Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
0 Vote
94 View
Давраи адабиёти забони форсии нав, ки машҳур ба забони дарӣ аст, бо давраи салтанати Сомониён ва бо номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқаманд аст. Ин адабиёт дар замони Сомониён ба вуҷуд омад ва забони он забони давлатӣ ва забони илму фарҳанги эронӣ гардид. Шуҳрати ҷаҳонии адабиёти форс-тоҷик наз аз ҳамин аср ибтидо мегирад ва дар саргаҳи ин адабиёт Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолор ва бунёдгузор мақому манзалати олӣ дорад. Адабиёти нави форсии дарӣ дар асри X яку якбора ба вуҷуд наомадааст. Ин адабиёт то давраи ташаккул ва такомули худ роҳи пурпечутоб ва марҳалаҳои гуногуни таҳаввулоти шакливу мундариҷавиро тай намудааст. Ва моро лозим аст пеш аз он ки паҳлӯҳои мазмуну шакли ин адабиётро аз назари таҳқиқ гузаронем, хонанадагонро ба сайри мухтасаре дар таърихи қаблии он даъват намоем. Дар қарнҳои III-VII дар Осиёи Миёна қавмҳои эронии шарқӣ сокин буданд, ки онҳо дар гӯиш ва шеваҳои мухталиф, вале ба ҳам наздики суғдӣ, хоразмӣ ва портиву сакӣ ҳарф мезаданд ва ба ҳамин забон адабиёти фанниву бадеӣ низ эҷод карда буданд. Ёдгориҳои хаттии ниҳоят кам, вале пурарзиши адабии «Дарахти Асурик» ва «Аяткори Зарирон» ба забони портӣ дар таркиби луғавии худ бисёр калимаву вожаҳое доранд, ки дертар дар забони Дарии асри Сомонӣ ба назар мерасанд. Ҳамзамон бо ҳамин қарнҳо дар рони Ғарбӣ давлати муқтадири Сосониён (221-651 мелодӣ) вуҷуд дошт, ки адабиёти, фарҳанг ва осори меъмориву тасвирии онҳо дар мамолики Шарқу Ғарб шӯҳрати мафтункунандае дошт. Дар давлати Сосониён ба забони паҳлавӣ осори бой ва бузурги адабиву ахлоқи таълиф гардид. Адабиёти ҳам Эрони ғарбиву ҳам шарқи, яъне Мовароуннаҳр аз ҷиҳати мазмунҳои асотирӣ ва ҳамосавии бостонӣ ва аз ҳайси таркиби луғавӣ бисёр умумият ва ҳамонандиҳо доштанд. Қавмҳои гуногуни эрониро суннатҳои қадими мардумӣ ва ойини мазҳабию динӣ (яъне ойини Зардуштӣ) ба ҳам наздик мекарданд. Дар қарни VII милодӣ лашкари аъроб зери парчами ислом ба тасхир ва истилои сарзамини Эрон ва баътар Осиёи Миёна бархост. Дар натиҷаи ҷангҳои шадиду пурталотум на танҳо бинои давлати Сосонӣ ва мулкҳои мардуми эронии шарқӣ пош хӯрданд, балки осори маданиву фарҳангӣ ва маънавии чандинасрии Эронзамин хароб гашт. Баробари ҳамин дини мубини ислом бо суръат ва вусъати ҳайратангези ба ҷойи дину мазҳабҳои қадими эронӣ дар Эрону Мовароуннаҳр истеҳком ёфт. Лашкари аъроб дар баробари ислом ба ин сарзаминҳо забони арабиро низ овард. Забони арабӣ ҳамчун забони муқаддас ва забони китоби осмонии ислом – Қуръон дар коргузории давлат, дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ҷойгузини забонҳои бумии эронӣ гашт. Олимону шоирон ва адибони маҳаллӣ осори манзум ва мансури худро ба забони арабӣ таълиф менамуданд. Дар Эрону Мовароуннаҳр шеъри араб шаклҳои классики назм ва насри бадеии аъробро ворид намуд. Вазни арӯз ва тарзи қофиясозии шеъри араб, воситаҳои тасвири шеъри бодиянишинони араб, анвои шеъри ғаноиву мадеҳӣ, мисли ғазалу қасида дар ашъори шоирони арабизабони маҳаллӣ устувор гардид. Баробари ҳамин шеъри араб дар зери таъсири муҳит ва иқлими мулкҳои нави обшору сабзу хуррам, бо таъсири суннатҳои бостонии адабиёти хаттии қадими эронӣ аз ҷиҳати санъати сухан ва воситаҳои тасвир ғанитар гардид ва аз шеъри бумии худи арабҳо хеле дур ҳам рафт. Намоҳои достонҳои асотириву ҳамосавӣ, мазмунҳои қиссаҳои қадими эронӣ, гуфтан мумкин аст адабиёти араби маҳаллиро ба вуҷуд овард, ки мо онро метавонем адабиёти эронии арабзабон гӯем. Аз ин ҷост, ки дусад соли «сукути адабиёти форсиро» мо имрӯз давраи арабизабони адабиёти форс-тоҷик меномем. Бо вуҷуди он ки дар Эрону Хуросону Мовароуннаҳр адабиёти хаттӣ ба забонҳои маҳаллӣ аз мавҷудият боз монд, аммо дар байни мардум ва аҳли илму дониши эронитабор адабиёти шифоҳӣ ва муоширату муомилот ҳамчунон дар забонҳои хеш идома дошт. Намунаи чунин назму шеърҳои форсиро таърихнависони араб дар китобҳояшон ба ҳуруфоти арабӣ сабт кардаанд. Шеъри ҳаҷвомези хатлониён дар шикасти ҷанговарони араб, мисраъҳои ҳузномези Абулянбағӣ дар харобиву вайронии Самарқанд, ки дар таърихномаҳои муаллифони араб сабт гардидааст, шоҳиди он аст, ки мардум ба забони маҳаллии худ шеър мегуфт, арзи ҳол мекард. Ҳамаи ин далолат ба он мекунад, ки забону суннатҳои қадими бостонӣ ва нақши ойини зардуштӣ ва дигар