлун, димишқӣ Солеҳии ҳанафӣ, муҳаддис, муснад, таърих навис, фақеҳ, наҳвӣ, дар таъбир ва тиб, ва илмҳои дигар низ ворид буд ва соҳиби китобҳои зиёде аст...".[106] 45-Абдул Ҳақ ибни Сафиюдини Деҳлавии ҳанафӣ мутаваффои соли 958-и ҳиҷрӣ Ў дар китоби "Таҳсил-ул-камол" ва... менависад: Ва Абў Муҳаммад Ҳасани Аскарӣ фарзандаш М Ҳ М Д разияллоҳу анҳумо, маълум ва шинохта шуда дар назди асҳоби хоссаш ва касоне, ки мавриди итминонаш буданд, мебошад.[107] Шарҳи ҳоли Абдул Ҳақ: Умар Каҳола мегўяд: "Абдул Ҳаққи Деҳлавии ҳанафӣ, муҳаддис, суфӣ ва дар баъзе аз илмҳо маҳорат дошта ва соҳиби китобҳои зиёд буда...".[108] 46-Мирзо Муҳаммад ибни Рустами Бадахшии Шофеӣ Ў дар шарҳи ҳоли Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом мегўяд: "...ў фарзанде ҷуз Муҳаммади Мунтазар аз худ ба ҷой нагузошт.."[109] 47-Шайх Ҳусайн ибни Муҳаммад, Диёри Бакрии Моликӣ мутаваффои соли 966-и ҳиҷрӣ: Ў мегўяд: "Дувоздаҳумини онҳо Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алии Ризо аст. Куняаш Абўлқосим ва лақабаш назди имомия: Ҳуҷҷат, Қоим, Мунтазар, Маҳдӣ ва Соҳибуз-замон аст. Ў назди имомия дувоздаҳумин имом аст...".[110] Шарҳи ҳоли Бакрӣ: Заркалӣ ва Умар Каҳола мегўянд: Ў таърих навис ва фақеҳ буд ва қозии Макка шуд, дар он ҷо низ аз дунё рафт".[111] 48-Ориф Абдулваҳҳоби Шаъронии ҳанафӣ мутаваффои соли 973-и ҳиҷрӣ Вай аз баъзе орифон нақл мекунад: "Дар охири замон умеди хуруҷи Маҳдӣ аст. Ў аз фарзандони Имом Ҳасани Аскарӣ аст. Таваллуди ў нимаи Шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. Ў то ба ҳол зинда аст, то ин ки бо ҳазрати Исо бо ҳам ҷамъ шаванд. Умраш то ин замон 706 сол аст. Ба ман Шайх Ҳасани Ироқӣ ин гуна хабар дод".[112] Шарҳи ҳоли Шаъронӣ: Умар Каҳола мегўяд: "Шаъронӣ, шофеӣ мазҳаб ва фақеҳ, усулӣ, муҳаддис, суфӣ ва дар илмҳои гуногун маҳорат дошт ва соҳиби китобҳои зиёде аст".[113] Шайх Ҳасани Ироқӣ мутаваффои соли 958 мебошад. 49-Алломаи насабдон Саййид Муҳаммад ибни Ҳусайн, Ҳусайнии Самарқандии Маданӣ мутаваффои соли 996-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: "Фарзанди Ҳасани Аскарӣ, Муҳаммади Маҳдӣ аст... ў дувоздаҳумин имом аз имомон аст. Дар рўзи Ҷумъа нимаи Шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ таваллуд шуд. Куняаш Абўлқосим ва лақабҳояш: Ҳуҷҷат, Халафи солеҳ, Қоим, Мунтазар ва машҳуртарини онҳо Маҳдӣ аст. Вай ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сол дошт".[114] Шарҳи ҳоли Ҳусайнӣ: Заркалӣ мегўяд: "Котиб аз оли Ҳусайнӣ аз Мадинаи Мунаввара ва ҳам дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Ў забонҳои арабӣ, форсӣ, румӣ, ҳиндӣ ва ҳабаширо медонист ва дорои илми ансоб низ буд ва аз ҷумлаи китобҳояш "Тўҳфатут-толиб" дар бораи насаб буд".