Абурайҳони Берунӣ
Абурайҳони Берунӣ
0 Vote
111 View
Олими беҳамто, муаррихи муҳаққиқ, физики барҷаста, табиатшиносу ситорашиноси машҳур, риёзидони чирадаст ва тарҷумони беназир Абӯрайҳони Берунӣ соли 362ҳ \973м дида ба дунё кушод. Даврони кӯдакиро чун тифлони мусалмони он замон бо ҳифзи Қуръони карим ва илми фиқҳ гузаронида ба риёзиёту фалак ва ҷуғрофиё завқи беназир доштааст. Забонҳои арабию форсӣ, ҳиндию сирёнӣ ва юнониро хеле хуб аз худ карда будааст. Соли 384ҳ/994м ба шаҳри Рай (Теҳрони имрӯза) ҳиҷрат намуда дар онҷо бо ситорашиноси маъруф Ал- Хуҷандӣ вохӯрда ҳамроҳ бо ҳам баъзе кашфиёту пажӯҳишҳо гузаронидаанд. Аснои иқфоматаш дар Ҷурҷон, ки имрӯз бо номи Гургон маъруф аст, китоби " Ал– осор – ул - боқия мин – ал – қурун – ил –холия " - ро дар фанни торих таълиф намуда, дар зимн солшумории форсию ибрӣ ва румию ҳиндиро дар он ҷой дода, чигунагии истихроҷи торихро аз онҳо баён кардааст.Вақте ба Хоразм бозгашт, амири Хоразм ӯро икром намуда мушовири хеш таин намуд. Дар замони Ғазнавиён ба Кобул интиқол ёфта дар бисёре аз футуҳоти Ҳинд иштирок кард ва он имконият дод, то илмҳои дар онҷо бударо аз худ кунад ва ҷуғрофияи Ҳинду одоту тақолиди онҳоро омӯхта дар китоби "Таҳқиқ лима лил- Ҳинд мин мақулатин мақбулатин фил- ақл ав марзулатин" тадвин намуд. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ӯро аз зумраи муқаррабони хеш қарор дода буд. Бинобар ин Берунӣ китоби ситорашиносии хешро бо номи "Ал - қонун - ул масъудӣ фил- ҳаёти вал- мамот" ба он шоҳ нисбат додааст. Султон ҳадяи ӯро қабул намуд ва ба ивази он мисли вазни филе нуқра фиристод, аммо Берунӣ мегӯяд, ки он хидматро барои мол анҷом надодааст ва узрхоҳона он тангаҳоро бозпас мегардонад. Сомонаи Тоҷикон