анъанаҳои ба ислом бегонаро мардум нигаҳбонӣ мекард, дар ёду хотир пос медошт. Хонадонҳои ҳукумрони маҳаллӣ, ки дар мулкҳои эронии шарқи хилофати араб аз ҷониби халифа ҳокимони нисбатан мустақил таъйин мешуданд, ба ҳифз ва ҷорӣ гардидани урфу одат ва ойину русуми мардуми эронинажот сидқан мусоидат мекарданд. Ду сулолаи эронинажот – Тоҳириёну Саффориён, ки аз оғози қарни IX ба тарзи мустақил дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳокимият доштанд, дар устувории давлати худ асосан ба мардуми маҳаллӣ ва расму ойини қадими халқ такя мекарданд. Ин волиён дар дарбори худ шоиронеро, ки ба забони маҳаллӣ ва форсӣ шеър менавиштанд, ҷамъ намуда, онҳоро дар пос доштани забони адабиёти маҳаллӣ таблиғ ва ташвиқ менамуданд. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки Ҳанзали Бодғиси маддоҳи дабори Тоҳириён буд. Чанд абёти, ки аз ин шоир дар дастраси мост, шоҳиди он аст, ки дар замони вай шеъри форсӣ дар шаклу чорчӯбҳои шеъри араб иншо мешудааст: Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд. Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор Бо рӯйи ҳамчу оташ бо холи чун сипанд. Меҳтарӣ гар ба коми шер – дар аст, Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй! Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ, Ё чу мардон-т марги рӯёрӯй. Дар дарбори воли қавидасти Саффорӣ Яъқуб ибни Лайс (867-879м.), Муҳаммад ибн Васиф, Бассоми Курд ва Муҳаммад ибни Муҳаллад шоирони маддоҳу дарборӣ буданд. Фирӯзи Машриқӣ, Варроқи Ҳиротӣ, Абӯсулайки Гургонӣ низ аз шоирони давраи салтанати Саффориён ба шумор меравад. Намунаи шеъри мадеҳавии Ибни Васиф дар ситоиши Яъқуб ибни Лайс чуни наст: Ай амире, ки амирони ҷаҳон хосаву ом Бандаву чокару мавлою сагбанду ғулом, Азалӣ хате дар лавҳ, ки «мулке бидиҳед, Ба Абӣ Юсуфи Яъқуб бину –л-Лайси ҳумом!» … Амр Аммор туро хост в-аз ӯ гашт барӣ, Теғи ту кард миёнҷӣ ба миёни даду дом. Амри ӯ назди ту омад, ки «ту чун Нӯҳ бизӣ!» Дари Окор тани ӯ, сари ӯ боби Туом. Аз он чи иқтибос шуд ва аз он абиёти бозмондаи Вассофи Курду Ибни Муҳаллад бармеояд, ки дар шеъри ибтидои қарни XIII мо нақши сурудаҳои мардумӣ ва луғоту вожаҳои халқиро намебином. Ашъори ин шоирон бештар бо ибораву калимоти арабӣ ва дар доираи ташбеҳоту истиороти шеъри араб сохта шудааст. Ба ибораи дигар гӯем, шоирони ин қарн аз тақлид ва пайравии шеъри араб дур наратааст ва ба суруду таронаҳои халқӣ камтар рӯй оврадаанд. * * * Дар охири асри IX ба арсаи мубориза намояндагони хонадони Сомонӣ баромаданд, ки онҳо аз оғози асри IX ба идораи вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр аз ҷониби хилофати Араб маъмур буданд. Чунон, ки Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ёдовар шудааст, сарнасли Сомониён Сомонхудот буда, зодгоҳаш Балх ва давраи ҷавониву камолёбияш ба деҳаи Сомон дар атрофии Марв ва шаҳрҳои Марву Бухорою Самарқанд гузаштааст. Сомонхудот донишманди шинохтаи давр буд ва аз кеши зардуштӣ баргашта, ислом оварда буд. Ӯ бо кордониву хирадмандӣ ба ҳокими Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ писанд омада, ҳокими Марв таъйин мегардад. Сомонхудот дар Мавр хонадор, соҳиби фарзанд мешавад ва писарашро ба эҳтироми дӯстӣ бузургвораш Асад ибни Абдуллоҳ «Асад» ном мегузорад. Мувофиқи ишораи Наршахӣ ва муаррихони баъдӣ Асадро чаҳор писар буд: Нӯҳ, Аҳмад, Яҳё ва Илёс. Асад монанди падари худ дар идораи мулкҳои Шарқии хилофат ҳамчун мушовир баргузида шуда буд. Чунин эҳтироми ӯ дар хилофат буд, ки ал-Маъмун ибни Ҳорун-ар Рашид (813-833м.) зимоми ҳокимияти Мувароуннаҳру Хуросонро ба чаҳор писари Асад супорид. Аз оғози асри IX Нӯҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чочу Истаравшан ва Илёс дар Ҳирот ба ҳокимият оғоз намуданд. Бо мурури замону гузашти вақт Аҳмад ибни Асад тавонист Мовароуннаҳрро муттаҳид намояд ва самарқандро пойтахт интихоб кунад. Ин оғози ташаккули давлати мутамаркази тоҷикон мансуб мешавад. Ташкили давлати Сомониён дар даврае сурат мегирифт, ки хилофати Араб дар муддати беш аз сад соли истисмор дар байни халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон исломро ҷорӣ намуда, аммо барои беҳбуди ҳаёти мардуми кишвар хизмати босазое карда натавонист. Хизмати шоиста барои халқу диёр бар дӯши Сомониён вогузор шуд, ки дар сари гаҳвораи он Нӯҳ, Аҳмад ва бародаронаш истода буданд. Дар байни бародарон гоҳе мухолифату низоъ рух медод, аммо