Масъалаи чандҳамсарӣ аз дидгоҳи ислом (3)

Посухи ишколи чаҳорум:

Аммо дар ҷавоб ба ишколи чаҳорум, ки мегуфт, “таҷвизи чандҳамсарӣ мақоми занро дар ҷомеа пойин меоварад”, бояд гуфт, ки ҳаргиз чунин нест. Занон дар ҳеҷ мактабе аз мактабҳои динӣ ва ё дунявӣ, на қадимаш ва на ҷадидаш, ҳамонанди ислом мавриди эҳтиром қарор нагирифтаанд ва ҳеҷ ойине аз ойинҳои қадиму ҷадид, ҳуқуқи ононро ҳамчун ислом риоят нанамудааст. Барои бештар рӯшан шудани ин масъала, матолиберо тавзеҳ хоҳем дод. Ҷоиз будани чандҳамсарӣ барои мард, дар ҳақиқат тавҳин ба зан ва аз байн бурдани мавқеияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ӯ нест, балки ба хотири масолеҳест, ки баёни баъзе аз онҳо гузашт. Бисёре аз нависандагон ва донишмандони ғарбӣ (чи донишмандони мард ва чи зан) ба ҳусни ин қонуни исломӣ эътироф намуда ва ба мафосиде, ки аз ноҳияи таҳрими чандҳамсарӣ гиребонгири дигар ҷомеаҳо шудааст эътироф кардаанд. Хонандаи азиз метавонад ба он навиштаҳо муроҷеа намояд. Қавитарин далели мухолифон Қавитарин ва шояд муҳкамтарин далеле, ки мухолифон хусусан ғарбиҳо ба қонуни чандҳамсарӣ гирифтаанд, ҳамон гирифториҳо ва мусибатҳоест, ки дар хонаҳои мусалмононе, ки ду зан ва ё чанд зан ҳаст мушоҳида мешавад, ки ин хонаҳо ҳамеша маҳалли доду фарёд ва ҳасад варзидан ба якдигар аст, ва аҳли он хона, аз рӯзе, ки зани дуввум, ё севвум ва ё чаҳорум вориди хонаи мард мешаванд то рӯзе, ки вориди қабр мегарданд, рӯи саодат ва хуширо намебинанд, то ҷое ки худи мусалмонон ин ҳасадро ба номи “бемории кундошӣ” номидаанд. Дар чунин замонест, ки ҳамаи отифаҳо ва эҳсосоти рақиқ ва латифи фитрӣ ва табиии занон нисбат ба шавҳар ва фарзандоне, ки шавҳар аз ҳамсари қаблияш дошта ва низ алоқа ба хона ва ҳамаи мутааллақоти он, ки аз сифатҳои ғаризии зан аст, ҷойи худро ба зидди худаш медиҳад, ва дар натиҷа хонаро, ки бояд ҷойи сукунат ва истироҳати одамӣ ва маҳалли бартараф кардани хастагии тан ва таллумоти руҳӣ ва ҷисмии инсон бошад ва ҳар марде дар зиндагии рӯзмаррааш дучори онҳо мешавад, ба сурати маъракаи қитол дармеояд; маъракае, ки дар он на барои ҷони касе эҳтироме ҳаст ва на барои обрӯяш ва на молаш, ва хулоса ҳеҷ кас аз каси дигар дар амон нест. Маълум аст, ки дар чунин хонае сафои зиндагӣ мубаддал ба кудурат гашта ва лаззати зиндагӣ аз он ҷо кӯч мекунад ва ҷойи худро ба зарбу шатму фаҳшову носазову хабаркашиву суханчиниву рақобату найранг медиҳад, ва баччаҳои чунин хонае низ бо баччаҳое дигар хонаҳо фарқ дошта ва доиман дар ҳоли ихтилофу мушоҷара ҳастанд, ва чи басо, ки корди мард ба устухонаш расида ва ҳамсари худро ба қатл бирасонад, ва ё зан дар садади нобуд кардани шавҳар, ва ё баччаҳо дар мақоми куштани якдигар ва ё дар садади куштани падар бароянд ва пайванди хешовандӣ ва қаробату бародарӣ ҷойи худро ба интиқому хунхоҳӣ бидиҳад. Маълум аст, ки чунон ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳамон тавр ки муҳаббати насли аввали хонавода ба наслҳои баъдӣ мунтақил мешавад, ҳамчунин душмании насли аввали хонавода ба наслҳое баъдӣ низ мунтақил мегардад”, хунрезӣ ва нобудии насл ва фасоди хона дар наслҳои марде, ки дорои