Риояти ҳудуди шаръӣ дар робитаҳои инсонӣ
Риояти ҳудуди шаръӣ дар робитаҳои инсонӣ
0 Vote
161 View
Риояти ҳудуди шаръӣ дар робитаҳои инсонӣ; Бидуни шак инсонҳо дар зиндагии худ ниёзманди равобит ва ҳамроҳию ҳамкорӣ бо ҳамнавъони худ буда ва ҳастанд. Ҳамин масъала ӯро маҷбур кардааст, то дар соҳаҳои гуногӯн байни ҳамдигар қавонину муқарраротеро танзим намоянд, то бе онки ҳаққи ҳамдигарро зойеъ ва поймол карда бошанд, ниёзҳои ҳамдигарро ҳам бипушонанд. Аммо, инсон ки худ мавҷуди дорои ирода ва ихтиёр, ақлу хирад, ҳаво ва ҳавас ва шаҳват аст, гоҳ аз ин равобит истифодаи бад намуда барои худ манофеъеро касб менамояд. Роҳкоре, ки битавонад ҳар фарди ин ҷомеаро ва дар маҷмуъ ҳамаи онҳоро дар таодул нигоҳ дорад ва ӯро ҳифз намояд лозим аст, вагарна хориҷ гаштанаш аз чорчубаи инсоният бисёр осон ва муҳтамал хоҳад буд. Дини мубини Ислом, мунҷӣ ва роҳнамо ба сӯи саодати дунявӣ ва ухравӣ, чунон барномарезӣ дорад, ки бо амали намсуданаш ҷомеа ва фард фарди он дар амнияту оромиш ва таодули рӯҳӣ ва равонӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Яке аз ҷанбаҳои инсон, чунон ки ишора шуд бахши зиндагии шаҳвонии ӯст. Ин хислат, ки неъмати илоҳӣ аст, агар танзим нашавад аз хатти худ хориҷ мегардад ва як амалӣ шайтонӣ ва ҳайвониро барои инсонҳо ба бор хоҳад овард. Дини Ислом қонунеро ба ҳамин манзур ташриъ намудааст, то инсонҳоро дар ҳадду ҳудуди худ ҳифз кунад ва аз нафси саркаши онҳо ва шайтони дарунӣ ва беруниашон онҳоро ҳифз намояд. Ин қонун ва муқаррарот ба номи Маҳрам ва Номаҳрам матраҳ аст. Дар ин чорчуб, гуруҳе аз инсонҳо ба ҳамдигар, ки умдатан байни ду ҷинси мухолиф (зан ва мард) матраҳ аст, маҳраманд ва ҳукму шароити худро дар эҷоди иртибот доранд ва гуруҳе ҳам номаҳраманд, ки ҳукми худро доранд. Дар як баён, як инсон бо маҳрами худ наметавонад издивоҷ намояд ва бо номаҳрамаш метавонад издивоҷ намояд яке дигар аз осори номаҳрамиятро ҳам ҳифзи ҳаримҳо метавон донист; яъне як зани номаҳрам назди марди номаҳрам, бояд бо ҳиҷоби маънавӣ ва зоҳирӣ зоҳир гардад ва бо ҳифзи фосилаҳо худро аз номаҳрамон бипушонад. Албатта ин на ба он маъност, ки зан наметавонад дар ҷомеа фаолият дошта бошад, балки бо ҳифзи он шароити ҳиҷоб ва номаҳрамиҳо, метавонад комилан зиндагии озодонаро дар чорчубаи дини мубини Ислом дошта бошад. Аммо шинохти маҳрам ва номаҳрам. Бар асоси ончӣ гута шуд; Маҳраму номаҳрам бо ду нишон шинохта мешаванд: Асари аввал: Бо маҳорим наметавон издивоҷ кард, аммо бо ҳар номаҳраме метавон издивоҷ кард. Асари дуввум: Марди номаҳрам наметавонад ғайр аз гирдии рӯ ва даст то оринҷи зани номаҳрамро бибинад, аммо метавонад ба муҳҳо ва қисмати маҳдуде аз поҳо ва дастҳо ва бадани маҳорим, ки маъмулан дар миёни маҳорим пушонида намешавад, нигоҳ кунад. Нукта: Ин ду асар ҳамеша ҷорӣ аст, магар дар мавриди хоҳари зан, ки дар айни ин ки номаҳрам аст, наметавон пеш аз талоқ ё вафот ва поёни даврони иддаи талоқ ё вафоти хоҳараш, бо ӯ издивоҷ кард. Барои ин ки бо маҳорим ошно шавем ба тартиб маҳорими насабӣ (хунӣ) ва сипас маҳорими сабабӣ (ба воситаи издивоҷ) ва дар ниҳоят маҳорими ризоӣ (ба воситаи шир хурдан)-ро зикр мекунем. Маҳорими насабӣ(хунӣ) Нисбат ба мардон;
- Модар, модарбузӯргон (падарӣ, ва модарӣ).
- Духтар, навваҳо (духтари духтар ва духтари писар-духтарону наваҳои ҳамаи онҳо, то ҳарҷо бошанд).
- Хоҳар (агар аз як падар бошанд – агар падари онҳо дигар бошад номаҳраманд).
- Духтарон ва навваҳои хоҳар.
- Духтарон ва навваҳои бародар
- Амма, холлаи мустақим, амма ва холаи падар ва модар ва то онҷо ки амма ва холла номида мешаванд (духтарони онҳо номаҳраманд).
- Падар, падарбузӯргон (модарӣ ва падарӣ то ҳарҷо падарбузӯрг номида мешаванд).
- Писар, навваҳо (писари писар ё писари духтар, то ҳарҷо навва номида мешаванд).
- Бародар, писару навваҳои бародар (он ки аз як падаранд).
- Писар ва навваҳои хоҳар.
- Аммак (бародари падар ва аммаки падар – фарзандони онҳо номаҳраманд).
- Тағоӣ (бародари модар ва тағоии модар – фарзандони онҳо номаҳраманд).