Сини издивоҷ аз дидгоҳи равоншиносон
Сини издивоҷ аз дидгоҳи равоншиносон
0 Vote
124 View
Муқаддима
Дар гузашта, зиёде аз издивоҷҳо баъд аз булуғи ҷисмӣ ва ҷинсии духтару писар сӯрат мегирифт. Аммо чун хонаводаҳо онҳоро мавриди ҳимояти моддӣ ва маънавӣ қарор медоданд, мушкилоти зиёде ба вуҷуд намеомад. Имрӯза мафҳуми зиндагӣ густарда шуда сохтору коркарди хонавода ва интизороти ҳар ду тараф зану мард аз якдигар зиёд шудааст, ки булуғи ҷисмӣ ва ҷинсӣ ба танҳои наметавонад ҷавобгӯи ниёзҳо ва масъулиятҳои як зиндагии муштарак бошад.
Бино барин синни издивоҷ низ ба бознигарии ҷиддӣ, амиқ ва ҳамаҷониба дорад. Бояд ба матни дин, таҳқиқоти равоншинохтию ҷомеашиносӣ пардохт ва ниёзҳои давраи ҷавонӣ ва низ ба воқеиятҳои иҷтимою фарҳангии ҳоким бар ҷомеа таваҷҷӯҳ шавад, то сиини муносиби издивоҷ мӯъаян, ва роҳкорҳои лозим барои беҳбуд ва ислоҳи вазъи кунунӣ ироа гардад.
Савол инҷо аст, ки оё танҳо бо расидан ба булуғи ҷисмонӣ менавон аз авомили дигаре, ки дар оғози як зиндагии муштарак нақш доранд чашмпӯши кард?
Аз назари мо синни издивоҷ мубтани бар се асл, булуғи ҷисмонӣ, булуғи равонӣ ва булуғи иҷтимоӣ мебошад. Манзур аз булуғи ҷисмонӣ даврони тавонмадии фард аз назари тавлиди мисл аст, ки барои духтарон аз ҳудуди синҳои 12 то 14 солагӣ ва дар писарон ҳудуди 14 то 16 солагӣ шуруъ мешавад. Булуғи равонӣ, унвоне аст, ки равон пизишкон аз он таҳти унвони рӯшди шахсият ном мебаранд. Аз лиҳози ҳуқуқӣ низ булуғи равонӣ бо унвони рушд шинохта мешавад. Аммо ихтилофоте, ки байни ҳуқуқ донон ва равоншинохтон аст, ин аст, ки ҳуқуқдонҳо ба ҳадди ақал кифоат мекунанд ва муътақид ҳастанд фақат кофӣ аст фард тавони ташхиси масолиҳи худро дошта бошад. Вале ақидаи равон пизишкон ва асосан макотиби равоншинохтӣ бар ин аст, ки фард бояд аз лиҳози шахсиятӣ, тавонмандӣ, пухтагӣ ва рушд ба марҳилаӣ бирасад, ки на танҳо нисбат ба худ шинохти кофи пайдо кунад ва битавонад масолеҳи худро ташхис бидиҳад, балки нисбат ба фарде, ки дар назар дорад бо ӯ издивоҷ кунад низ шинохти кофӣ ба даст оварадр.
Манзур аз булуғи иҷтимоӣ чист?
Булуғи иҷтимоӣ, ба маънои тавонмадии лозим барои идораи умури хонавода, ҳамсар ва фарзандон аст. Ин амр, сабаби бароварда шудани ниёзҳои иқтисодӣ, беҳдоштӣ, илмӣ,омӯзишӣ ва … барои зиндагӣ аст, то фард битавонад бо он маскану хона ва ҳадди ақал ниёзҳои хонаводаро таъмин кунад.
Саволе, ки ҳоло матраҳ мешавад ин аст, ки хусусиёте, ки баён шуд маъмулан дар чи синне ба даст меояд?