ин пояи ҳукумронии хонадони Сомониёнро суст карда наметавонист. Аҳмад, ки пас аз вафоти Нӯҳ сарварии ҳокимияти Сомониёнро ба даст гирифт, кӯшишу тадбирҳои зиёде ба харҷ дод, ки истиқлоли ҳокимияти Сомониён дар хилофат мавқеъи зиёдтаре дошта бошад. Дар ин мубориза нақши писари Аҳмад – Наср, ки волии Самарқанд буд, нуфузи калон дошт. Пас аз вафоти Аҳмад дар соли 874м. Наср ҳокими мутлақ ва ягонаи Сомониён гардид, ки маркази он шаҳри Самарқанд буд. Соли 875м. халифа Насрро ҳамчун ҳокими хонадони Сомониён дар Мувароуннаҳр эътироф намуда, идораи кишварро ба ӯ супурд. Дар ин замон Бухоро яке аз мулкҳои Сомониён буд, ки Наср идораи онро ба бародараш Исмоил таҳвил намуд. Дар байни ду бародари чирадаст барои тақсими молиёт ва даромади Бухоро ихтилоф пайдо гардид ва ин ихтилоф ҳатто ба ҷангу ҷидоли лашкарони ду бародар оид шуд. Дар задухӯрди дувум Исмоил ғалаба кард, вале даъвои ҳокимияти мутлақро назди бародараш нагузошт. Ниҳоят, дар соли 892м. баъд аз вафоти Наср Исмоил ба тахти салтанат нишаст ва Бухороро пойтахти давлати Сомониён эълон кард. «Амир Исмоил чун ба Бухоро расид, аҳли Бухоро истиқбол кардан два ба эъзози тамом ба шаҳр дароварданд» – менависад Наршахӣ. Исмоили Сомонӣ ҳамчун арбоби хирадманди давлатӣ ва саркардаву сарлашкари донишманд бо кӯшиши зиёде ба ҷангу куштор ва ихтилофҳои байнихудии аъёну ашрофи маҳаллӣ нуқта гузошта, ба ҳокимияти мутамарказ асоси комил ниҳод. Дар давраи ҳукумронии Сомониён Мовароуннаҳр на танҳо аз ҷангу ҷидоли феодалони дохилӣ, инчуни аз ҳуҷуми бегоназаминон низ зиёда аз як аср эмин гардида. Исмоили Сомонӣ ҳамеша кӯшиш мекард, ки бо дустони роҳи мурувват ва бо душманони роҳи мудароро пеш гирад. Аз ин ҷо давлати бузарги Сомониён дар сарзамини паҳновари Мовароуннаҳр ва Хуросон аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ яке аз бузургтарин ва пешқадамтарин давлати онвақтаи дунё гардид. Исмоил сиёсатмадори замони худ буд. «Ҳеҷ касс аз оли Сомон бисёрдонтар аз вай набуд» – гуфтааст Наршахӣ. Исмоили Сомонӣ баробари хотима додан ба муборизаи дохилӣ ва ғалаба аз болои душманони хориҷӣ барои боз ҳам мустаҳкамтар гардидани иқтидори иқтисодии давлат, амнияти марзҳои он аз ҳуҷуми хориҷиён, устувории дарбори амирӣ, ташкили артиши бонизом ва ғайра ислоҳотҳои борвар гузаронидааст. Дар замони ӯ ба илму фарҳанг роҳи васеъ кушода шуд. Ҳамаи чораҷӯйиҳое, ки Исмоили Сомонӣ дар роҳи истиқлол ва истеҳкоми давлат анҷом дод, ба инкишофи иқтисодиёт, соҳаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат, кашфи маъдан, шаҳрсозӣ корҳои меъмориву бинокорӣ, пешрафти фарҳанг ва ғайра роҳ кушод. Робитаи тиҷоратии шаҳрҳои Осиёи Миёна бо кишварҳои ҳамсоя пурқувват гардид. Пешрафти иқтисодии кишвар барои равнақи ҳаёти фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар маркази давлати Сомониён – Бухоро намояндагони беҳтарини илму маданият гирд омада, дар роҳи тараққиёти илм, санъат, фалсафа, адабиёт ва таърих корҳои бузурге анҷом медоданд. Таърихшиноси маъруф Абӯбакри Наршахӣ (вафоташ соли 959 м.), муаррих ва адиб Абдуллоҳи Диноварӣ, ки бештар бо номи Ибни Қутайба машҳур аст (829-889 м.), мунаҷҷим ва риёзиётшинос Абӯмаъшари Балхӣ, табиб ва файласуф Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (замони зиндагияш байни солҳои 850-923 м.), мутарҷими «Таърихи Табарӣ», вазири ибни Нӯҳи Сомонӣ Абӯалӣ Муҳаммад ибни Абулфазл Муҳаммади Балъамӣ (вафоташ соли 937 м.), риёзидон Муҳаммад ибни Мӯсо ал-Хоразмӣ (780-863м.), мутафаккири ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино (980-1038 м.), ва ғайраҳо дар ин давра зиндагӣ ва эҷод намудаанд. Яке аз воқеаҳои таърихии мардуми форсизабон дар ин давр ба таври мустаҳкам пойдор гаштани забон ва адабиёти форс-тоҷик (дарӣ) буд. Пайдоиш, ташаккул ва тараққиёти баъдии адабиёти классики форс-тоҷик дар ин аср заминаҳои маънавии таърихӣ дошт. Намунаҳои олии адабиёти бостонии форс-тоҷик дар ҳазораи дувуми қабл аз милод арзи вуҷуд намуда, «Готҳо»-и «Авасто» ҳанӯз дар асрҳои XII-X-и пеш аз милод дар рӯйи чандин ҳазор пӯсти гов забту сабт шуда буданд. Он эҷоди пайғамбари эронитаборон Зардушт буд. Баъдтар порчаҳои «Худойномак», «Дарахти Асурик», «Пандномаи Анӯшервон», «Аржанг»-и Монӣ ва ғайра зуҳур карданд. Адабиёти қадими форс-тоҷик (то қарни IX милодӣ) ба забонҳои қадими эронӣ; авастоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, баъдтар ҳатто