Нолидани сутуни ҳаннона барои Паёмбар (с)

Яке аз достонҳои Маснавӣ, ки дар қолиби тамсил баён шудааст, нолидани сутуни ҳаннона аст. Сутуни ҳаннона (нолакунанда), сутуне будааст аз дарахти хурмо, ки ҳазрати Расул (с) дар масҷид ба он такя медоданд ва хитоба ва мавъиза менамуданд. Баъдҳо барои он ҳазрат (с) минбаре сохтанд, ки бар фарози он менишастанд ва сухан мегуфтанд. Дар натиҷа он сутун ба далели дур шудан аз ҳазрат, ба нолаву зорӣ пардохт ва аз ин ҳиҷрон ба фиғон омад. Устуни ҳаннона аз ҳаҷри расул Нола мезад ҳамчу арбоби уқул. Гуфт пайғамбар: “Чӣ хоҳӣ, эй сутун!” Гуфт: “Ҷонам аз фироқат гашт хун. Маснадат ман будам, аз ман тохтӣ, Бар сари минбар ту маснад сохтӣ?” Гуфт: “Хоҳӣ, ки туро нахле кунанд, Шарқиву ғарбӣ зи ту мева чинанд? Сутуни ҳаннона дар дурӣ ва фироқи ҳазрати Расул (с), мисли соҳибони ақл ва хирад нола мекард. Паёмбар ба сутун гуфт: чӣ мехоҳӣ? Он сутун посух дод: ҷону дилам аз дурӣ ва фироқи ту хунин гаштааст. Замоне, ки ваъзу хитоба мегуфтӣ, ман дар канорат будам, ки манро раҳо кардӣ ва фарози минбарро ҷойгоҳи худат қарор додӣ. Гуфт: “Хоҳӣ, ки туро нахле кунанд, Шарқиву ғарбӣ зи ту мева чинанд? Ё дар он олам Ҳақат сарве кунад, То тару тоза бимонӣ то абад?” Гуфт: “Он хоҳам, ки доим шуд бақош”, Бишнав, эй ғофил, кам аз чӯбе мабош. Он сутунро дафн кард андар замин, То чу мардум ҳашр гардад явми дин. То бидонӣ ҳар киро Яздон бихонд, Аз ҳама кори ҷаҳон бекор монд. Паёмбар (с) гуфт: ҳол, ки нолаву зории ту ба хотири ман аст, оё майл дорӣ, ки ба подоши ин кор туро ба сурати нахле сарсабз дароварам ва мардуми Ховару Бохтар аз ту мева бичинанд? Ё ин ки дар олами маъно ва ҳақиқат Ҳақ Таъоло туро ба сурати сарве дароварад, ки то абад тару тоза бошӣ? Сутуни ҳаннона посух дод: ман чизеро мехоҳам, ки бақои он ҷовидона бошад. Сипас Мавлоно хитоб ба одамиён мегӯяд: эй инсони ғофил! Ин суханро бишнав ва ба худ ой ва аз чӯб камтар мабош! Он чӯб бо ҳама чӯб буданаш фаҳмид, ки уқбо бар дунё арҷаҳ аст ва онро баргузид. Эй инсон! Ту магар аз чӯб камтарӣ, ки дунёро бар уқбо тарҷеҳ додаӣ? Ҳазрат (с) он сутунро дар замин дафн кард, то дар рӯзи растохез монанди дигар мардум маҳшур шавад. То ин нуктаро бидонӣ, ки ҳар касро Ҳақ Таъоло ба сӯйи худ бихонад ва даъват кунад, ӯ аз ҳамаи умури дунявӣ даст мешӯяд ва фақат ба тоъати Ҳақ меандешад. Ҳар киро бошад зи Яздон кору бор, Ёфт бор он ҷову берун шуд зи кор. Он кӣ ӯро набвад аз асрор дод, Кай кунад тасдиқ ӯ нола ҷамод? Гӯяд: “Оре”, на зи дил, баҳри вифоқ, То нагӯяндаш, ки ҳаст аҳли нифоқ. Ҳар кас, ки кору бораш аз Худо бошад, ӯ ба даргоҳи Ҳақ Таъоло роҳ меёбад ва дар он ҷо аз кори ҷаҳон берун шавад. Он касе, ки аз асрори илоҳӣ ба вай чизе дода нашавад, ӯ кай метавонад нолаву зории ҷамодро тасдиқ ва дарк кунад? Ӯ танҳо барои ҳамроҳӣ ва мувофиқат бо касоне ки эътиқод ба тасбеҳи ҷамод доранд, зоҳиран бале мегӯяд ва худро мувофиқ нишон медиҳад. Мабодо, ки ӯро дар зумраи аҳли нифоқ ба шумор оранд. Мавлоно бо зикри ин ривоят дар садади исботи ин ҳақиқат аст, ки ҷамодот ва наботот низ дорои нутқ ва дарк ва ҳаётанд, мунтаҳо куҷост он диле, ки ин розро дарёбад? Кимиёи саодат