Куллиёти форсӣ

Куллиёти форсӣ

Куллиёти форсӣ

Publication year :

2008

Publish location :

Душанбе

Number of volumes :

1

Publish number :

Аввал

(0 Votes)

QRCode

(0 Votes)

Куллиёти форсӣ

Муҳамад Иқболи Лоҳурӣ аз зумраи шоъирони раддаи аввали адабиёти оламгири форсӣ аст, ки бо истеъдоди фитрӣ ва эъҷози сухани хеш шеъри Аҷамро нафаси тоза бахшида, забони форсии дариро дар сарзамини Ҳинду Покистон аз сари нав зинда гардонид ва ба мусалмонон ва умуман ба мардуми ситамдидаи ҷаҳон паёми озодиро расонид ва ба василаи ин корномаи бузург номи хешро дар ҷаридаи олам ҷовидон сабт намуд. Ин китоб осори комили форсии ўро дарбар гирифта, барои ҳаводорони назми оламгири мутафаккири бузурги исломӣ чун барги сабз пешкаш мегардад.Умед дорем, ки аз ҷониби хонандагони гиромӣ бо дилгармӣ пазируфта мешавад. Иқболи Лоҳурӣ – нуктасанҷи ховарӣ Хуш биё, эй нуктасанҷи ховарӣ, Эй, ки мезебад туро ҳарфи дарӣ. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (1877-1938) аз зумраи бузургтарин ва машҳуртарин суханварони форсизабон ва мутафаккирони исломии нимаи аввали қарни ХХ нимҷазираи Ҳинд буда, бо осори ғановатманду пурмазмун ва саршори ғояҳои олии инсондўстии худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баландеро ишғол менамояд. Ҳаёту фаъолияти эҷодӣ ва таълифоти гуногуншаклу мухталифмазмуни Иқболи Лоҳурӣ аз дер боз боз мавриди таваҷҷўҳу омўзиш ва таҳқиқи пажўҳишгарони Шарқу Ғарб, ба вижа аҳли таҳқиқи Ҳинду Покистон, Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Онҳо доир ба Муҳаммад Иқбол ва осору афкори ў мақола ва рисолаҳои зиёде навишта, нисбат ба вай унвонҳо, таъбирҳои баланд, суханони тавсифомезе, амсоли шоъири Машриқзамин, ҳакими миллат, лисонулмиллат, тарҷумони ҳақиқат, мутафаккири баландмақом, бузургтарин файласуфи айёми мо, бузургтарин шоъири 3 форсизабони асри мо, файласуфи мумтоз, муҷаддиди адабиёт, Румии аср, мутафаккиру шоъири забардасти Шарқ, яке аз симоҳои дурахшонтарини адабиёти исломии айёми мо, сари суханварони асри ҷадиди забони форсӣ ва монанди инҳоро кор мефармоянд, ки ин бесабаб набуда, як навъ хулоса ва ё на т иҷагирии он пажўҳишгарон аз таҳқиқоти доманадорашон мебошад. Таъсир ва шўҳрати назми Муҳа м ма д Иқболи Лоҳурӣ дар шуъуру рўҳияи рўшанфикрони мусулмони ҷаҳон, бахусус мусалмонони форсизабон хеле зиёд аст. Чунон ки маълум аст, замони зиндагии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ба чаҳоряки охири қарни Х1Х ва нимаи аввали қарни ХХ рост меояд, ки дар ин давра ҷараёни ба зери тасарруфу тасаллути Англия гузаштани нимҷазираи Ҳинд (соли 1856 анҷом меёбад) ва дар тамоми ин сарзамин ҳукмронии империяи Бритонияи Кабир барқарор ва тартибу усули фармонфармоии он ҷорӣ мегардад. Пас аз соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ мустамликадорон дар Ҳиндустон низому усули нави идоракунӣ, андозгирӣ, додрасиву қазоӣ ва тарзи англисии таҳсилро татбиқ менамоянд. Истифодаи забони форсӣ дар муассисаҳои қазоӣ, додрасӣ ва мурофеъаҳои додгоҳӣ манъ карда мешавад. Амалӣ намудани чунин тадбирҳо ва баъзе чорабиниҳои дигар боиси торафт афзудани нуфузи забони англисӣ чун забони расмии маъмурӣ ва коргузорию таҳсилот ва дар айни замон коста шудани мақоми дар гузашта баланди забони форсӣ ва рўз то рўз маҳдуд шудани доираи корбасти он мегардад. Агар то вақти ба мустамликаи Англия табдил ёфтани нимҷазираи Ҳинд нишонаи маълумотнокии олӣ ва зиёии мутамаддину замонавӣ будан донистани ду забон: - санскрит (ҳиндии қадим) ва форсӣ (ки чун забони муъоширату иртиботи байни халқҳо истифода бурда мешуд) дониста мешуд, пас аз тасаллути истеъморгарони аҷнабӣ забони англисӣ ҳамчун забони расмии ин мустамлика рўз то рўз доираи истифодаи забони форсиро маҳдудтар месохт.