[115] 50-Шариф Анас Кутубии Ҳасанӣ Вай дар таълиқи худ бар китоби қаблӣ "Тўҳфатут-толиб" мегўяд: "Имом Маҳдӣ (алайҳис-салом) дар кўдакӣ аз мардум пинҳон шуд. Ин чиз назди шиа ва суннӣ мусаллам аст. Китобҳои таърих ин матлабро собит кардаанд, ки Маҳдӣ (алайҳис-салом) дар кўдакӣ дохили Сардоб шуд дар ҳоле ки насле надошт. Китобҳои ансоб низ ин чизро собит кардаанд...".[116] Ҳамин нависанда дар китоби "Ал-Усул фи зуррияти бизъатил батул" менависад: Ҳасани Аскарӣ дар аввалҳои хилофати Аҳмад ибни Мутаваккил дар Сомирро бо зар ба шаҳодат расид... ў фарзанде ба номи Муҳаммад аз худ ба ҷой гузошт...куняаш Абўлқосим ва Абўабдиллоҳ аст ва лақабҳояш: Ҳуҷҷат, Халафи солиҳ, Қоим, Мунтазар, Толӣ ва Соҳибуз-замон ва машҳуртарини онҳо Маҳдӣ аст...ў ба ҳангоми вафоти падараш панҷсола буд".[117] 51-Мулло Алии Қории ҳанафии маккӣ мутавоффои соли 1014-и ҳиҷрӣ Вай дар шарҳи ҳадиси дувоздаҳ халифа мегўяд: "Шиаи дувоздаҳ имомӣ онҳоро бар Аҳли Байти набувват ба таври паё-пай мунтабиқ мекунанд, ки аввалашон Алӣ ва охирашон Муҳаммади Маҳдӣ аст (яко яки имомонро ном бурда) ва баъд мегўяд: "Соҳиби "Зубдатул-авлиё" Хоҷа Муҳаммад Порсо дар китоби "Фаслул-хитоб" инҳоро муфассал зикр карда ва баъд аз ў сарварамон Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар охири китоби "Шавоҳидун-набувва" фазоил ва каромоти онҳоро зикр карда, ки дар ин кораш рад аст бар рофизиҳо, чун онҳо гумон мекунанд, ки аҳли суннат имомони Аҳли Байтро душман медоранд".[118] Шарҳи ҳоли Қорӣ: Заркалӣ ва Умар Каҳола мегўянд: “Фақеҳи ҳанафӣ аз судур илм дар замонаш ва олими мушорик дар илмҳои гуногун буд.[119] 52-Аҳмад ибни Юсуф, Абул Аббоси Қирмонии ҳанафӣ, мутаваффои соли 1019-и ҳиҷрӣ: Ў мегўяд: "Муҳаммади Ҳуҷҷат, Халафи солеҳ, умраш ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сола буд. Худованд дар он син ба ў ҳикмат омўхт, ҳамон гуна ки дар кўдакӣ ба ҳазрати Яҳё алайҳис-салом омўхт... уламо иттифоқ доранд бар ин ки Маҳдӣ ҳамон қиёмкунанда дар охири замон аст".[120] Шарҳи ҳоли Абул Аббос: Заркалӣ мегўяд: "Муаррих, ҳуснул муҳозира. Мутаваллӣ ба умури вақфи ҳарамайн буд. Ва ў Таърихи маъруфе дорад ба номи "Ахбор-уд-дувал ва осорул аввал" ва ...[121] 53-Ибни Аммоди Димишқии ҳанбалӣ мутаваффои соли 1089-и ҳиҷрӣ Ў дар бораи ҳаводиси соли 260-и ҳиҷрӣ мегўяд: "Дар он сол Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммади Ҷавод ибни Алии Ризо ибни Мўсои Козим ибни Ҷаъфари Содиқи Алавии Ҳусайнӣ, яке аз имомони дувоздаҳгона ба эътиқоди рофиза аз дунё рафт. Ў падари Муҳаммади Мунтазар соҳиби сардоб аст".