Муҳитиҳои тарбият кӯдак ва навҷавон
Муҳитиҳои тарбият кӯдак ва навҷавон
0 Vote
75 View
Дар тарбияти кӯдак ва навҷавон омилҳои зиёде аст, ки дар ӯ таъсир дорад. Яке аз ин омилҳо муҳите аст, ки кӯдак ва навҷавон дар он тарбият мешавад… Муҳит ба авзоъ ва корҳои беруние гуфта мешавад, ки дар рушду такомул ё рафтори мавҷуди зинда асар дорад. Муҳит худ чанд навъ аст; муҳити мустақим ва ғайримустақим, дохилӣ, баданӣ, табиӣ, хориҷӣ, иҷтимоӣ ва ғайра, ки манзури мо аз муҳит дар ин навиштор муҳити иҷтимоӣ аст, ки аз робитаҳои инсонҳо бо якдигар ба даст меояд ва аз домани падар ва модар оғоз мешавад ва то муҳитҳои омузишӣ ва иртиботҳои иҷтимоӣ густариш меёбад[1]. Муҳити иҷтимоӣ худ ба се қисм тақсим мешавад: 1.МУҲИТИ ХОНА Кӯдак ва навҷавон пеш аз ин ки ба мактаб ва ҷомеа қадам бигузорад, дар муҳити хона зиндагӣ мекунад. Иртиботи фарзанд, то синни ҳафт ва ҳаштсолагӣ бо хона махсусан волидайни вай аст. Дар ин муддат ҳар амале, ки падару модар анҷом медиҳанд дар зеҳни кӯдак нақш мебандад. Агар корҳо, рафторҳо, шеваи бархӯрд ва иртиботи волидайн бо якдигар ва фарзанди худ солим ва дуруст бошад, кӯдак ҳам солим ва хушахлоқ ба воя мерасад, чун кӯдак дар ин замон мунъакискунанда ва ё ба иборати дигар тақлидкунандаи рафтору гуфтори волидайни худ мебошад. Аз ин ҷиҳат рафтори солими падар ва модар беҳтарин тарбияткунанда аст ва нақши модар дар тарбият бештар аз падар мебошад. Паёмбари Акрам (с) низ дар ин робита мефармояд: [2].“کل مولود یولد عل الفطره. فابواه یهودانه او ینصرانه او یمسجانه ” Ҳар навзоде худопараст таваллуд мешавад ин волидайни вай ҳастанд, ки ӯро ё яҳудӣ ва ё масеҳӣ ва ё маҷусӣ мекунанд. Аз ин ривоят аҳамияти нақши волидайн дар тарбияти фарзанд мушаххас мешавад, яъне агар онҳо инсонҳои хуб, хушсухан ва хушрафтор бошанд, дар тарбияти фарзандашон таъсир дорад ва агар ғайр аз инҳо буд, фарзанд ҳам ғайрисолим тарбия хоҳад шуд. Яке аз бузургон мегӯяд: Домани модар бузургтарин мадрасае аст, ки тифл дар онҷо тарбият мешавад. Ончи ки бача аз модар мешунавад, ғайр аз он чизе аст, ки аз муаллим мешунавад. Тифл аз модар беҳтар мешунавад то аз муаллим; дар домани модар беҳтар тарбият мешавад то дар канори падар ва муаллим[3]. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: “Ва аз нишонаҳои Ӯ ин аст, ки ҳамсароне аз ҷинси худатон барои шумо офарид, то дар канори онҳо оромиш ёбед ва дар миёнатон маваддат ва раҳмат қарор дод; дар ин нишонаҳое аст, барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд”, (Рум 21). Агар падар ва модар бо якдигар тибқи ин ояти шарифа амал кунанд ва байни онҳо маваддат ва муҳаббати фаровон бошад, ҳатман фарзанде, ки таҳвили ҷомеа медиҳанд, бо муҳаббат ва ишқ ба миллат ва ватанаш аст. Ҳатто волидайн дар ин давра метавонанд ба рафторҳо ва корҳои фарзанди худ, ки дар берун аз хона анҷом медиҳад, назорат дошта бошанд. Бояд назорат кунанд, ки бо чӣ касоне дӯстӣ ва рафту омад дорад? Ба куҷоҳо меравад? Чӣ гуна бо дӯстони худ ҳамсӯҳбат мешавад? Дар сурати корҳои ношоиста бояд бо фарзанди худ ба хубӣ ва хушӣ сӯҳбат кунанд ва онҳоро аз кори баде, ки анҷом медиҳад огоҳ кунанд ва фарзанди худро насиҳат кунанд. 2. МУҲИТИ ОМӮЗИШ Пас аз он ки кӯдак аз муҳити хона ба муҳити омӯзишӣ қадам гузошт, шароити наве барои ӯ пеш меояд. Китоб ва барномаи омӯзишӣ, иртибот бо муаллим, ҳамсинф ва шароити дигар ва фазои омӯзишӣ низ нақши зиёде, ба шакл ва такомули афкор ва руҳияи вай дорад. Аз ҳамин рӯст, ки муаллимро падари дуввум гуфтаанд, ки донишомӯз шахсияти маънавӣ ва илмии худро аз вай мегирад. Ҳамчуноне ки дар марҳалаҳои баъди таҳсили илм низ ин шаклгирӣ ва такомули афкор идома дорад. Ба ҳамин хотир нақши фарҳанг ва омӯзишу парвариш дар тарбият ва такомули инсон хеле муҳим ва зарурӣ аст[4]. Аз ин рӯ агар мактабҳо ва донишгоҳҳо муҳити солим ва дуруст дошта бошанд, инсонҳои