Нав-Арусон бихонанд
Нав-Арусон бихонанд
0 Vote
107 View
Зиндагии солим ва хуш барои хар инсон хусусан касоне, ки аввали издивоҷ ва ҳамсар шуданашон аст бисёр чизи лозим ва орзуи беҳтарин аст. Ҳарчанд касонеҳам ба он намерасанд ва аз аввал ва ё байни роҳ яке аз ду тараф ва ё ҳарду ба ин фикр мерасанд, ки бояд аз ҳамдигар ҷудо шаванд! Дини Ислом роҳҳои ҳифзу нигоҳдории хонаводаро ба шаклу равишҳои зиёде ироа намуда аст, ки ҳар шахсе бо бардошту илми худ метавонад аз он истифода намояд. Мақолаи зер яке аз навиштаҳое аст дар ин боб, ки роҳ-ҳоеро барои нав арусон ироа намуда аст пешкаш мегардад. Умед аст тамомии фарзандони мусулмон ҳусусан Тоҷикон зиндагии бо самару бо маърифатро дошта бошанд. Махсуси хоҳароне, ки ба зиндагии ҷадид қадам гузоштаанд! 1. Ту гул ва зебогии хонаӣ, пас кӯшиш кун, то эҳсоси хушбӯии ин гулро ба муҷарради дохил шудани шавҳарат, ба хона пош диҳӣ. 2. Волидайни шавҳаратро эҳтиром кун ва ҳеҷгоҳ байни волидайни худ ва волидайни шавҳарат фарқе магузор, зеро онҳо гаронбаҳотарин ҳадя, шавҳарро бароят тақдим кардаанд. 3. Ҳолатҳои роҳат ва оромии шавҳаратро ҷустуҷӯ кун, гарчанде ин ҷустуҷӯ бо сухан гуфтан бошад, ё ба анҷоми ҳаракате ва ба сӯи шавҳарат ба сурати як дӯсти наздик бишитоб. 4. Ҳамеша дар гуфтугӯ ва муноқиша бо шавҳари худ бош, аммо аз ҷангу исрор бар раъйи худ ҷилавгирӣ кун. 5. Овозатро ҳаргиз баланд макун, хусусан дар вақти ҳозир будани шавҳарат. 6. Кӯшиш ва талош намо, то ҳар ду гоҳ-гоҳе дар намози таҳаҷҷуд бо ҳам бархезед, зеро ин намоз ба шумо нур, саодат, муҳаббат, дустӣ ва оромиш мебахшад. Худованд гуфтааст: «Огоҳ бошед, ки ба зикри Аллоҳ қалбҳо итминон пайдо мекунанд» (сураи «Раъд», ояти 28). 7. Дар вақти ғазаби шавҳарат оромиши комилро ихтиёр кун ва ҳаргиз қабл аз он ки ризояти вайро ба даст наёварӣ, нахоб. Зеро Паёмбари Худо (с) фармудаанд: «Шавҳарат ҷаннат ва дӯзахи туст» (Имом Аҳамад). 8. То вақте ки шавҳарат дар хона аст, ҳамеша бо ӯ бош, ва бо чеҳраи хандон ӯро бипазир ва интизор шав. 9. Бо пӯшидани баъзе либосҳои муайян вайро эҳсоси рағбат бидеҳ ва барои вай либос ихтиёр кун. 10. Дар дарки заруриёт ва эҳтиёҷоташ хеле дақиқ бош, то муоширати неку истифодаи вақт бароят осон гардад. 11. Ҳеҷгоҳ мунтазири калимаи таассуф ва бахшишпурсӣ аз вай набош, балки вайро маҷбур ба чунин коре ҳам макун, магар он ки худаш аз ончи ҳақиқатан қобили маъзарат бихоҳад ва ё изҳори таассуф намояд. 12. Ба шаклу либоси шавҳарат эҳтимоми зиёд дошта бош (яъне таърифаш кун), агарчи худи вай ба он диққате надошта бошад, зеро вай дӯст дорад то дӯстонаш аз мазҳар (шакл) ва либоси вай тавсиф кунанд. 13. Кӯшиш накун, то вай ҳамеша ба сӯйи ту биёяд ва изҳори рағбат ба ту бикунад, балки гоҳ-гоҳе ту низ ба ӯ изҳори тамоюл намо. 14. Мунтазири ҷавоби муомилаи некат бо вай мабош, зеро бисёре аз шавҳарон машғули мушкилоти зиндагӣ мешаванд, аз ин рӯ, бештари вақт эҳсосоти худро баён карда наметавонанд. 