[122] Шарҳи ҳоли Ибни Аммод: Заркалӣ мегўяд: "Абдул Ҳай ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аммоди ҳанбалӣ, муаррих, фақеҳ, олим ба адаб аст. Ва ў соҳиби китоби "Шазарот-уз-заҳаб фи ахбори ман заҳаб" ва китобҳои дигар мебошад".[123] 54-Муҳаммад ибни Абдуррасули Барзанҷии шофеӣ мутаваффои соли 1103-и ҳиҷрӣ Вай мўътақид аст, ки Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом фарзанде ба номи Муҳаммад дошта, вале ба ғайбат кардани он ҳазрат ва заҳури ишон ишкол мекунад, ки он аз рўи таассуб аст.[124] Шарҳи ҳоли Барзанҷӣ: Заркалӣ мегўяд: "Барзанҷӣ шахси фозил, олим ба тафсир ва адаб ва аз фуқаҳои шофеӣ мазҳаб буда".[125] 55-Шайх Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Шабровии Мисрии шофеӣ мутаваффои соли 1171-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: Дувоздаҳумин аз имомон, Абўлқосим Муҳаммади Ҳуҷҷат аст. Баъзе ўро ҳамон Маҳдии Мунтазар медонанд. Таваллуди Муҳаммади Ҳуҷҷат фарзанди Ҳасани Аскарӣ разияллоҳу анҳу дар Сомирро нимаи Шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ панҷ сол пеш аз вафоти падараш рўх дод. Падараш ба далели тарс аз халифаҳо ўро аз мардум пинҳон нигаҳ дошт. Ў мулаққаб ба Маҳдӣ, Қоим, Мунтазар, Халафи солеҳ ва Соҳибуз-замон аст. Шиа мегўяд: ҳадисҳои саҳеҳ далолат дорад бар ин ки ў дар охири замон зуҳур хоҳад кард...".[126] Шарҳи ҳоли Шабровӣ: Заркалӣ мегўяд: "Шабровӣ аз фақеҳони Миср ва устодони "Ал-Азҳар" буд. Соҳиби китобҳои фаровон аз ҷумла "Ал-Иттиҳоф биҳубби ашроф" аст.[127] 56-Шайх Муҳаммад ибни Алии Саббони шофеӣ мутаваффои соли 1206-и ҳиҷрӣ Вай вилодати ҳазрати Ҳуҷҷат алайҳис-салом-ро аз Шаъронӣ ва Мўҳйидини Арабӣ нақл мекунад ва бар он ишколе намегирад, ки ин далел бар қабул доштани он назария аст.[128] Шарҳи ҳоли Саббон: Заркалӣ мегўяд: "Олим ба арабӣ ва адаб буд, ва сипас китобҳои ўро ном бурда.[129] Умар Каҳола мегўяд: "Ў аз мазҳабӣ шофеӣ ва ҳанафӣ буда, олим, адиб ва дар наҳв, луғат, уруз, ҳадис ва истилоҳот ва... маҳорат дошт ва аз ҷумла китобҳоят "Асъофур-роғибин аст".[130] 57-Муҳаммад Амини Бағдодӣ маъруф ба Сувайдӣ мутаваффои 1246-и ҳиҷрӣ Ў ки аз мутахассисон дар ансоб (насаб шиносӣ) аст мегўяд: "Муҳаммади Маҳдӣ умраш ҳангоми вафоти падараш панҷ сол буд... шиа ўро ҳамон соҳиби шамшере медонад, ки қабл аз барпоии қиёмат қиём хоҳад кард. Ўро ду ғайбат аст, ки яке аз он ду аз дигарӣ тўлонитар аст".[131] Шарҳи ҳоли Сувайдӣ: Заркалӣ мегўяд: Муҳаммад Амин ибни Алии Сувайдӣ, аз олимони Ироқ буд ва аз ҷумлаи китобҳояш: "Сабоик-уз-заҳаб фи маърифати ансобил араб" мебошад.[132] 58-Шайх Сулаймони Қундузии ҳанафӣ мутавоффои соли 1294-и ҳиҷрӣ "Хабари маълум ва таҳқиқ шуда назди афроди мўътабар он аст, ки вилодати Қоим дар шаби нимаи моҳи шаъбони соли-255-и ҳиҷрӣ дар шаҳри Сомирро итифоқ афтода аст..."[133] Умар Каҳола Қундузиро аз суфия хондааст.