Бархе омилҳои фақарзудоӣ аз назари Ислом
Бархе омилҳои фақарзудоӣ аз назари Ислом
0 Vote
111 View
Роҳҳое дар сираи Набавӣ (с) барои мубориза бо фақр
Паёмбаре, ки ҳатто донишмандони ғайри исломӣ низ дар бораи талоши он барои фақрзудоӣ, таҳти таъсир қарор гирифта ва гуфтаанд, ки “дар ҳама таърих муслиҳеро[1] намеёбем,ки ба қадри Муҳаммад (с) ба нафъи фуқаро бар ағниё[2] молиёт вазъ карда бошад”[3],аз эҳтимол дӯр ба назар мерасад, ки он Ҳазрат (с) роҳҳоеро дар заминаи мубориза бо фақр пешниҳод накарда бошад. Бо мутолиа намудан дар зиндагии он Ҳазрат (с), хоҳем дид, ки ишон бо истифода аз равишҳои мухталифе (аз қабили ақди ухувват[4], ҳамсатҳ шудан бо фуқаро, иштироки онҳо дар умури ҷомэа, хӯдогоҳии иҷтимоӣ, рафтори нарм дар муқобили фуқаро ва муносибати наздик бо онҳо ва эҷоди дигаргӯнӣ дар афкори умӯмӣ) саъй мекарданд, ҳади ақал сатҳи зиндагиро барои фуқаро фароҳам кунанд, то битавонанд мисли дигар мардуми Мадина зиндагии миёнае дошта бошанд. Инфоқу қарз додан ба ниёзмандон, қисту адолат, миёнаравию касби ҳалол аз сиёсатҳои дигари он Ҳазрат (с) аст барои фақрзудоӣ, ки худ ҳамеша онҳоро дар муносибатҳояшон бо фуқаро анҷом медоданд.[5] Расули гиромии Ислом (с) илова бар роҳҳо ва равишҳое,ки баён намудаанд, сиёсатҳои дигаре низ дар бораи фақрзудоӣ доштаанд, ки ҳоло ба бархе онҳо ишора мекунем.1. Закот
Худованд дар китоби худ ҳар ҷо ,ки аз намоз ёд мекунад, дар канори он закотро ҳам ёдовар мешавад.Мисли ояи шарифаи : “Намозро барпо дошта ва закотро пардохт кунед..."[6].Ин муқорина ва канори ҳам қарор гирифтан азамати ин ду ибодатро бар ибодатҳои дигар нишон медиҳад. Дар бораи бузургии намоз ҳамин як нукта кофӣ аст , ки Паёмбари Худо (с) онро “нӯри муъмин“[7] ва “сутуни дин“[8] хонда аст. Аммо ҳикмати азамати закот чист , ки канори чунин ибодати бузурге (мисли намоз) қарор гирифта аст ? Равшан аст , ки таовун ва кӯмак ба дигарон аз бузургтарин ибодатҳо маҳсуб мешавад ва аз он ҷо , ки закот кӯмак ба мустамандон буда, боиси бартараф шудани фақри онҳо мегардад, шояд ба ин ҷиҳат соҳиби азамат шуда ва дар канори намоз қарор гирифта аст. Сабаби дигари бузургии таовун ва кӯмак ба дигарон , ки закот намунае аз он мебошад, ин аст , ки махсуси Ислом намебошад. Дар Инглистон ба афроде , ки бекор ҳастанд ё қодир ба кор кардан нестанд, барои эҷоди таъмини иҷтимоиашон маблағе ба андозаи бартараф шудани эҳтиёҷ мепардозанд , ки ба он “бимаи[9] умӯмӣ” гуфта мешавад.[10]2. Хумс
Аз мавориди дигаре , ки дар беҳбӯди ҳоли фуқаро муассир аст, “хумс” мебошад , ки аввалин бор аз ғаниматҳо дар ғазваи[11] Бани Қайнақоъ пардох шуд. Хумс иборат аст аз ин, ки Расули Худо (с) аз панҷ як ҳиссаи ғаниматҳоеро , ки ба он Ҳазрат (с) тааллуқ дошт , ба панҷ қисм ҷудо менамуд , ки саҳми худи Расул (с), завилқурбо,[12]ятимон, мискинон ва дар роҳмондагон буд. Ҳамин тавр он Ҳазрат (с) бо бакоргирии хумс ба фақирону масокин ва ятимону афроди дар роҳмонда расидагӣ мекард.3. Садақа
Яке дигар аз роҳҳое, ки сабаби беҳбӯди ҳоли фуқаро ва мустамандон мешавад ва Худованд (ҷ) ҳам ба баракати он дарҳои раҳматашро боз карда ва дар партави он амнияту муҳаббат ва ҳусни тафоҳуму улфат гирифтани дилҳоро ба армӯғон меоварад, “садақа” аст. Аз тарафи дигар садақа нерӯи маънавии сарватмандонро афзоиш дода , эҳсосашонро дар бораи анҷом додани аъмоли хуб ва писандида бармеангезонад. Ба қавли равоншиносон: “Пояи саломати ақлӣ дар гарави иштироки инсонҳо дар маросим ва фаолиятҳои иҷтимоӣ аст”. Расули Худо (с) дар ҷанги Табук фармуданд : “Беҳтарини садақа он аст , ки фарди нодор онро ба сахтӣ диҳад”[13], зеро арзиши андаки чунин садақае агар беминнат бошад аз садақаи бузурге , ки ҳамроҳ бо миннат аст , бештар ва зиёдтар аст.4. Хироҷ
