Асбоби инҳитоти мусалмонон
Асбоби инҳитоти мусалмонон
Author :
Мудирияти Торномаи Тураҷон
0 Vote
169 View
САБАБИ АҚАБУФТОДАНИ МУСАЛМОНҲО ДАР ЧИСТ? Ба номи худованди ҷон офарин, Ҳакими сухан дар забон офарин. Албатта як замоне мусалмонҳо дар тамоми саҳнаҳои гуногуни ҳаёт ва зиндагӣ муваффақияту комёбӣро ба даст оварда буданд, миллати ислом дар қарни дуввуми зуҳури худ, хеле сариъ вале ором ва табиъӣ пеш мерафт, аз соҳилҳои баҳри миёназамин то саҳрои Африқо ва аз канораҳои уқёнуси Атлант то девори Чин ҳукумати исломиӣ худро бар по карда буд, ва бар васиътарин ва нерумандтарин қудратҳои ҷаҳониӣ он руз даст ёфта буд. Мусалмонҳо пас аз дар ҳам кубидани қудратҳои зидди инсонӣ ва золимонаи он руз, дар зери ҳукумати одилонаи худ ба густариш додани ҳақоиқ ва таълимоти дурахшони исломӣ пардохтанд, махсусан дар пайрезии наҳзати илмию фарҳангӣ дар тамоми манотиқи исломӣ кушиши зиёд ба харҷ доданд, ки дар натиҷа дар тамоми риштаҳои гуногуни илму фарҳанг ба пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе ноил гаштанд, ва нобиғаҳоу донишмандони забардастеро дар зери ҳукумати исломиӣ худ парвариш намуда ва ба оламиён тақдим карданд. Ва инчунин китобхонаҳо ва марказҳои илмию фарҳангӣро дар манотиқи исломӣ бо милиёнҳо китобу расоил анбоштау пур намуда буданд. Ҳамаи ин гуфтаҳо дар матни сафаҳоти тарих чун рузи рушан сабт шуда аст. Хулоса мо дар гузашта ворисони як тамаддуни дурахшон ва бо азамате будем, вале чаро имруз дар чунин шароите зиндаги мекунем? Чи шуд ки мо аз мақоми раҳбарии ҷаҳониён соқит шудем, ва тамаддуну донишу неруйи сиёсии мо заъиф гашт? Чи боъис шуд, ки мо ҷоямонро бо ғарбӣҳо иваз кардем, мо дар ихтироъоту улум ниёзманди онҳо шудему онҳо бе ниёз? Албатта ин ниёзмандиҳоу сарафкандагиҳу таназзулҳо асбоб ва омилҳои дохилию хориҷии зиёд дорад, мо мехоҳем дар ин мақола фақат пиромуни шаштои аз он авомил мухтасаран суҳбат бикунем. 1-Дур шудан аз таълимоти ноби исломӣ Нахустин ва асосӣтарин, омиле ки моро аз авҷи иззат ба ин хорию зиллат кашид ин дур шудани мо мусалмонҳо аз таъолими ноби исломи мебошад. Он мусалмонҳое, ки дар гузашта асоси як тамаддуни шукуҳмандеро поярези карданд ва имруз мо аз онҳо ифтихор мекунем, қатъан ба руҳи ислом ва таълимоти динӣ наздиктар аз мо буданд. Тарих ба хуби нишон медиҳад ки мусалмонон ҳар гоҳ аз руҳи таълимоти динии худ фосила гирифтанд мавҷҳои забунию бадбахтӣ онҳоро дар бар гирифт, ва ҳангоме ки парчами талош ва фаълияту ҷиҳодро бар замин афканданд ва дастуроти Қуръону суннатро, ки беҳтарин ҳидоятгари эшон дар ин дунё ва ҳам дар охират буд пушти по заданд ва ихлосу самимияту садоқату рости яке пас аз дигари аз вуҷудашон рахт бастан гирифт ва бо исломи ҳақиқӣ вадоъ карданд, хорию зори шикасту русвои ва таназзулу тахаллуф насиби ешон шуд. Фақирон то ба масҷид саф кашиданд, Гиребони шаҳаншоҳон дариданд. Чу он оташ даруни сина афсурд, мусалмонон ба даргоҳон хазиданд. "Иқбол" Баъзе аз муҳаққиқон мегуянд: "мусалмонҳо то замоне ки бо фаромину