[134] 59-Мўъмин ибни Ҳасани Шабланҷии шофеӣ мутаваффои соли 1298. Ў мегўяд: "Вафоти Абўмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ дар рўзи ҷумъа ҳаштуми Рабиъ-ул-аввали соли 260-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. Ў фарзанде ба ҷой гузошт, ки номаш Муҳаммад аст. Модараш Умму валад ва Нарҷис ном дошт. Куняаш Абўлқосим ва лақабҳояш назди имомия: Ҳуҷҷат, Маҳдӣ, Хулафи солеҳ, Қоим, Мунтазар ва Соҳибуз-замон аст ва машҳуртарини онҳо Маҳдӣ аст...".[135] Шарҳи ҳоли Шабланҷӣ: Заркалӣ мегўяд: "Фозил аз аҳли Шабланҷ ва дар мадрасаи "Ал-Азҳар"-и Миср таҳсил кардааст.[136] 60-Абўл Баракот Нўъмон ибни Маҳмуди Олусии ҳанафӣ мутаваффои соли 1317-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: "Машҳуртарин мазоҳиби исломӣ, мазҳаби имомия аст, ки мегўяд: Маҳдӣ ҳамон Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ ибни Алии Ҳодӣ... аст, ки назди имомия маъруф ба Ҳуҷҷат, Мунтазар ва Қоим аст...".[137] Шарҳи ҳоли Олусӣ: "Воиз, фақеҳ аз олимтарини хонадони Олусия дар ироқ мебошад".[138] 61-Аллома Муҳаммад Фариди Ваҷдӣ мутаваффои соли 1321-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: Абўлқосими Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ фарзанди Алии Ҳодӣ... бино бар эътиқоди имомия, дувоздаҳумин имом аз имомон ва маъруф ба ҳуҷҷат аст. Шиа мўътақид аст, ки ў дохили сардоби падараш шуда ва ҳануз хориҷ нашудааст..."[139] Шарҳи ҳолаш дар ҷ.5.саҳ.145-и "Ал-Аълом"-и Заркалӣ омадааст. 62-Қозӣ Беҳлул Баҳҷати Афандӣ мутаваффои соли 1350-и ҳиҷрӣ Ў мегўяд: "Вилодати Имоми дувоздаҳум понздаҳуми моҳи шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ буда. Исми модараш Нарҷис аст. Барои ў ду ғайбат аст. Яке суғро ва дигарӣ кубро. Ҳаргоҳ ки Худованд ба ў иҷоза диҳад зуҳур мекунад ва он гоҳ заминро пур аз адлу дод хоҳад кард..."[140] Шарҳи ҳол: Умар Каҳола мегўяд: "Ў қозии Базанказур буд".[141] 63-Аҳмад Амини Мисрӣ мутаваффои 1373-и ҳиҷрӣ Ў низ бо эътиқод ба вилодати ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом фарзанди Имоми Аскарӣ алайхис-салом ва ин ки шиа мўътақид ба имомати ў ба унвони дувоздаҳумин имом аст, танҳо дар имомати он бузургвор ишкол мегирад, вале таваллуди он ҳазратро қабул мекунад.[142] Шарҳи ҳоли Аҳмад Амин: Заркалӣ мегўяд: Устоди Ал-Азҳар ва қозӣ низ буд ва...[143] 64-Хайридини Заркалӣ мутаваффои соли 1410 Заркалӣ мегўяд: "Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарии Холис ибни Алии Ҳодӣ Абул Қосим, охирин имоми дувоздаҳгона назди имомия. Ва ў назди онҳо (шиа) маъруф ба Маҳдӣ, Соҳибаз-замон, Мунтазар, Ҳуҷҷат ва соҳиби Сардоб аст. Дар Сомирро таваллуд шуд ва ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сол дошт ва вақте ба 9 ё 10 ё 19 солагӣ расид дар хонаи падараш дохили сардоб шуд ва дигар аз он берун наомад. Ибни Халлакон гуфта, ки: Шиа дар охири замон мунтазири омадани ў аз сардоб мешаванд.