Масъалаи чандҳамсарӣ аз дидгоҳи ислом (2)

Посухи ишколи дуввум: Аммо ҷавоби ишколи дуввум он аст, ки ин истидлол (ки мегуфт, чандҳамсарӣ мухолифи ҷараёни табиат аст, чун оморгириҳое, ки дар қарнҳои паёпай аз умматҳо шудааст нишон медиҳад, ки ҳамвора адади марду зан баробар буда ва ё мухтасар ихтилофе доштааст, ки маълум мешавад табиат барои як мард як зан таҳия карда), аз чанд ҷиҳат нодуруст аст: 1. а) Амри издивоҷ танҳо муттакӣ ба масъалаи омор нест, балки дар ин миён омилҳо ва шароити дигаре вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо рушди фикрӣ аст, ки занон зудтар аз мардон рушд ёфта ва омодаи издивоҷ мешаванд. Занон, махсусан дар манотиқи гармсер, вақте аз 12 ё 13 солагӣ мегузаранд, салоҳияти издивоҷ пайдо мекунанд, дар ҳоле ки бисёре аз мардон қабл аз 16 солагӣ ба ин рушд ва ин омодагӣ намерасанд. Далел ва шоҳид бар ин матлаб, равиши маъмул дар миёни духтарони кишварҳои ғарбӣ аст, ки камтар духтареро метавон ёфт, ки то синни қонунӣ (масалан 16 ё 17 солагӣ) бакораташ маҳфуз монда бошад. Ин нест магар ба хотири ин ки табиат, чанд сол қабл аз синни қонунияш, ӯро омодаи никоҳ карда ва чун қонун иҷозаи издивоҷ ба ӯ намедода, бакорати худро муфт аз даст додааст. Агар мо навҷавонони 16 солаи як кишварро (бо ин фарз, ки адади духтаронаш баробар бо писаронаш бошад) дар назар бигирем, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки духтарон зудтар ба синни балоғат мерасанд, дар ин ҳангом (яъне он ҷо ки ҳама ба синни 16 солагӣ расидаанд), қатъан теъдоди навҷавонони болиғи духтар, беш аз теъдоди навҷавонони болиғи писар мебошад (яъне духтарони 16 сола, ба иловаи духтарони аз 12 сола ба боло). Худатон қазоват кунед, ки дар ин ҳангом, дар баробари ҳар ҷавони писари болиғ (16 сола), чанд то духтари болиғ (16 солаҳо ба иловаи аз 12 сола ба болоҳо) қарор мегирад? Мо гуфтанӣ нестем, ки аз ин ба баъд, мардон ҳама чанд то ҳамсар ихтиёр кунанд. Ислом мегӯяд, агар шароит дошта бошед, беш аз як то ҳамсар ихтиёр кунед, на ин ки ин кор як амали воҷиб бошад. Мо дар ин ҷо фақат дар мақоми посух ба он ишкол ҳастем, ки мегӯяд, табиат барои як мард як зан таҳия кардааст, ва мо гуфтем, ки ҳатто агар чунин оморе дуруст бошад, боз мушкил ҳал намешавад. б) Гузашта аз ин, ин матлабро ҳам набояд аз зеҳн дур кунем, ки тибқи омори расмӣ, ғолибан занон умрашон аз мардон бештар аст. в) Илова бар он чи гуфта гузаштем, инро ҳам бояд изофа кунем, ки дастгоҳи таносулии мард умраш бештар аз дастгоҳи таносулии зан аст, зеро ағлаби занон дар синни 50 солагӣ йоиса[1] мешаванд ва дигар баччадони онон фарзанд парвариш намедиҳад, дар ҳоле ки дастгоҳи таносулии мард ҳатто то охири умраш қодир ба тавлиди насл мебошад. Агар мо ин сабабро бо сабаби қаблӣ рӯи ҳам дар назар бигирем, ин натиҷа ба даст меояд, ки табиат ва хилқат, ба мардон иҷоза дода то аз издивоҷ бо як зан фаротар раванд ва беш аз як ҳамсар дошта бошанд. Маъқул нест, ки табиат нерӯи тавлидро ба мардон бидиҳад ва дар айни ҳол ононро