дастуроти исломӣ пойбанд буданд ва аз он самимона пайрави менамуданд дар ҳама риштаҳои зиндаги ва ҳаётии худ -махсусан илму дониш- муваффақу пешрафта буданд, вале ҳамон замоне ки аз исломи ноб дур шуданд ва дар доми хурофоту инҳирофот қарор гирифтанд, таназзулу инҳитот насиби эшон гардид. Аммо миллатҳои ғарбӣ (пайравони оини масиҳият) то замоне, ки пойбанд ба оин ва китоби муқаддаси худ (Инҷили таҳрифшуда) буданд дар оташи ҷаҳолату нодонӣ месухтанд ва ҳатто вожаи илм, дониш барой эшон арзишу мафҳум надошт ва онро аз шайтон медонистанд. Вале ҳамон замоне, ки мардуми аврупо аз дину оини мисиҳии худ даст кашиданд ва онро дар кунҷи калисоу ибодатхона мунзавию маҳдуд намуданд (ва аз қайди подшоҳони золиме, ки аз паси илму фан набуданд хориҷ шудаанд) дар ҳама соҳаҳои илму дониш пешрафтанду тараққи карданд." Дар ҳақиқат ончи ин муҳаққиқ мегуяд ҳам аз назари тарих ва ҳам аз назари воқиъияти имруз саҳиҳу дуруст мебошад. Шоир ва файласуфи рушанфикри машриқ "аллома Иқболи Лоҳурӣ" хорию зиллати муслимини имрузро дар тарк кардан ва пушти по задани авомиру навоҳии Қуръон дониста месарояд: Зи фармони Қурън чу рух тофти, Ба ҷойи хуши нохуши ёфти. Шиори ҳама кинау ҷанг шуд, Ба мо арсаи зиндаги танг шуд. Хор аз маҳҷурии қуръон шуди, Нуктасанҷи гардиши аём шуди. Ҳамчу шабнам бар замин уфтодаи, Дар бағал дори китоби зиндаи. Дари сад фитнаро бар худ кушоди, Ду гоме рафтию аз по фитоди. Барҳаман аз бутон тоқи худ орост, Ту Қуръонро сари тоқе гузошти. 2- Нақши олимон ва ҳокимони тангназару ҷоҳил Дуввум сабаб ва омиле, ки мо мусалмонҳоро аз қофилаи илму дониш ба ақаб гузошт ва дар арсаи байналмилали сарафкандау шармсор намуд ин тақсимбандии илм ба ду шоха аз ҷониби баъзе олимони кутаҳназар ва амирони нодон мебошад. Ҳар кас агар дар бораи фаро гирифтани илму дониш ба фармудаҳои Қуръону Паёмбари маҳбуби ислом алайҳиссалом дақиқона назар бияфканад дар меёбад, ки вожаи "илм" ва "хондан", "навиштан" дар ин ду манбаъ дар сиёқи омм зикр шуда аст ва далели хоссе ёфт намешавад, ки онро махсуси як навъ илм карда бошад ва ё ба ду шоха тақсим намуда бошад, аммо маъалъасаф дар асрҳои на чандон дур бахше аз он олимони тангназару кутаҳназар баромаданд, ки робитаи худро билкулл аз дунё канданд ва илму донишро ба ду шоха ҷудо намуданд ва илми динӣро, ки ба қавонини ташриъии Худо марбут аст илми раҳмонӣ ва илми дунявиро, ки ба қонунҳои таквинии Худо таъаллақ дорад илми шайтонӣ муаррифи намуданд, (ҳол он ки ин қонунҳои ташриъию таквинӣ ҳар ду моли Худованди якто мебошад) ва бо ҳамин тамоми таваҷҷуҳи миллати мусалмонро ба суйи "илми раҳмонӣ" ҷалб намуданд ва аз фаро гирифтани "илми шайтонӣ" дур карданд чун ба иътиқоди эшон омухтани илми дуняви гуноҳу ҳаром шуморида мешуд. Аммо дар мавриди ҳокимон инро бояд донист, ки дар гузашта ҳуккоми давр тамоми заминаҳоро барой рушди илми дунявӣ фароҳам месохтанд, барой тарбияи донишмандоне назири Хоразмиҳоу Беруниҳо кушиши худро дареғ намедоштанд. Дар замони хилофати Аббосиён