Масъулияти тарбияи ҷинсӣ Қисми-1
Масъулияти тарбияи ҷинсӣ Қисми-1
0 Vote
89 View
Асосӣ / Таълими ислом / Тарбияи Фарзандон / 042 Масъулияти тарбияи ҷинсӣ Қисми-1 042 Фаровардан Масъулияти тарбияи ҷинсӣ Қисми-1 بسم الله الرحمن الرحيم Ба номи Худованди ҷону хирад, К-аз Ӯ бартар андеша барнагзарад. Худованди ҷону Худованди рой, Худованди бахшандаи раҳнамой. رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي وَيَسِّرْ لِي أَمْرِي وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِنْ لِسَانِي يَفْقَهُوا قَوْلِي الحمد لله رب العالمين والصلاة والسلام على سيدنا محمد الصادق الوعد الامين. اللهم اخرجنا من ظلمات الجهل والوهم الى انوار المعرفة والعلم ومن وحول الشهوات الى جنات القربات Падарону модарон ва ҷавонони азизу гиромӣ! Мо дар дарси чилу якум қисматичордаҳуми мавзуъи “Масъулияти тарбияи иҷтимоъӣ” суҳбат намуда будем. Муҳимтарин нуқоти қисмати чордаҳум аз инҳо иборат буд: 1.Ёдовар шудани корнамоиҳои гузаштагон. Дарси имрӯзаи мо иборат аст аз: Масъулияти тарбияи ҷинсӣ. Мақсад аз тарбияи ҷинсӣ омӯзиш додан ва огоҳ намудани фарзанд ба масоилест, ки ба ғаризаи ҷинсӣ ва издивоҷ марбут аст. Оғози ин тарбият аз замони андешидани кудак шуруъ мешавад. Вақте ки кудак ба синни ҷавонӣ мерасад ва умури зиндагиро дарк мекунад ба хуби медонад, ки чи чиз ҳалол аст ва чи чиз ҳаром аст. Ахлоқи ҳамида ва равиши зиндагии исломӣ ҷузви одати ӯ шуда ва ба хубӣ дар шахсияти рушдёфтааш ҷой мегирад. Пас ба дунболи ҳавасу шаҳват намеравад ва ба доми инҳирофу бебандуборӣ намеафтад. Тарбияи ҷинсӣ ба таври комилу шомиле, ки волидайну мураббиёни азизу гиромӣ ба он бояд такя бикунанд ва дар иҷрои он аҳаммият бидиҳанд, марҳалаҳои зерро дар бар мегирад: v Омухтани одоби иҷозати дохил шудан ва одоби назар кардан дар синни наврасӣ аз 7 то 10 солагӣ. v Барҳазар доштан ва пешгирӣ намудан аз омилҳои шаҳватангез дар синни навҷавонӣ аз 10 то 14 солагӣ. v Омухтани одоби зандорӣ ва оиладорӣ дар синни балоғат аз 14 то 16 солагӣ, агар фарзанд ба издивоҷ омода бошад. v Омухтани иффатталабӣ ба ҷавононе, ки қудрату тавоноӣ барои издивоҷ ва оила барпо намудан надоранд. v Оё бо фарзанд дар синни наврасӣ ҷоиз аст, ки дар мавриди алоқаҳои зану шавҳарӣ ошкоро суҳбат намоем? Тамоми мавзуъоти дар боло зикршуда ба тафсил барои волидайну мураббиёни азиз тақдим хоҳад гашт. То ба таври кофӣ битавонанд фарзандони худро ба анҷом додани ин умур роҳнамоӣ намоянд. Ва бидонанд, ки дини мубини Ислом ҳеҷ ҷанбаи аз тарбияи инсониро раҳо накарда аст ва дар ҳама ҷо парда аз рӯи масоили мубҳам бардошта аст. То волидайну мураббиёни гиромӣ битавонанд масъулияти худро ба таври комил дар баробари фарзандону шогирдони хеш анҷом дода бошанд. 1.