ду зан мебошад идома ёбад. Аз тамоми инҳо, ки бигзарем, осори бади чандҳамсарӣ ба берун аз хона, яъне ба ҷомеа низ роҳ ёфта ва боиси шақоват ва фасоди ахлоқ ва қасоват, зулм, фаҳшо ва салби амнияту эътимод мегардад, махсусан ки агар ҷавози талоқро ҳам бар ин қонун (яъне ҷавози чандҳамсарӣ) изофа кунем, ба хубӣ рӯшан мешавад, ки ин ду ҳукм, кори мардони ҷомеаро ба куҷо мекашонад? Вақте мард битавонад ҳар киро хост бигирад ва ҳар як аз ҳамсаронашро хост талоқ диҳад, худ ба худ шаҳватпараст бор меояд. Чунин марде ҷуз пайравӣ аз шаҳавоташ ва хомӯш кардани оташи ҳирсаш ва гирифтани ин зану раҳо кардани он зан, иззат додан ба ину хор сохтани он, ҳеҷ коре ва ҳеҷ ҳамме надорад. Ва ин вази ҷуз табоҳ кардан ва бадбахт сохтани ниме аз мардуми ҷомеа (яъне занон), асари дигаре надорад, илова бар ин ки бо табоҳии он нисф (яъне занон), нисфи дигар (мардон) низ табоҳ мешаванд. Ин буд ҳосили суханони мухолифон, ки инсофан сухани дурустест ва мо қабул дорем, вале ҳеҷ як аз онҳо бар ислом ва ташреи ислом ворид нест, балки ҳамааш мутаваҷҷеҳи мусалмонон аст. Посух: Оре, агар мухолифон, асру давраеро нишон диҳанд, ки дар он давра мусалмонон ба аҳкоми дин ва таълимоти он амал карда бошанд ва дар он давра низ ин осори бад бар масъалаи чандҳамсарӣ ва ҷавози талоқ мутараттиб шуда бошад, он гоҳ метавонанд иддао кунанд, ки осори суи номбурда аз ноҳияи ҷавози чандҳамсарӣ ва талоқ аст, вале бо камоли таассуф, мусалмонон қарнҳост, ки ҳукумати исломӣ надоранд, ва онон, ки сардамдорони мусалмонон буданд ва ҳанӯз ҳастанд, солеҳ набуданд то мусалмононро бар тибқи тарбияти исломӣ ва бо таълимоти олии он тарбият кунанд, балки худи он сардамдорон дар пардадарӣ ва нақзи қонунҳо ва ибтоли ҳудуди дин пешгомтар аз дигарон буданд, ва возеҳ аст, ки мардум тобеи мароми подшаҳони хешанд. Агар мо бихоҳем дар ин ҷо ба нақли қисмате аз саргузашти фармонравоён ва ҷараёноте, ки дар дарбори онон ҷорӣ буда ва расвоиҳое, ки подшаҳон ва руасои кишварҳои исломӣ ба бор оварданд бипардозем, бояд дар ҳамин ҷо китобе ҷудогона бинависем. Кӯтоҳи сухан он ки агар ишколе ҳаст, ба мусалмонон ворид аст, ки иҷтимои хонаводагии хешро ба гунае тартиб додаанд, ки таъминкунанда саодати зиндагияшон нест. Илова бар ин, гуноҳи ин осори бад ба гардани мардон аст, на занону фарзандон, ҳарчанд ки ҳар касе масъули гуноҳи хеш аст, вале решаи тамоми ин мафосид ва бадбахтиҳо, равишу мароми ин гуна мардон аст, ки саодати худ ва ҳамсару фарзандони худ ва сафои фазои ҷомеаи хешро фидои шаҳватронӣ ва нодонии худ мекунанд. Аммо ислом, ҳамон тавр ки баён кардем, қонуни чандҳамсариро бидуни қайду банд ташреъ накарда ва аслан онро бар ҳамаи мардон лозим нанамуда, балки ба табиат ва ҳоли афрод таваҷҷӯҳ фармуда ва ҳамчунин оризаҳоеро, ки мумкин аст аҳёнан барои афроде ориз шавад дар назар гирифта, ва ба баёне, ки гузашт, салоҳияти қатъиеро шарт намуда ва мафосид ва маҳзурҳоеро, ки дар чандҳамсарӣ вуҷуд дорад баршумурда, ва дар чунин мавқеиятест, ки онро ҷоиз дониста, то масолеҳи ҷомеаи инсонӣ таъмин шавад. Ҳукми ҷавозро муқайяд ба сурате кардааст, ки ҳеҷ як аз мафосиди номбурда пеш наояд, ва