Абурайҳони Берунӣ

Абурайҳони Берунӣ яке аз донишмандони барҷастаи олами Ислом дар соҳаи риёзиёт, ҷуғрофиё, таърих, тиб ва махсусан илми ситорашиносӣ, ба ҳисоб рафта оиди ҳар яке аз ин илмҳо асарҳои мукаммале ба мирос гузоштааст. Таҳқиқот ва таълифоти ӯ оиди илмҳои дақиқ яке аз хидматҳои шоёни ӯ барои уммати ислом ва тамоми башарият ба ҳисоб меравад. Қайд кардан бамаврид аст, ки Абурайҳони Берунӣ дар заминаи илмҳои мазкур олим ва донишманди мутабаҳҳир гашт, ки дар он замон донишгоҳу академия арзи вуҷуд надоштанд, балки ин ҳамаро бо истифода аз таъолими мадориси исломӣ аз худ намуда буд. Ӯ аввалин донишмандест, ки дар бораи давр задани замин дар меҳвари худ, гардиши хуршед ва муайян кардани самти шимолу ҷанубро дақиқан исбот кардааст.Аксари муҳаққиқон Абурайҳони Беруниро ҳамчун бузургтарин файласуфи машриқзамин шинохта мероси гаронбаҳои уро беҳтарин мерос барои башарият меҳисобанд. Яке аз хусусиятҳои ин олими бузург дар он буд, ки ӯ асарҳои муаллифони гузаштаву замони худро сарфи назар аз шахсияти муаллиф, мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода илман барои равшан намудани он талош мекард. НОМУ НАСАБ Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ. Падари ӯ Абуҷаъфар Аҳмад ибни Алии Андиҷонӣ яке аз ситорашиносони дарбори Хоразмшоҳ дар расадхонаи Гурганҷ ба ҳисоб мерафт. Модараш Меҳрона бо доштани касби момодоягӣ миёни мардум аз маҳбубияти хосе бархурдор буд. Нисбат додани ӯ ба Берунӣ чуноне, ки худи ӯ дар баъзе аз сарчашмаҳо зикр кардааст, чунин аст, ки падарашро дар пайи бадгӯйи ҳасудон аз дарбори Хоразмшоҳ рондаанд. Падараш ба ночорӣ дар яке аз рустоҳои тобеъи Хоразм сокин мегардад. Аз сабаби онки онҳо барои мардуми деҳа аз берун ворид шуда буданд, онҳо ба берунӣ муаррифӣ мешуданд. Назари дигаре низ дар ин росто вуҷуд дорад, ки нисбат додани ӯ ба Берунӣ дар он аст, ки ӯ дар беруни шаҳри Кос, ки пойтахти Хоразм буд, ба дунё омадааст. ТАВАЛЛУД ВА РУШДИ ИЛМӢ Абурайҳони Берунӣ ДАР 3-юми Зулҳиҷҷаи соли 362 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 5-уми сентябри соли 973 мелодӣ дар шаҳри Кос, ки яке аз шаҳрҳои тобеи Хоразм ба шумор мерафт, дар оилаи маъруф миёни мардум, ба дунё омадааст. Дар бораи даврони кӯдакии Берунӣ иттилоъи кофие дар сарчашмаҳои таърихӣ дастрас нагардидааст. Аммо ончи , ки барои мо маълум мебошад, он аст, ки ӯ дар муҳити хонаводае ба воя расид, ки ҳама аҳли илму дониш буданд. Ӯ ҳанӯз дар айёми наврасӣ соҳиби истеъдоди фавқулодда буда илмҳои ситорашиносӣ, риёзиёт, фалсафа, тиб, ҷуғрофиё, маъданшиносӣ ва таърихро аз бар карда буд. Муаллим ва устоди ғамхори ӯ Абунасри Мансур ибни Арроқ заковат ва малакаи илмии ӯро дарк намуда кӯшиш ба харч медиҳад, ки Берунии толибилм аз кашфиётҳои илмии Юнони қадиму арабҳо, иброниёну Паҳлавиён ба таври бояду шояд баҳраманд гардад. Ҳамин буд, ки Берунии ҷавон қабл аз оне, ки ба синни 20 расад аллакай заминаҳои илмии ситорашиносиро дарку кашф намуда буд. Ӯ барои асосҳои илми машриқзаминро аз худ намудан забонҳои арабӣ, ҳиндӣ, юнонӣ, ибрӣ ва паҳлавиро аз худ намуда буд. САФАРҲОИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ Абурайҳони Берунӣ тақрибан 15 соли умри пурбаракати худро дар берун аз ватан сипарӣ намуда дар ин муддат ба шаҳрҳо ва олимону шахсони бузурги таърихӣ шинос шуда бо онҳо мулоқоту баҳсҳо анҷом додааст.