Одоби иҷозат пурсидан. Дар ин ҷо қасд надорем, ки баҳси одоби иҷозат пурсиданро ба таври муфассал барои шумо тақдим намоем, зеро дар ин бора ба тафсил дар нишастҳои гузашта суҳбат намуда будем. Он чи ки барои мо дар ин ҷо мавриди баҳс қарор мегирад, ҳамон ҳолатест, ки ба иҷозат пурсидани фарзандон барои ворид шудан ба ҷои хоби волидайн дар вақтҳои муайяне марбут аст. То фарзандони мо аз овони кудакӣ ба ин одоби рафиъи исломӣ одат намоянд. Қуръони карим ин одоби оиладориро ба таври возиҳ баён фармудааст: يَاأَيُّهَاالَّذِينَ آَمَنُوا لِيَسْتَأْذِنْكُمُ الَّذِينَ مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ وَالَّذِينَ لَمْ يَبْلُغُوا الْحُلُمَ مِنْكُمْ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ مِنْ قَبْلِ صَلَاةِ الْفَجْرِ وَحِينَ تَضَعُونَ ثِيَابَكُمْ مِنَ الظَّهِيرَةِ وَمِنْ بَعْدِصَلَاةِ الْعِشَاءِ ثَلَاثُ عَوْرَاتٍ لَكُمْ لَيْسَ عَلَيْكُمْ وَلَاعَلَيْهِمْ جُنَاحٌ بَعْدَهُنَّ طَوَّافُونَ عَلَيْكُمْ بَعْضُكُمْ عَلَى بَعْضٍ كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمُ الْآَيَاتِ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ *وَإِذَابَلَغَ الْأَطْفَالُ مِنْكُمُ الْحُلُمَ فَلْ يَسْتَأْذِنُواكَمَا اسْتَأْذَنَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آَيَاتِهِ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ نور / 58-59 “Эй касоне, ки имон овардаед! Бояд касонеро, ки моликашон ҳастед ва касоне, ки ба балоғат нарасидаанд аз шумо барои ворид шудан ба хона дар се вақт иҷозат пурсанд: пеш аз намози бомдод, ҳангоми нимарӯзӣ, ки (барои истироҳат) либосҳоятонро мекашед ва баъд аз намози хуфтан. Ин се вақт барои хилвати шумост. Пас аз ин се вақт бар шумо ва бар эшон боке нест, ки баъзеи шумо бар баъзеи дигар гаштугузор кунад. Ҳамин гуна Худованд оятҳоро барои шумо баён мекунад. Ва Худованд донову ҳаким аст. Ҳангоме, ки кудакони шумо ба балоғат расиданд, бояд, ки (барои ворид шудан ба хона) иҷозат бипурсанд. Мисли касоне, ки аз ин пеш буда, (барои ба хона даромадан) иҷозат мегирифтанд. Ҳамин гуна Худованд нишонаҳояшро барои шумо баён мекунад. Ва Худованд донову ҳаким аст”. Худованди субҳон волидайну мураббиёнро амр мекунад, ки бар асоси ин ояти қуръонӣ кудаконеро, ки ҳанӯз ба синни балоғат нарасидаанд таълим диҳанд, ки дар се ҳолат аз падару модар иҷозати ворид шудан ба хона бигиранд: Якум: Пеш аз намози субҳ, зеро мардум дар ин ҳолат дар хоб ҳастанд ва падару модар дар бистари хоб истироҳат мекунанд. Дуюм: Дар вақти нисфирӯзӣ, зеро зану мард дар ин вақт либоси роҳат мепушанд. Сеюм: Баъд аз намози Хуфтан, зеро вақти хоб ва истироҳат аст. Фармони иҷозат пурсидани кудакон ва аҳли хонадон аз ҷониби Худои таъоло дар ин се вақт аз падару модар ба ин далел аст, ки шояд эшон дар ҳолате бошанд, ки нахоҳанд ҳеҷ кас онҳоро бубинад. Аммо пас аз ин, ки