Саховат дар сираи Паёмбар (с)
Саховат дар сираи Паёмбар (с)
Author :
Аллома Файзи Кошонӣ
0 Vote
134 View
Қисмати 2 Саховат ва дасткушодагии Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) саховатмандтарин ва дасткушодатарини мардум буд. Дар моҳи мубораки Рамазон мисли боди тунде буд, ки чизе дар даст боқӣ намегузошт.[1] Алӣ (Алайҳис салом) Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро васф намуда мегўяд: “Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дасткушодатарин, саховатмандтарин, дилвасеътарин, ростгўтарин, бовафотарин, нармхўтарин ва гиромитарини мардум буд. Ҳар касе ки барои бори аввал ўро медид, ҳайбаташ ўро фаро мегирифт. Ва ҳар касе ки бо шиносоӣ бо ў нишасту бархост менамуд, муҳаббаташ ўро ба худ ҷалб мекард. Васфкунандаи ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мегўяд: “Ман монанди ўро на пеш аз вай ва на баъд аз ў надидаам”.[2] Агар касе бихоҳад мусулмон шавад ва дар барбари Исломаш чизе аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бихоҳад, он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз чизе дареғ намеварзид. Боре марде назди ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омада, аз ў чиз хост. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) як галлаи бузурге аз гўсфандон барояш бахшид. Онгоҳ он мард ба сўи қавмаш баргашта, гуфт: “Мусулмон шавед, чун Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунон атое хоҳад бахшид, ки мард бо он ато аз тангдастӣ ҳеҷ ҳаросе нахоҳад дошт”.[3] Ҳаргиз чунин нашуда, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба касе агар чизе бихоҳад, “на” гуфта бошад.[4] Боре ҳафтод ҳазор дирҳам барояш оварданд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамаи онро бар рўи бурёе гузошта, сипас шурўъ кард ба тақсим намудани он ва ҳеҷ дархосткунандаеро бе посух нагузошт.[5] Марде ба наздаш омада, чизе аз ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дархост намуд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: “Ман инак чизе надорам, вале маро хабар гирифта ист, ҳаргоҳ чизе ба дастам расид, ҳоҷати туро бармеоварам”. Умар арз кард: “Эй Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)! Худо туро ба чизе ки хориҷ аз тавоноии мост вазифадор накардааст”. Чунин бархўрди Умар мавриди писанди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нашуд. Он мард арз кард: “Инфоқ кун ва ҳарос ҳам надошта бош, чун Зоте ки бар Арш аст чизе кам нахоҳад намуд”. Онгоҳ Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) табассум намуд, ба гунае ки нишонаҳои хушҳолӣ дар чеҳари муборакаш намоён шуданд”.[6] Боре чунин иттифоқ афтод, ки вақте Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз набарди Ҳунайн баргашт, аъроб бар сари он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) рехтанд ва ҳар яке чизе ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мехост. Кор ба ҷое расид, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) маҷбур гардид ба зери дарахте паноҳ бубарад, вале ин ҷо ҳам аъроб таваққуф нанамуданд, балки ридои он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро рабуданд. Онгоҳ Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз ҷо бархоста, фармуд: “Ридоямро ба ман баргардонед. Агар ман ба андозаи ин дарахтони хордор (ки дар сарзамини Арабистон фаровон аст) чиз медоштам, ҳамаи онро барои шумо тақсим карда медодам ва он вақт шумо маро шахси бахил, дурўғгў ва тарсу намедидед”.[7] Шуҷоат ва фурўтании Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) далертарин ва шуҷоътарини мардум буд. Амири мўъминон Алӣ (Алайҳис салом) мефармояд: “Дар набарди Бадр чунон будем (ки ҳаргоҳ эҳсос мекардем, ки ҷанг бар мо сахт мегардад) ба тарафи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) паноҳ мебурдем. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ҷанг дар саффи аввал қарор дошта ва бо душман наздиктарин фосиларо мегирифт. Он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар он рўз аз назари қудрат ва тавоноии ҷангидан, шадидтарини мардум буд”. Ва ҳамчунин фармуда: “Мо чунин будем, ки ҳаргоҳ оташи ҷанг метасфид ва душман бо мо рў дар рў қарор мегирифт, ба тарафи Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) паноҳ мебурдем ва касе ба душман наздиктар аз Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) набуд”.[8] Чунин нақл шудааст, ки Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) камгап ва камсухан буд. Ҳаргоҳ мардумро амр ба ҷангидан менамуд, ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) худ дар саффи аввал қарор мегирифт ва аз назари тавоноӣ ва зўр, шадидатарини мардум буд. Дар майдони набард ҷуз шуҷоъ наметавонист ба ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) наздик шавад. Чун ба душман хеле наздик мешуд. Ҳатто чунин нақл шудааст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо ҳеҷ сипоҳе рў ба рў намешуд, магар он ки аввалини касоне буд, ки шамшер мезананд. