Ҷилваҳое аз Ислом

Ҷилваҳое аз Ислом

Ҷилваҳое аз Ислом

Publication year :

2008

Publish number :

Аввал

Number of volumes :

1

(0 Votes)

QRCode

(0 Votes)

Ҷилваҳое аз Ислом

Китобе, ки пеши рўи шумо сарварон қарор дорад, китобест, ки аҳамияти он назди хонандагон ба исбот расидааст ва дар дилҳояшон таъсири худро гузоштааст. Баъд аз он ки дар Амрико воқеаи ёздаҳуми сентябр рўй дод ва он чӣ иттифоқ афтод, мардуми Амрико ба сўи тамоми китобҳои исломӣ рўй оварданд, ки дар миёни он китобҳо ин китоб низ ҷой дошт. Ин китоб ба забонҳои дигар чоп шуда буд ва мо инро дубора чоп кардем ва дар оянда низ чопҳои пай дар паеро низ хоҳад дошт. Ва ин чизи тааҷҷубовар ҳам нест, зеро нависанда дар ин китоб тамоми хусусиятҳоеро, ки як китоб бояд дошта бошад, ҷамъ карда ва пешкаши мардум кардааст, ки он хусусиятҳо ҳам аз ҷиҳати умумӣ будан ва ҳам аз ҷиҳати огоҳӣ додан ба вазъиятҳои гўшаву канори дунё мебошад. Дар ҳоле ки худи нависанда сокини Амрико ва раҳбари тамоми мусалмонони онҷо ва дорои мақоми илмии волое мебошад. Нависанда дар ин китоб исбот кардааст, ки дини Ислом танҳо ёру ёвар ва ягона роҳи наҷоти мардуми ҷаҳон аст. Ва ин китобро бо забони нарму ширин ва бо далелҳои равшан ва мустаҳкаме пешкаши мардум кардааст. Муассисаи “Имом Алӣ (а)”, ки нашри китобҳоеро, ки барои мардум фоидаовар ва судманд аст, бар ўҳда дорад, тарҷумаи ин китобро ба забони тоҷикӣ бефоида намедонад ва умедвор аст, ки хонандагони тоҷикзабон низ аз ин китоб баҳраманд гарданд. Ва қасди ин муассиса ризояти Худост. Муассисаи “Имом Алӣ (а) ”