кудакон ба синни балоғат расиданд ғайр аз ин се вақт ҳам бояд иҷозат пурсида ба хонаи волидайн ворид шаванд. Ин матлаб дар охири ояти фавқуззикр баён гашта аст: وَإِذَابَلَغَ الْأَطْفَالُ مِنْكُمُ الْحُلُمَ فَلْيَسْتَأْذِنُوا كَمَااسْتَأْذَنَ الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ كَذَلِكَ يُبَيِّنُ اللَّهُ لَكُمْ آَيَاتِهِ وَاللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ نور / 59 “Ҳангоме, ки кудакони шумо ба балоғат расиданд, бояд, ки (барои ворид шудан ба хона) иҷозат бипурсанд. Мисли касоне, ки аз ин пеш буда, (барои ба хона даромадан) иҷозат мегирифтанд. Ҳамин гуна Худованд нишонаҳояшро барои шумо баён мекунад. Ва Худованд донову ҳаким аст”. Касе, ки аз илми равоншиносӣ ва асосҳои тарбия огоҳ бошад ба хубӣ аз ин ишораҳои қуръонӣдармеёбад, ки то чи ҳад дини Ислом ба тарбияти иҷтимоъӣ ва парвариши ахлоқию равониӣ фарди мусулмон аҳаммият додааст. То вақте, ки ба синни ҷавонӣ бирасад, намунаи зиндае аз инсони комил дар одобу ахлоқу рафтор бошад. Ба ростӣ боиси расвоист вақте, ки кудак ногаҳон бидуни иҷозат пурсидан вориди ҳуҷраи хоби волидайн мешавад ва эшонро дар ҳолати анҷоми алоқаи ҷинсӣ мебинад. Ва ин ҳолати зиштро ба дустону ҳамсолонаш нақл мекунад.Ҳар гоҳ ин ҳолати ногувор ба ёдаш расад, хотираш парешон мегардад. Вақте, ки майли ҷинсӣ пайдо кунад, дар зеҳнаш ҳамон манзара ҷилва медиҳад. Мехоҳад ҳар чи зудтар ин амалиётро анҷом диҳад ва аз он лаззати пушида бичашад. Пас агар волидайну мураббиёни азизи мо мехоҳанд, ки фарзандонашон ахлоқи ҳамида, шахсияти устувор ва равиши иҷтимоъии олӣ дошта бошанд, бояд ба ин одоб худ амал кунанд ва ба фарзандонашон биёмӯзонанд. 2.Одоби нигоҳ кардан. Яке аз мавзуъоти муҳимме, ки зарур аст волидайну мураббиён бар он таъкид намоянд ва кушиш намоянд фарзандону шогирдонашонро ба он одат диҳанд, одоби нигоҳ кардан аст. Манзур аз ин одоб ин аст, ки фарзандони мо аз овони кудакӣ бидонанд, ки нигоҳ кардан ба чӣ касоне ҳаром аст ва ба чӣ касоне ҳалол? Ҳудуди он то куҷост? Фаҳмидан ва амал намудан ба ин одоб сабаб мегардад, ки ҳангоми ба балоғат расидан фарзанди мо ахлоқи дуруст дошта бошад ва нафъро аз зарар ҷудо намояд. а) Одоби нигоҳ кардан ба маҳрам. Издивоҷи ҳар зану мард бо маҳрами худ барои ҳамешагӣ ҳаром аст. Робитаи маҳрам будан байни зану мард ба сабабҳои зайл эҷод мегардад: v Маҳрам будан ба далели робитаи насабӣ ва он ҳафт гуруҳ аз занон ҳастанд, ки Худои таъоло дар сураи “Нисо” баён доштааст: حُرِّمَتْ عَلَيْكُمْ أُمَّهَاتُكُمْ وَبَنَاتُكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ وَعَمَّاتُكُمْ وَخَالَاتُكُمْ وَبَنَاتُ الْأَخِ وَبَنَاتُ الْأُخْتِ نساء / 23 “Модаронатон, духтаронатон, хоҳаронатон, аммаҳоятон, холаҳоятон, бародарзодагонатон ва хоҳарзодагонатон бар шумо ҳаром гардонида шудаанд”. v Маҳрам будан ба далели издивоҷ ва домодӣ, ки чор гуруҳи аз занонро дар бар мегирад: 1) Ҳамсари падар: وَلَا تَنْكِحُوا مَانَكَحَ آَبَاؤُكُمْ مِنَ النِّسَاءِ نساء / 22 “Ба заноне, ки падаронатон ба ақди никоҳи худ дароварда буданд, издивоҷ накунед”. 