ба забони арабӣ ва амсоли инҳо таълиф шудаанд. Истилои араб дар муддати муайян ҷараён ва шукуфоии адабиёти пешазисломии форс-тоҷикро қатъ намуд. Аммо анъанаҳои пешини ин адабиёт дар байни халқ, дар адабиёти шифоҳӣ ҳамчунон пойдор будааст ва халқ ба лаҳҷаҳои маҳаллии худ пайваста эҷод мекардааст ва таронаву бадеҳаҳо месурудааст. Порчаҳои манзум, ки аз Абулянбағӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Фирӯзи Машриқӣ, Абӯсулайки Гургонӣ ва ғайра боқи мондаанд, гувоҳи онанд, ки дар асри VIII ва оғози асри IX, яъне ҳанӯз то замони ҳукумронии Сомониён адабиёти хаттӣ ба забони дарӣ вуҷуд доштааст ва дар ин адабиёт равияи пешқадами халқи дорои мавқеъи назаррасе буда. Намояндагони равияи пешқадам қаҳрамонии халқи худ, муборизаи онҳоро ба муқобили истилогарон мадҳу ситоиш мекарданд. Шоири асри IX Масъудии Марвазӣ аз гузаштаи қаҳрамонии халқҳои ин сарзамин дар давраи Сомониён афсонаву қиссаву ривоятҳои халқиро ҷамъ намуда, ба назм даровард, ки ин низ тазоҳури ҳамин равияи пешқадам дар назм буд. То истилои араб Эрону Хуросон ва Мовароуннаҳр минтақаҳои равнақи динҳои мухталиф буд. Дар ин кишварҳо ойини зардуштӣ, кеши монавӣ, мазҳаби исавӣ, маслаки яҳудӣ ва дар баъзе ҷойҳо ҳатто таълимоти будоӣ ва эътиқодии ҳиндӣ вуҷуд дошт. Барои нашри афкор ва тарғиби ақоиди худ мубаллиғини ин адёну мазоҳиб забонҳои арабӣ, паҳлавӣ, сурёнӣ, санскрит ва ғайраро ба кор мебурданд. Дабистону дабиристонҳо, мадрасаҳо, масҷидҳо, оташкадаҳо, дайрҳо, китобхонаҳо ва амсоли инҳо чун қонунҳои баҳсу ташвиқи андешаҳои гуногун буданд. Аксари китобҳои паҳлавӣ баъд аз асрҳои VIII-IX ба забони арабӣ нақл шудаанд». Баъди истилои араб дар сарзамини эронитаборон, ки онро баътар қавмҳову халқиятҳои атрофу акнофи Мовароуннаҳру Хуросон низ қабул намудаанд, фотеҳони араб алифбои арабӣ ва забони тозиро расман ҷорӣ карданд. Ин кӯшише буд барои аз байн бурдани забону фарҳанги мо. Вале ин тавр нашуд. Мардуми маҳаллӣ мероси фарҳангии то истилои арабро сина ба сина бо истифода аз хотираҳои дарроку қавӣ ба наслҳои баъдӣ мерасониданд, урфу одат, расму русуми миллиро кам андар кам ба дасти фаромӯшӣ медоданд, бо он ки ба адабиёти шифоҳиву китобии форс-тоҷик, бо қабул намудани дини ислом, мавзӯъҳои тозае аз ривоятҳои Қуръон дар хилқати Оламу Одам, киштии Нӯҳ, қиссаҳои Юсуфу Сулаймон, асҳоби Каҳф, масалҳои мардумии арабӣ, биҳишту дузах, меъроҷ ва ғайра ворид шуд. Ҳатто кор ба ҷойе расид, ки баъзе нақлу ривоятҳои арабӣ вориди кутуби таърих гардидаанд. Дар баробари ин, тавре, ки дар боло ишора рафт, фарҳангу тафаккури эрониён ба адабиёти арабӣ ҷилои тозае бахшид, назму насри арабиро ҳамаҷониба ғанӣ гардонид, дар кишварҳои зердасти арабҳо ҳатто суханварони дузабона ба майдони адабиёти эронинажодон ворид гардидаанд. Дар Хуросону Мовароуннаҳр осори илмӣ асосан ба забони арабӣ навишта мешудаанд. Аз ҷумлаи 415 шоире, ки дар тазкираи Абӯмансур Абӯмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоил ас-Саолибӣ (961-1038м.) «Ятимату-д-даҳр» оварда шудааст, беш аз 120 нафарашон дар замони ҳукумати Сомониён (875-999м.) ва ибтидои асри XI м. дар Хуросону Мовароуннаҳр умр ба Сар бурда , ба арабӣ ва ё ба ду забон; арабӣ ва форсии тоҷикӣ асар эҷод мекарданд. Бунёди бегазанди адабиёти нави форс-тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи бузурги он шодоб аст, дар асрҳои IX-X милодӣ гузошта шудааст. Баъди он ки Бухоро пойтахти дувуми Оли Сомон (892м.) эълон шуд (пойтахти аввалӣ шаҳри Самарқанд), ба он ҷо беҳтарин суханварон, мунаҷҷимон, олимон, табибон, аҳли ҳунар ва ғайра гирд омадаанд. Дар зери таъсири ишон амирону вазирон, мирзоёну ҳокимони маҳалҳо ва фарзандони онҳо беш аз пеш ба илму адабиёт рӯй меоварданд. Дар Бухоро барои илмомӯзӣ шароити мусоид муҳайё гардида буд. Китобхонаи бузурги Сомониён «Сивону-л-ҳикмат» («Ганҷинаи ҳикмат») хазинаи илму фалсафа, донишу фарҳанги Шарқу Ғарб буд. Абӯалӣ ибин Сино сохти китобхонаро чунин ёдовар шудааст: «Ман ба иморате дохил шудам, ки хонаҳои зиёде дошт. Дар ҳар як хона сандуқҳои пур аз китобро бар болои якдигар ниҳода буданд. Дар як хона китобҳои арабӣ ва девонҳои шуъаро ва хонаи дигар китобҳои дин ва фиқҳ ва ҳамчунон ҳар хона шомили китобҳое дар соҳае буд. Манн феҳристи китобҳои муаллифони қадимро хостор шудам ва он китобҳо, ки ниёзманди онҳо Будам , хостам ва онҷо китобҳое дидам, ки ниёзманди онҳо будам, хостам ва он