хулафои давр донишмандонро аз ҳар тараф дар атрофи худ ҷамъ мекарданд ва нашри илм талоши зиёд менамуданд. Мисол мегирем хулафои умавӣро, ки бо талош ва хидмати содиқонаашон Андалуси ваҳшатзадаро дар муддати начандон дур табдил ба як кишвари мудамаддину пешрафта гардониданд, ҳамаи ин тақаддуму пешравиҳо бо саъю кушиши ҳокимони давр сурат гирифта аст. Аммо мутаассифона ҳамон замоне, ки дар кишварҳои исломӣ ҳокимон ва амирони худхоҳ ва худкома сари давлат омаданд ва ба аёшию комронӣ машғул шуданд ва дар атрофи худ мулоҳои дарбориро -ки пештар васфашон гузашт- ҷамъ намуданд, шикасту тахаллуфу русвоиӣ яке пас аз дигари насиби миллати мусалмон шуд. Воқиан сардорони давлат дар тамаддун ва тараққиёти ҷомиъа мақоми бузургро мебозанд, чуноне ки салоҳу сарбаландии миллат дар салоҳу некрафтории ҳоким бастаги дорад, инчунин фасоду сарафкандагии миллат дар фасоду худкомагии ҳоким бастаги дорад. Ҳамин хидмати хирсонаи ин қишри аз кутаҳназарон сабаб шуд, ки аксари мусалмонҳо аз ҳама навъи улуми таҷриби даст бикашанд ва он ҳама осори гаронбаҳо ва сарвати илмию фарҳангии хешро қурбонии ҳавоу ҳавас ва завоҳири фиребандаи бегонагон бикунанд ва билохира аз қофилаи тамаддуну дониш ақаб монданд. 3- Гароиш ба хурофот Саввум омиле, ки барой миллати мусалмон дар идома додани футуҳоту тарақиёту пешрафтиҳояш мониъа иҷод кард ин дар гирдоби хурофоту авҳом фуру рафтани эшон аст. Воқиъан ҳар ҷомиъае, ки хурофот домангири он шуда аст ҷаҳлу нодони бар он ҳоким гашта аст. Аз замоне, ки мусалмонон ба хурофоту мавҳумот гароидан ва аз таъолиму маорифи баландпояи ислом гусастанду ҷудо шуданд, дар ҳама саҳнаҳои ҳаёт (махсусанд дар риштаи илму фарҳанг) шикасту нокоми насиби эшон шуд аст, чун илму дониш ҳеч гоҳ бо хурофоту авҳом ҳамоҳанг шуда наметавонад. 4- Суқути хилофати исломи Чаҳорумин омиле, ки мешавад онро ҳам ба тахаллуф гароидани миллати мусалмон сабабгор донист ин аз ҳам пошидани хилофати исломи мебошад. Албатта хилофат ё ҳукумат барой мутамаддину мутараққӣ гардонидани як кишвар мақоми асосиро мебозад. Ҳукумат барой кишвар назири соҳибхонаест, ки зебу зинат ё фасоду вайронии хона вабаста ба у мебошад ҳар сарзамине, ки аз сарпарастии ҳукумат ё низоме маҳрум бошад дигар он вайрона аст на кишвари мутамаддину обод. Мо дар саҳифаҳои тарих мебинем, ки баъзе миллатҳо аз сабаби онки дар зерпаноҳи як низом ё ҳукумат зиндаги намекарданд ва ҳеч ҳукумате ба онҳо таваҷҷуҳи дурусти инсонӣ намекард дар пасттарин шароити зиндагӣ ба сар мебурданд ба монанди мардуми нимҷазираи араб, ки то омадани ислом на ҳукумату тамаддуне доштанду на ахлоқу фарҳангу дониш. Ҳатто хондану навиштан фақат дар чанд нафар одамҳои ангуштшумор хулоса мешуд, боқии мардум ҳама аз неъмати хондану навиштан маҳрум буданд. Аммо баъд аз омадани ислом ва инки ҳукумати исломӣро дар даст гирифтанду соҳиби давлат шуданд, дар андак замон импратурҳои қавӣи он руз "Форсу Рум" ро ба зону шинонданд ва соҳиби фарҳангу тамаддуни дурахшон ва хиракунандае гаштанд, ки