Маънои ҳоким ва ҳукумат

Масъалаи аввал масъалаи мафҳуми ҳукумат аст. Дар таъбироти роиҷ дар забони арабӣ барои ҳоким ин таъбирот вуҷуд дошта ва дорад, султон ва молик. Калимаи султон дар худ маънои султа дар ҳоким будан аст. Яъне касе ки ҳоким ҳаст фақат ӯ ҳаққи дахолат дар умури мардумро дорад ва дигарон ҳаққи дахолат надоранд, аз ин ҷиҳат султагарии ӯ мавриди таваҷҷӯҳ аст. Малик ва моликият ва мулукият, маънои молики мардум ва ё сарнавишти мардум аст. Дар наҳҷулбалоға барои ҳокими Исломӣ таъбири малик ва ё султон бакор бурда нашудааст. Дар Наҳҷулбалоға калимаҳои раҳбар ва пешво ва имом истифода шудааст. Маънои раҳбар ҳам бо раҳнамо фарқ дорад. Раҳбар касе аст ки агар ҷамъиятеро, ба дунболи худ мекашад, худ пешқадам ва талоядори ҳаракат аст. Мафҳуми ҳаракат ва пешравӣ ва пешқадамӣ дар хатте ки мардум ҳаракат мекунанд дар калимаи имом вуҷуд дорад. Таъбири дигар таъбири волӣ аст, волӣ аз калимаи вилоят аст ва бо муштаққоти волӣ ки аз вилоят ё валоят гирифта мешавад метавон ба буъди мавриди назар дар ин калима таваҷҷуҳ кард. Вилоят дар асли луғат ба маънои пайванд ва ба ҳам часпидагии ду чиз аст. Луғат мегӯяд часпидани ду чиз ки ҳеҷ чизе миёни он ду фосила нашавад. Дар таъбири форсӣ ба ҳам пайвастагӣ ва иртиботи комили том маънои вилоят аст. Албатта барои вилоят маъонии дигар ҳам ҳаст мисли муҳаббат ва сарпарастӣ ва озод кардани банда ё бардагӣ ва арбоби барда будан аст. Ин маъноҳое ки барои вилоят зикр шудааст дар ҳамааш мисдоқи пайванд ва пайвастагӣ ҳаст. Волии уммат ва волии раъият касе ҳаст ки умури мардумро бар ӯҳда дорад, ва бо онҳо пайваста аст. Ин буъди хосси ҳукуматро аз назари Наҳҷулбалоға ва Амиралмӯъминин равшан мекунад. Валийи амр яъне ӯҳдадори ин кор, ҳеч имтиёзе дар ин калима вуҷуд надорад. Ҷомеъаи Исломӣ монанди як корхонаи бузург аст ки бахшҳои мухталиф дорад, ки яке аз қисматҳои он қисмате аст ки мудирияти ин ҷомеъаро ташкил медиҳад. У ҳам мисли қисматҳои дигар аст. Валиййи амр ин корро бар ӯҳда дорад. Касе ки мудириятро бар ӯҳда дорад ҳеч имтиёзеро талаб намекунад. Ва амалан ҳеҷ имтиёзе ба ӯ тааллуқ намегирад. Аз лиҳози вазъи зиндагӣ, аз лиҳози бархӯрдориҳои моддӣ, агар битавонад вазифаи худашро хуб анҷом диҳад, ба андозое ки ин вазифа ва анҷоми он барои ӯ ҷалби ҳайсият кунад ба ҳамон андозаи ҳайсияташ имтиёз ба ӯ тааллуқ мегардад. Бештар аз он на! Ин маънои ҳукумат дар Наҳҷулбалоға ҳаст. Ҳукумат дар Наҳҷулбалоға аломати аз султагарӣ надорад. Ва ин ҳукумат ҳеҷ баҳонае барои имтиёзталабӣ надорад. Аз он тараф мардум дар Наҳҷулбалоға раъият номида шудааст. Раъият яъне он касоне ҳастанд ки бояд валийи амр