2) Зани писаре, ки аз пушти ӯст: وَحَلَائِلُ أَبْنَائِكُمُ الَّذِينَ مِنْ أَصْلَابِكُمْ نساء / 23 “Занҳои писаронатон, ки аз пушти шумо бошанд(бар шумо ҳаром гардонида шудаанд)”. 3) Модарони занон: وَأُمَّهَاتُ نِسَائِكُمْ نساء / 23 “Ва модарҳои занонатон(бар шумо ҳаром гардонида шудаанд)”. 4) Духтарони ҳамсаронатон: وَرَبَائِبُكُمُ اللَّاتِي فِي حُجُورِكُمْ مِنْ نِسَائِكُمُ اللَّاتِي دَخَلْتُمْ بِهِنَّ فَإِنْ لَمْ تَكُونُوا دَخَلْتُمْ بِهِنَّ فَلَاجُنَاحَ عَلَيْكُمْ نساء / 23 “Ва духтарони занонатон, ки дар канори шумо ҳастанд ва ба онҳо ҳамхобагӣ кардаед (бар шумо ҳаром гардонида шудаанд) вале агар ҳамхобагӣ накарда бошед, издивоҷ бо онҳо боке надорад”. v Маҳрам будан ба далели ширхорагӣ: وَأُمَّهَاتُكُمُ اللَّاتِي أَرْضَعْنَكُمْ وَأَخَوَاتُكُمْ مِنَ الرَّضَاعَةِ النساء/23 “Ва занҳое, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарҳое, ки бо шумо ширхораанд(бар шумо ҳаром гардонида шудаанд)”. Дар ривояти Муслим омадааст, ки он Ҳазрат (с) фармуданд: “Таҳрим ба ширхорагӣ монанди таҳрим ба робитаи насабӣ аст”. Яъне он касе ки аз тариқи робитаи насабӣ таҳрим шуда аст, монанди модар, духтар, хоҳар, амма, хола, бародарзода ва хоҳарзода назири он ба сабабиширхорагӣ ҳаром хоҳад буд. Монанди модар, хоҳар ва бародари разоъӣ. Маҳрами мазкур бинобар он чи дар китобу суннат омадааст, метавонад ба занони маҳрами худ нигоҳ кунад. Албатта ин нигоҳ кардан танҳо ба узвҳоест, ки ғолибан зоҳир мешаванд. Монанди сару рӯ, гардан ва дасту поҳо. Аммо узвҳое, ки ғолибан пушидаанд, монанди пеши бар, пушт, шикам ва ғайра ки нигоҳ кардан ба онҳо қатъиян ҷоиз нест. Далели мо аз Қуръон ин оят аст: ...وَلَايُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّالِبُعُولَتِهِنَّ أَوْآَبَائِهِنَّ أَوْآَبَاءِبُعُولَتِهِنَّ أَوْأَبْنَائِهِنَّ أَوْأَبْنَاءِبُعُولَتِهِنَّ أَوْإِخْوَانِهِنَّ أَوْبَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْبَنِي أَخَوَاتِهِنَّ...نور / 31 “...Зинатҳои худро ошкор накунанд ҷуз барои шавҳарони худ ё падарони худ ё падарони шавҳарони худ ё писарони худ ё писарони шавҳарони худ ё бародарони худ ё бародарзодагон ё хоҳарзодагон...”