Бастагӣ ба ҳар фард дорад. Мумкин аст, ки як фард дар синни 20 солагӣ заминаҳои зикр шударо якҷо ва комаил пайдо кунад. Дар ҳоле, ки фарди дигаре дар синҳои болотарҳам натавонад ба онҳо даст ёбад. Дар мавриди хонумҳо ҳам ба ҳамин шакл аст. Як духтари ҷавон мумкин аст, ки дар синни 14 то 15 солагӣ ба рушди комили ҷисмонӣ расида бошад аммо рушди равонию шахситии ӯ комил нашуда ва тавоноии эҷоди як робитаи дуруст бо ҳамсар,фарзанд, атрофиёни худ ва аз ҷумла хонаводаи ҷадиде, ки бо ӯ пайванд мехурад яъне, хонаводаи шавҳарро надошта бошад. Дар ин сурат табаоти он на танҳо ба фард ва хонавода балки ба ҷомеаҳам кашида мешавад. Ҷомеае, ки ниёзманди афроди фаъол, огоҳ, пухта ва тавонманд аст. Бино барин мо фақат синро милоки аввалӣ ва аслӣ барои ташкили хонавода ё издивоҷ қарор надиҳем.
Албатта ба ин нуктаҳам бояд ишора кунам, ки фишор ва сахтгирӣ ва инки афрод фикр кунанд аввал бояд ҳамаи имконотро фароҳам ва тамоми давраҳои таҳсилиро гузаронанд, шуғли пурдаромаде дошта бошад ва баъд издивоҷ кунандро таъид намекунем. Суҳбати мо дар сари ҳадди ақлҳо аст. Агар фард битавонад ба тавонмандиҳои шахсиятӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва … бирасад, метавонад издивоҷ кунад, ки ин иттифоқ метавонад дар оғози даҳаи севвуми зиндагӣ бошад, ки бисёр матлуб аст. Албатта гоҳе мумкин аст афрод дар ҳамон замонҳам омодагии лозим барои издивоҷро пайдо накунанд ва анҷоми ин кори муҳим ба синҳо ва солҳои баъди гузошта шавад.
Оё ҷавонони кишвари мо ин қобилиятро доранд, ки дар синҳои баён шуда ба ин ҳадде аз булуғи равонӣ ва иҷтимоӣ бирасанд?
Мумкин аст барои теъдоде каме аз афрод ин иттифоқ биафтад. Аммо табиатан ин амр барои аксарияти афроди ҷомеа муҳаққақ намешавад. Албатта ин теъдоди кам низ вобаста ба хонаводашон ҳастанд. Хонаводаи ин афрод, маъмулан хонаводаҳои таҳсил карда ва ҳушманд ҳастанд. Хонаводаҳое, ки издивоҷи волидайн ба асоси усул ва издивоҷ ва интихобашон барнома рези шудааст ва роҳи рушди дурустеро барои фарзандонашон фароҳам кардаанд.
Пас бо таваҷҷуҳ ба ин гуфтаҳо, расидан ба ин ҳадди булуғ дар шаҳру деҳаҳо ва бо таваҷҷӯҳ ба сатҳи таҳсилот, фарҳанг ва соири шароити муҳитӣ дар афрод мутафовит аст?
Дақиқан. Барои ҳар фард, ҳар хонавода ва ҳар иҷтимои кучаку бузӯрг ин масъала мутафовит аст. Аммо ба ҳар ҳол мо як ҳадди ақалҳоеро ниёз дорем. Сабаби таъкид бар анҷоми мушовира пеш аз издивоҷ низ ҳамин аст, ки мо бубинем ду фарде ки мехоҳанд издивоҷ кунанд ба булуғи равонӣ ва иҷтимоӣ расидаанд ё на.
Беҳтар аст, синни завҷайн чи қадр бошад?