вороста ва донишмандони хубе ба ҷомеа таҳвил медиҳанд. Нақши як муаллим дар ҷомеа хеле муҳимтар аз нақши як табиб аст, ҳарчанд ки ҷони баъзе аз беморон дар дасти табиб аст, вале бо ин ҳол нақши муаллим муҳимтар мебошад. Зеро агар табиб ба вазифаи худ хуб амал накард, бемор дигар ба назди вай намеравад ва ба назди табиби дигар меравад, вале дар бораи муаллим ин тавр нест. Кӯдак маҷбур аст, ки чанд сол дар назди муаллим бимонад ва аз вай илму ахлоқ ёд бигирад. Наметавонад, ки мисли бемор аз муаллими худ рӯй гардонда ва ба назди дигаре биравад. Ба ҳамин хотир нақши муаллими ғамхор бисёр муҳим аст.[5] Муҳитҳои омӯзишӣ ва илмӣ таъсирҳои фаровон бар рӯҳияи донишомӯз мегузорад. Бузургони мо ҳамаашон ба ин амр таъкид мекарданд ва худашон амалан ба он амал мекарданд. Аз шоири барҷастаи форсизабон, устод Рудакӣ гирифта, то Ибни Сино, Носири Хисрав, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар донишмандоне, ки ҷаҳон бо вуҷуди онҳо ифтихор мекунад, ҳамагӣ бо муҳитҳои омӯзишӣ, илмӣ ва маънавӣ сару кор доштанд. Вақте ба зиндагонии бузургон ва донишмандонамон нигоҳ кунем, мебинем, ки онҳо ҳамаашон ба муҳитҳои илмӣ ва маънавӣ эҳтироми хоссе доштанд, монанди донишгоҳҳо ва масҷидҳо. Бузургони мо мисли Рудакӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдии Шерозӣ ҳамагӣ аз касоне буданд, ки аз давраи кӯдакиашон ба мактаб ва масҷид алоқаи хоссе доштанд ва бисёре аз онҳо ҳофиз ва қории Қуръони Карим буданд. Шояд ин баракати Қуръон буд, ки инҳо ҳама аз бузургоне шуданд, ки ҷаҳон ба онҳо ифтихор мекунад. Ҳамчунон ки Ҳофизи Шерозӣ мегӯяд: Ин ки пирона сарам сӯҳбати Юсуф бинвохт, Аҷри сабрест, ки дар кулбаи аҳзон кардам. Субҳхезию саломат талабӣ чун Ҳофиз, Ҳарчи кардам ҳама аз давлати Қуръон кардам. Ё дар ҷои дигар мегӯяд: Ишқат расад ба фарёд ар худ ба сони Ҳофиз, Қуръон зи бар бихонӣ бо чордаҳ ривоят. Дар қадим масҷидҳо як макони омузишӣ буданд ва дар рутбаи дуввум як макони ибодӣ. Ҳамчуноне ки Пайғамбари Ислом(с), замоне ки ба масҷид ворид шуданд ва ду гуруҳро мушоҳида карданд, ки яке ба ибодат ва дигари ба гуфтугӯи илмӣ машғул буданд, ҳазрат гуфтугӯи илмиро интихоб намуда ва дар наздашон нишаст ва фармуд, ки ман барои ин мабъус шудаам, ки саводи мардумро боло бибарам. 3.МУҲИТИ ИҶТИМОӢ Инсон ва муҳит бар якдигар таъсири мутақобил доранд, ҳамон гуна ки инсон муҳити иҷтимоиро месозад, ҳамчунин аз ӯ таъсир мепазирад. Афкор ва ахлоқи умумӣ, сохтори иҷтимоии дӯстон, шаҳрвандон, одатҳо, фарҳанг ва ҳунар, сиёсат ва иқтисод ва ғайра ҳама дар шакл ва тарбияти инсон таъсир дорад.[6] Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: Мардум монанди замонашон ҳастанд, то монанди падаронашон.[7] Робитаҳои иҷтимоӣ бо дӯстон ва интихоби дӯстони лоиқ ё нолоиқ яке аз марҳалаҳои сарнавиштсози тарбиятӣ аст. Ислом дар бораи ҳамнишинии инсон бисёр ҳушдор додааст ва ба мусулмонон супориш мекунад, ки бо некон, инсонҳои шарофатманд ва рушдёфта муошират намоянд, то аз онон хушрафторӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва некукориро фаро гиранд. [8] Пайғамбари Акрам (с) мефармояд: “ المرء علی دین خلیله فلینضر احدکم من یخالل“. Ҳар инсон дар дини дӯсташ мебошад. Пас бингаред, ки бо чи касе дӯстӣ мекунед.[9] Ту аввал бигӯ бо киён зистӣ, Пас онгаҳ бигӯям, ки ту кистӣ. Шамсуддини асомуддин Манбаъ:Сомонаи Тоҷикон ---------------------------------------------- [1]. Ахлоқ ва тарбияти исломӣ, Муҳаммадтақӣ, саҳ.153. [2]. Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 1385. [3]. Саҳифаи нур, ҷ.9, саҳ. 294. [4]. Ахлоқ ва тарбияти исломӣ, Муҳаммадтақӣ, саҳ.154 [5]. Мабонии тарбият ва ахлоқи исломӣ, Алӣ Фоизӣ, саҳ.152. [6]. Ахлоқ ва тарбияти исломӣ, Муҳаммадтақии Раҳбар с 155. [7]. Маноқиби Хоразмӣ, с272. [8]. Мабони тарбият ва ахлоқи исломӣ, Али Фоизӣ, саҳ 155. [9]. Муснади Аҳмад, ҳадиси 8065