аз тавлид манъ кунад. г) Илова бар ин ҳама, ҳодисаҳое, ки афроди ҷомеаро нобуд месозад; яъне ҷангҳо, низоъҳо ва ҷиноятҳо, мардонро бештар таҳдид мекунад то занонро, ба тавре ки теъдоди нобудшавандагон аз мардон қобили муқойиса бо адади нобудшавандагон аз занон нест. Қаблан ҳам тазаккур додем, ки ҳамин маъно қавитарин омил барои густариши чандҳамсарӣ дар замони пеш будааст. Бинобар ин, заноне, ки ба ин иллатҳо шавҳари худро аз даст медиҳанд, чорае ҷуз ин надоранд, ки ё чандҳамсариро бипазиранд ва ё тан ба зино ва ё маҳрумият диҳанд. Зеро бо марги шавҳарон ғаризаи ҷинсии онон намемирад ва ботил намешавад. Аз ҷумла матолибе, ки ин ҳақиқатро таъйид мекунад, ҷараёнест, ки чанд моҳ қабл аз навиштани ин авроқ, дар яке аз кишварҳо (дақиқан ёд надорам кадом кишвар буд) иттифоқ афтод. Ва он ин буд, ки ҷамъияти занони бешавҳар нигаронии худро аз надоштани шавҳар тайи шикоятҳое ба давлат изҳор намуда ва тақозо карданд, ки барои илоҷи ин дард, масъалаи чандҳамсарӣ дар исломро қонунӣ сохта, ба мардон иҷоза диҳад то ҳар теъдод, ки хостанд зан бигиранд. Аммо давлат зоҳиран розӣ нашуд. Оре, давлат розӣ шуд, ки зино ва фасод густариш ёбад, вале розӣ нашуд, ки чандҳамсарӣ дар ин кишвар расмият пайдо кунад. 2. Истидлол ба ин ки “табиати навъи башар адади мардонро баробари адади занон қарор додааст”, бо сарфи назар аз ишколоте, ки дар боло арз шуд, замоне истидлоли дурусте хоҳад буд, ки ҳамаи мардон чаҳор зан бигиранд ва ё ҳадди ақалл беш аз як зан ихтиёр кунанд, дар ҳоле ки чунин набуда ва баъд аз ин низ чунин нахоҳад шуд. Барои ин ки табиат чунин мавқеиятеро дар ихтиёри ҳамагон қарор надода ва табъан беш аз як зан доштан ҷуз барои баъзе аз мардон фароҳам намешавад. Ислом низ, ки ҳамаи дастуроташ мутобиқ бо фитрат ва табиат аст, чаҳор зан доштанро бар ҳамаи мардон лозим накарда, балки танҳо барои касоне, ки тавоноӣ доранд ҷоиз дониста (на воҷиб); он ҳам дар сурате ки битавонанд байни ду зан ва ё бештар ба адолат рафтор кунанд. Яке аз рӯшантарин далел бар ин ки лозимаи ин қонуни исломӣ ҳараҷ ва фасод нест, амали мусалмонон ба ин ташреъ ва сираи онон бар ин суннат аст, ва ҳамчунин ғайри мусалмонон аз қавмҳое, ки ин амалро ҷоиз медонанд, ва на танҳо мусталзими ҳараҷ ва қаҳтӣ ва ноёбии зан нест, балки баръакс мамнуияти чандҳамсарӣ дар миллатҳое, ки онро таҳрим кардаанд, боис шуда ҳазорон зан аз шавҳар ва иҷтимои хонаводагӣ маҳрум бошанд ва ба додани зино иктифо кунанд. 3. Ислом бар мардоне, ки мехоҳанд чанд то ҳамсар дошта бошанд, шарт кардааст, ки дар муошират бо онон риояти адолатро бикунанд ва бистари заношӯиро байни онон баробар тақсим кунанд. Ҳамчунин, воҷиб карда, ки нафақаи онон ва фарзандонашонро бидиҳанд. Маълум аст, ки риояти адолат дар инфоқ ва пардохти ҳазинаи зиндагии чаҳор зан ва авлоди онҳо ва низ риояти баробарӣ дар муошират бо онон, ҷуз барои баъзе аз мардони сарватманд фароҳам намешавад. Ва ин кор барои умуми мардум фароҳам ва муяссар нест. Илова бар ин, дар ин миён роҳҳои