“Хироҷ” иборат аст аз даромади заминҳое , ки муслимин онҳоро фатҳ намудаанд ва ин заминҳо ҷӯзъи қаламрави Ислом қарор гирифта аст. Табиатан фоида ва сӯде , ки аз чунин заминҳо ба даст меояд , ҳаққи ҳамаи мардум мебошад ва ҳамчунин он сӯд дар роҳи масолэҳи умӯмии муслимин сарф мешавад. Гар чӣ хироҷ барои умӯми ҷомиа пардохт мешавад, вале табиӣ аст , ки дар беҳбӯди зиндагии фуқаро низ таъсир дорад , чун аксари мардуми ҳар ҷомэаро фақирон ва афроди миёнаҳол ташкил медиҳад. Ин воқеиятро метавон аз чигунагии амалкарди Расули Худо (с) дар мавриди даромади заминҳои Хайбар мушоҳида кард. Он Ҳазрат (с) нисфи даромади онро барои ҳаводис[14] ва ниёзҳои шахсии худ ба сифати ҳокими исломӣ нигоҳ дошт ва он нисфи дигарро ба ҳаждаҳ қисм тақсим намуда ва аз ҳар қисмате саҳми сад нафарро мушаххас намуд , ки теъдоди зиёди он афрод ба ҷиҳати нотавонӣ дар ҷанг ҳузур надоштанд ва фақиру бебизоат буданд.[15]5. Файъ
Сиёсати дигаре , ки Расули Худо (с) ба воситаи он ба фуқаро кӯмак мекард, “файъ” мебошад ва он заминҳое аст , ки муслимин онҳоро беҷанг ва даргирӣ ба даст овардаанд. Ин заминҳо мутаалиқ ба Расули Худо (с) ва завилқурбо аст ,ки дар сурати салоҳдид он Ҳазрат (с) даромади онро харҷ мекард. Ин навъ амалкард дар зиндагии Расули Худо (с) қобили мушоҳида аст , ки ишон даромади файъро барои ятимон , мискинон ва дарроҳмондагони муҳоҷир ихтисос дод , ки сабаби ташвиқи мусулмонон барои тақвияти нерӯи Ислом гардид. Ин ҳаракати хирадмандонаи Паёмбар (с) сабаб шуд , ки муҳоҷирини дӯр аз ватан фикри аз даст додани хона ва кошонаашон онҳоро нороҳат ва ғамгин накунад. Ҳамчунин даромади заминҳои Хайбар ва Фадакро низ вақфи мусулмонони фақир ва дарроҳмонда кард.[16]6. Каффорот
Роҳкори дигари Паёмбар (с) дар заминаи фақрзудоӣ , ки бо баён намудани он, қасд дорем сухани худро дар ин қисмат ба поён барем , “каффорот” аст , ки афрод ба хотири гуноҳоне , ки анҷом додаанд , ба фуқаро ва ниёзмандон бояд таом диҳанд ё қиммати онро ба унвони “каффораи гуноҳон” пардохт намоянд. “Фитрия” ё ҳамон “садақаи фитр” , ки маъмулан дар охири моҳи мубораки Рамазон ба фуқаро ва масокин дода мешавад , ба шукронаи тавфиқе аст , ки Худованд (ҷ) ба бандагонаш дода то бо саломатии комил дар меҳмониаш иштирок намоянд. Пардохт намудани садақаи фитр дар воқеъ монанди каффора аст, аммо махсуси хатоҳо ва иштибоҳҳое аст, ки шахси рӯзадор гоҳе дар моҳи мубораки Рамазон анҷом медиҳад. Паёмбари Аъзам (с) зимни суханоне дар фазилати ин амр мардумро ба пардохти он ташвиқ менамуданд.Барои мушоҳида намудани ин қабил аз ривоёт ба китобҳои фиқҳӣ метавон муроҷиа кард. Идома дорад. Манбаъ: китоби "ФАҚР ВА ФАҚРЗУДОӢ" аз Муҳаммад Алӣ Сафарӣ
[1] Муслиҳ -ислоҳгар.
[2] Ағниё -сарватмандон.
[3] Вил Давронт,Таърихи тамаддун,бахши аввал,саҳ.256.
[4] Ақди ухувват -пайванди бародарӣ.
[5] Маҷмӯамақолоти ҳамоиши байналмилалии сирашинохтии Паёмбари Аъзам (с),ҷ.2 саҳ.1138.
[6] Сӯраи Ал-бақара ,ояи 45.
[7] Чаҳор китоб ,китоби дуюм .
[8] Ҳамон китоб ,китоби дуюм.
[9] Бима-суғурта
[10] Маҷмӯамақолоти ҳамоиши байналмилалии сирашинохтии Паёмбари Аъзам (с),ҷ.2 саҳ.1148.
[11] Ғазва -ҷангҳои муқаддас, ки Расули Худо (с) барои дифоъ аз Ислом ва номуси мусулмонон дар он ширкат фармудаанд.
[12] Завилқурбо -аҳли байт ,хонадон, оила.
[13]Бино Разавӣ , Тарҳи таҳлилии иқтисоди исломӣ,саҳ.466.
[14] Ҳаводис- ҳодисаҳо,вазъияти фавқулода.
[15] Асадулло Баёт , Манобеи молии давлати исломӣ ,саҳ.49.
[16] Абӯлқосим Иҷтиҳодӣ , Вазъи молӣ ва молияи муслимин ,саҳ.325.