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хеле нерўманд буд. Боре чунин иттифоқ афтод, ки вақте мушрикон ўро печониданд, аз болои хачираш поин омада, чунин шеъре гуфт: Ман он паёмбарам, ки ҳеҷ дурўғе (дар ҳаққонияташ) нест Ман ҳамон касе ҳастам, ки фарзанди Абдулмутталиб мебошад. Дар он рўз шадидтар аз ў касе дида нашуд.[9] Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо вуҷуди волоии мақомаш, аз фурўтантарини мардум буд.[10] Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар дарозгўш (хар) савор мешуд, аз беморон дидан менамуд,[11] дар ҷанозаҳо ширкат мекард, ҳатто агар бардае ҳам ўро барои меҳмонӣ даъват намояд қабул менамуд, худаш кафш ва ё либосашро ислоҳ мекард. Он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар манзил аҳли хонаводаро дар корҳои хона кўмак менамуд.[12] Ҳаргиз саҳобагон ба ҷои ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) корҳои хонаро анҷом намедоданд. Зеро медонистанд, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунин чизеро дўст надорад.[13] Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) вақте аз назди кўдакон убур менамуд, бар онҳо салом мекард.[14] Боре Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз назди марде убур намуд ва он мард аз ҳайбати он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ларза даромад. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: “Бар худ осон бигир. Ман подшоҳ нестам (ки аз ман биҳаросӣ). Ман писари зане аз Қурайш ҳастам, ки таомаш гўшти хушк буд”.[15] Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар миёни саҳобагон ба монанди яке аз онҳо менишаст ва бо онҳо меомехт (ва чунин набуд, ки агар касе аз берун он маҷлисро мушоҳида кунад, битавонад ҷойгоҳи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро ташхис намояд). Боре чунин шуд, ки бегонае омад ва надонист, ки кадомини онҳо Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аст то аз ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) саволашро бипурсад. Саҳобагон аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хостанд, ки дар ҷойгоҳи муайяне биншинад то ҳар бегонае, ки меояд битавонад ўро бишносад. Онгоҳ ҷойгоҳе аз гил барои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) сохтанд ва он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар он ҷо менишаст.[16] Боре Уммулмуъминин Оиша ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) арз кард: “Такя зада таом хўр, зеро бароят осонтар аст”. Оиша мегўяд: “Сипас Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) сари мубораки хешро поин овард то ҷое ки наздик буд пешонияш ба замин бирасад. Сипас фармуд: “Ман ҳамон гуна таом мехўрам, ки ҳар бардае чунон мехўрад ва ҳамон тавр менишинам, ки ҳар бардае менишинад”.[17] Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) на бар суфра таом мехўрд ва на бар табақе, ки таом дар он мегузоранд ва то охирин рўзҳои ҳаёташ чунин буд.[18] Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамеша чунин буд, ки ҳаргоҳ касе аз саҳобагон ва ё ғайри эшон ўро мехонданд, мегуфт: “Лаббайк”.[19] Ва вақте бо мардум менишаст, агар сўҳбаташон дар бораи маънои охират бошад, ба онҳо гўш месупурд. Ва агар сўҳбаташон дар бораи хўрдан ва ё ошомидан ва ё дар бораи умури дунё ҳам бошад, (гоҳе) бо онҳо ҳамсўҳбат мешуд. Ва ин корро ба хотири меҳрубонӣ ва аз рўи тавозўъ ва фурўтанӣ анҷом медод.[20] Гоҳе саҳобагон дар ҳузури он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба шеър хондан мепардохтанд ва чизҳоеро миёни худ радду бадал менамуданд, ки марбут ба ҷоҳилият буд ва механдиданд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) вақте онҳо механдиданд табассум мекард ва онҳоро ҷуз аз кори ҳаром бознамедошт.[21] Шакл ва сурати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Аз сифати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар қоматаш ин буд, ки ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) на хеле дароз буд ва на хеле кўтоҳ, балки он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) миёнақад буд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳаргоҳ касе ки ба қадбаландӣ маъруф аст, бо ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамроҳ мешуд, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) қадбаландтар аз ў намудор мешуд. Ва гоҳе ҳам агар ду марди қадбаланд аз ду паҳлў он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро ҳамроҳӣ намоянд, он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз ҳар дуи онҳо ҳам қадбаландтар зоҳир мешуд. Вале ҳаргоҳ аз он ду ҷудо мешуд, онҳо қоматбаланд шинохта мешуданд ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) миёнақад. Он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд: “Тамоми хайру некўӣ дар миёнақадӣ қарор дода шудааст”. Аммо дар ранги пўст, он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунон нуронӣ буд, ки на ранги хокӣ аз он метобид ва на сафедии зиёд, балки як навъ сафеди дурахшон буд, ки на зардӣ бо он омехта буд ва на сурхӣ ва на ҳатто рангҳои дигар.