[144] Заркалӣ аз уламои асри ҳозир буда ва баъзеҳо ўро ваҳҳобӣ донистаанд. Ва бинобар таҳқиқе, ки муҳаққиқон анҷом додаанд 129 нафар аз олимони аҳли суннат ба таваллуд шудани Имоми Замон алайҳис-салом ишора кардаанд, ки асомии хеле аз онҳо низ дар назди мо ҳозир буд, вале ҳамин миқдор барои соҳиби инсоф ва ҷўяндагони роҳи ҳақ кифоят мекунад. Ва аз ин назарот, ки хеле аз инҳо бинобар ахбор ва қабули худашон аз насабдонони бузурги аҳли суннат мебошанд мебинем, ки чӣ гуна баъзе аз инҳо ба иттифоқи таърихнависон ва насабдонон бар таваллуди Имоми Замон ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом таъкид карда ва аз иттифоқи онҳо хабар додаанд. Пас аз ин назарияҳо ва ахбори онҳо, ҳақиқати он чӣ дар муқаддима гуфта шуд, миқдоре равшантар мешавад. Баъд аз ин ҳама таъкиди уламо ва таърихнависону насабдонони бузурги худи аҳли суннат, ки худи бузургонашон ба ҷалолату бузургии онҳо эътироф кардаанд, пас чӣ шуда, ки аҳли суннат аз ин ҳақоиқ рў баргардондаанд. Магар миллати Ислом роҳи рушду маърифат ва тақарруби ба Худои Мутаолро тавониста аз ғайри хонадони Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бигирад ва ғайри онҳоро ориф аз онҳо биёбад, ки ин гуна аз Имоми Замонашон рўй бартофтаанд! Аз Имоми Замоне, ки бо равшанӣ аҳодиси саҳеҳи худи мактаби аҳли суннат фарёд мезанад, ки ҳар кӣ ўро нашносад ва байъат дар гардан бар ў надошта бошад, гумроҳ ва ба монанди мардуми замони ҷаҳолият аз дунё хоҳад рафт! Пас агар мо пайрави ҳаво набошем ва аз Ислом ободии дунёи худамонро нахоҳем, чаро аз ин ҳақиқати бузург, ки Ислом моро ба он водошта аст, рўй гардондаем. Куҷо меравем, магар ин олимнамоҳои дур аз ҳақиқат, ки мо бо фиреби онҳо ба ин ҳақоиқ пушт кардаем, метавонанд фардо дар рўзи танҳоӣ ва ваҳшатноки мо ба ёрии мо биштобанд ва ё безории худро дар қиёмат пеш аз ҳама эълон хоҳанд кард ва аз мо хоҳанд гурехт...!? Пас акнун ба баъзе аз ривоёте, ки дар бораи Имоми Замон алайҳис-салом ва таваллуди он ҳазрат аз тарафи Расули гиромии Ислом ва Аҳли Байти гиромашон салавотуллоҳи алайҳим расида аст, низ ишорае хоҳем кард, то ҳақиқати ин матлаб боз ҳам равшантар ва яқиниву қатъӣ будани он барои мо равшан гардад. [1]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.14.саҳ.507.р.284. [2]-"Ан-Нузҳа"-и Шоҳ Соҳиб. [3] -"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.16.саҳ.36.р.22. [4] -"Ал-Ансоб"-и Самаонӣ ҷ.1.саҳ.423. [5] -"Муруҷ-уз-заҳаб"-и Масъудӣ ҷ.4.саҳ.112. [6] -"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.15.