Нигини офариниш

Нигини офариниш

Нигини офариниш

(0 Votes)

QRCode

(0 Votes)

Нигини офариниш

Шояд баъзеҳо ин гуна фикр кунанд, ки бо вуҷуди ниёзҳои мухталиф ва асосӣ дар заминаҳои фарҳангӣ, пардохтан ба баҳсҳои Имом Маҳдӣ (саломуллоҳи алайҳ) чӣ зарурате дорад? Оё ба андозаи кофӣ дар ин бора сухан гуфта нашуда ва китобу мақола навишта нашудааст? Дар ҷавоб бояд гуфт: Баҳсҳои Маҳдавият аз ҷумла мавзўоте аст, ки нақши асосӣ дар зиндагии башар дорад ва бо ҷиҳатҳои мухталифи ҳаёти инсон робитаи мустақим дорад. Бинобар ин бо вуҷуди кўшишҳои анҷомшуда, ҳанўз ин мавзўъ матолиби ногуфтаи фаровоне дорад ва сазовор аст, ки олимон ва муҳаққиқон дар ин замина кўшишҳои дучандон анҷом диҳанд. Барои айнӣ шудани зарурати тарҳи маорифи Имом Маҳдӣ (саломуллоҳи алайҳ), маворидеро феҳраствор баён мекунем: 1-Мавзўи Имом Маҳдӣ (саломуллоҳи алайҳ) ба масъалаи асосии имомат бармегардад, ки аз усули ақоиди шиа аст ва дар Қуръон ва ривоёти исломӣ матолиби фаровоне дар бораи он зикр шудааст. Шиа ва суннӣ аз Паёмбари Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), чунин нақл кардаанд: "من مات و لم يعرف امام زمانه مات ميتة جاهليةً". “Ҳар ки бимирад дар ҳоле, ки имоми замонашро нашинохта бошад, ба марги ҷоҳилият мурдааст (ва гўё аз Ислом баҳрае набурда аст)!”[1] (Ёдовар мешавем, ки дар китобҳои Саҳеҳи Муслим ва Саҳеҳи Ибни Ҳаббон ва дигарон низ аз Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ривоят шудааст, ки он ҳазрат фармуданд: “Ҳар, ки бимирад дар ҳоле, ки бар гарданаш байъат набошад ва имом надошта бошад ба монанди мардуми замони ҷоҳилият мурда аст”,[2] ки ин аҳодис низ ҳамон маънои ҳадиси болоро доро мебошанд). Барои иттилои хонандагони азиз ёдовар мешавем, ки ин китоб барои ҷомеаи пайравони Аҳли Байт (саломуллоҳи алайҳим)  навишта шудааст ва нависандагони ин китоб ва ҷомеаи мухотаби онҳо яқин доранд ва аз мутавотир будану фаровонии ин ахбор ва аҳодис ва ин мавзўъ (яъне вуҷуду таваллуд ва имомати ҳазрати Маҳдӣ (саломуллоҳи алайҳ)) комилан огоҳ ҳастанд, ба ин хотир нависандагони ин китоб баъд аз зикру нақли аҳодиси мавриди назари худ, дар мавриди санади ин ахбор ва миқдори эътибори онҳо сухане нагуфтаанд; аммо ба сабаби ин ки ин матолиб ва ахбору аҳодис аксаран барои ҷомеаи мо нав аст ва мо ба сабабҳои гуногун аз онҳо дур ва бехабар мондаем, ба ин ҷиҳат мо то қадри имкон санадҳои баъзе аз ин аҳодисро, ки аз назари мо хеле муҳим ва ихтилофӣ мебошад, баррасӣ карда ва аз шароити он ва ба саҳеҳ ё ғайри саҳеҳ будани он (гарчӣ ба хотири мутавотир будани онҳо ниёзе ба назар кардан ба асониди онҳо нест) ишора кардем. Ва ҳамчунин баъзе аз масодири дигарро низ дар баъзе аз аҳодиси муҳим изофа кардем ва барои баъзе аз мавзўоти дигар монанди истиғоса ва ғайра, аз китобҳо ва бузургони аҳли суннат шавоҳиде зикр кардем. Ишора мекунем, ки ин ахбор ва аҳодиси марбут ба Имоми Замон (саломуллоҳи алайҳ) барои равшан кардани мавзўи мавриди назар дар ин китоб нақл шудааст ва аксари ин ахбор хеле муфассал ва дорои нукоти хеле ҷолиби дигар низ ҳастанд, ки нависандагони ин китоб ба хотири тўлонӣ нашудан ва хориҷ нашудан аз мавзўи мавриди назар, аз нақли он худдорӣ кардаанд. ----------------------------------------------- [1].“Шарҳ-ул-мақосид”- и Тафтозонӣ ҷ.2. саҳ.275. “Шарҳи ақоиди Насафӣ”- и Тафтозонӣ. “Ҷавоҳир-ул- музия”- и Алии Қорӣ ҷ.2.саҳ.457-509 ба нақл аз Саҳеҳи Муслим. “Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат”- и Шайх Садуқ с.409.р.9. Биҳор-ул-анвор ҷ.51.саҳ.160, ҳадиси 160. “Васоил-уш-шиа”, ҷ.16.саҳ.246, ҳадиси 21475. [2].“Саҳеҳи Муслим” ҷ.3.саҳ.1478.р.1850. “Муснад”-и Таёлусӣ ҷ.1.саҳ.259.р.1913. “Муснад”- и Аҳмад ҷ.4.саҳ.96.р.16929. Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, ҷ.10.саҳ.434. р.4573. “Ҳилят-ул-авлиё”, ҷ.3.саҳ.224. “Мўъҷам-ул-авсат”, ҷ.1.саҳ.79.р.225.ҷ.6.саҳ.70, р.5820. “Мўъҷам-ул-кабир”-и Табаронӣ ҷ.19.саҳ.388.р.369-910. “Маҷмаъ-уз-завоид”-и Ҳайсамӣ, ҷ.5.саҳ.218-225. “Илал”-и Дору Қутнӣ ҷ.7.саҳ.63.р.1214. “Фатҳ-ул-борӣ”, ҷ.13.саҳ.5. “Муснад”-и Абўяъло ҷ.13.саҳ.366,р.7375.