[22] Амуяш Абўтолиб дар як шеъре ўро чунин васф менамояд: Ў (дар ранги пўст) чунон сафедест, ки ба воситаи он метавон борон аз абр талабид Паноҳгоҳи ятимон ва маъвои бечорагон аст.[23] Ҳаргоҳ аз чеҳраи муборакаш арақ поин меомад, мисли марворид медурахшид. Он арақ аз миски анбар ҳам хушбўтар буд.[24] Ва аммо мўи мубораки он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нимафар (нимаҷингила) буд, на хеле соф ва на хеле фарфарӣ (ҷингила).[25] Ва чунин ҳам нақл шудааст, ки мўйҳои он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) то шонаҳояш поин буданд. Ва бештари ривоятҳо бар он аст, ки мўйҳои он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) то нармаки гўшҳояш буданд ва мўйҳои сафед дар сар ва риши муборакаш, ҳамагӣ ҳафдаҳ адад буда ва (то поёни умри муборакаш) чизе бар онҳо афзуда нагардид. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хушчеҳратарин ва нуронитарини мардум буд. Ҳеҷ сифаткунандае ўро васф наменамуд магар ин ки ба моҳи шаби чаҳордаҳ ташбеҳ мекард. Нишонаҳои ризоят ва ғазаб дар чеҳраи муборакаш ҳувайдо мешуданд, чун ба ниҳоят босафо буданд.[26] Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) пешонии васеъ дошт ва абрувонаш борик ва дароз буда ва аз ҳам фосила доштанд. Чашмони муборакаш фарох ва сиёҳ буданд. Мижагони ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба андозае сермў ва дароз буданд, ки аз фаровонӣ дар ҳам омехта буданд. Биниии мубораки он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамвор ва дандонҳояш фосиладор буданд ва ҳаргоҳ лабханд мезад, дандонҳояш мисли барқ медурахшиданд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз некўтарин лаб ва аз латофаттарин даҳон бархўрдор буд.[27] Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) гунаҳои ҳамвор дошт. Он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) на рўдароз буд ва на мукалсам[28] ва кассуллиҳя[29] буд. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) риши муборакашро раҳо мекард, вале мўи лабашро мегирифт. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз некўтарин гардан бархўрдор буд, ки на ба дарозӣ онро нисбат медоданд ва на ба кўтоҳӣ. Он миқдор аз гардани муборакаш, ки дар баробари тобиши хуршед ва ё вазиши бод қарор мегирифт, чунон метобиданд, ки гўё офтобаи нуқраие бошанд, ки нақшҳои тиллоӣ дошта ва ҷило медиҳанд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дорои синаи паҳно буда ва дар мобайни ҷои гиребон то нофаш дона дона мўйҳое буд ва ба ғайри он ҳеҷ мўи дигаре дар сина ва шикамаш вуҷуд надошт. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дорои китфҳо, оринҷҳо ва ронҳои бузурге буд.[30] Андоми мобайни китфҳояш ҳам фарох буда ва бар китфи росташ холи сиёҳе дошт. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дорои бозу ва зирои[31] бузург, соқи дастонаш дароз, кафи дастонаш фарох ва каронаҳои дастонаш комил буданд (яъне на хеле дароз ва на хеле кўтоҳ буданд). Ангуштонаш мисли шохае нуқрогин ва кафи дастонаш аз абрешам ҳам нармтар буда ва чунон хушбў буданд, ки вақте касе (ба ҷиҳати салом кардан) онҳоро мефишурд, рўзи дароз он бўи хуш аз машомаш гум намешуд. Ва чун одати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ин буд, ки дастони мубораки хеш бар сари кўдакон мегузошт, бинобар ин ҳаргоҳ аз сари ҳар кадом аз кўдакон бўи хуш меомад, мардум мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дасти худ бар сари ў гузошта.[32] Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ором ва бетакаббур роҳ мерафт. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармуд: “Ман шабеҳтарини мардум ба Одам (Алайҳис салом) ҳастам ва падарам Иброҳим (Алайҳис салом) шабеҳтарини мардум ба ман, чӣ дар шакл ва чӣ дар хулқу хўй мебошад”.[33] Ва низ мефармояд: “Ҳамоно ман дар пешгоҳи Худованд даҳ исм дорам: манам Муҳаммад, манам Аҳмад, манам он маҳвкунандае, ки Худо ба воситаам куфрро маҳв менамояд, манам он охирӣ, ки касе баъд аз ў наояд, манам он ҳашркунандае, ки бандагон (дар рўзи маҳшар) дар пеши поям маҳшур мешаванд, манам он паёмбари тавба, манам он паёмбари пайванддиҳанда, манам он охирини тамоми паёмбарон ва манам он комил ва ҳамаҷониба”.