. Дар ин оят чунон ки дидем шавҳарон истисно шудаанд. Пас шавҳарон иҷозат доранд, ки ба тамоми аъзои бадани занони худ нигоҳ кунанд, хоҳ нигоҳи шаҳватангез бошад ва ё бидуни он. Ҳамчунин занон ҳаққи назар кардан ба аъзои бадани шавҳарони худро доранд. Ислом нигоҳ кардан ба аъзои ғолибан пушидаи маҳрамро ҷоиз намешуморад. Зеро ин нигоҳ ҳеҷ зарурате надорад ва аз барангехтани шаҳват низ эмин нест. Инчунин бо ғайрату номуси мард ва иффати зан мухолиф аст. Ин ҳукм ба хотири дафъи фитна ва пешгирии фасод аст. Зеро касе, ки дар атрофи чоҳе беандоза давр бизанад, ҳатман дар он меафтад. Бинобар ин бар ҷавони ба балоғатрасида ҳаром аст, ки занони маҳрами худро бо либоси кутоҳ, либоси шаб ва ё либоси шаффофи баданнамо нигоҳ кунад. Ҳамчунин бар занон ва духтарони ба балоғатрасида ҳаром аст, ки аз ноф то зонуи мардони маҳрами худро бубинанд. Ҳарчанд, ки писар, бародар ва ё падараш бошад ва аз вуқуъи фитна эмин бошад ва ё ҳатто ба қасди молидану масаж бошад. تِلْكَ حُدُودُاللَّهِ فَلَاتَعْتَدُوهَا وَمَنْ يَتَعَدَّ حُدُودَ اللَّهِ فَأُولَئِكَ هُمُ الظَّالِمُونَ بقره / 229 “Инҳо ҳудуди Худост, аз он таҷовуз накунед. Ва касе, ки аз ҳудуди Худо таҷовуз кунад онон ситамгоронанд”. б) Одоби нигоҳ кардан ба духтаре, ки хостгорӣ мешавад. Дини мубини Ислом духтар ва писареро, ки мехоҳанд бо ҳам издивоҷ кунанд иҷозат медиҳад ки якдигарро бубинанд. Асоси ин рухсат фармудаи Расули акрам (с) ба Муғира ибни Шуъба (р) аст, ки Муслим ривоят кардааст: “Ба ӯ нигоҳ кун, зеро беҳтар аст миёни шумо муҳаббату улфати пойдортаре эҷод шавад”. Аммо ин нигоҳ кардан ба худ одоби хосе дорад, ки бояд ҷавони хостгор онро риоят намояд: 1) Нигоҳ кардан танҳо ба рӯйу дастони духтар ба қасди издивоҷ ҷоиз аст. 2) Агар зарур бошад чанд бор нигоҳ кунад, то сурати ӯ ба шакли комил дар зеҳнаш ҷойгузин шавад. 3) Ҷоиз аст, ки ҳарду ҷониб дар нишасти хостгорӣ бо ҳам суҳбат намоянд. 4) Даст додан ба духтар пеш аз ақди никоҳ ҷоиз нест. Зеро ӯ қабл аз никоҳ барои ин ҷавон бегона аст. 5) Онҳо иҷозати бо якдигар хилват карданро надоранд. Мулоқоти эшон бояд дар ҳузури маҳраме сурат бигирад. Он Ҳазрат (с) дар ривояти Бухорӣ ва Муслим фармудаанд: “Ҳеҷ марде набояд бо зани бегонае хилват кунад ва ҳеҷ зане набояд ба танҳоӣ сафар намояд, магар бо маҳрамаш”. Дар ин ҷо зарурӣ мешуморам ба одати бисёр нописписанде ишора намоям, ки дар баъзе ҷомиъаҳо дида мешавад, ки бо ақида ва асосҳои шариъати Ислом мухолифат дорад. Ҷавонписар ба баҳонаи хостгорӣ бидуни ҳеҷ қайду банд бо духтари мавриди назараш дустӣ мекунад ва ҳамроҳи ӯ ба тамошои боғу чаман ва дашту даман мебарояд. Ва табиист, ки ҳар ҷое ҷавонписаре бо ҷавондухтаре танҳо монданд, шайтон сеюми онҳост, ки ба аъмоли ношоями шаҳвонӣ раҳнамоӣ мекунад. Чунин тасарруфи номатлуб на танҳо аз тарафи дин мавриди қабул нест, балки бо хурдтарин асосҳои ахлоқи шарқӣ ва арзишҳои миллӣ носозгор аст. Агар баъд аз чунин ошноӣ ва гаштугузориздивоҷ сурат нагирад, шахсияти он духтар шикаста мегардад, забонзада ва мавриди туҳмату истиҳзои ҳамагон мегардад. Ҳамин