Бандаи мухлиси даргоҳи Худо
Бандаи мухлиси даргоҳи Худо
0 Vote
105 View
Нақл шуда аст, ки рӯзе Юнус ибни Юсуф бо зане рӯ ба рӯ шуд ва нигоҳаш ба он зан афтод. Пас аз он дардманд шуду гуфт: “Худоё! Чашмам неъмату эҳсонест, ки Ту бар ман ато намудаӣ ва ман бим дорам аз инки ин чашм мусибате барои ман қарор гирад, онро аз ман бозгир”. Дар натиҷа Худованд ӯро нобино сохт. Ҳаргоҳ, ки мехост ҷиҳати адои бандагӣ дар пешгоҳи Парвардигори оламиён ба масҷид биравад бародарзодаи хурдсолаш дасти ӯро мегирифту ба масҷид мерасонд ва сипас мерафт бо баччаҳо бозӣ мекард. Ҳаминки барои шайх коре ва ё ниёзе пеш меомад бародарзодаашро садо мезад ва ӯ ҳам меомаду ниёзашро бароварда месохт. Рӯзе дар масҷид буд, ки ногаҳон эҳсос кард чизе дар атрофаш оҳиста мехазад аз ин ҳолат тарсида писарбаччаро садо зад. Вале аз онҷое ки ӯ бо баччаҳо саргарми бозӣ буд, ба фарёди шайх посух надод. Ин ҳангом шайх сарашро ба сӯи осмон барафрошту гуфт: ”Худои ман! Ту аз фазли худ эҳсон намудиву чашмам додӣ то бо он нигоҳ кунам, вале ман тарсидам, ки ин чашм мояи мусибати ман нашавад. Лизо аз Ту хостам, ки барои ҳифзи ин неъмат онро аз ман бигири. Ва Ту низ чунин кардӣ. Вале ҳоло ба он эҳтиёҷ дорам чун метарсам, ки расво шавам пас онро ба ман баргардон”. Худованди мутаъол биноияшро ба ӯ баргардонд ва бо чашми бино ба хонааш бозгашт. Худованд бандагоне дорад, ки эшонро бо раҳматҳои хоссааш мавриди навозиш қарор дода, дар як лаҳзаи воҳид хоставу ниёзашонро бароварда месозад. Имруз куҷоянд он бузургмардони соҳибдиле, ки дар камоли эҳсон бо ҳамчунин ҳаё, ҳисси посдории амонат ва адои ҳаққи он дар пешгоҳи Парвардигори оламиён ба тоати холисонаву бандагии оҷизона бипардозанд? Куҷоянд он дурдонаҳои бани одамӣ, ки бо қалбҳои поку дастони кушода ба сӯи осмон ва нағмаҳои ошиқонаи нимашабии худ Худовандро барои ислоҳу ҳидояту сарафрозии уммати мазлуму ба хоку хун ошуфтаи мусалмон фарёд зананд. Худоё! Аз тақсироти мо даргузар ва дуъои бандагони мухлисатро дар ҳаққи мову уммати ягонаат иҷобат фармо. Tojikon.org