Имом Абумансури Мотуридӣ

Абумансури Мотуридии Самар­қандӣ, яке аз мутаккалимон, фақеҳон, ва муфассирони бузурги олами Ислом дар асри худ ба ҳисоб рафта, аз худ ба уммати исломӣ мактаби бузурги каломиро ба мерос гузоштааст, ки то ба ҳол дар аксари кишварҳои ҷаҳон таълимоти ӯ ба донишҷӯён таълим дода мешавад. Ин донишманди олами Ислом дар замоне умр ба сар мубурд, ки дар сарзамини ҷаҳони Ислом фирқаҳои мухталифи исломӣ ва ғайриисломӣ, рушд намуда, рӯ ба паҳн намудани ақидаҳои ботил ва дур аз ҳақиқати худ буданд. Аммо Худованди мутаъол бо заҳмати чунин донишмандон, ақидаи саҳеҳ ва рисолати ноби муҳаммадиро аз хатари чунин фирқаҳо ҳифз намуд. Имом Абумансури Мотуридӣ барои солим нигоҳ доштани ақидаи исломӣ даҳҳо китоб таълиф намуда, ба фарқаҳои дур аз таълимоти исломӣ радияҳои мудаллал навиштааст. НОМУ НАСАБ Абумансур Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридӣ. Мотрит ва ё Мотрид маҳаллае дар шаҳри Самарқанд мебошад. Аз ин лиҳоз Имом Абумансури Мотуридиро ба Самарқандӣ низ нисбат дода уро Абумансури Мотуридии Самарқандӣ зикр мекунанд. Бештари муҳаққиқон, аз ҷумла Аллома Зубайдӣ шаҷараи насабии Абумансури Мотуридиро ба саҳобии бузурги Паёмбар (с), ҳазрати Абуаюби Ансорӣ, ки мизбонии Паёмбар (с)-ро дар Мадина ба дӯш дошт, мерасонанд. Дар бораи хонавода падар, модар ва бародарони Мотуридӣ таърихнигорон чизе қайд накардаанд, фақат ҳамин қадар зикр шудааст, ки ӯ дар хонаводаи диндор ба дунё омадааст. Баъзе аз донишмандон дар бораи нисбат гирифтани Абумансур ба “Мотуридӣ” навиштаанд, ки он баргирифта аз номи зодгоҳаш Мотурид, деҳае дар наздикии шаҳри Самарқанд мебошад. Ин деҳа дар сарчашмаҳо ба номҳои гуногун, аз қабили Мотурид, Морурита, Мотрит низ зикр шудааст. ТАВАЛЛУД ВА РУШДИ ИМОМ МОТУРИДӢ Сарчашмаҳои таърихӣ санаи муайяни таваллуди Имом Абумансури Мотуридиро зикр накардаанд. Аммо он чӣ барои мо маълум аст, ин мебошад, ки эшон дар замони Мутаваккил, халифаи Аббосӣ, ки даврони хилофаташ аз соли 232 то 247 -и ҳиҷриро дар бар мегирад, ба дунё омадааст. Баъзе аз донишмандон соли таваллуди Имом Абумансури Мотуридиро мутобиқ ба соли 238-и ҳиҷрӣ гуфтаанд. Онҳо бо таваҷҷуҳ ба таърихи вафоти ду устоди Абумансури Мотуридӣ Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ, ки соли 248-и ҳиҷрӣ вафот намудааст ва дигаре Насир ибни Яҳё Балхӣ, ки вафоташ ба соли 268-и ҳиҷрӣ рост меояд, чунин натиҷагирӣ кардаанд, ки Абумансури Мотуридӣ бояд қабл аз вафоти Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ, яъне қабл аз соли 248-и ҳиҷрӣ омодагии дарёфти улумро дошта бошад, пас, табиист камтар аз даҳ сол надоштааст, ки назди устод касби илм мекардааст. Бинобар ин тибқи тахмин ва таҳқиқи ин донишмандон, метавон гуфт, ки Абумансури Мотуридӣ дар соли 238 -и ва ё анадке қабл аз он ба дунё омада ва то замони вафоти устодаш ҳадди ақал даҳ сол доштааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар сарчашмаҳое, ки дар бораи шарҳи ҳоли Имом Абумансури Мотуридӣ сухан гуфтаанд, чизи зиёде дар бораи зиндагонияш, аз ҷумла даврони таълм гирифтанаш зикр накардаанд. Тақрибан аксари таърихнависон ба сурати гузаро ва ё бо ишораҳои андаке ба зиндагонии Имом Мотуридӣ пардохтаанд. Ва дақиқан зикр нашудааст, ки Имом Абумансури Мотуридӣ чӣ гуна парвариш ёфт, чӣ гуна таълими илм намуд ва барои касби илм ба кадом шаҳрҳо сафар намуд. ПУШТИБОНӢ АЗ СУННАТИ НОБИ МУҲАММАДӢ Дар нимаи дувуми асри сеюми ҳиҷрӣ дар кишварҳои исломӣ ҷараён ва фирқаҳои гуногуни каломӣ ва ақоидии исломӣ ва ғайриисломӣ арзи вуҷуд карда буданд. Сарзамини Мовароуннаҳр низ аз мавҷи ҳуҷуми чунин фирқаҳо бетаъсир набуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Самарқанд, ки зодгоҳи Имом Абумансури Мотуридӣ ба шумор меравад, фирқаҳои зиёде, ки баъзеашон мансуб ба Ислом ва баъзи дигар ғайриисломӣ маҳсуб мешуданд, зуҳур карда буданд. Аз ҷумла фирқаҳои муҷассама, муътазила, Ҷаҳамия, Қаромита, Каромия ва ғайра, ки худро мансуб ба Ислом медонистанд. Фирқаҳои ғайриисломӣ бошад ба мисли маннония, фирқаи Ибни Дисон, марқуния, яҳудиҳо ва ғайра низ дар ин сарзамин буруз карда буданд. Имом Абумансури Мотуридӣ мактаби каломии худро барои пуштибони аз ақида ва суннати ноби муҳаммадӣ таъсис дода, бар зидди фирқаҳои дур аз ҳақиқат муборизаро оғоз намуда, дар маҷолиси бузург бо сардорони он ҷараёну фирқаҳо мунозира намуда, назарияҳои ботили онҳоро бармало менамуд. Ва бо далелҳои нақливу ақлӣ ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мудаллал медод. Имом Мотуридӣ барои нақду баррасӣ ва баёни афкор ва мақсадҳои ҷараёнҳои дур аз ҳақиқат китоби “ат-тавҳид”-и худро таълиф намуд, ки дар он назарияҳои мухталифи фирқаҳову ҷараёнҳои гуногуни исломӣ ва ғайриисломиро зикр намуда, сипас бо далелҳои ақливу нақлӣ бар онҳо ҷавоб гардонидааст. Имом Мотуридӣ ҳамчунин чандин асарҳои дигар дар радди ҷараёну фирқаҳои мунҳарифа ва дифоъ аз ақидаи солими исломӣ, таълиф намудааст, ки онҳо дар расонидани ақидаи солим ба мардум аҳамият хос, доранд. Ин ҳама хидматҳои ӯ дар ҳифзи ақидаи исломӣ ва пуштибонияш аз суннати Паёмбар (с) буд, ки шогирдону донишмандон ва мардуми асраш ӯро бо тахаллусҳои Имом-ул-ҳудо, Алам-ул-ҳудо, Имом-ул-мутакаллимин, Раиси аҳли суннат, Имоми зоҳид, Мусаҳҳеҳи ақоиди мусалмонон ва Рофиъи аълом-ус-суннати вал ҷамоат ном мебурданд. ТАЪЛИФОТИ ИМОМ МОТУРИДӢ Аксаран мардум ва ҳатто баъзе аз аҳли илм фикр мекунанд, ки Имом Мотуридӣ танҳо донишманди илми калом буду бас. Лекин ҳақиқат он аст, ки Имом Мотуридӣ на танҳо як донишманди мутакаллим, балки фақеҳу муфассири забардаст низ ба ҳисоб мерафт. Таълифоти Имом Мотуридӣ худ гувоҳи он аст, ки Ӯ қувваи баланди зеҳнӣ ва истеъдоди фавқулодда доштааст. Ӯ бо фаҳмиши васеъу қувваи фавқулоддаи зеҳнияш тавонистааст илмҳои замони худро аз худ карда дар илмҳои мухталиф асарҳо таълиф намояд. Муҳумтарин асарҳои Имом Мотуридӣ китобҳои “ат-тавҳид”, “Таъвилоти аҳли суннат”, “Шарҳи фиқҳи акбар”, “Рисолатун фӣ ақида”, Рисолатун фӣ имон”, “Мақолот”, “Баёну ваҳмил муътазила”, “Радду ало қаромита” “Радду имома ли баъзир-равофиз”, “Китоб-ул-ҷадал” ва ғайраҳо мебошанд, ки аксарашон дар радди ҷараёнҳои мунҳариф ва ҳифзи ақидаи солими исломӣ навишта шудаанд. ВАФОТИ ИМОМ МОТУРИДӢ Имом Мотуридӣ баъд аз оне, ки умри пурбаракати худро дар хидмати дин, пуштибонӣ аз ақидаи исломӣ ва мубориза бо аҳли бидъату гумроҳӣ сарф намуд, соли 333-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 944-и мелодӣ дар шаҳри Самарқанд вафот намуда, ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Алабтта, баъзе аз сарчашмаҳои таърихӣ вафоти Имом Мотуридиро соли 332 ва ё 335 -и ҳиҷрӣ низ қаламдод кардаанд, аммо қавли машҳур ва муътабар ҳамон аст, ки ӯ дар соли 333-и ҳиҷрӣ вафот намудааст. Ҷаннатуллоҳи Комил Манбаъ: сомонаи Наҳзат