ҷо китобҳое дидам, ки ҳатто номи онҳо бар бисёр касон маҷҳул (номаълум) буд ва аз он пас чунинҷамъомади китобҳоро дар ҳеҷ ҷой надидам». Дар ҳақиқат Сомониён дар баробари таъмин намудани ҳаёти осудаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоъиву сиёсӣ ба илму фарҳанг диққати ниҳоят бузурге равона карда буданд, ки як рукни намоёни онро адабиёт ташкил менамуд, адабиёте, ки дар асрҳои VIII-IX ташаккул ёфта, дар асри X ба зинаи баланди инкишоф расида буд. Ва устод Рӯдакӣ аз саромадон асосгузорони ин ҷараёни навшӯҳрати адабӣ ба шумор мерафт. Дар сарчашмаву маъхазҳо, баъзе тазкираву осори адабии то ибтидои асри XX ва пажӯҳишу таҳқиқоти илмии беш аз 200-сола роҷеъ ба рӯзгори сипаришуда ва мероси адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз ишораҳои ҷузъӣ Сар карда, то китобҳои алоҳида гуфтаниҳое гуфта шуда бошанд ҳам, доир ба ин мавзӯъ гиреҳҳои нокушода ва масъалаҳои ҳалношудаву баҳсталаб бисёранд, ки ҳанӯз ҳаллу фасли худро наёфтанд. Гузашта аз ин, муаллифони маъхазҳо ва дар ин замина баъзе рӯдакишиносони ватаниву хориҷӣ ҳатто ном ва ҷойи таваллуди ӯро ба тарзҳои гуногун навиштаанд. * * * Омӯзиши илмии рӯзгор ва осори Рӯдакӣ дар қарни XIX дар Урупо шуруъ шуд. Аз олимони Урупо номи ду нафар донишманд бо пажӯҳиши ҷиддии худ имрӯз ҳам дар рӯдакишиносӣ нақше дорад. Яке шарқшиноси олмонӣ Ҳерман Эте буд, ки дар соли 1873 китобе дар шарҳи рузгори устод Рӯдакӣ навишта, бори аввал шеърҳои ӯро гирд овард. Аммо ин донишманд дуруст таваҷҷӯҳ намуд, ки дар маъхазҳои ашъори зиёде саҳван ба номи Рудакӣ сабт шудааст. Саҳву хатоҳои маъхазҳои шарқӣ ва донишмандони Ғарбро муҳаққиқи англис Дениссон Росс бори аввал ислоҳ намуд ва дар рӯдакишиносӣ донишмандонро огаҳӣ дод, ки ҳар чи ба номи Рӯдакӣ дар маъхазҳо сабт шудааст, на ҳама аз Рӯдакӣ аст. Омӯзиши Рӯдакӣ дар диёри вай ва дар сарзамини иштиҳори ӯ дертар шурӯъ шуд. Дар соли 1926 Вазорати маорифи Тоҷикистон дар маъракаи тарғиби мактабу маорифи нав рӯй ба мероси гузашта ва пеш аз ҳама ба шахс ва осори Рӯдакӣ овард. Вазорат аҳамияти Рӯдакӣ ва осори ӯро дар бой гардонидани ҷаҳони маънавии мардум таъқид намуда, яке аз Рӯзҳои Наврӯзро Рӯзи Рӯдакӣ ва таблиғу тарғиби эҷодиёти шоир эълон намуд. Устод Айнӣ барои мардуми Ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон мероси гузаштаи адабиётамонро дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» гирд овард ва саҳифаи аввали онро аз шарҳи ҳоли Рӯдакӣ ва шеъри шоир оғоз намуд . Соли 1940 Айнӣ дар бораи Рӯдакӣ рисолаи илмие навишта, бори аввал дар рӯдакишиносии мо диққати аҳли илмро ба ҷамъ намудани ашъори Рӯдакӣ аз маъхазҳои хаттӣ ҷалб намуд. Дар Эрон дар авали солҳои сивуми қарни гузашта шодравон устод Саъид Нафисӣ ба тадқиқи ниҳоят амиқ ва доманадори муҳити зиндагӣ, рӯзгор ва осори Рӯдакӣ шурӯъ кард. Се муҷаллади ин тадқиқоти Рӯдакӣ дар солҳои 1930-1940 аз Чоп баромад. Дар ҷилди севуми ин китоб қариб ҳазор мисраъ шеъри Рӯдакӣ гирд омада буд. Китоби Саъид Нафисӣ гутан метавон сароғози ҳақиқии илми рӯдакишиносӣ гардид. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ дар мавзӯи рӯзгор ва осори Рӯдакӣ монографияи Абдулғанӣ Мирзоев, китобҳои Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода ва чандин маҷмӯаи илмӣ ба чоп расид. Дертар дар бораи Рӯдакӣ монографияи устоди Донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи Петербург А. Тоҳирҷонов (1968), китоби устод И.С. Брагинский (1989) ва ниҳоят китоби адабиётшинос Аълохон Афсаҳзод «Одамушшуаро Рӯдакӣ» (2003) ба Чоп расид. Корҳои мутааддиди дигар, ки дар ин самти адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ анҷом гирифтаанд, асосан ба таҳқиқи матни осори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва тасвири баъзе ҷузъиёти рӯзгори ӯ алоқаманданд ва ҳар кадом дар ҷою мақоми худ дар рӯдакишиносӣ зина ба зина қадамҳои нав ва устувор ба шумор меравад. Номи ин шоири забардасти адабиёти орс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ муқаррар шудааст. Вай тақрибан соли 858м. дар деҳаи Рӯдак, ки аз рустоҳои ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё меояд. Аксари тазкиранависон ва таърихнигорони пешин зодгоҳи ӯро дар яке аз деҳ ё қаряҳои атрофии Самарқанд муқаррар намудаанд. Ин тахмин ва норавшанӣ соли 1940 дар натиҷаи сӯҳбати устод Садриддин Айнӣ бо яке аз сокинони деҳоти атрофии Панҷакент ва табиқи шаҳодати он