Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
0 Vote
107 View
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар рўзи 9-ноябри соли 1877-и мелодӣ дар шаҳри «Сиёлкут» дар минтақаи «Панҷоб» чашм ба ҷаҳон гушуд. Падараш шайх Нурмуҳаммад, дўккони порчафурушӣ дошт ва мағозааш маркази рафту омади уламои дин ва пешвоёни мазҳабҳо ва машрабҳои гуногуни исломӣ буд. Модараш эмом-Бибӣ низ зани босавод ва ботақво буд. Иқбол як бародар ва чаҳор хоҳар дошт, ки ҳамгӣ аз ў бузургтар буданд.
Муҳаммад дар яке аз масоҷиди Сиёлкут хондани Қуръонро фаро гирифт ва таҳсилоти ибтидоии худро дар мактабхонае ба поён расонид, сипас вориди дабиристони «Скоч мейшн»-и Сиёлкут шуд. Пас аз поёни таҳсили дабиристонӣ вориди коллеҷи «Скоч мейшн» шуд ва давраи муқаддимотии донишгоҳро дар ҳамин коллеҷ тай кард.
Дар он донишкада илова бар дарсҳои маъмулӣ, забонҳои арабӣ ва форсиро низ меомўхтанд. 18 сола буд, ки давраи муқаддимотии донишгоҳро бо дараҷаи аъло ба поён расонид ва ба ҳамин далел ду медали тилло ва як бурси таҳсилӣ низ ҷоиза гирифт. Ў, ки шавқи бисёре ба идомаи таҳсил дошт, аз ин фурсат истифода кард ва ба Лоҳур рафт ва дар донишкадаи давлатии Лоҳур сабти ном кард. Ду сол баъд муваффақ ба дарёфти диплом аз ин донишкада шуд ва дар мақтаи фавқи диплом дар риштаи фалсафаи донишгоҳи Панҷоб шурўъ ба таҳсил кард.
Дар 22 солагӣ дар имтиҳоноти фавқи лисонси фалсафаи донишгоҳи Панҷоб рутбаи аввал ва медали тиллоро ба даст овард, сипас дар Донишкадаи забонҳои шарқӣ (Уринтол коллеҷ) устоди забони арабӣ шуд ва дар Коллеҷи давлатӣ ва Коллеҷи исломия низ фалсафа ва забони англисӣ тадрис кард. Ба ташвиқ ва тавсияи прафессор Арнолд, Иқбол дар 28 солагӣ озими Европа шуд то ба таҳсилоти худ идома диҳад. Ў дар риштаи фалсафаи донишгоҳи Кембриҷ пазируфта шуд. Иқбол ҳамзамон бо таҳсили фалсафа, дар донишкадаи ҳуқуқи «Линкелн Эн» низ сабти ном кард. Вай барои такмили мутолиоти фалсафӣ ва таҳқиқ бар тези давраи докторӣ ба «Ҳойделберг»-и Олмон сафар кард ва пас аз як сол ба Кембриҷ баргашт. Дар ин ҳангом аз донишкадаи Линкелн Эн диплом ҳуқуқ ва иҷозаи ваколати даъвоҳоро гирифт. Ҳосили мутолиот ва таҳқиқоти фалсафии ў дар он рўзҳо, рисолае ба номи сайри фалсафа дар Эрон буд, ки ба хотири он дараҷаи доктории фалсафаро аз донишгоҳи Мюних дарёфт кард. Даврони ҷавонии Иқбол мусодиф буд бо муборизоти зидди истеъморӣ ва озодихоҳонаи мардуми Ҳинд. Ў низ дар ин даврон аз тарафдорони истиқлолияти Ҳиндустони бузург ва якпорча буд.
Зиндагии се соли ў дар Европа ўро аз национолизм маъюс сохт ва дар натиҷа, ҳарчи бештар ба самти назарияи иттиҳоди Ислом ки навъе интернационолизми Исломӣ буд, гароиш ёфт. Иқбол чандин сол раёсати ҳизби “Муслим лиг” дар устони Панҷобро бар уҳда дошт ва дар соли 1309 ҳ.ш. (1930 м) дар иҷлоси солонаи ин ҳизб дар Аллоҳобод ба раёсати конфронс интихоб шуд.
Дар солҳои ахири зиндагиаш бемориҳои зиёде ба ў ҳуҷум оварданд ва ўро сахт озор медоданд. Марги ҳамсараш низ ўро бештар ранҷур кард ва ночор шуд аз фаъолиятҳои иҷтимоъӣ канорагирӣ кунад. Дар авохири соли 1316ҳ.ш. (аваоили соли1938 м.) тангии нафас ва бемории қалбӣ низ бар нороҳатиҳои ў афзуда шуд ва билохира дар рўзи аввали Урдибиҳишти соли 1317ҳ.ш. (21 августи соли 1938 мелодӣ) чашм аз ҷаҳон фуру баст. Ҷанозаи Иқболро бо маросими шукуҳманде дар Лоҳур ба хок супурданд. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз се издивоҷи паёпай, соҳиби се фарзанд (ду писар ва як духтар) шуд.
Аз Иқбол осори манзум ва мансуре ба ёдгор монда аст, ки муҳимтарини онҳо ба қарори зер аст:
Наср:
1-Илми иқтисод, 1903 мелодӣ
2-Сайри фалсафаи Эрон, 1908 мелодӣ
3-Таърихи Ҳинд, 1913 мелодӣ
4-Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, 1930 мелодӣ
Манба: сомонаи Ёсин