Ҳукми ришва додан ва ришва гирифтан дар Ислом
Ҳукми ришва додан ва ришва гирифтан дар Ислом
0 Vote
126 View
Пурсиш: Ассалому алайкум, як савол доштам устод ҷавоб медодед, дар кишвар порадиҳӣ ва порагирӣ хеле ривоҷ гирифтааст, агар пора надиҳӣ кор намеёбӣ, агар дар донишгоҳ ба устодон пора надиҳӣ, аз таҳсил мемонӣ, ҳатто агар пора надиҳӣ, имом-хатиб ҳам шуда наметавонӣ, аксари вазифаҳо нарх дорад, агар надиҳӣ бе вазифа мемонӣ... Лутфан ҳукми пора додан ва пора гирифтанро аз нигоҳи ислом тавзеҳ медодед, оё пора додан ва пора гирифтан ҷоиз аст? Абдулло Шарифзода Посух: Ва алайкум салом бародари арҷманд, мутаассифона, чунон ки фармудед, падидаи ришва додан ва ришва гирифтан дар ҷомеаи мо ривоҷи густардае пайдо кардааст. Дар посух ба пурсиши шумо, дар ин навиштор ҳукми ришва додан ва ришва гирифтан дар исломро ба сурати мухтасар тавзеҳ хоҳам дод, ба шарҳи зерин: 1. Дар ривояте Абдуллоҳ ибни Умар гуфтааст: "Ҳазрати Паёмбар (с) ҳар як аз ришвадиҳанда ва ришвагирандаро нафрин ва лаънат кардаанд." (Сунани Тирмизӣ, ки ривояти мазкурро ҳадиси ҳасани саҳеҳ гуфтааст, ҳамчунин Аҳмад низ ин ривоятро нақл карда). 2. Ҳам ришва хостан ҳаром аст, ҳам ришва додан ва ҳам ришва гирифтан, чунонки касе ки миёни ришвадеҳ ва ришвагир миёнҷигарӣ мекунад низ муртакиби амали ҳаром шудааст. (Алмуғнӣ 9/78, Кашфул-қиноъ 6/316, Аззавоҷир 2/188, Алкабоири Заҳабӣ 142, Ниҳоятул-муҳтоҷ 8/243, Найлул-автор 8/277, Ибни Обидин 4/303, Мавоҳибул-ҷалил 6/120, Алмуҳалло 9/131, 157). 3. Мунтаҳо, ҷумҳури фуқаҳо фатво додаанд, ки барои дур кардани зулм ва зарар аз хештан ришва додан ҷоиз аст, дар ин маврид, гуноҳ танҳо бар гардани ришвагиранда хоҳад буд, на ришвадиҳанда. (Кашфул-қиноъ 6/316, Ниҳоятул-муҳтоҷ 8/243, Қуртубӣ 6/183, Ибни Обидин 4/304, Алмуҳалло 9/157). Дар Фатовои Ҳиндия омадааст: "Агар барои дафъи зулм аз хеш ё касе аз хонаводааш ришва бидиҳад, гуноҳе накардааст." (35/176 ба нақл аз Ашшомила). Ба унвони мисол, агар ту дар кишваре зиндагӣ кунӣ, ки ҳақ ба ҳақдор намерасад ва як нафар заминатро ва ё молатро ғасб кунад ва ё ба ту ва ё яке аз наздиконат таҷовуз намояд, дар ин сурат, агар ситондани ҳақ ва ё муҷозоти ғосиб ва таҷовузгар фақат бо роҳи ришва додан имконпазир бошад (ва дигар роҳе вуҷуд надошта бошад), дар ин сурат ҷоиз аст ришва бидиҳӣ, то ҳаққи худро бистонӣ ва ғосиб ва таҷовузгар муҷозот ва ҳаққи ту зойеъ нашавад. Дар ин мисол, танҳо ришвагиранда муртакиби гуноҳ шудааст, на ту, ки барои эҳқоқи ҳаққи мусаллами худ чорае ҷуз ришва додан надоштӣ. Ришва барои идомаи таҳсил Ҳол, оё додани ришва ба устоди донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ (ки мутаассифона ба сурати васеъ ва густарда дар кишвари мо ривоҷ пайдо кардааст), мисдоқи "дафъи зарар аз хештан" ҳисоб меояд, то ришва додан ба ӯро ҷоиз бидонем? Посух ин аст: дар ин хусус, тардиде нест, ки устоди донишгоҳ ба унвони ришваргиранда, дар ҳар сурат гуноҳкор аст ва муртакиби амали ҳаром шудааст. Аммо донишҷӯ, агар бидуни ришва додан, имкони идомаи таҳсил барои ӯ вуҷуд дошта ва битавонад бо такя бар дониши худ идомаи таҳсил намояд, додани ришва бар ӯ ба ҳеч ваҷҳ ҷоиз нест ва агар дод, муртакиби амали ҳаром шудааст. Вале агар вазъият чунон бошад, ки агар ришва надиҳад, ӯро аз донишгоҳ меронанд ва бо ин ки дониши лозим ҳам дорад, ӯро аз идомаи таҳсил маҳрум хоҳанд кард, дар ин сурат, метавонад ришва бидиҳад ва ба таҳсили худ идома диҳад; албатта ба ин шарт, ки бо такя бар дониши худ идомаи таҳсил намояд, на бо такя бар ришва; зеро ӯ ришваро ба ин ҷиҳат надода, балки фақат ба хотири бақо дар донишгоҳ пардохта. 4. Ришва ба хотири қозӣ шудан ва ё ҳоким шудан, ки қатъан ҳаром аст; ҳам бар диҳанда ва ҳам бар гиранда. (Ибни Обидин 4/303). 5. Ришва гирифтани қозӣ барои содир кардани як ҳукм; ин маврид низ, ҳам бар диҳанда ҳаром аст ва ҳам бар гиранда. (Ибни Обидин 4/303). Сайидюнуси Истаравшанӣ Кимиёи саодат