онҳоро муроқибат ва ҳифозат кунад. Аммо ин ҳифозат як вақт марбут ба чизҳои беҷон аст, ва як вақт марбут ба ҳайвонот аст ки ин як маънои дигар дорад. Аммо як вақт ин муроқибат ва ҳифозат марбут ба инсон ҳаст, яъне инсонро бо ҳамаи абъоди шахсиятияш, бо озодхоҳияш, бо афзоишталабии маънавиаш, бо имкони таъолӣ ва авҷи руҳиаш, бо ормонҳо ва аҳдофи волои шарифаш, яъне валийи амр бояд ҳамаи инҳоро ба унвони як маҷмӯъа дар муроқибату ҳифозат дар назар бигирад. Инҳо бояд ҳамааш риъоят шавад. Ин ҳамон чизе ҳаст ки дар фарҳанги Оли Муҳаммад дар тӯли замон мавриди мулоҳиза будааст. Кумайли Асадӣ мегӯяд: ساتتٌ لا تمن يرا رعيتة الناس سواءً و رعية الانعامى Сиёсатмадороне ки инсонҳоро мисли муроъот инсонҳо муроъот намекунанд. Яъне инсон бо инсонияташ бояд муроъот шавад. Ин маънои раъият ва таъбире аз мардум дар Наҳҷулбалоға ҳаст. Ба таври хулоса вақте дар Наҳҷулбалоға бихоҳем маънои ҳукуматро ба даст оварем, мебенем он ки дар сари ҳукумат ҳаст волӣ мебошад, валийи амр аст, ӯҳдадори кори мардум аст, як вазифадори бузург ҳаст. Як инсоне ҳаст ки бештарин бор ва сангинтарин масъулият бар ӯҳдааш мебошад, ва тарафи дигар инсонҳо ҳастанд ки бояд бо ҳамаи арзишҳояшон, бо ҳамаи ормонҳояшон, ва ҳамаи шахсияташон бояд риъоят шаванд. Ин маънои ҳукумат ҳаст ки на султагарӣ аст, ва на зӯрӣ ҳаст, ва на зиёдаталабӣ ҳаст. Амиралмӯъминин дар бахшҳои муҳимми Наҳҷулбалоға андоза ва ҳитаи ҳукуматро баён мекунад. Шояд даҳҳо ҷумла дар Наҳҷулбалоға метавон нишон дод ки мафҳуми шарифи ҳукуматро аз назари Алӣ ибни Абӯтолиб мушаххас мекунад. Аз ҷумла дар ибтидои фармони Молики Аштар мефармоянд: ولّاه مصر جباية خراجها و جهاد عدوها و استصلاح اهلها و عمارة بلادها Молиётҳои онҳоро ҷамъ кунад ва бо душманонашон ҷиҳод намояд, ва аҳли онҷоро ислоҳ намояд ва шаҳрҳояш ро обод кугнад. Маънои ҳукумат ин аст. Агар Молик ба унвони раиси шаҳр ё раиси вилоят муайян мешавад, намеравад то барои худ қудрат ва ё унвон касб кунад, ё фоида ва баҳраи моддиро барои худ кунад; онҷо меравад то корҳоро анҷом диҳад, саҳми мардумро аз идораи умури молии кишвар аз онҳо бигирад, ва бо душманони мардум мубориза кунад, онҳоро дар муқобили душман ҳифз кунад, онҳоро ба салоҳ наздик кунад, салоҳи моддӣ ва маънавӣ ки аз назари Алӣ (а) дар наҳҷулбалоға матраҳ шудааст. Ҳоким бояд шаҳр ва ҳитаи ҳукуматро обод кунад, яъне ба таври хулоса инсонҳоро бисозад, сарзаминро обод кунад, ахлоқ ва арзишҳои маънавиро боло барад, вазоифи мардум ва ончи ки дар ҳукумат вазифа доранд аз онҳо талаб кунад то корро анҷом диҳанд. Баёноти Имом Хоаманӣ дар аввалин нишасти байналмилалии Наҳҷулбалоға  (19.5.1981) khameneitj.com