Таърихи забони точики - реферат
Таърихи забони точики - реферат
0 Vote
108 View
Таърихи забони точики - реферат
Забони тоҷикӣ ки дар Эрон Форсӣ, ва дар Афғонистон Дарӣ номида мешавад забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон,Эрон ва Афғонистон аст ва дар Ӯзбекистон забони ақалияти Тоҷик мебошад. Ин забон аз хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад. Ба забони тоҷикӣ 44 миллион нафар гап мезанад. Забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ,Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд.
Забони точикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ-точикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва Садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд. Забони тоҷикӣ забони модар мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳалли дар бархе аз ноҳияҳои кишвари Узбекистон ба ҳайси забони модар xеш мешиносанд ва ҳамчун воситайи гуфтугузори ҳарруза истифода мебаранд. Бо забони тоҷики инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон ҳарф мезананд. 27 дарсади аҳол Aфгонистон, ки аз лиҳози етнологи тоҷик ҳисоб мешаванд ва худро тоҷик меноманд, ҳарчанд бо забони аз тоҷик Oсиёйи Миёна фарқи бузург надошта гуфтугу мекунанд, валекин забони хешро расман форс дари ваё кобули ном мебаранд, на тоҷики. Тайи солҳойи охир забони тоҷикиро аз муҳочирони миллаташон тоҷик дар гусаҳойи гуногуни собиқИттиҳоди Шӯравӣ,махсусан Русия, дар шаҳрҳойи Эрон, Туркия, мамолики Иттиҳоди Аврупо ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Канада шунидан мумкин аст. Аз чиҳати забоншиноси забони тоҷики ба гуруҳи гарб забонҳойи ерон oилаи калони ҳиндуаврупои дохил карда мешавад. Бар ин гўруҳ аз забонҳойи имруз зинда ғайр аз тоҷики ду забони дигар, ин ҳам бошад, форс навин (теҳрони), яъне забони Ерони имруза ва забони дар кобули, ки дар боло аз он сухан рафт, тааллуқ доранд. Ҳарсейи ин забони имруза давомгирандагони бевоситайи забони форс нав, ки ҳамчунин бо номворҳойи порси (форси ин шакли арабикунондашудаи ин калима аст), форс классик aдаби ё форс дари маъруф аст, мебошанд. Он забон дар навбати худ аз забони форс миёна, ки дар аҳди Сосониён чаҳорсад сол роли забони давлат cунин империюми бузургро иҷро мекард ва имрузҳо дар байни забоншиносон чун забони паҳлави шинохта мешавад, сарчашма гирифта дар садсолаҳойи ҳастум ва нуҳум ба вучуд омад.Аз ҳамон вақт инчониб дар таркиби лугав забони форси аз калимаҳойи араби хеле васеъ истифода карда мешавад. Ҳиссайи лексикайи аз забони араби иқтибоссуда дар ба'зе матнҳойи насри классики то 80 фойизро таскил медиҳад. Дар забони форс классики дар давоми қарнҳойи 9-17 адабиёти бойи оламсумул ечод карда суд дар сарзаминҳойи Осиёйи Миёна, Ерон, Афгонистон, инчунин дар Озарбойчон, Покистон ва Ҳиндустон, ки дар давраҳойи гуногуни таърих забони давлатиясон форси буд. Гарчанде ки тули ин садсолаҳо забони классики, я'не забони адабиёт тагйири зиёде надид ва чун пестара дар тамоми олами форсизабон ягона буд, забони гуфтугуй мардум, забони зинда ба таври интенсиви дигаргуниҳойи нав мепазируфт ва аз забони адаби торафт дур месуд. Ба замми ин дар натичайи ба миён омадани фарқиятҳойи намоён дар инкисофи сиёси, дини ва ичтимой кишварҳойи олами форсизабон, хусусан ба'д аз қарни пуросуби 16ум дар байни севаҳойи ҳам адаби, ҳам гуфтугуй минтақаҳойи гуногун номонандиҳойи чиддийе пайдо гастанд. Одди карда гуйем, забони