он дар суратест, ки мард аз худ итминон дошта бошад ба ин ки метавонад байни чанд ҳамсар ба адолат рафтор кунад. Пас, танҳо касе ки чунин итминоне аз худ дорад ва Худои таоло чунин тавфиқе ба ӯ дода, аз назари дини ислом метавонад беш аз як зан дошта бошад. Аммо он мардоне, ки ишколкунандагон вазъашонро бо обу тоб нақл кардаанд, ки ҳеҷ инояте ба саодати худ ва зану фарзанди худ надоранд ва ҷуз сер кардани шикаму шаҳват ҳеҷ чизе барояшон мӯҳтарам нест ва зан барояшон ҷуз василае, ки барои шаҳватронии мардон халқ шудаанд мафҳуме надорад, онҳо иртиботе бо ислом надоранд ва ислом ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ аъмолашонро имзо нанамуда, ва аз назари ислом аслан зан гирифтан барои онон бо вуҷуди ин вазъе, ки доранд ҷоиз нест, ва агар воҷиди шароит бошанд ва занро як ҳайвон пиндоранд, танҳо як зан метавонанд ихтиёр кунанд. Адами ҷараёни саҳеҳи як қонун дар ҷомеае, ба маънои бутлон ва фасоди он қонун нест Дар ин ишкол, байни ду ҷиҳат халт ва омезиш сурат гирифтааст. Тавзеҳ ин ки: дар назари донишмандон, меъёр дар доварии ин ки чӣ қонуне аз қонунҳои ҷорӣ саҳеҳ ва чӣ қонуне фосид аст, осор ва натоиҷи он қонун аст, ки агар баъд аз пиёда шуданаш дар ҷомеа осораш мавриди писанд воқеъ шуд, он қонунро як қонуни хуб медонанд, ва агар натоиҷи хубе ба бор наоварад, мегӯянд, ин қонун хуб нест. Хулоса ин ки меъёри хубӣ ва бадии қонунро писанд ва адами писанди мардум медонанд, ҳол мардум дар ҳар сатҳе, ки бошанд ва ҳар дарку майле, ки дошта бошанд муҳим нест. Ман (Аллома Таботабоӣ) гумон намекунам, ки ин донишмандон ғафлат варзида бошанд аз ин ки чи басо мешавад, ки ҷомеае дорои баъзе суннатҳо ва одатҳо ва оризаҳое бошад, ки бо ҳукми мавриди баҳс насозад ва ин ки бояд ҷомеаро муҷаҳҳаз ва омода кард ба равише, ки мунофии он ҳукм ё он суннат набошад, то масири худро бидонад ва бифаҳмад, ки кораш ба куҷо меанҷомад ва чӣ асаре аз кори ӯ баҷо мемонад; хайр ё шарр, нафъ ё зарар? Чизе, ки ҳаст, ин донишмандон, дар қавонин, танҳо хосту тақозои ҷомеаро меъёр қарор медиҳанд, яъне тақозое, ки аз вазъи ҳозир ва зоҳири андешаи ҷомеа ношӣ мешавад, ҳол он вазъ ҳар чи мехоҳад бошад, ва он тафаккур ва андеша ҳар чи мехоҳад бошад, ва ҳар тақозо ки мехоҳад дошта бошад. Дар назари ин донишмандон, қонуни саҳеҳ ва солеҳ чунин қонунест ва бақияи қонунҳо ғайри солеҳ аст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки вақте мусалмононро мебинанд, ки дар водии гумроҳӣ саргардон ва дар партгоҳи ҳалокат воқеъанд ва фасод аз саросари зиндагии моддӣ ва маънавияшон меборад, он чи фасод мебинанд, ба ислом, яъне дини мусалмонон нисбат медиҳанд. Агар дурӯғ, хиёнат, бадбинӣ, поймол кардани ҳуқуқи якдигар, густариши зулму фасоди хонаводаҳо, ихтилол ва ҳарҷу марҷ дар ҷомеаро мушоҳида мекунанд, онҳоро ба қонунҳои динии доир дар байни онҳо нисбат медиҳанд ва мепиндоранд, ки ҷараёни суннати ислом ва таъсироти он монанди соири суннатҳои иҷтимоӣ аст, ки бо мутароким кардани эҳсосот дар байни мардум, бар онҳо таҳмил мешавад. Дар натиҷа аз ин пиндори худ натиҷа мегиранд, ки “ислом боиси ба вуҷуд омадани мафсадаҳои иҷтимоиест, ки дар