саҳ.569.р.343. [7]-“Нуҷум-уз-зоҳира” ҷ.3.саҳ.315-316. [8]-"Арбаин"-и Ибни Абўлфаворис ҳадиси чаҳорум. [9]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.17.саҳ.223.р.133. [10]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.17.саҳ.353.р.305. [11]-"Шеъб-ул-имон"-и Байҳақӣ. [12]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.18.саҳ.163.р.86. [13]-Ҳайдар-лақаби Амиралмўъминин Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-салом аст. [14]-Калб-саг. [15]-Наълайн-кафшҳо. [16]-Обидин-дар асл "Зайнуллбидин" буда, лақаби Имом Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом мебошад. [17]-Боқир-лақаби Имом Муҳаммад ибни Алӣ алайҳис-салом. [18]-Ҷаъфар-ишора ба Имоми Содиқ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳис-салом. [19]-Мўсо-ишора ба Имом Мўсои Козим алайҳис-салом. [20]-Султони Хуросон-ишора ба Алӣ ибни Мўсо Имом Ризо алайҳис-салом. [21]-Тақӣ-лақаби Имом Муҳаммад ибни Алӣ алайҳис-салом. [22]-Нақӣ-лақаби Имом Алӣ ибни Муҳаммад алайҳис-салом. [23]-Аскарӣ-лақаби Имом Ҳасан ибни Алӣ алайҳис-салом. [24]-Ло-фато яъне ҷавоне ҳамоманди ў нест. [25]-"Янобеъ-ул-мавадда"-и Қундузии Ҳанафӣ ҷ.3.саҳ.350. "Нафаҳот-ул-унс" саҳ.357. [26]-"Мўъҷам-ул-муаллифин"-и Умар Каҳола ҷ.1.саҳ.198. [27] -Ал-Ансоб"-и Самаонӣ ҷ.2.саҳ.13, дар ҳошия. [28] -Ал-Милал ван-наҳал"-и Шаҳристонӣ ҷ.1.саҳ.198-199. [29] -Сияру аълом-ун-нубало ҷ.20.саҳ.253.р.194. [30]-"Ансоб"-и Самаонӣ ҷ.1.саҳ.85. [31]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.22.саҳ.107.р.77. [32]-”Таъриху маволиди аима ва вафаётиҳим”-и Ибни Хашшоб сафҳаи 44-45-46.. [33]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.20.саҳ.523.р.337. "Мухтасари Таърихи Ибни Дабисӣ"-и Заҳабӣ саҳ.209.р.756. [34]-"Мухтасари таърихи Ибни Дабисӣ"-и Заҳабӣ саҳ.349.р.1341. [35]-“Вафаёт-ул-аъён»-и Ибни Халлакон ҷ.4.саҳ.176. [36]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.1.саҳ.273. [37] -"Шаҷаратул муборака фи ансоби толибия"-и Фахр Розӣ саҳ.78-79. [38]-"Ал-Аълом" ҷ.6.саҳ.313. [39]-Сияру аълом-ун-нубало ҷ.21.с.500.р.261. [40]-"Мўъҷам-ул-булдон"-и Ҳамавӣ ҷ.4.саҳ.123. [41]-Муҳаққиқи китоби Заҳабӣ мегўяд: Ҳамавӣ сахт аз Амиралмўминин Алӣ ибни Абитолиб разияллоҳу анҳу мунҳариф буд ва Заҳабӣ ба ҳамин матлаб ишора мекунад. [42]-Сияру аълом-ун-нубало»-и Заҳабӣ ҷ.22.с.312.р.188. [43] -Ал-Аълом ҷ.8.саҳ.131. [44] -Шавоҳидун-набавӣ, с 404-408. [45] -Янобиъ-ул-мавадда, ҷ 3, с 350-351. [46] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.8.саҳ.209. [47] -"Ал-Комил фит-таърих"-и Ибни Асир ҷ.4.саҳ.454. [48]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.22.саҳ.353.