Ӯ аз ҷумла ба шаҳрҳои Рай, Исфаҳон, Ҳамадон, Табаристону Гургон рафта бо донишмандони машҳури ин сарзаминҳо аз ҷумла Шамсулмаолии Қобус, ки яке аз мутафаккирон ва донишмандони машҳур дар таълиф ва тадвини осори илмӣ ба забони арабӣ иншо намудан маъруф буд, як давраи муайяни ҳаёташро мегузаронад. Ҳамчунин муддате низ дар Гургон зери пуштибонии модӣ ва маънавии Зиёриён ба таҳқиқоти илмӣ машғул шуда буд. Тавре дар баъзе аз сарчашмаҳо зикр шудааст Ӯ бо Абӯалӣ ибни Сино табиби машҳур мулоқот намуда бо ӯ дар масоили гуногуни илмӣ баҳсу мунозираҳое анҷом додааст. Дар замони ҳукмронии султон Маҳмуди Ғазнавӣ, Берунӣ ба Ҳиндустон сафар намуда дар онҷо бо донишмандони Ҳинд мулоқотҳо анҷом дода забони ҳиндиро пурра аз худ мекунад. Кори бузурге, ки Берунӣ замони иқоматаш дар Ҳинд анҷом додааст, ӯ андозаи ҷуғрофии 11 шаҳри Ҳиндустонро муайян мекунад. ХИДМАТҲОИ АРЗАНДАХидматҳои бузурги Абурайҳони Берунӣ ДАР улуми ситорашиносӣ, риёзиёт, фалсафа, тиб, таърих ва ғайра барои ҳеҷ соҳибхираде пӯшида нест. Баръало метавон гуфт маҳз осори илмӣ ва пурғановати олими бузург Абурайҳони Берунӣ буд, ки донишмандон ва муҳаққиқони минбаъдаи ҷаҳон барои кашфи илмҳои замонаи хеш замина ва дастовардҳои хубе фароҳам оварданд. Ӯ дар тӯли ҳаёти худ барои башарият бо забонҳои гуногун асарҳо дар улуми мухталиф таълиф намуда ҳамчунин лозим ба тазаккур аст, ки асарҳои зиёдеро аз забонҳои арабию ҳиндӣ ба забони форсӣ баргардонидааст. Муҳимтарин хидматҳои илмӣ ва таҳқиқии ӯ, ки ҳамчун мероси гаронбаҳое пешкаши ҷашониён гардидааст аз қабили инҳо мебошанд: . 1 Тарозуи Абурайҳон, ки яке аз дақиқтарин тарозуҳои таърихи илми ҷаҳон аст. 2. Ҳаракати хоссаи васатии хуршед. 3.Хосияти физикии алмос ва зумрад. 4. Кайфият ва чигунагии сохтани асал тавассути занбӯри асал. 5. Ҷазру мадди руду дарёҳо. 6. Расади хусуф ва кусуф (гирифтани офтобу моҳ). 7. Сохтани курраи ҷуғрофӣ (глобус). 8.Тарҳи назариёт дар бораи вуҷуди қорраи Амрико. 9. Қоидаи ёфтани самти қибла ва сохтани меҳроби масоҷид. 10. Сохтани асбоби расадӣ мисли семила ва шоқул. ТАЪЛИФОТ Берунӣ Дар тӯли ҳаёти пурбаракати хеш Аз худ осори илмии гаронбаҳое БО забонҳои мухталифи машҳури ОН замон Ба мерос гузоштааст. Муҳимтарин асарҳои илмии ӯро, ки муҳаққиқон хулосабардорӣ кардаанд беш аз 146 асарро дарбар мегирад, ки муҳимтарини онҳо иборат аз инҳо мебошанд: "Аттанҷим" ( асар дар бораи риёзиёт ва ситорашиносӣ), "Осор-ул-боқия" (таърих ва ҷуғрофиё), "Донишнома", "Таҳқиқ мо лил ҳинд".Ин китоб мазҳабу одот ва расму русуми мардуми Ҳинд ва гузориш аз сафарҳои худ ба Ҳиндро дар бар мегирад. "Аттафҳим ли авойил синоъаттит танҷим". Ин китоб дар мавзӯи ситорашиносӣ ва ба забони форсӣ навишта шудааст. "Қонуни Масъудӣ". Ин китоб низ дар илми наҷум таълиф гардидааст. "Алҷамоҳир фӣ маърифати Алҷавоҳир". Ин китоб илми маъдангиносиро дарбар мегирад. "Ассайдалияту фӣ тиб". Ин китоб дар бораи давоҳои гиёҳӣ ва хусусияту тарзи таҳияи онҳо маълумот медиҳад. Тавре дар боло зикр гардид аз ин донишманди бузург осори зиёди илмӣ боқӣ мондааст, ки то кунун дар пажуҳишгоҳҳо донишомӯзон ва муҳаққиқон барои боло бурдани сатҳи дониши худ ва дарки паҳлуҳои мухталифи осори гаронбаҳои Абурайҳони Берунӣ мавриди истифода қарор мегиранд. ВАФОТ Абурайҳони Берунӣ рӯзҳои ахири ҳаёти худро Дар шаҳри Ғазна ДАР замони ҳукмронии Масъуд ибни Маҳмуди Ғазнавӣ, ки маркази ғазнавиён ба шумор мерафт, сипарӣ намудааст. Ӯ 27-уми ҷимодуссонӣ соли 440 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 13-уми декабри соли 1048 мелодӣ дар шаҳри Ғазнаи Афғонистон дунёи фониро падруд гуфтааст. Ҷаннатуллоҳ Комил Манбаъ: сомонаи Наҳзат