Мо ихтилофи синнӣ 5 солро матлубу хуб медонем. Дар ин сурат метавонем бигӯем, ки заминаҳо ба унвони қадами аввал яъне, ҳадди ақал ихтилофи синнӣ шуруъ мешавад. Агар мабноро фақат сину сол дар назар бигирем, метавонем бигуем ҳадди ақал синни издивоҷ дар духтарон 16 сол ва дар писарон 5 сол бештар яъне, 21 сол аст. Вале ногуфта намонад, ки дар ҷомеаӣ мо, писарон низ маъмулан дар синҳои 18 то 20 солагӣ васлат мекунанд. Ва ин бояд бо ҳадди ақал тавонмандиҳо, маҳоратҳо ва таҳсилот бошад ва ин сабаби зиндагии беҳтар ҳамроҳи оромиши беҳтаре хоҳад буд.
Чи бояд кард?
Бояд волидайн ва мурабиёни тадбире дар назар бигиранд, ки навҷавонон ва ҷавонон дар абъоди мухталифи ҷисмӣ, ҷинсӣ, ақлӣ, иҷдемоӣ, отифи ва иқтисодӣ ба таври ҳамоҳанг ва муносиб рушд кунанд. Ончи дар ҳоли ҳозир мушоҳида мешавад, ноҳамтарозии рушд ва булуғи ҷинсю ҷисмӣ ва эҳсоси ниёз ба издивоҷ, бо дигар абъодҳои рушдӣ, яъне рушди ақлӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва отифии навҷавонон ва ҷавонон аст. Бино барин ё ба маҳзи расидан ба булуғи ҷинсӣ иқдом ба издивоҷ мекунанд дар ҳоле, ки аз назари ақлӣ, отифӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳадди рушди муносиб нарасидаанд ва солҳо пас аз расидан ба булуғи ҷинсӣ мунтазири ёфтани шуғли муносиб, такмил кардани таҳлисот ва дигар пешниёзҳои зиндагӣ боқӣ мемонанд. Дар натиҷа, ё аслан ба он даст намеёбанд ва ё вақте ба онҳо мерасад, ки дигар шодобӣ, таровату ангезаи издивоҷро надорад. Дар ҳарду сурат, зиндагии осебпазир ва дар маърази хатарҳои ҷиддӣ аст.
Фарҳангсозии издивоҷи сода ва мутобиқати он бо меъёрҳои исломӣ, яке аз ниёзҳо ва роҳкорҳои аслӣ дар ҳалли мушкилоти издивоҷи ҷавонон аст. Агар меъёр дар издивоҷ ва интихоби ҳамсар дастурҳои ислом бошад бисёр ва ё ҳеч як аз ин мушкил ва праблемаҳо вуҷуд нахоҳад дошт. Табаъият аз одобу русуми нодуруст, бархе таҳсилоти номутавозин, робитаҳои беҳадду марзи духтару писар, нигоҳҳое ғайри диние, ки фақат асбоби моддиро дар назар мегиранд, кам ранг шудани таваккул ба Худованд ва низ ҳазинаҳои зиётию ташрифот, аз сабаҳои аслии боло рафтани синнӣ издивоҷ маҳсуб мешавад.
Ин занҷираҳои асоратовар ва даступогир, мутаассифона дар ҳоли густариш аст. Бояд ҷавонон, навҷавонон ва хонаводаҳо нисбат ба зиндагӣ, издивоҷ ва… ислоҳ шаванд.
Дар ислом супориш шудааст, ки духтаронро дар авоили булуғи ҷинсӣ шавҳар диҳанд дар ҳоле, ки дар ин синну сол онҳо ҳануз ба булуғи ақлӣ ва фикрӣ нарасидаанд. Оё ин дастури ислом дар замони кунунӣ қобили иҷро аст?