байни мусалмонон ривоҷ ёфта ва ҳамаи ин зулмҳо ва фасодҳо аз ислом сарчашма мегирад”. Ҳамчунин натиҷаи ин пиндори ғалат аст, ки мегӯянд: “Агар ислом дини воқеӣ буд ва агар аҳком ва қонунҳои он хуб ва дарбардорандаи салоҳ ва саодати мардум буд, дар мардум асари саодатбахш мегузошт, на ин ки ваболи мардум бишавад”. Ин сухан, сухани дурусте нест, чаро ки ин донишмандон байни табиати ҳукми солеҳ ва муслиҳ ва байни мардуми фосид ва муфсид халт кардаанд. Ислом маҷмӯае аз маорифи эътиқодӣ, ахлоқӣ ва қавонини амалиест, ки ҳар се ин бахш бо якдигар мутаносиб ва муртабитанд, ва ин маҷмӯа вақте асар мегузорад, ки маҷмӯан амалӣ шаванд. Аммо агар касе маорифи эътиқодӣ ва ахлоқии онро ба даст оварда, вале дар марҳилаи амал кӯтоҳӣ кунад, албатта асаре нахоҳад дошт, монанди маъҷунҳо, ки вақте як ҷузъи он фосид мешавад ҳамаашро фосид мекунад ва асари мухолиф ба ҷой мегузорад. Гирем, ки суннати исломӣ нерӯи ислоҳи мардум ва аз байн бурдани сустиҳо ва разилатҳои умумиро ба хотири заъфи мабонии қонунияш надошта бошад, аммо суннати демократӣ чаро ин нерӯро надошта ва дар бархе аз билоди ҷаҳони севвум он асареро, ки дар билоди Аврупо дошт надорад? Хуб буд суннати демократӣ баъд аз нотавонии ислом, битавонад моро ислоҳ кунад? Чӣ шудааст бар мо, ки ҳар чи бештар пеш меравем ва ҳар чи зиёдтар барои пешрафт талош мекунем, бештар ба ақаб бармегардем? Касе шакк надорад дар ин ки аъмоли зишт ва ахлоқи разила дар ин аср, ки рӯзгори ба истилоҳ тамаддунӣ аст, дар мо решадортар шуда, бо ин ки наздик ба ним қарн аст, ки худро “рӯшанфикр” пиндоштаем, дар ҳоле ки ҳайвоне бебанду боре беш нестем. На баҳрае аз адолати иҷтимоӣ дорем ва на ҳуқуқи башар дар байни мо зинда шудааст. Аз маорифи олӣ ва умумӣ ва саранҷом аз ҳар саодати иҷтимоӣ ҷуз лафзҳои бемуҳтаво ва дилхушкун баҳрае надорем, танҳо лафзҳое аз ин ҳуқуқ бар сари забонамон радду бадил мешавад. Оё метавонед барои ин ҷавоби нақзӣ, ки мо бар шумо ворид кардем посухе бидиҳед? На, ҳаргиз ва ҷуз ин наметавонед узр биёваред, ки дар посухи мо бигӯед: Ба ин ҷиҳат низоми демократӣ натавонистааст шуморо ислоҳ кунад, ки шумо ба дастуроти низоми демократӣ амал накардед то осори хубе дар шумо ба ҷой бигузорад. Агар ин ҷавоби шумо дуруст аст, чаро дар мавриди мактабҳои ислом дуруст набошад? Оре, чи бисёр суннатҳо ва одобе, ки (чи дуруст ва чи нодуруст) дар ҷомеа ривоҷ дошта ва сипас ба ҷиҳати омилҳои мухталиф (ки муҳимтаринаш хиёнати сардамдорон ва сустирода будани пайравони он мебошад) аз он ҷомеа рахт барбаста аст ва касе ки ба китобҳои таърих муроҷеа кунад, ба ин матлаб бархӯрд мекунад. Эй кош медонистем, ки (дар назари донишмандони ғарбӣ) чи фарқест байни ислом аз он ҷиҳат, ки суннатест иҷтимоӣ ва байни ин суннатҳо, ки тағйиру табдил ёфтааст, ва чӣ гуна аст, ки ин узрро дар суннатҳои мазкур мепазиранд, аммо ҳамон узрро аз ислом намепазиранд? Ростӣ, иллати ин як бому ду ҳаво чист? Оре, бояд гуфт, ки имрӯз калимаи ҳаққ дар миёни қудрати ҳавлангези ғарбиён, ва ҷаҳолат ва тақлиди кӯр-кӯрона ва ба иборати дигар маръуб шудани шарқиён аз он қудрат, воқеъ шуда, пас на осмонест, ки бар ӯ соя афканад ва на