[34] Хулқ ва халқи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ривояти Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн Аз Имом Ҳасан (Алайҳис салом) чунин ривоят шудааст, ки мегўяд: “Аз тағоям Ҳинд ибни Абўҳолаи Тамимӣ[35], ки аз сифаткунандагони сифоти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба шумор мерафт хостам, ки бароям чизе аз авсофи Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бигўяд. Ў гуфт: “Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар шакл чунон боазамат буд, ки чеҳрааш ба монанди моҳи шаби чаҳордаҳ медурахшид. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) балантар аз қадпаст ва кўтоҳтар аз қаддароз буд, сари бузурге дошт, мўи сараш нимафар (нимаҷингила) буд, агар миёни гесуҳояш фарқ гузошта шавад, то китфаш поин меомад, вале агар фарқ гузошта нашавад, поинтар аз нармаки гўшҳояш ҳам намеомад. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чеҳраи мунаввар ва нуроние дошт, пешонияш фарох буд, абруи борик ва кашидае дошт бидуни он ки ба ҳам пайваста бошанд, миёни ду абруяш раге намоён буд, ки ҳангоми ба ғазаб омадани он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) пурхун мегардид. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бинии борик ва ҳамворе дошта ва нуре бар он буд, ки ҳар ки бо диққат ба он нигоҳ намекард, фикр мекард, ки бинияш барҷаста мебошад. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) кассуллиҳя буд, гунаҳояш ҳамвор буданд, чашмони сиёҳу бузурге дошт, даҳони муоракаш зеботарин даҳон буд, дандонҳои ҷудо ҷудо ва хеле сафед дошт, мўйҳои мобайни сина то шикамаш нозук ва дона дона буданд, гардани чунон зебое дошт, ки гўё шакли нуқрогинест, ки бо дона донаҳои тилло ороста шудаанд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) андоми мўътадил ва синаи паҳное дошт ва ду китфаш аз ҳам дур буданд, аз ҷои гиребон то нофаш мўйҳое мисли ресмон ҷорӣ буданд, вале синаҳо ва шикамаш холӣ ва соф буданд, ду зироъ ва китфонаш мўйдор буданд. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) синаи барҷаста ва бозуҳои дароз дошт, кафи дастонаш фарох буданд, ду даст ва ду қадамаш бузург буданд, васати кафи пойҳояш ба замин часпида набуданд, болои ду пойҳои муборакаш соф буданд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳаргоҳ роҳ мерафт, ором қадам гузошта, вале зуд роҳ мепаймуд. Ва ҳаргоҳ роҳ мерафт, мисли ин буд, ки гўё аз ҷое сарозер мешавад ва ҳаргоҳ ба ҷое илтифот менамуд, ба тамоми вуҷуд илтифот менамуд. Чашмонаш дар ҳангоми роҳравӣ поин буданд ва аслан нигоҳи ў ба замин беш аз нигоҳаш ба осмон буд. Тамоми нигоҳҳояш ботааммул буданд. Ҳаргоҳ бо ёрони худ роҳ мерафт, аз рўи фурўтанӣ ва ба ҷиҳати эҳтироми эшон онҳоро пеш мекашид. Ва ҳаргоҳ бо касе бармехўрд, аввалин кораш салом кардан ба ў буд”. Онгоҳ Имом Ҳасан (Алайҳис салом) ба тағои худ фармуданд: “Акнун бароям нутқ ва тарзи сухангўии Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро сифат кун”. Пас Ҳинд арз кард: “Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамеша дар фикр буд, ҳеҷ роҳатие надошт, бемаврид сухан намегуфт, бештар дар сукут буд. Ҳаргоҳ суханеро оғоз мекард, бо расотарин баён онро поён мебахшид. Ҳамаҷонибатарин суханонро мегуфт, ки ҳамагӣ суханони фасл[36] буданд, ки на зиёдӣ дар онҳо буд ва на камӣ. Суханонаш нарм буданд, на хушку дурушт. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо суханонаш ҳар неъматеро, ҳарчанд андак бошад, бузург менамуд ва чизе аз онро мазаммат намекард. Мадҳу ситоиш ва ё мазаммату сарзанишаш ҳаргиз бар меҳвари завқи шахсии ў набуд. Дунё ва он чи дар он аст ҳаргиз ўро ба ғазаб вонамедошт. Ҳаргоҳ ҳақ поймол гардад, касеро намешинохт. Ҳаргиз аз барои худаш ба ғазаб намеомад ва аз барои ғазабаш ҳам пирўзӣ намехост. Ҳаргоҳ мехост ба чизе ишора намояд, бо тамоми дастонаш ишора менамуд. Ва ҳаргоҳ аз чизе ба тааҷҷуб ояд, дастонашро мегардонид. Ҳангоми сухан гуфтанаш, бо дастонаш ҳам ишора мекард. Ҳангоми ба ғазаб омадан, рўй барметофт. Ҳаргоҳ хушҳол мешуд, чашмонашро мепўшид. Бештари хандаҳояш табассум буданд”. Имом Ҳасан (Алайҳис салом) мефармояд: “Муддате аз Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) он чиро аз тағоям шунидам, пинҳон нигаҳ доштам, вале баъдан барояш нақл кардам. Аммо дидам ў пештар аз ман аз тағоям ҳамаи он чи ман пурсидам, пурсида будааст, балки ў илова бар он, аз падарам ҳам дар бораи кулли барномаҳои рўзонаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва диду боздидаш бо мардум ва ин ки он ҳазрат бо мардум чигуна нишасту бархост менамуд пурсида ва ҳеҷ чизеро боқӣ нагузошта будааст”. Имом Ҳусайн ибни Алӣ (Алайҳимас салом) мефармояд: “Аз падарам Алӣ ибни Абўтолиб (Алайҳис салом) дар бораи барномаи рўзонаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва диду боздиди он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо мардум суол намудам. Ў (Алайҳис салом) фармуд: “Чунин буд, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳаргоҳ ба манзилаш бармегашт, барномаи буданаш дар манзилро ба ин тартиб танзим мекард, ки онро ба се ҷузъ тақсим менамуд: ҷузъе барои Худо, ҷузъе барои хонавода ва ҷузъе барои худаш. Сипас он ҷузъеро, ки барои худаш аст, байни худ ва байни мардум тақсим менамуд. Ва ба ин тартиб, ба умури ҳамагон − чӣ хоссаи мардум ва чӣ оммаи онҳо − расидагӣ менамуд. (Аз он ҷо ки дастрасии оммаи мардум ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) муяссар набуд, ниёзи онҳоро аз тариқи хосса бармеовард. Ба ин тариқ, ки омма хостаҳо ва матолиби худро ба хосса мерасониданд ва хосса вақте ба маҳзари он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мерасиданд, он матолибро барояш арз менамуданд.) Равиши он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар он ҷузъе, ки марбут ба уммат мебошад, чунин буд, ки барои аҳли фазл, дар дохил шудан ба маҳзари муборакаш бартарӣ медод ва меъёр дар фазилат ҳам, фазилат ва пешдастии онҳо дар дин буд, ки ҳар андоза бофазилаттар дар дин бошад, ба ҳамон андоза дохил шуданаш ба маҳзари Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) муқаддамтар буд. Баъзеҳо танҳо як ҳоҷат доштанд, баъзеи дигар ду ҳоҷат ва дастаи сеюм беш аз ду ҳоҷат. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо ҳамаи онҳо саргарм мешуд ва ба он чи бар салоҳи онҳо ва салоҳи уммат аст эшонро машғул месохт ва онҳоро ба он чи бояд анҷом бидиҳанд дастур медод ва мефармуд: “Бояд ҳозир ба ғоиб бирасонад ва бароям ниёзи касеро, ки худаш наметавонад онро ба ман бирасонад бирасонед. Зеро касе ки ба подшоҳе ҳоҷати касеро, ки худаш наметавонад онро ба вай бирасонад расонад, Худованд қадамҳои ўро дар рўзи қиёмат собит ва устувор мегардонад”. Дар маҳзари Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фақат ҳамин ҳоҷат ва ниёзҳои мардум матраҳ мешуд ва ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ҷуз он сухани дигареро қабул намекард. Намояндагоне, ки ба маҳзари он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шарафёб мешуданд, аз ҳузури ў берун намеомаданд магар бо донишҳое, ки аз он ҳаловат мебурданд ва ҳар яке ҳамчун роҳнамо ва фақеҳ аз маҳзари он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хориҷ мешуд”. Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) мефармояд: “Онгоҳ аз падарам дар бораи маҷлиси он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) суол кардам. Падарам фармуд: “Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) наменишаст ва барнамехост магар бо зикри Худованд. Ҳаргиз ҷоеро макони худ карда намегирифт ва дигаронро ҳам аз ин кор наҳй мекард. Ҳаргоҳ ба маҷлисе ҳузур ёбад, дар ҳамон ҷое ки холист менишаст ва дигаронро ҳам ба ҳамин кор амр менамуд. Ҳеҷ яке аз ҳамнишинонашро бебаҳра намегузошт. Ҳеҷ яке аз онҳоро бар дигарӣ бартарӣ намебахшид ва чунин муомила намекард, ки яке аз онҳо гиромитар бар ў аз дигарӣ бошад. Ҳар касе ки бо ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳамнишин мешуд ва ё дар бораи ҳоҷате бо ў сўҳбат мекард, Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) то охир ўро таҳаммул мекард ва ба суханонаш гўш медод то он ки худи он шахс бархоста равад. Ҳар касе ки ҳоҷате аз ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мехост, ҷуз бо баровардани ҳоҷаташ ўро барнамегардонид. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) метавонист ҳамаро дар худ гунҷонад, барояшон падаре мушфиқ буд, ҳамаи мардум дар ҳақ пеши ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) яксон буданд. Маҷлисаш маҷлиси ҳилм, ҳаё, сабр ва амонат буд. Ҳеҷ садое дар маҷлиси ў баланд намешуд ва ҳеҷ касе дар он тавҳину таҳқир намегардид. Маҷлисаш чунин набуд, ки касе дар он лағзише ва ё иштибоҳе намояд ва онгоҳ дигарон ўро мавриди сарзаниш қарор бидиҳанд. Ҳама баробар ва яксон буданд ва агар бартарие ҳам бошад, ба сабаби тақво ва парҳезгорӣ буд. Фурўтанӣ комилан дар он маҷлис ҳукмфармо буд, калонсол эҳтиром мешуд, хурдсол мавриди раҳмат қарор мегирифт, ҳоҷатманд бартарӣ дода мешуд ва ғариб ва бегона нигаҳдорӣ мешуд”. Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) мефармояд: “Ба падарам арз кардам, ки муомилаи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо ҳамнишинонаш чигуна буд? Падарам фармуд: “Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) башшош ва нармхўй буд. На тундхў буд, на сангдил, на додзананда, на дашномдиҳанда, на айбҷў ва на чоплус. Агар чизе мавриди писандаш набошад, худро аз он ба ғофилӣ мезад (на ин ки нописандияшро изҳор намояд) ва на ин ки дўстдорони он чизро аз он чиз ноумед гардонад. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хештанро аз се чиз раҳо карда буд: аз ҷидол, аз зиёд сухан гуфтан ва аз гуфтани чизҳои бемаънӣ. Дар се маврид ҳам мардумро раҳо карда буд: касеро сарзаниш ва мазаммат намекард, касеро айбҷўӣ наменамуд ва намехост аз рози касе бохабар шавад. Он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҷуз дар мавриди он чи умеди савоб аз он дошт сухан намегуфт. Ҳаргоҳ сухан мегуфт, ҳамнишинонаш чунон сокит ба суханони ў гўш фаро медоданд, ки гўё бар болои сарҳояшон парандагон нишаста бошад ва ҳаргоҳ ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) сокит мешуд, онгоҳ эшон ба сухан гуфтан мепардохтанд. Дар маҳзари мубораки ў ҳаргиз ҷору ҷанҷол сар намедоданд. Ҳаргоҳ дар маҳзари муборакаш касе сухан мегуфт, ҳама ба ў гўш месупурданд то аз сухан гуфтан фориғ гардад. Аз он чи онҳо механдиданд, ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) низ механдид ва аз он чи онҳо тааҷҷуб менамуданд, ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) низ тааҷҷуб менамуд. Агар бегона ва ғарибе, ки сухан гуфтан наметавонист, бо ў сухан бигўяд ва ё чизе аз ў бипурсад, бо вуҷуди дуруштии мантиқаш, ўро таҳаммул мекард. Ба асҳоб мегуфт: “Ҳаргоҳ ҳоҷатмандеро дидед, ки талаби баровардани ҳоҷат мекунад, зуд ҳоҷаташ бароваред”. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳозир набуд, ки мадҳу ситоишро ҷуз аз касе ки шоистаи ин кор аст қабул намояд ва агар чоплус ва ё мунофиқе ўро ситоиш намояд, ба ў ҳеҷ эътиное намекард ва аз ў рўй барметофт. Ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) сухани касеро қатъ намекард”. Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) мефармояд: “Сипас аз падарам суол кардам, ки сукути Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чигуна буд? Фармуд: “Сукути Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз чаҳор ҷиҳат буд: ё ба ҷиҳати ҳалимӣ буд, ё ба ҷиҳати эҳтиёт, ё ба хотири андозагирӣ ва ё ба ҷиҳати тафаккур. Ва сукути ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ҷиҳати андозагирияш, дар ин буд, ки ба мардум ба таври яксон назар андозад ва ба ҳама яксон гўш фаро диҳад. Ва аммо тафаккураш дар бораи он чи боқӣ ва он чи фонист буд. Ҳалимӣ ва шикебоӣ як ҷо дар вуҷуди мубораки ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҷамъ шуда буд ва чизе ўро ба ғазаб намеовард. Аммо дар мавриди сукуташ ба ҷиҳати эҳтиёт ва ҳазар, чаҳор чиз ҳам дар вуҷуди ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҷамъ шуда буд: иқдомаш (бе он ки чизе бигўяд) ба анҷоми кори некў то дигарон амалан аз ў пайравӣ кунанд, таркаш анҷоми кори зиштро то дигарон ҳам амалан ба он наздикӣ накунанд, иҷтиҳоди ў дар назар дар мавриди он чи мояи салоҳи уммат бошад ва камари ҳиммат бастанаш дар анҷоми он чи хайри дунё ва охиратро барои уммат як ҷо гирд оварад”.[37] Аз Имом Содиқ (Алайҳис салом) чунин ривоят шудааст, ки мефармояд: “Ҳамоно ман барои ҳеҷ марде намеписандам, ки бимирад ва ҳол он ки хислате аз хислатҳои Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) боқӣ монда ва ў онро анҷом надода бошад”.[38] Мўъҷизаҳои Хотами паёмбарон (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Бешак ҳар он ки ҳолоти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро мушоҳида намояд ва ё ба ахборе, ки дар бар дорандаи ахлоқи он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), кирдори ў, аҳволаш, одатҳои вай, хислатҳо, сиёсаташ бо ақшори гуногуни мардум, роҳнамоии онҳо ва рондани эшон ба сўи итоат аз хеш, ба иловаи он чи ҳикоят шудааст аз ҷавобҳои ҳайратангези ў бар бориктарин суолҳо ва тадбирҳои беназираш дар мавриди масолеҳи мардум ва ишораҳои некўяш дар тафсил ва баёни зоҳири шариат − ки фақеҳони бузург ва андешмандони бонубуғ аз дарки борикиҳои он оҷизанд − гўш биспорад, барои ў ҳеҷ шак ва ё гумоне боқӣ намемонад, ки тамоми инҳо, на бо маҳорат метавонад ба даст ояд ва на бо нерўи башарӣ, балки ҷуз бо як таъйид ва дастгирии нерўи осмонӣ ва қувваи илоҳӣ қобили тасаввур нестанд. Ва ҳамчунин наметавонад ин хислатҳо барои як дурўғгў ва шайёде ҳосил гардад. Оре, шамоил ва ҳолоти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) худ шоҳид ва гувоҳи қотее бар ростгўии ў (дар иддаояш, ки паёмбар аст) мебошад, ҳатто ин ки як араби соддае ҳам ҳаргоҳ ўро медид, мегуфт: “Ба Худо савганд, ки чунин чеҳрае, чеҳари дурўғгў намебошад”. Агар ба маҳзи дидани шамоили Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ба ростгўӣ ва садоқаташ гувоҳӣ бидиҳанд, пас чигуна хоҳад буд ҳоли он касе, ки шоҳиди ахлоқи ў буда ва ба ҳолоташ ошно бишавад? Ва мо, ки порае аз ахлоқи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро ёдовар шудем, барои ин аст, ки аввалан ахлоқи некў шинохта шавад ва сониян то ба садоқат ва ростгўии он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), волоии мақомаш ва ҷойгоҳи азимаш дар пешгоҳи Худо огоҳ гардем. Ҳамаи ин шамоил ва хислатҳо дар ҳолест, ки ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мардест дарснахонда, донише наомўхта, китобе мутолеа накарда, дар талаби дониш бори сафар набаста ва дар байни арабҳои ҷоҳил дар ҳоли ятимӣ, нотавонӣ ва надорӣ бузург шуда. Пас аз куҷост барои ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) доро шудан ба ин ҳама ахлоқ ва одоби некў ва маърифати роҳу равиши зиндагӣ, илова бар маърифаташ ба Худо, фариштагон, китобҳои осмонӣ, паёмбарон ва ғайра, ки аз вижагиҳои паёмбарист? Оё ҷуз ин аст, ки таъйид шуда бошад аз ҷониби як нерўи осмонӣ ва қувваи илоҳӣ? Аз куҷост барои башар доро шудан ба ин ҳама маориф ва оростан ба ин ҳама ахлоқу одоб, агар таъйиди осмоние дар ин миён набошад? Аз ҷониби Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нишонаҳо ва мўъҷизаҳое ошкор шуда, ки ҳеҷ таҳсилкардае наметавонад кучактарин шакке дар онҳо намояд. Мо дар ин ҷо аз ин нишонаҳо ва мўъҷизаҳо он миқдореро, ки ба сурати ахбори мустафиз[39] нақл шуда ва дар китобҳои гуногун зикр гардида, бароятон ёдоварӣ менамоем: Худованди Мутаол ба дасти мубраки Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) корҳои холриқулодаи зиёдеро анҷом дода. Яке он ки дар Макка вақте Қурайш аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нишона ва мўъҷиза хост, Худованд ба дасти ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) моҳро ду пора гардонид.[40] Дигар ин ки боре фақат бо андак ҷав ва як бузғола ҳаштод нафарро таом дода, серашон намуд.[41] Ва боре ҳам беш аз ҳаштод нафар мардро бо чаҳор қурс нони ҷав, ки Анас дар дасти худ бардошта овард сер намуд.[42] Боре аз дасти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Бинти Башир миқдори андак аз хурморо барои сипоҳиён овард ва ҳамаи сипоҳиён аз он хўрда сер шуданд ва миқдоре ҳам аз он изофа омад.[43] Боре аз байни ангуштони мубораки он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) об сарозер шуд ва сипоҳиён, ки ташна буданд, ҳамагӣ аз он нўшида сероб шуданд.[44] Ва боре ҳам тамоми сипоҳиён аз як ҷоми кучак ва танге, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба сахти дасти худро ба он дохил мекард, вузў гирифтанд.[45] Боре оби вузўи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар чашмаи Табук, ки тамоман холӣ аз об буд рехт ва боре дигар дар чоҳи Ҳудайбия. Дар ҳар ду маврид ин ду чашма ва чоҳ бо об лабрез шуданд ва аз чашмаи Табук сипоҳиён, ки ҳазорон нафар буданд нўшида сероб шуданд ва аз чоҳи Ҳудайбия як ҳазору понсад нафар об нўшида сероб шуданд.[46] Боре Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар майдони набард як мушт хокро бар тарафи сипоҳи душман партоб намуд ва чашмонашон кўр шуд. Онгоҳ ин фармудаи Худованд нозил шуд: “Ва ту партоб накардӣ, онгоҳ ки партоб кардӣ, балки ин Худо буд, ки партоб намуд”. (Сураи Анфол, ояти 17).[47] Боре шохаи чўбе, ки аз он барои Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) минбар дуруст карда буданд ва ҳазраташ бар он хутба мехонд, ба монанди садои шутур (аз рўи иштиёқ ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)) дод зад ба гунае ки тамоми асҳоб садои онро шуниданд ва онгоҳ Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) онро ба оғўш гирифт то ором шуд.[48] Боре яҳуд барои таманнои мурдан даст ба дуо бардоштанд ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба онон хабар дод, ки наметавонанд чунин таманное кунанд. Онгоҳ байни яҳуд ва байни талаффузи чунин дуое монеъ пеш омад ва натавонистанд дуо кунанд.[49] Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ахбори ғайбии зиёде дода. Аз ҷумла фармуда: “Амморро гурўҳи боғӣ (таҷовузгар) хоҳанд кушт”.[50] Ва низ фармуда, ки Имом Ҳасан (Алайҳис салом) касест, ки Худованд ба дасти мубораки ў миёни ду гурўҳи бузурге аз мусулмонон сулҳ барқарор хоҳад намуд.[51] Боре Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар бораи як марде, ки дар роҳи Худо ҷангидааст хабар дод, ки ў аз аҳли дўзах мебошад. Баъдан ошкор шуд, ки он мард худкушии намудааст. Боре Суроқа ибни Ҷаъшам ба дунболи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) роҳ афтод ва дар байни роҳ ду пои аспаш дар замин ғўтавар шуда ва ба дунболи он дуде ҳам баланд шуд. Онгоҳ Суроқа аз Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ёрӣ талабид. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) барои ў дуо намуданд ва асп ҳаракат кард. Сипас Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ўро чунин бим доданд, ки ба зудӣ дар дастонаш дастбандҳои Кисро гузошта мешавад. Ва дар воқеъ ҳам чунин шуд.[52] Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз кушта шудани Асвади Анасии каззоб (дурўғгў) дар ҳамон шабе, ки кушта шуд хабар дод ва ҳол он ки Асвад дар Санъои Яман буд. Ва ҳамчунин аз исми қотили ў ҳам хабар дод.[53] Боре Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) берун омад ва сад нафар аз Қурайш ҳам аз паи ў роҳ афтода мунтазири куштани ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) буданд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар сарҳояшон хок пошид, онгоҳ натавонистанд ўро бубинанд.