Ояи каримаи "Аласту бираббикум" ва талоши фикрӣ
Худои субҳон бино бар он чи дар Қуръони карим омадааст, аз зуррия ва насли Одам паймон гирифтааст, чунонки дар сураи Аъроф фармудааст:
Ва из ахаза раббука мин бани Одама мин зуҳỹриҳим зурриятаҳум ва ашҳадаҳум ъало анфусиҳим а ласту бираббикум қолỹ бало шаҳидно ан тақỹлу явмал қиёмати инно кунно ъан ҳозо ғофилũн. Ав тақỹлу иннамо ашрака обоуно мин қаблу ва кунно зурриятан мин баъдиҳим афатуҳликуно бимо фаъалал мубтилỹнÊ
ÄОн гоҳ, ки Парваридигорат аз фарзандони Одам, зуррия ва наслашонро берун кашид ва ононро гувоҳи худашон гирифт ва фармуд: оё ман Парвардигори шумо нестам? Гуфтанд: оре, гувоҳӣ медиҳем. Ин барои он буд, ки дар рӯзи қиёмат нагӯед мо аз ин масъала ноогоҳ будем, ё нагӯед падарони мо мушрик шуданд ва мо насли баъдии ононем, оё моро ба хотири онон ҳалок мекунӣ?!
[1]
Барои тафсир ва шарҳи ин ду оят ба муқаддимаи зер ниёзмандем:
Ҳангоме ки навзод аз раҳими модар ҷудо шуда ва банди нофаш, ки воситаи дарёфти ғизои ӯст, бурида мешавад, ғаризаи гуруснагӣ ӯро ба талош ва дар паи дарёфти ғизо водор мекунад. Пас, мегиряд, ҷиғ мекашад, дасту по мезанад ва то замоне ки пистони модарро бигирад, ширро бимакад ва аз маҷрои даҳон ба меъда бирасонад, ором намегирад. Ин ғариза дар одамӣ ҳамешагӣ аст ва ӯро дар тӯли зиндагӣ, барои ёфтани ғизо, ба талош ва ҳаракат водор мекунад.
Дар ин ғариза, ки мо онро талоши меъда дар ёфтани ғизо меномем, ҳамаи ҳайвонот бо инсон баробаранд ва ин, аввалин ғаризае аст, ки инсонро ба сӯи кор ва талош дар зиндагӣ ба пеш ҳаракат медиҳад.
Пас аз он ки навзод калон ва калонтар мешавад, ғаризаи дуввумӣ ба тадриҷ дар ӯ рушд карда, дар овони кӯдакӣ ва ибтидои навҷавонӣ зоҳир мегардад ва нерӯи мағзиашро барои дарёфти ғизои рӯҳӣ ба талош ва такопӯ водор месозад. Дар ин ҳол ҳар чизеро дар атрофи худ мебинад таваҷҷӯҳашро ҷалб карда, ӯро ба савол аз падару модар ва атрофиён мекашонад, то иллати вуҷуди ҳар падидаеро бипурсад. Барои намуна, ҳангоме ки офтобро дар ҳоли ғуруб мебинад аз эшон мепурсад: офтоб шабҳо ба куҷо меравад? Ё вақте чашмаи оберо дар кӯҳсорон дар ҳоли ҷӯшиш ва ҷараён мебинад, мепурсад: ин обҳо аз куҷо меоянд? Ё гоҳе ки абрҳоро дар осмон равон мебинад, мепурсад: ин абрҳо ба куҷо мераванд? Ва ғайра...
Ҳамин гуна ӯ огоҳиашро аз мавҷудот густариш медиҳад ва бо саволҳое, ки аз иллат ва сабаби падидаҳо ва ҳаракоти онҳо аз падару модар ё афроди калонсол аз худ мекунад, ниёзи ғаризаи дуюми худро таъмин менамояд. Пас, ин ғариза низ инсонро ба талош барои сер намудани ин хел гуруснагӣ водор мекунад. Ин дар ҳақиқат ҳамон талош ва кӯшиши ақли башар дар роҳи шинохт ва дарки маърифат аст. Ӯ бо ковишгарию баррасӣ дар паи дастёбӣ ва фаҳми сабабҳо ва иллатҳои вуҷуди падидаҳост. Ин шеваи бархӯрд бо ҳаводис ва падидаҳо дар тӯли умри одамӣ бо ин ғариза густариш меёбад ва ӯро ба ковишу баррасӣ дар иллати пайдоиши мавҷудот кашонда, дар паи ёфтани сабаби ҳаракот ва истодани мавҷудот равон мекунад. Ин танҳо роҳи маърифатшиносӣ ва касби ҳамаи донишҳои башарӣ аст.