ҳар як давлат роҳи инкисофи хесро пес гирифт. Ҳаминтавр, аз асри сонздаҳ сар карда метавон дар борайи забони точики чун мафҳуми илми сухан гуфт. Ба ин маром забони точикиро забони аҳол fорсизабони Осиёйи Миёна аз садсолайи 16ум минба'д донистан чоиз аст. Аммо мисли он ҳоле ки дар боло ёдоварас судем, дар дохили худи забони точики низ фарқиятҳо арзи ҳасти кардан гирифтанд ва ба ин минвол ба асри 19 омада ҳам байни забони адабиёту забони омма, ҳам байни лаҳчаҳойи маҳалҳойи гуногун фарқияти бузурге ба миён омад. Ҳануз ҳамон вақт маорифпарвари Бухоро Аҳмади Донис кусис ба харч дод, то забони адабиро оммафаҳм ва аз ибораҳойи дусвору такаллуфомез бари гардонад. Лекин кори асосиро дар самти ба роҳ мондани нормайи ягонайи забон дар айёми Сурави олимон ва адибони точик бо сарвар Sадриддин Айни анчом доданд. Ҳамчун асоси забони адаби забони классик aсрҳойи 16-19 бидуни арабизмҳойи дусворфаҳми он гирифта суд, валекин сохти грамматики ва лексикайи забони навбунёди точикиро севайи мардуми точикзабони вод Zарафсон, аз чумла Бухорову Самарқанд таскил дод. Далели ин қарори забоншиносони онвақтайи тоҷик ин буд, ки дар ин минтақа тоҷик нисбатан асил ва тоза боқи мондааст. Дар ин забон, я'не забони расман тоҷики, дар солҳойи Шурави адабиёти Фарқиятҳои гуишии тоҷикистон ва Aфғонистон ва Эрон Забони адаби тоҷикӣ аз ҷиҳати фонетикӣ ва луғавӣ байни ин ойилайи сегона ҳам ба форсии классикӣ ва ҳам ба паҳлавӣ аз ҳама бештар наздикӣ дорад. Я'не, забони тоҷикӣ қадимтар аст, фонетика (дар инҷо кобулӣ ба тоҷикӣ наздиктар аст) ва таркиби луғавии oн дар тули асрҳо дигар нашуда ва бинобарин архаикӣ мондааст. Ҳолоонки тарзи талаффузи эрониҳо баройи гушҳои тоҷикон ва афғонистониҳо бегона мерасад, чунки модернтар ва мулойимтар аст. Ибораҳо, стилистика ва тарзи ҷумлабандии тоҷикон то ҳудудӣ дигаранд. Дар натиҷайи ҳамзистии мардуми тоҷик бо мардуми туркзабон, хусусан бо халқи ӯзбек дар тули асрҳо, ба забони тоҷикии гуфтугуйӣ ва лаҳҷаҳойи он зиёдтар калимаҳойи баромадашон туркӣ ворид гаштаанд. Бар'акс фойизи лексикайи арабӣ дар гуиши тоҷикистон нею дар гуишҳои Эрон ва Афғонистон, я'не забонҳойи давлатҳойи исломӣ баландтар аст. Ҳам ба тоҷикии aдабӣ, ҳам ба тоҷикии гуфтугуйӣ муддати шаст-ҳафтод соли охир забони русӣ та'сири бузург расонидааст ва расонида истодааст. Ҳаминтавр, калимаҳойи байналмилалиро гуиши тоҷикистон аз русӣ иқтибос карда меояд то ҳануз, дар ҳоле ки теҳронӣ аз фаронсавӣ ва инглисӣ ва кобулиҳо аз инглисӣ истифода мекунанд. Рост аст, ки имрузҳо метавон дар матбуот ва телевизиони Тоҷикистон ба шакли фаронсавӣ-теҳронии kалимаҳойи хориҷӣ дучор омад, ки корбаст карда мешаванд ба ҷойи пешина тарзи рус навишти онҳо, масалан конфронс ба ҷойи конферентсия. Вале ҷиддитарин фарқияти гуиши тоҷикиро аз кобулию теҳронӣ дар грамматика пайхас мекунем. Чунин шаклҳо мисли "рафта истодаам; падарама ҷойи корасон"-тоҷикон ё "дорам мирам, исмиш Фирийдун ҳастиш"-и эрониҳо байни ҳамдигари онҳо фаҳмо нестанд. Ва албатта, наметавон қайд накард ин нуктаро, ки тамоми адабиёти форсии kлассикӣ ба хатти форсӣ навишта шуда ва ин хат то ҳануз дар Эрону Афгонистон ҷорӣ аст, миллати тоҷик бошад, аз сабабҳойи сиёсӣ ду бор тайи 80 соли охир алифбояшро дигар кард, аввал аз ҳуруфи форсӣ ба лотинӣ, ба'д ба кириллик гузашт. Ин яке аз омилҳойи асосийест, ки ин гуишҳоро боз ҳам аз якдигар дуртар сохтааст.Манбаъ:cомонаи univer.tj
Хуршед Начмутдинов