динӣ ва машрӯи дигаре ҳаст, ки бо ба кор бастани он, зан метавонад шавҳари худро мулзам созад, ки зани дигаре нагирад ва танҳо ба ӯ иктифо кунад. Посух ба ишколи севвум: Аммо ишколи севвум, ки мегуфт: “Ҷоиз кардани чандҳамсарӣ, мардонро ба шаҳватронӣ тарғиб ва ҳамчунин нерӯи шаҳватро дар ҷомеа тақвият кардан аст”, дар посухи ин ишкол бояд гуфт, ки соҳиби ин ишкол иттилоъ ва тадаббуре дар тарбияти исломӣ ва мақосиде, ки ин шариат думбол мекунад надорад. Ӯ намедонад, ки тарбияти динӣ нисбат ба занон дар ҷомеаи исломӣ он аст, ки занонро боифоф ва боҳаё бор меоварад ва тавре тарбият мекунад, ки худ ба худ думболи шаҳвату шаҳватронӣ намераванд. Аз сӯи дигар, дини ислом бар ин маъно иноят дорад, ки ҳадди ақалли тақозои табиӣ ва хостаҳои нафсонӣ ирзо гардад. Ин маъноро ҳам мавриди назар қарор дода, ки шаҳвати ҳеҷ марде дар ҳеҷ замоне дар бадан маҳсур нашавад ва водораш накунад ба ин ки ба таҷовузу фуҷуру фаҳшо олуда гардад. Агар мард ба доштани як зан маҳкум бошад, дар айёме, ки зан узр дорад (яъне дар айёми одати занона ва ё баъзе аз айёми бордорӣ ва вазъи ҳамл), ӯ ногузир ба фуҷур мешавад. Аз сӯи дигар, яке аз муҳимтарин мақосид ва ҳадафҳо дар назари шореи ислом, зиёд шудани насли мусалмонон ва обод шудани замин ба дасти онон аст. Пас, ин ҷиҳот ва амсоли он, мавриди эҳтимоми шореъ буда ва боис шудааст, ки шореи ислом ҳукми ҷавози чандҳамсариро ташреъ кунад, на тарвиҷи шаҳватронӣ ва тарғиби мардум ба ин ки дар шаҳавот ғарқ шаванд. Агар ишколкунандагон ба ислом, дар хусуси ташреи ин ҳукм инсоф медоштанд, ишколоти худро мутаваҷҷеҳи тамаддуни Ғарб мекарданд ва ҷо дошт ин тамаддунро ба тарвиҷи фаҳшо ва тарғиби мардон ба шаҳватронӣ муттаҳам созанд, на исломро, ки ҷомеаро бар пояи саодати динӣ қарор додааст. Дар таҷвизи чандҳамсарӣ ин асар ҳаст, ки шиддати ҳирси мардро шикаста ва таскин медиҳад, чун ба қавли маъруф: “Ҳар он кас ки аз чизе манъ шавад, ба он ҳарис мегардад”. Ва марде, ки мамнӯъ аз чизе мешавад, ҳамму ғамме ҷуз ин надорад, ки пардаи манъро пора ва девори ҳабсро бишканад ва худро ба он чи аз он маҳрумаш кардаанд бирасонад. Агар қонун мардро аз ғайри ҳамсари аввалаш манъ кунад, ҳаристар мешавад, вале агар қонун ба ӯ иҷозаи гирифтани ҳамсари дуввум ва севвумро бидиҳад, ҳарчанд беш аз як ҳамсар надошта бошад, ташнагии ҳирсаш фурӯ менишинад ва бо худ фикр мекунад, ки барои гирифтани ҳамсари дигар роҳ боз аст ва касе наметавонад маро пешгирӣ кунад. Агар рӯзе худро дар тангно бибинам, аз ин ҳаққ истифода мекунам, на ин ки ба зино даст бизанам. Назари бархе аз мунсифони ғарбӣ Дар миёни ғарбиҳо баъзе аз нависандагон риояти инсофро намуда ва гуфтаанд: Дар густариши зино ва фаҳшо байни миллатҳои масеҳимазҳаб, ҳеҷ омиле нерӯмандтар аз таҳрими чандҳамсарӣ ба василаи калисо набудааст. Ҷон Давенпорт (1789-1877), исломшиноси англисӣ дар як китоби худ мавсум ба “Узр ба пешгоҳи Муҳаммад (с) ва Қуръон” (тарҷумаи Саидӣ) ин инсофро ба харҷ додааст. Сайидюнуси Истаравшанӣ Кимиёи саодат