гувоҳи зинда ба асноди маъхазҳо саҳеҳ муайян гардид. Яъне, чойи таваллуди шоир ва оромгоҳаш деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Ба ин маънӣ, ҳанӯз муаллифи «Китобу-л-ансоб» Тоҷулислом Абӯсайиди Абдулкарим ибин Муҳаммад ибни Мансур ибни Абӯбакр Муҳаммад Тамимии Марварзии Самъонӣ (506-565 ҳ. / 1113-1166м.) навишта буд: «Ал-Бунуҷӣ … нисбае бувад ба деҳае аз деҳаҳои Рӯдак, ки Банҷрӯдакаш гӯяд. Ва ин қутб Рӯдак боша два шоири маъруф Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ин деҳа бувад…». Аз ин рӯ, дар бобби зодгоҳи устод Рӯдакӣ то пайдо шудани далойили собиткунандаи нав набояд шакку шубҳа ва тахминҳои дигар ҷой дошта бошанд. Зеро гумон аст, ки санади радкункндае нисбат ба нигоштаи Самъонӣ ва баъдинагони ӯ минбаъд пайдо гардад. Соли 1956 аз рӯйи тадқиқотҳои утод Садриддин Айнӣ бо роҳбарии профессор М.М. Герасимов ковишҳои махсуси илмӣ гузаронида шуда, қабри устод Рӯдакӣ пайдо гардид. М.М. Герасимов аз рӯйи косаи сари шоир симо ва пайкари вайро ба вуҷуд овард. Акнун халқи тоҷик ва тамоми мардуми эронитабор имкон пайдо карданд, ки пас аз асрҳои зиёди сипари шуда самои асосгузори адабиёти худро бо ҳисси ифтихори бузург бибинанд. Баъди истилои араб дар сарзамини эронитаборон, ки онро баътар қавмҳову халқиятҳои атрофу акнофи Мовароуннаҳру Хуросон низ қабул намудаанд, фотеҳони араб алифбои арабӣ ва забони тозиро расман ҷорӣ карданд. Ин кӯшише буд барои аз байн бурдани забону фарҳанги мо. Вале ин тавр нашуд. Мардуми маҳаллӣ мероси фарҳангии то истилои арабро сина ба сина бо истифода аз хотираҳои дарроку қавӣ ба наслҳои баъдӣ мерасониданд, урфу одат, расму русуми миллиро кам андар кам ба дасти фаромӯшӣ медоданд, бо он ки ба адабиёти шифоҳиву китобии форс-тоҷик, бо қабул намудани дини ислом, мавзӯъҳои тозае аз ривоятҳои Қуръон дар хилқати Оламу Одам, киштии Нӯҳ, қиссаҳои Юсуфу Сулаймон, асҳоби Каҳф, масалҳои мардумии арабӣ, биҳишту дузах, меъроҷ ва ғайра ворид шуд. Ҳатто кор ба ҷойе расид, ки баъзе нақлу ривоятҳои арабӣ вориди кутуби таърих гардидаанд. Дар баробари ин, тавре, ки дар боло ишора рафт, фарҳангу тафаккури эрониён ба адабиёти арабӣ ҷилои тозае бахшид, назму насри арабиро ҳамаҷониба ғанӣ гардонид, дар кишварҳои зердасти арабҳо ҳатто суханварони дузабона ба майдони адабиёти эронинажодон ворид гардидаанд. Дар Хуросону Мовароуннаҳр осори илмӣ асосан ба забони арабӣ навишта мешудаанд. Аз ҷумлаи 415 шоире, ки дар тазкираи Абӯмансур Абӯмалик ибни Муҳаммад ибни Исмоил ас-Саолибӣ (961-1038м.) «Ятимату-д-даҳр» оварда шудааст, беш аз 120 нафарашон дар замони ҳукумати Сомониён (875-999м.) ва ибтидои асри XI м. дар Хуросону Мовароуннаҳр умр ба Сар бурда , ба арабӣ ва ё ба ду забон; арабӣ ва форсии тоҷикӣ асар эҷод мекарданд. Бунёди бегазанди адабиёти нави форс-тоҷик, ки имрӯз ҳам дарёи бузурги он шодоб аст, дар асрҳои IX-X милодӣ гузошта шудааст. Баъди он ки Бухоро пойтахти дувуми Оли Сомон (892м.) эълон шуд (пойтахти аввалӣ шаҳри Самарқанд), ба он ҷо беҳтарин суханварон, мунаҷҷимон, олимон, табибон, аҳли ҳунар ва ғайра гирд омадаанд. Дар зери таъсири ишон амирону вазирон, мирзоёну ҳокимони маҳалҳо ва фарзандони онҳо беш аз пеш ба илму адабиёт рӯй меоварданд. Дар Бухоро барои илмомӯзӣ шароити мусоид муҳайё гардида буд. Китобхонаи бузурги Сомониён «Сивону-л-ҳикмат» («Ганҷинаи ҳикмат») хазинаи илму фалсафа, донишу фарҳанги Шарқу Ғарб буд. Абӯалӣ ибин Сино сохти китобхонаро чунин ёдовар шудааст: «Ман ба иморате дохил шудам, ки хонаҳои зиёде дошт. Дар ҳар як хона сандуқҳои пур аз китобро бар болои якдигар ниҳода буданд. Дар як хона китобҳои арабӣ ва девонҳои шуъаро ва хонаи дигар китобҳои дин ва фиқҳ ва ҳамчунон ҳар хона шомили китобҳое дар соҳае буд. Манн феҳристи китобҳои муаллифони қадимро хостор шудам ва он китобҳо, ки ниёзманди онҳо Будам , хостам ва онҷо китобҳое дидам, ки ниёзманди онҳо будам, хостам ва он ҷо китобҳое дидам, ки ҳатто номи онҳо бар бисёр касон маҷҳул (номаълум) буд ва аз он пас чунинҷамъомади китобҳоро дар ҳеҷ ҷой надидам». Дар ҳақиқат Сомониён дар баробари таъмин намудани ҳаёти осудаи кишвар, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоъиву сиёсӣ ба илму фарҳанг диққати ниҳоят бузурге равона карда буданд, ки як рукни намоёни онро адабиёт ташкил менамуд, адабиёте, ки дар асрҳои VIII-IX ташаккул ёфта, дар асри X ба зинаи баланди инкишоф расида буд. Ва устод Рӯдакӣ аз