Яке аз барҷастатарин вижагиҳои аҳкоми исломӣ он аст, ки ниёз ва ғаризаеро бе посух нагуштааст ва заминаи таъмини онро ба беҳтарин сурат фароҳам кардааст. Ислом дар аввалин фурсате, ки духтар ва писар тамоили ҷинсиро эҳсос мекунанд ва аз назари ҷинсӣ омодаи омӯзишу ҳамбстарӣ бо ҷинси мухолиф мешаванд, имкони бароварда шудани маъқули ин тамоюлотро тавсия кардааст. Дар ривояте аз Расули акрам(с) милоки синни издивоҷ дар зимни ташбеҳи зебои ироа мегардад.
“Дӯшизагон монанди мева бар дарахт ҳастанд замоне, ки бирасанд бояд ононро чинд ва гарна гармии офтоб ва вазиши бодҳо нобудашон мекунад. Замоне, ки душезагон ончиро ки занон(аз ғаризаи ҷинсӣ) дарк мекунанд ҳис кунанд давое ҷуз шавҳар кардан надоранд ва дар ғайри ин сурат фосид ва олуда мешаванд, зеро онҳо низ башар ҳастанд.
Дар ривояти боло синнӣ хосе барои издивоҷ тасреҳ нашудааст балки беҳтарин замон барои издивоҷ замоне аст, ки духтар тамоюлоти ҷинсии занонаро дарк мекунад. Албатта дар ислом супоришоти зиёде ба хонаводаҳо ва масъулони фарҳангии ҷомеа кадааст, ки аз булуғи ҷинсии зудраси духтару писар ҷилавгирӣ шавад. Ба ин манзур ба падару модар супориш шудааст, ки дар замони наздикӣ, ҳатто садои нафаси онон ба фарзанди хобидаи онҳо нарасад. Духтарон баъд аз 6 солагӣ бусида нашванд, ҳатто падар баъд аз 6 солагӣ зери калуву лабони духтари худро набусад. Фарзандони болои 6 солагӣ зери як курпа нахобанд, духтарон аспсаворӣ накунанд. Аммо ҳаргоҳ булуғи ҷинсӣ ҳосил шуд боистӣ заминаи посухгуии шоиставу боистаи онки издивоҷ аст муҳаё шавад. Ҷои ин савол боқӣ мемонад, ки имрӯза бар хилофи замонҳои гузашта, духтарон дар синни булуғи ҷинсӣ салоҳият ва омодагии мудирияти дохилии як хонавода ва фарзандориро надорад бо инҳол вазифа чист? Дар посух бояд гуфт, ки издивоҷ коркардҳои мутафовите дорад. Издивоҷ ҳамвора мулозим бо ташкили хонаводаи мустақилу фарзандоварӣ ва фарзандорӣ нест. Метавон ба ҷои инки нисбат ба иртиботи фарзандон осонгир бошем заминаи издивоҷ онон тавассути хонаводаҳояшонро фароҳам кунем. Арусу домоди навҷавонро таҳти тарбияту пӯштибонии хонавода қарор диҳем, то бо мурури замон барои идораи мустақили хонавода ва тарбияти фарзандон ба булуғ ва рушди фикрӣ лозим бирасанд. Ин ҳамон суннати ҳасанае аст, ки дар гузашта низ марсум будааст. Арусу думод чандин сол баъд аз издивоҷ зери назари падару модар зиндагӣ мекарданд. Ё инки ҳар кадом аз духтару писар таҳти сарпарастии падару модари худ буда ва дар айни ҳол заминаи ирзои ҷинсӣ ва отифӣ барои арусу домод муҳаё бошад. Илова бар ин тавсия ба издивоҷ дар замони булуғи ҷинсӣ, дар воқеъ тавсия ба таҳияи муқаддимот ва фароҳам созии шароити он низ мебошад аз ҷумла инки падару модар, ба вижа модарон муваззаф ва вазифа донаранд, ки шавҳардорӣ, хонадорӣ ва тарбияти фарзандро ба духтарони худ биёмӯзанд