замине, ки ӯро ба пушти хеш нишонад. Ғарбӣ ҳозир нест ҳаққонияти исломро бипазирад ба хотири ин ки илму санъаташ ӯро мағрур сохтааст, шарқӣ низ наметавонад онро бипазирад ба хотири он ки дар баробари тамаддуни Ғарб маръуб шуда. Чакидаи сухан аз матолибе, ки гузашт: Ба ҳар ҳол, он чиро ки лозим аст аз баёноти муфассали қаблии мо мутазаккир шуд, ин аст, ки таъсир гузоштан ва таъсир нагузоштан ва ҳамчунин боқӣ мондан ва аз байн рафтани як суннат дар миёни мардум, чандон иртиботе бо дурустӣ ва нодурустии он суннат надорад, то аз ин матлаб бар ҳаққонияти як суннат истидлол кунем ва бигӯем, ки чун ин суннат дар байни мардум боқӣ монда, пас ҳаққ аст. Ва ҳамчунин истидлол кунем ба ин ки чун фалон суннат дар ҷомеа матрук ва беасар шудааст, пас ботил аст, балки иллатҳо ва асбоби дигаре дар ин бора асар доранд. Бинобар ин, мебинем ҳар суннате аз суннатҳо, ки дар ҳамаи давронҳо дар байни мардум доир буда ва ҳаст, як рӯз асари худро мебахшад ва рӯзи дигар ақим ва беасар мемонад. Рӯзе дар байни мардум боқист ва рӯзгоре дигар ба хотири омилҳои мухталиф аз миёни он мардум кӯч мекунад; ба фармудаи Қуръони карим: “Худои таоло рӯзгорро дар байни мардум даст ба даст мегардонад; як рӯз ба комимардуме ва ба нокомии мардуме дигар, ва рӯзи дигар ба нокомии дастаи аввал ва ба коми дастаи дуввум мечарханд, то маълум кунад, ки афроди боимон чӣ касоне ҳастанд, то ҳамонҳоро гувоҳ бар дигарон қарор диҳад”. Кӯтоҳи сухан ин ки қонунҳои исломӣ ва аҳкоме, ки дар он ҳаст, бар ҳасаби мабно ва машраб, бо соири қонунҳои иҷтимоӣ, ки дар байни мардум доир аст, тафовут дорад, ва он тафовут ин аст, ки қонунҳо ва суннатҳои башарӣ, ба ихтилофи асрҳо ва дигаргуниҳо, ки дар масолеҳи башар падид меояд, дигаргун мешавад, вале қонунҳои исломӣ ба хотири ин ки мабнояш масолеҳ ва мафосиди воқеӣ аст, ихтилоф ва дигаргунӣ намепазирад; на воҷибаш ва на ҳаромаш, на мустаҳаббаш ва на макрӯҳаш ва на мубоҳаш... Чизе, ки ҳаст ин аст, ки корҳоеро дар иҷтимоъ як фард метавонад анҷом бидиҳад ва ё тарк намояд ва ҳар гуна тасарруферо, ки мехоҳад метавонад бикунад ва метавонад накунад, бар зимомдори ҷомеаи исломӣ аст, ки мардумро ба он амал, агар воҷиб аст водорад ва агар ҳаром аст аз он наҳй кунад ва.., гӯё ҷомеаи исломӣ як тани воҳид аст ва зимомдор нерӯи фикрӣ ва идоракунандаи ӯст. Бинобар ин, агар ҷомеаи исломӣ дорои зимомдор бошад, метавонад мардумро аз зулмҳое, ки шумо дар ҷавози чандҳамсарӣ шумурдед наҳй кунад ва аз он корҳои зиште, ки дар зери пӯшиши чандҳамсарӣ анҷом медиҳанд пешгирӣ намояд, ва ҳукми илоҳӣ ба ҷавози чандҳамсарӣ ба ҳоли худ бимонад ва он фасодҳо ҳам падид наояд. Оре, ҳукми ҷавози чандҳамсарӣ як тасмим ва ҳукмест доимӣ, ки ба манзури таъмини масолеҳи умумӣ ташреъ шуда монанди тасмими як фард ба ин ки чандҳамсариро ба хотири маслиҳате, ки барои шахси ӯ дорад тарк кунад, ки агар ӯ ба хотири он маслиҳат чанд ҳамсар нагирад, ҳукми Худоро тағйир надода ва нахостааст бо ин амали худ бигӯяд чандҳамсариро қабул надорам, балки хостааст бигӯяд ин ҳукм ҳукмест мубоҳ ва ман метавонам ба он амал накунам. Поёни навиштор Сайидюнуси Истаравшанӣ Кимиёи саодат