саромадон асосгузорони ин ҷараёни навшӯҳрати адабӣ ба шумор мерафт. Дар сарчашмаву маъхазҳо, баъзе тазкираву осори адабии то ибтидои асри XX ва пажӯҳишу таҳқиқоти илмии беш аз 200-сола роҷеъ ба рӯзгори сипаришуда ва мероси адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, аз ишораҳои ҷузъӣ Сар карда, то китобҳои алоҳида гуфтаниҳое гуфта шуда бошанд ҳам, доир ба ин мавзӯъ гиреҳҳои нокушода ва масъалаҳои ҳалношудаву баҳсталаб бисёранд, ки ҳанӯз ҳаллу фасли худро наёфтанд. Гузашта аз ин, муаллифони маъхазҳо ва дар ин замина баъзе рӯдакишиносони ватаниву хориҷӣ ҳатто ном ва ҷойи таваллуди ӯро ба тарзҳои гуногун навиштаанд. * * * Омӯзиши илмии рӯзгор ва осори Рӯдакӣ дар қарни XIX дар Урупо шуруъ шуд. Аз олимони Урупо номи ду нафар донишманд бо пажӯҳиши ҷиддии худ имрӯз ҳам дар рӯдакишиносӣ нақше дорад. Яке шарқшиноси олмонӣ Ҳерман Эте буд, ки дар соли 1873 китобе дар шарҳи рузгори устод Рӯдакӣ навишта, бори аввал шеърҳои ӯро гирд овард. Аммо ин донишманд дуруст таваҷҷӯҳ намуд, ки дар маъхазҳои ашъори зиёде саҳван ба номи Рудакӣ сабт шудааст. Саҳву хатоҳои маъхазҳои шарқӣ ва донишмандони Ғарбро муҳаққиқи англис Дениссон Росс бори аввал ислоҳ намуд ва дар рӯдакишиносӣ донишмандонро огаҳӣ дод, ки ҳар чи ба номи Рӯдакӣ дар маъхазҳо сабт шудааст, на ҳама аз Рӯдакӣ аст. Омӯзиши Рӯдакӣ дар диёри вай ва дар сарзамини иштиҳори ӯ дертар шурӯъ шуд. Дар соли 1926 Вазорати маорифи Тоҷикистон дар маъракаи тарғиби мактабу маорифи нав рӯй ба мероси гузашта ва пеш аз ҳама ба шахс ва осори Рӯдакӣ овард. Вазорат аҳамияти Рӯдакӣ ва осори ӯро дар бой гардонидани ҷаҳони маънавии мардум таъқид намуда, яке аз Рӯзҳои Наврӯзро Рӯзи Рӯдакӣ ва таблиғу тарғиби эҷодиёти шоир эълон намуд. Устод Айнӣ барои мардуми Ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон мероси гузаштаи адабиётамонро дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» гирд овард ва саҳифаи аввали онро аз шарҳи ҳоли Рӯдакӣ ва шеъри шоир оғоз намуд . Соли 1940 Айнӣ дар бораи Рӯдакӣ рисолаи илмие навишта, бори аввал дар рӯдакишиносии мо диққати аҳли илмро ба ҷамъ намудани ашъори Рӯдакӣ аз маъхазҳои хаттӣ ҷалб намуд. Дар Эрон дар авали солҳои сивуми қарни гузашта шодравон устод Саъид Нафисӣ ба тадқиқи ниҳоят амиқ ва доманадори муҳити зиндагӣ, рӯзгор ва осори Рӯдакӣ шурӯъ кард. Се муҷаллади ин тадқиқоти Рӯдакӣ дар солҳои 1930-1940 аз Чоп баромад. Дар ҷилди севуми ин китоб қариб ҳазор мисраъ шеъри Рӯдакӣ гирд омада буд. Китоби Саъид Нафисӣ гутан метавон сароғози ҳақиқии илми рӯдакишиносӣ гардид. Ба муносибати ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ дар мавзӯи рӯзгор ва осори Рӯдакӣ монографияи Абдулғанӣ Мирзоев, китобҳои Х. Мирзозода, Ш. Ҳусейнзода ва чандин маҷмӯаи илмӣ ба чоп расид. Дертар дар бораи Рӯдакӣ монографияи устоди Донишкадаи шарқшиносии Донишгоҳи Петербург А. Тоҳирҷонов (1968), китоби устод И.С. Брагинский (1989) ва ниҳоят китоби адабиётшинос Аълохон Афсаҳзод «Одамушшуаро Рӯдакӣ» (2003) ба Чоп расид. Корҳои мутааддиди дигар, ки дар ин самти адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ анҷом гирифтаанд, асосан ба таҳқиқи матни осори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва тасвири баъзе ҷузъиёти рӯзгори ӯ алоқаманданд ва ҳар кадом дар ҷою мақоми худ дар рӯдакишиносӣ зина ба зина қадамҳои нав ва устувор ба шумор меравад. Номи ин шоири забардасти адабиёти орс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ муқаррар шудааст. Вай тақрибан соли 858м. дар деҳаи Рӯдак, ки аз рустоҳои ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё меояд. Аксари тазкиранависон ва таърихнигорони пешин зодгоҳи ӯро дар яке аз деҳ ё қаряҳои атрофии Самарқанд муқаррар намудаанд. Ин тахмин ва норавшанӣ соли 1940 дар натиҷаи сӯҳбати устод Садриддин Айнӣ бо яке аз сокинони деҳоти атрофии Панҷакент ва табиқи шаҳодати он гувоҳи зинда ба асноди маъхазҳо саҳеҳ муайян гардид. Яъне, чойи таваллуди шоир ва оромгоҳаш деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст. Ба ин маънӣ, ҳанӯз муаллифи «Китобу-л-ансоб» Тоҷулислом Абӯсайиди Абдулкарим ибин Муҳаммад ибни Мансур ибни Абӯбакр Муҳаммад Тамимии Марварзии Самъонӣ (506-565 ҳ. / 1113-1166м.) навишта буд: «Ал-Бунуҷӣ … нисбае бувад ба деҳае аз деҳаҳои Рӯдак, ки Банҷрӯдакаш гӯяд. Ва ин қутб Рӯдак боша два шоири маъруф Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ин деҳа бувад…». Аз ин рӯ, дар бобби зодгоҳи устод Рӯдакӣ то пайдо шудани далойили собиткунандаи нав набояд шакку шубҳа ва тахминҳои дигар ҷой дошта бошанд. Зеро гумон аст, ки санади радкункндае нисбат ба нигоштаи Самъонӣ ва баъдинагони ӯ минбаъд пайдо гардад. Соли 1956 аз рӯйи тадқиқотҳои утод Садриддин Айнӣ бо роҳбарии профессор М.