р.220. [49] -"Футуҳот-ул-Маккия"-и Ибни Арабӣ боби 366. [50] -"Ал-Аълом"-и Хайруддини Заркалӣ ҷ.6.саҳ.281. [51]-“Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.23.с.48.р.34. [52] -Матолиб-ус-суўл фи маноқиби Оли Расул ҷ.2.саҳ.152-153. [53] -Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.23.саҳ.295.р.199. [54] -Мўъҷамул муаллифин ҷ.10.саҳ.104. [55] -Талбиси иблис, с 118. [56] -Ал-баён фил ахбори соҳибил-замон, с.148. [57] -"Кифоят-ут-толиб"-и Ганҷӣ саҳ.312. [58] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.7.саҳ.150. [59] -"Мўъҷам-ул-муаллифин" ҷ.12.саҳ.134. [60]-Шуббар ва Шуббайр-номи дигари Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн, ки ба забони ҳибрӣ ва ҳамноми Шуббар ва Шуббайр фарзандони Ҳазрати Ҳорун алайҳис-салом буда, ки ба арабӣ Ҳасан ва Ҳусайн мешавад. [61]-"Янобиъ-ул-мавадда"-и Қундузии Ҳанафӣ ҷ.3.саҳ.532. [62] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.7.саҳ.30. [63] -"Янобеъ-ул-мавадда" ҷ.3.саҳ.340-341. [64]-Ал-Аълом ҷ.9.саҳ.43. [65]-"Вафаёт-ул-аъён"-и Ибни Халлакон ҷ.4.саҳ.176. ва ҷ.1.саҳ.372. [66]-“Ал-Аълом”-и Заркалӣ ҷ.1.с.220. [67]-"Фароид-ус-симтайн"-и Ҳамўянӣ ҷ.2.саҳ.132. [68]-"Тазкиратул ҳуффоз»-и Заҳабӣ ҷ.4.саҳ.1505.р.24. Заҳабӣ дар китобҳои Мўъҷам-уш-шюхи Заҳабӣ” ва “Мўъҷам-ул-мухтас”-аш низ Ҳамўниро сутуда аст. [69]-Ал-Мухтасар фи ахборил-башар, маъруф ба таърихи Абўлфидо, ҷ 1, с 361. [70] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.2.саҳ.282. [71] -Маросидил-итилоъ, ҷ 2, с 685. [72] -"Ал-Аълом"-и Заркалҷ ҷ.4.саҳ.170. [73] -Меъроҷ-ул-вусул ило маърифати фазл олир-Расул. [74] -Ал-Аълом ҷ.7.саҳ.152. [75] -Татимматул-мухтасар фил ахборил-башар, маъруф ба Таърихи Ибни Вардӣ, ҷ 1, с 319. Нур-ул-абсор»-и Шабланҷӣ саҳ.186. [76] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.8.саҳ.3. [77] -Янобеъ-ул-мавадда ҷ.3.саҳ.347. [78]-"Ал-Вофӣ бил-вафиёт"-и Сафадӣ ҷ.2.саҳ.336. [79]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.2.саҳ.315. [80]-"Ал-Ибар фи хабари ман ғабар"-и Заҳабӣ ҷ.1.саҳ.381. [81]-"Таърихи Ислом"-и Заҳабӣ вафаёти 251-260 дар шарҳи ҳоли Имоми Аскарӣ падари Имоми Замон алайҳимо салом. [82]-Ал-аълом"-и Заркалӣ ҷ.4.саҳ.294. [83] -Таърихи ибни Халдун, ҷ 3, с 361. [84] -Ниҳоятул араб, с 118.. 6-Муъаҷамул-булдон, ҷ 3, с 173.. [85] -Ал-Аълом ҷ.1.саҳ.177. [86] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.1.саҳ.317. [87] -Янобиъ-ул-мавадда, ҷ.3.саҳ.171 ва 304 (ба нақл аз "Фасл-ул-хитоб"-и Хоҷа Порсо). [88] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.11.саҳ.300. [89] -"Умдатут-толиб фи ансоби оли Абитолиб" саҳ. 199. [90] -Ал-аълом ҷ.1.саҳ.177. [91] -"Фусул-ул-муҳимма"-и Ибни Саббоғ саҳ.273. [92] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.5.