15. Дар сурате ки шавҳарат дар мушкилӣ мубтало бошад, ҳамроҳи вай худро ҳамдард ва ҳамгом нишон бидеҳ. 16. Аз шавҳарат бо лабханди ҳамроҳ бо муҳаббат ва эҳсоси рағбат ба вай ҳангоми вуруди ӯ ба хона истиқбол намо. 17. Доим ба ёд дошта бош, ки шавҳар василаест, ки тавассути он метавон ба Аллоҳ (ҷ) наздик шуд. 18. Кӯшиш кун, то дар ҳар чиз дар шакл ва қиёфа дар сухан гуфтан ва дар истиқболат аз вай навоварӣ нишон диҳӣ. 19. Ҳаргиз вақте, ки шавҳарат аз ту чизе мехоҳад танбалӣ макун, балки ончиро бо собукӣ ва ризоят ба вай тақдим намо. 20. Дар сомони олоти хона таҷдиди назар намо, хусусан қабл аз он ки вай ба хона бар мегардад ва шавҳаратро бифаҳмон, ки ин ҳамаро фақат ба хотири хушии вай анҷом медиҳӣ. 21. Ба идора кардани хона танзими вақт ва тартиби заруриётҳо ҳирс дошта бош. 22. Баъзе маҳоратҳои занонаро ба таври хеле хуб ёд бигир, зеро ту ба онҳо дар хонаи худ зарурат дорӣ ва чунин коре туро ба зан буданат ёди даҳонӣ мекунад. 23. Ҳар он чиро аз хӯрока, пӯшок ва дигар анҷоми хона, ки шавҳарат меоварад, бо ташаккуру тавсиф истиқбол намо. 24. Дар покӣ, тозагӣ ва тартиби хона бо пешонии боз ва чеҳраи хандон саъю талош кун, агарчи шавҳарат аз ту чунин нахоҳад. 25. Обу ҳавои хонаро, хусусан қабл аз баргашти шавҳарат ба хона мутобиқи майлу хоҳиши вай созгор бисоз ва ба шавҳарат фурсати онро мадеҳ, ки эҳсос кунад, ки дар корҳои хона саҳлангору танбал менамоӣ ва ё дар кори хона шавқу рағбат надорӣ. 26. Ҳамеша қонеъ бош ва бар адами исроф кӯшиш намо, то масрафат бештар аз даромад набошад. 27. Ҳамеша зан будани худро ба ёд дошта бош ва бар он посдорӣ карда,онро бо муҳаббат барои шавҳарат ба шакли муносиб ва вақти муносиб ва бе такаллуфу сохтакорӣ изҳор кун. 28. Дар вақти бозгашти шавҳарат аз кор, сафар ва ё бархостан аз хоб ва ё болои дастархон дар назди вай аз фарзандонат шикоят макун, зеро шикоят дар ин лаҳзаҳо болои падару фарзандон асароти хеле бад дорад. 29. Ба фарзандонат назар ба умрашон биёмӯз, ки чигуна аз падарашон дар вақти бозгашт аз кор, ё сафар истиқбол намоянд. 30. Шавҳаратро ҳеҷгоҳ баъд аз бозгашт аз сафар аз хона бо шикоятҳо ва дардҳо агарчи хеле мушкил ҳам бошад, истиқбол накун. 31. Вақте шавҳарат фарзандонро сарзаниш кунад ва ё ҷазо диҳад, мудохила накун. 32. Кӯшиш кун, то миёни падару фарзандон ҳамеша робита ва алоқаи нек эҷод кунӣ. 33. Дар ҷараёни ихтиёри тариқаи хос дар тарбияи фарзандон мунтазири натиҷаҳои фаврӣ мабош, зеро бо вуҷуди тарбияи исломӣ вақти муносиб, ки ба синну соли тифл иртибот дорад, тай нагардад, натиҷаи муносибе ҳосил намегардад, пас ноумед ва дилсард мабош. 