тавр ӯ аз қитораи издивоҷ дар канор мемонад ва сипас яке аз ин чор роҳро ихтиёр менамояд: Якум ба алоқаҳои номашруъ даст мезанад, ки оқибат ба бебандуборӣ ва фаҳшу фуҷур мекашонад. Дуюм пас аз солхурдагӣ дар асари фикри зиёд ба бемориҳои равонӣ мубтало мегардад ва тамоми умр аз неъмати шавҳар бенасиба мемонад. Сеюм агар бахт ёвари ӯ гашта бошад, марди занмурдае ва ё муйсафеди солхурдае дари хонаашро мекубад. Ӯ ногузир қабул менамояд, зеро боз ҳам барои ӯ хуб аст, ки соҳиби шавҳар мегардад. Чорум аз хиҷолату расвогӣ даст ба худкушӣ мезанад. Зеро худкардаро даво нест. Воқеъияти имрӯза нишон медиҳад, ки бештари эшон роҳи чорумро ихтиёр менамоянд. Зеро онҳо дар асари ваъдаҳои дуруғини ҷавонписарон он чиро дар зеҳн мепарвариданд, ки дар воқеъият пайдо наменамоянд. Набояд ҷавонони мо фирефтаи зарқу барқи фарҳанги заҳрогини Ғарб шаванд. Писарон куркурона барои худ (girlfriend) ва духтарон (boyfriend) ихтиёр намоянд. Ин тақлиди номатлуб аз овони мактаби шуруъ мешавад. Ҳар нафаре аз ҷинси муқобили худ дусте ихтиёр менамояд, бо ӯ унс мегирад ва аз тамоми асрори оилавии яндигар огоҳ мешаванд. Мутаассифона аз ин дустии номашруъи наврасон аксари модарон ва шояд баъзе падарон ҳам огоҳанд, вале ба он аҳаммияти ҷиддӣ намедиҳанд. Ин саҳлангории эшон сабаби фоҷиаҳои нангин мегардад. Воҷиб ва зарур аст, ки падарону модарон пеши роҳи ин фоҷиаи нангборро бигиранд ва пеш аз оне, ки фарзандонашон ба хусус духтаронашон ба ин ботлоқи ҳолокатбор биафтанд, чорае биандешанд. Бешак тамоми чораҳо барои ҳалли машокил дар иршодоти Паёмбари гиромӣ (с) мавҷуд аст, ки мо ба изни Худо дар силсиладарсҳои “Тарбияи ҷинсӣ” барои шумо тақдим менамоем. Падарону модарон ва ҷавонони азизу гиромӣ! Дарси имрӯзаи мо, ки қисмати якуми мавзуъи “Масъулияти тарбияи ҷинсӣ” буд, ба поён расид. Муҳимтарин нуқоти қисмати якум аз инҳо иборат аст: 1.Одоби иҷозат пурсидан. 2.Одоби нигоҳ кардан. Ин буд хулосаи дарси чилу дуюми мо. Умед аст, ки падарону модарон, мураббиёну сарпарастон ва ҷавонони азизу гиромӣ аз он истифода карда бошанд. Ва охиру даъвоно анил ҳамду лиллоҳи раббил оламин. Раббанағ-фир лано зунубано ва исрофано фи амрино ва саббит ақдомано вансурно алал қавмил кофирин. Аллоҳуммағфир ли хатиъатӣ ва ҷаҳлӣ ва исрофӣ фи амрӣ, ва мо анта аъламу биҳи миннӣ. Аллоҳуммағфир ли ҷаддӣ ва ҳазлӣ ва хатаӣ ва амдӣ ва куллу золика индӣ. Аллоҳуммағфир ли мо қаддамту ва мо аххарту ва мо асрарту ва мо аъланту ва мо анта аъламу биҳи миннӣ. Антал муққадиму ва антал муаххиру ва анта ало кулли шайъин қадир. Ва саллиллоҳумма ало сайидино ва набийино Муҳаммадин ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Омин ё раббал оламин. Муаллиф: Исмоил Абдулваҳҳобзода Манбаъ: сомонаи Тураҷон