Тафовути низоми фиқҳии аҳли ҳадис ва аҳли қиёс
Тафовути низоми фиқҳии аҳли ҳадис ва аҳли қиёс
Author :
Мудири сомонаи Кимиёи саодат
0 Vote
145 View
Ҷомеаи исломӣ аз оғози ташкил, бар меҳвари китоб (Қуръон) ва суннат таъсис шуд. Ин ҷомеа муқаррарот ва қавонини худро – чӣ ибодӣ бошад ё тиҷорӣ, чӣ маданӣ бошад ё ҷазоӣ ё сиёсӣ - аз манбаи ваҳйи илоҳӣ мехост. Он ҷо, ки таклифи як ҳодиса дар Қуръони Карим ба таври сареҳ баён шудааст ва ё суннати қатъӣ дар миён аст, таклиф рӯшан буд, аммо он ҷо, ки ояти сареҳ ё суннати қатъӣ вуҷуд надошт, табиатан пойи иҷтиҳод ва истинбот ба миён меомад. Инки иҷтиҳод аз кай оғоз шуд ва чӣ таҳаввулоте дар ҷомеаи исломӣ дошт, баҳси доманадоре аст. Албатта тардиде нест, ки ҳаддиақал пас аз вафоти Расули Худо (с) ин кор оғоз шуд, аммо инки оё аз аввал ба таври саҳеҳ анҷом гирифт ё ба таври носаҳеҳ, матлаби дигаре аст. Фиқҳи исломӣ низ монанди улуми дигар ба суръат татаввур ва мутакомил шуд ва табиатан низомҳои мухталифе дар он ба вуҷуд омад. Дар миёни аҳли тасаннун ду низоми фиқҳӣ ба вуҷуд омад: низоми аҳли ҳадис, ки бештар миёни фуқаҳои Мадина маъмул буд ва низоми раъй ва қиёс, ки бештар миёни фуқаҳои Ироқ маъмул буд. Равиши аҳли ҳадис ин буд, ки дар масоил, дар дараҷаи аввал, ба Қуръони Карим руҷӯъ мекарданд ва агар ҳукми масъаларо дар Қуръон намеёфтанд, ба ҳадиси Пайғамбар (с) муроҷеа мекарданд. Агар аҳодис мухталиф буд, ба тарҷеҳи аҳодис аз назари ровиёни санад мепардохтанд. Агар дар ҳадис намеёфтанд ва ё тарҷеҳе дар миёни аҳодиси мухталиф ба даст намеоварданд, ба ақвол ва фатовои саҳоба руҷӯъ мекарданд. Ва агар аз ин роҳ ҳам ба чизе даст намеёфтанд, кӯшиш мекарданд ба наҳве аз ишороте, ки дар нусус ҳаст чизе истифода кунанд ва ба нудрат иттифоқ меуфтод, ки ба раъй ва қиёс мутавассил шаванд. Аммо равиши аҳли қиёс ғайри ин буд. Онҳо агар ҳукмеро дар Қуръон ё суннати қатъӣ намеёфтанд, ба аҳодиси ғайриқатъӣ чандон эътимод намекарданд (ҳол, чӣ аз назари санад ғайриқатъӣ бошад ва чӣ аз назари маъно); зеро онҳоро ғолибан таҳрифшуда медонистанд. Онҳо мӯътақид буданд, ки як нафар фақеҳ дар асари муморисат дар муқаррароти қатъии исломӣ, бо руҳи қавонини исломӣ ошно мешавад ва аз рӯйи мушобиҳот метавонад ҳукми масъалаи мавриди назарро иктишоф кунад. Аҳли раъй ва қиёс мӯътақид буданд, ки “адолат” ва “маслиҳат” метавонад роҳнамои хубе барои фақеҳ бошад. Ин ҷо буд, ки фақеҳ худро муваззаф медид, ки дар бораи он чӣ “муқтазои адолат” аст ва он чӣ маслиҳат иқтизо мекунад, бияндешад. Аҳли ҳадис равиши аҳли қиёсро навъе ифрот дар руҷӯъ ба ақл ва навъе кӯтоҳӣ дар тамассук ба ҳадис ва ба иборати дигар, навъе сатҳинигарӣ дар кашфи масолеҳи воқеӣ талаққӣ мекарданд, онҳо мегуфтанд: ақлро нарасад, ки соддапиндорӣ кунад ва хиёл кунад, ки ба реша ва руҳи аҳком метавонад бирасад. Мутақобилан, аҳли қиёс аҳли ҳадисро ба ҷумуд ва таҳаҷҷур муттаҳам мекарданд. Кимиёи саодат