Баҳс ва баррасӣ ва ковишгарии инсон дар ёфтани иллати падидаҳо, дар ниҳоят ӯро ба шинохти падидоварандаи онҳо, яъне Худои холиқ мерасонад. Таҳқиқу пажуҳиши ӯ дар ёфтани иллати ҳаракат ва истодани мавҷудот бошад, ӯро ба асосгузори назм ва низом дар зиндагии фардӣ ва ҷамъии махлуқот, раҳнамун месозад.
Барои намуна, гардиши Моҳ ба даври Замин ва Замин ба даври Офтоб, ё ҳаракати электрон дар даруни атом ба даври ҳастаи худ, ҳаракати ҳуҷайраҳои сурху сафед дар хун ва дигар намунаҳои ошкори назму низом дар ҳаракат ва сукуни мавҷудот, ки на ба шумор ояд ва на қобили шумориш бошад, - инҳо ҳама инсонро дар чунин ковише ба ин натиҷа мерасонад, ки: падидаҳо ва мавҷудоти осмону замин ва ҳарчи миёни он ду аст, Парвардигори қонунгузор ва назмофрине доранд, ки зиндагии ҳар як аз онҳоро барномарезӣ ва танзим фармудааст. Ва ин ҳамон маънои сухани Худои мутаол дар ояи каримаи сураи Аъроф аст, ки мефармояд: “Ва из ахаза раббука...”
Тафсири оят
Ва из ахаза раббука мин бани одама мин зуҳỹриҳим зурриятаҳумÊ
ÄҲангоме ки Худованд аз ҳар як аз афроди Бани Одам, зуррия ва насли ӯро берун оварад
ва насли ҳар падаре аз пушти ӯ ҷудо ва хориҷ шуд, ашҳадаҳум ъало анфусиҳим, ҳар як аз ононро бар худаш гувоҳ гирифт ва аз роҳи фитрати кунҷков ва ҷустуҷӯгаре, ки ба ӯ бахшида буд то аз сабаби падид омадани падидаҳо ва ҳаракат ва сукуни мавҷудот ҷӯё шавад, аз эшон пурсид: “Оё ман Парвардигори шумо нестам?” Ва чун ҳамаи онон бо ақли фитрии худ, дарёфта буданд, ки ҳар махлуқеро холиқе аст ва ҳар назмеро нозиме, фарёди бале ва оре сар доданд. Ин ҳамон ғаризаи фитрӣ аст, ки инсонро аз дигар махлуқот ҷудо карда ва башар ба василаи он ба натиҷагирӣ ва ҷамъбандӣ пардохта ва он чиро, ки дигар махлуқот тавони дарк ва дарёфташонро надоранд фаро мегирад. Шарҳ ва баёни он бо ёрии Худо дар тафсири ояи каримаи: “Ва ъаллама одамал асмо’а куллаҳо” меояд.
[1] Сураи Аъроф, ояи 172-173.
وَإِذْ أَخَذَ رَبُّكَ مِن بَنِي آدَمَ مِن ظُهُورِهِمْ ذُرِّيَّتَهُمْ وَأَشْهَدَهُمْ عَلَى أَنفُسِهِمْ أَلَسْتُ بِرَبِّكُمْ قَالُواْ بَلَى شَهِدْنَا أَن تَقُولُواْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ إِنَّا كُنَّا عَنْ هَذَا غَافِلِينَ ﴿172﴾ أَوْ تَقُولُواْ إِنَّمَا أَشْرَكَ آبَاؤُنَا مِن قَبْلُ وَكُنَّا ذُرِّيَّةً مِّن بَعْدِهِمْ أَفَتُهْلِكُنَا بِمَا فَعَلَ الْمُبْطِلُونَ ﴿173﴾