34. Тариқаи рафтор ва гуфтори худро бо тифлонат чунон ихтиёр кун, ки онро ақлу виҷдон ҳарду қабул кунанд, ва танҳо ба ҳушдор додан ва ёдоварӣ кардан иктифо накун, то дар қалби тифлонат муҳаббати бештаре пайдо кунӣ. 35. Кӯшиш кун, то дӯсти духтарони худ бошӣ ва тағиротеро, ки духтаронат дар мароҳили мухталифи зиндагӣ тай мекунанд, эҳсос намоӣ. 36. Аз хешовандони шавҳарат ба хуш омадед ва такрим ва эҳтиром ва тақдими ҳадя дар муносибот ва маҳофили мухталиф истиқбол кун, ва шавҳарат агар чи ба зиёрати онон эҳтимом надошта бошад, ту вайро бадон ташвиқ ва тарғиб намо. 37. Аз меҳмонони шавҳарат агарчи дар авқоти мухталиф ва ба теъдоди зиёд ба хонаат рафту омад кунанд, эҳсоси нафрат накун,балки бар икром ва меҳмоннавозии онон саъйу талош намо, зеро ин ҳама дар шарафу иззати шавҳарат изофа менамояд. 38. Китоб, варақ ва дигар чизҳое, ки махсуси шавҳарат аст, ҳамеша маҳфуз нигаҳ дор. 39. Хонаро тавре омода бисоз, ки то ҳар вақте қобили истиқболи меҳмон бошад. 40. Дар сурати таъхир ва дурии шавҳарат аз хона бо вай итоб накун, балки вайро ба тариқи беҳтар ба инки дар интизораш будӣ, бифаҳмон ва аз заҳамоти вай изҳори фахр кун. 41. Кӯшиш намо сабаби дурӣ ва таъхири шавҳаратро аз хона дарёбӣ, ва барои илоҷи он ба тариқаи саҳеҳ кӯшиш кун. 42. Шавҳаратро маҷбур насоз, ки дар сурати норозӣ будан онро ба забон изҳор кунад, балки ба ишорати вай иктифо намуда ва дар роҳи ҳалли мушкилот қадамҳои сареътар бардор. 43. Аз шикояти бештар дар умури хона ва манзил худдорӣ кун ва бидон ки шавҳар ҳаққи онро дорад то аз аъмоле, ки ту бадон масруф мебошӣ, бидонад. Пас дар сурати пурсиш ба вай ҷавоби комил ва қаноатбахш бидеҳ. 44. Шавҳаратро онгуна эҳсос бидеҳ, ки ту ба вай шахсан хеле таваҷҷӯҳ дорӣ, зеро зан моҳири он аст, ки вуҷуди худро дар хонаи худ собит созад ва шавҳари худро низ чунин эҳсосе бидиҳад. 45. Бар исрори хона муҳофизат намо ва шавҳаратро дар ростои вазифа ва кору бораш бо ҳушёрии худ ҳамкорӣ кун. 46. Ҳеҷгоҳ шавҳаратро бо дигарон муқорана ва муқоиса накун, балки сифоти некӯиро, ки дар вай вуҷуд дорад ҳамеша ба ёд дошта бош. 47. Ҳеҷгоҳ ба шавҳарат дурӯғ нагӯ ва дар зиндагӣ ҳамеша содиқ ва бовафо бош. 48. Ҳиҷоби худро ҳамеша ҳифз намо, зеро ҳиҷоби ту мақом ва манзалататро дар назди шавҳарат боло мебарад. 49. Ба ғайрати шавҳарат таваҷҷӯҳ дошта бош ва ҳаргиз амале анҷом мадеҳ, ки сабаби хашм ва ғазаби ӯ гардад. 50. Дар тарбияти эмонии фарзандонат кӯшиш намо, зеро фарзанди солеҳ меваи дили падару модар ва фарзанди носолеҳ сабаби бадбахтӣ ва зиллати падару модар мешаванд. 51. Дар вақти бало ва мусибат ва дар ҳангоми хӯшӣ ва роҳатӣ ба ёди Худо (ҷ) бош, зеро ӯ қодир ва тавоно аст. 52. Ва охиран ҳеҷгоҳ ба кӯшишу талоши худ эътимод макун, ва ба ёд дошта бош, ки мо ҳамеша мӯҳтоҷ ба тавфиқи Илоҳӣ ҳастем. Мунира Ҳабибова / nahzat.tj