саҳ.8. [93] -Равзатим-манозир дар ҳошияи маруҷ-уз-заҳаб ҷ.1.с.294. [94] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.1.саҳ.230. [95]-Яъне аз ғайбату пинҳонӣ. [96] -Асном-бутҳо. [97] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.5.саҳ.122. [98] -Далоил-ул-сидқ,ҷ 2, с 370. [99]-"Равзатус-сафо ҷ.3.саҳ.59. [100]-"Савоиқ-ул-мўҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар саҳ.208. [101]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.1.саҳ.234. [102]-"Эҳё-ул-маййит би фазоили Аҳлул Байт” [103]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.3.саҳ.301. [104]-"Ҳабиб-ус-сайр"-и Хондамир ҷ.2.саҳ.100-113. [105]-Ал-шазротил-заҳбия с 117, ва 118. [106] "Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.11.саҳ.51. [107]-"Маноқиб ва аҳволи аиммаи атҳор" саҳ.106. [108]-"Мўъҷам-ул-муаллифин" ҷ.5.саҳ.91. [109] -Муфтоҳун-наҷо фил-маноқиби олил-Аббос саҳ.314. [110] -"Таърихи хамис"-и Доёри Бакрӣ ҷ.2.саҳ.288-321. [111] -Ал-Аълом ҷ.2.саҳ.256. [112] -"Ал-Явоқит вал-ҷавоҳир"-и Шеъронӣ ҷ.2.саҳ.127. [113] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.6.саҳ.218. [114]-"Тўҳфатут-толиб бимаърифати ман янтасабу ило Абдиллоҳ ва Абитолиб саҳ.54-55. [115] -"Аълом"-и Заркалӣ ҷ.6.саҳ.102. [116] -Тўҳфатут-толиб саҳ.55. [117] -"Ал-Усул фи зурриятил бизъатил батул" саҳ.98-99. [118] -Мирқот-ул-мафотеҳ саҳ.179. Ал-Мирқот фи шарҳи мишкот, ҷ.10.с336-337. [119]-Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.7.с.100. Ал-Аълом ҷ.5.с.12. [120]-"Ахбор-уд-дувал ва осорул аввал" ҷ.1.саҳ.353. [121] -Ал-Аълом ҷ.1.саҳ.275. [122] -"Шазарот-уз-заҳаб фи ахбори ман заҳаб" ҷ.3.саҳ.265. [123] -Ал-Аълом ҷ.3.саҳ.290. [124] -"Ал-Ишоа лиашротис-соа"-и Барзанҷӣ саҳ.149. [125] -Ал-Аълом ҷ.6.саҳ.204. [126] -“Ал-Иттиҳоф биҳубби ашроф"-и Шебровӣ боби 5 саҳ.179-180. [127] -Ал-Аълом ҷ.4.саҳ.30. [128] -Асъофур-роғибин дар ҳошияс Нурул-абсор с.154. [129] -"Ал-Аълом" ҷ.6.саҳ.297. [130] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.11.саҳ.17. [131] -Сабоик-уз-заҳаб фи маърифати ансобил араб саҳ.78. [132] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.6.саҳ.42. [133] -Янобиъ-ул-мавадда, ҷ.3.с.306. [134] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.4.саҳ.252. [135] -"Нур-ул-абсор"-и Шабланҷӣ саҳ.341-342. [136]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.7.саҳ.334. [137] -"Ғолиятул воиз ҷ.1.саҳ.78. [138]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.8.саҳ.42. [139] -Доиратул-маориф, ҷ 6, с 439. 2-Ал-маҳокима фил таърихи оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи, с 246. [141] -Мўъҷам-ул-муаллифин ҷ.9.саҳ.122. [142] -Зуҳол-Ислом, ҷ 3, с 210-212.