воқиъан шигифтангез аст. 5- Ҷудоиандози байни дину давлат ё илм Панҷум омиле, ки мо мусалмонҳоро аз қофилаи тамаддуну фарҳанги муфтахарамон ақаб гузошт ин тафриқа ва ҷудоиандози байни дин ва давлат ё илму дин аст. Мо дар бораи ин падидаи фоҷиъабор, ки қуввату шавкати миллати мусалмонро аз байн бурд баҳс кардани нестем, фақат ҳаминро мехоҳем мухтасаран бигуем, ки бисёри аз мусалмонҳои содалавҳ фиреби ин падидаро хурданд (ва алъон ҳам доранд мехуранд) ва илму сиёсатро дар муқобили дин пиндоштанд ва бе парвои нисбат ба он нишон доданд ва аз фаро гирифтани он худдори намуданд, ҳамин падидаи манҳус сабаб шуд, ки шикасту нокомӣ насиби уммати ислом гардад. 6- Тафриқа ва ихтилофҳои дохилии мусалмонҳо Албатта ҳар ҷомиъае, ки дар тули тарих гирифтори ин бемори шуда аст мисли хок аҷзои у аз ҳам шикаста аст. Дар ҳақиқат яке аз сабабҳои заъф ва шикасти миллати ислом дар арсаи байналхалқӣ ин тафриқа ва адовату душманӣ миёни онҳо мебошад, на фақат адовату душмани балки олуда гаштани теғу ханҷари онҳо бо хуни як дигар ҳам мебошад. Ҳеч кишвар ё ҳукумате бо доштани ихтилофот ва фитнаҳои дохили наметавонад пешрафта гардад ва ба ҳаёти худ идома бидиҳад, ба ҳамин ҷиҳат мусалмонҳо то ба ин ҳарҷу марҷи дохилияшон хотима набахшанд ва ба таноби ваҳдату улфат чанг назананд наметавонанд соҳиби давлату тамаддуне бишиванд. Иззату сарбаланди ва нусрату пирузии ҳар кишвару давлат дар ваҳдату як порчагии он мебошад, адовату душмани ҷуз шикасту ҳазимат барой он чизи дигареро ба армуғон намеорад. Албатта як замоне мусалмонҳо дар Макка аз назари адад ва қувва хеле ҳам кам ва заиф буданд вале чун аз неъмати ваҳдату улфату дусти бархурдор буданд ҳеч қувва ва неруи хориҷӣ натавонист эшонро шикаст бидиҳад ва ваҳдати эшонро пора бикунад, зеро эшон пайравони ҳақиқии он дине буданд, ки ҳамеша инсониятро ба ваҳдату улфату дусти даъват мекунад ва аз тафарруқу адовату душмани шадидан наҳй карда аст. Ин мо ҳастем, ки имруз ин амрҳоу наҳйҳоро канор гузоштем ва хори адовату душманиро нисбат ба якдигар дар дил мепарварем ва руз то руз дорем шармандау русвотар мегардем. Дар охир мехоҳем чанд байте аз Аллома Иқболи лоҳури дар мавриди зарурати ваҳдату иттиҳод биёрем ва бо ҳамин навиштаи худро хотима бахшем. Ҳазрат мегуяд: Дар ҷаҳон овораи бечораи, Ваҳдате гум кардаи, сад пораи. Банди ғайруллоҳ андар пой туст, Доғам аз доғе ки дар симои туст. Созу барги коинот аз ваҳдат аст, Андарин олам ҳаёт аз ваҳдат аст. Миллат аз як рангии дилҳости, Равшан аз як ҷилва ин синости. Қавмро андешаҳо бояд яке, Дар замираш муддаъо бояд яке. Ҷазба бояд дар сиришти у яке, Ҳам иёри хубу зишти у яке. Тири хушпайкони як кишем мо, Як намо як бин якандишем мо. Муддаъои мо маоли мо якест, Тарзу андози хаёли мо якест. Амри ҳақро ҳуҷҷату даъво яке, Хаймаҳои мо ҷудо дилҳо яке. Аз ҳиҷозу чину иронем мо, Шабнами як субҳи хандонем мо. Чун гули сад барг моро бу яке, Уст ҷони ин низому у яке. Мо зи неъматҳои у ихвон шудем, Як забону як дилу як ҷон шудем.