М. Герасимов ковишҳои махсуси илмӣ гузаронида шуда, қабри устод Рӯдакӣ пайдо гардид. М.М. Герасимов аз рӯйи косаи сари шоир симо ва пайкари вайро ба вуҷуд овард. Акнун халқи тоҷик ва тамоми мардуми эронитабор имкон пайдо карданд, ки пас аз асрҳои зиёди сипари шуда самои асосгузори адабиёти худро бо ҳисси ифтихори бузург бибинанд. Солҳои аввали дар дарбор буданаш эҷодиёт устод Рӯдакӣ равнақ ёфта, зиндагии шахсии ӯ низ басо осуда мегузашт. Ин вазъият бештар аз порчаҳои шеърие, ки шоир дар онҳо озодона ва лоуболона хушиҳои зиндагӣ, маю маъшуқа ва ғаураро тараннум мекунад, рӯшан намудор мегардад. Аммо ин осудаҳолӣ ва лаззати илҳоми эҷодӣ тӯл намекашад. Фитнаҳои дарборӣ ва ҳасади аҳли он ҳамоно ҳаёти шоирро ҳар замон талх ва кори эҷодии ӯро халалдор мекарданд, ба осудагӣ ва ороми Рӯдакӣ вазъи нобасомони давр низ халал меовард. А. Афсаҳзод дар бораи муҳити муташанниҷи солҳои ҳукумати Наср навиштааст: – «Амирони аввали хонадони Сомонӣ дар замони ҳукумронии худ нисбат ба пайравони мазҳабҳою фирқаҳои гуногун ва ҳатто ойинҳои мухталиф бетараф буданд. Дар кишвар ба ғайр аз мусулмонони суннимазҳаб пайравони мазҳабҳои дигар – масеҳиён, яҳудиён, парастандаҳои Будо ва пайравони дигар динҳо мезистанд. Ҳокимони Оли Сомон аз ҳамаи ин барои нумуъи иқтидори худ истифода мекарданд. Аммо рӯҳониёни суннимазҳаб аз ин вазъ, ки нуфузи онҳоро мекоҳонд, розӣ набуданд. Фурсат меҷустанд, ки ба он муқовимат ва муқобилат кунанд. Вале зӯрашон намерсид. Оҳиста-оҳиста онҳо бо лашкариёни туркнажод забон як карда, ба Насри II фишор меоварданд. Дар ин ҷабҳа вай сиёсати худро дигар кард. Аз соли 919 дар қаламрави Сомониён таблиғоти қарматия чун ҷунбиши сиёсӣ ва наҳзати иҷтимои пурзур гардид». Ҷунбишу шӯришҳое, ки бо ҳаракати исмоилия ва қарматия дар қаламрави Сомониён ба вуҷуд омад, вазъияти мамлакатро хеле пурташвиш гардонид ва ин ҳолат ба Рӯдакӣ ҳам таъсири манфие расонид. Дар маъхазҳо омадааст, ки аҳли дин ва дӯстони пешин ӯро ба ҳусни таваҷӯҳ ба қарматиён гунаҳкор донистанд. Аз дарбор дур афтодани устодРӯдакӣ ва ба ночориву бечорагии «асову анбон» гирифтор шудани шоир ҳамин ҳарҷу марҷи ҷомеъа будааст. Дар баъзе сарчашмҳо омадааст, ки ҳатто ба гуноҳи қарматӣ буданаш ба чашмони ӯ мил ҳам кашидаанд. Устод Рӯдакӣ дар охири умр б зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд боз мегардад ва дар иҳотаи ҳамдиёрон ва наздикон рӯзгори миёнаҳолонае ба Сар мебарад. Ӯ ин солҳои вазнин зиндагии худро дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» хеле хуб ва бо тафсил нақл кардааст. Шоири дар Арабу Аҷам шӯҳратёфта баъди се соли бо зодгоҳаш баргаштан, соли 941м. аз олам мегузарад. Ӯро дар яке аз боғоти Панҷрӯд ба хок месупоранд. Имрӯз оромгоҳаш зиёратгоҳи аҳли фарҳангу ҳунар ва аҳли дил аст. Марги чунин як суханвари донову тавоно наздикон ва дӯстони ҳамқаламашро бениҳоят ғамгину мотамзада карда буд. Яке аз шоирони гумноми ҳамзамони устод Рӯдакӣ дар марсияи ба ӯ бахшидааш бо ҳазор дарду алам гуфтааст: Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй, Май бирезад, нарезад аз май бӯй Шоират ку кунун, ки шоир рафт, Набувад низ ҷовидона чун уй. Чанд ҷӯйӣ чу ӯ? Наёбӣ боз, Аз чун ӯ дар замона даст бишӯй! Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Суханвари маъруфи асри XIII Рашидии Самарқандӣ, ки зоҳиран бо девони комили шоир шиносоӣ дошт, чунин менависад: Гар сарӣ ёбад олам касс бо некӯшоирӣ, Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ. Шеъри ӯро баршумурдам сезбаҳ раҳ сад ҳазор, Ҳам фузун ояд, агар чунон-к бояд бишмарӣ. Осори бадеиву таърихии суханвари панҷрӯдиро Муҳаммад Авфи Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010-ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Араб ва Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст. тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номида, пеш аз ҳама, ҳаҷми мероси адабии ӯро баршумурдааст. Мутаасифона, аз осори шоир то имрӯз зиёда аз 1100 байт ба мо расидаасту бас. Аз рӯйи ҳамин осори боқимонда ва асноди маъх. Манбаъ:http://literatura.tarena.tj