[54] Боре дар ҳузури асҳоб шутуре ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шиква намуда ва барои ў курниш кард.[55] Боре Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз ду дарахт хост бо ҳам ҷамъ шуданд, сипас амр фармуд аз ҳам ҷудо шуданд.[56] Боре масеҳиёнро барои мубоҳала даъват кард ва онҳо розӣ нашуданд ва ба онҳо хабар дод, ки агар чунин мекарданд ҳалок мешуданд. Онҳо чун фаҳмида буданд, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) рост мегўяд, ба ҳамин ҷиҳат розӣ нашуданд.[57] Боре Омир ибни Туфайл ва Арбад ибни Қайс, ки аз саворкорон ва далерони маъруфи араб буданд қасди куштани Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро намуданд, аммо (ба қудрати илоҳӣ) миёни онҳо ва миёни анҷоми чунин коре монеъ пеш омад. Сипас Омир ба сабаби бемории ғудда ва Арбад дар натиҷаи раъду барқе, ки ўро сўзонид ҳалок гардиданд.[58] Ҳамчунин дар бораи Убай ибни Халафи Ҷумаҳӣ (Алайҳи лаъна) хабар дод, ки ўро хоҳад кушт ва дар ҷанги Уҳуд як зарбаи сахте бар ў ворид кард, ки дар натиҷаи он мурд.[59] Боре Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар як таоме заҳр хўронда шуд ва он кас ки ҳамроҳи Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз он таом мехўрд мурд, вале он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чаҳор сол баъд аз мурдани он мард зиндагӣ намуд. Гўшти заҳрогин худаш ба Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) сухан гуфта буд.[60] Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар рўзи набарди Бадр аз мавзеъ ва ҷои кушта шудани бузургони Қурайш хабар дода ва бо бурдани исмҳои онҳо, барои асҳоб мавзеи кушта шудани яко якашонро нишон дод. Ва дар воқеъ ҷасади яко яки номбурдагон дар ҳамон ҷое, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нишон дода буд, қарор дошт.[61] Боре Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунин хабар дод, ки тоифае аз уммати ў дар баҳр ғазавот хоҳанд намуд ва воқеан чунин ҳам шуд.[62] Боре замин (ба қудрати илоҳӣ) барои он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) як ҷо гирд оварда шуда ва машриқу мағриби он дар маърази диди ў қарор дода шуд ва онгоҳ Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунин хабар дод, ки мамлакати ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) то ҳамон ҷое ки дар маърази диди ўст хоҳад расид.[63] Ва дар ҳақиқат ҳам чунон шуд, ки хабар дод, зеро мамлакати ў (яъне сарзамини Ислом) аз аввали машриқзамин, ки билоди Туркистон аст то охири мағрибзамин, ки баҳри Андалус ва билоди Барбар аст расид, вале на дар ҷиҳати ҷануб густариш ёфт ва на дар ҷиҳати шимол ҳамчунон ки хабар дод.[64] Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳангоми вафот ба духтари гиромияш ҳазрати Фотимаи Заҳро (Алайҳас салом) хабар дод, ки ў аввалин нафар аз наздиконаш аст, ки ба ў мулҳақ хоҳад шуд ва воқеан ҳам чунин шуд.[65] Ва ҳамчунин ба ҳамсаронаш чунин хабар дод, ки дастбозтарини онҳо, аввалини онҳост дар мулҳақ шудан ба ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва Зайнаб бинти Ҷаҳши Асадӣ, ки дастбозтарини занони Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар садақа додан буд, аввалини занони он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) буд, ки баъд аз вафот ба ў мулҳақ гардид.[66] Боре Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар синаи гўсфанде, ки шир надошт даст кашид ва онгоҳ аз он шир фаварон зад ва ҳамин ҳодиса сабаб гардид, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд ба Ислом гаравад. Ва бори дигаре ҳам чунин кореро дар хаймаи Умми Маъбади Хазоӣ анҷом дод.[67] Боре чашми яке аз асҳоб аз косахона берун омада афтод, онгоҳ Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо дастони мубораки хеш онро ба ҷои худ баргардонд ва дуруст шуд. Чашмони ин мард солимтарин ва некўтарини чашмон гардид.[68] Дар набарди Хайбар чашмони мубораки Алӣ (Алайҳис салом) бемор буданд ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар онҳо туф намуд ва ҳамон лаҳза дуруст шуданд ва сипас он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) парчамро ба дасти Алӣ (Алайҳис салом) дода ўро ба майдони набард гусел карданд.[69] Гоҳе асҳоб аз таоме, ки дар назди Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) буд садои тасбеҳ мешуниданд.[70] Боре ба пои яке аз асҳоб исобате расид ва Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар он даст кашиданд ва ҳамон лаҳза дуруст шуд.[71] Боре тўшаи сипоҳиёне, ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро ҳамроҳӣ мекарданд кам гардид ва онгоҳ Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аз онҳо хост ҳар чӣ аз тўша пешашон боқӣ монда биёранд ва дар натиҷа миқдори андаке ҷамъ шуд. Онгоҳ Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дуои баракат бар он хонда, сипас ҳамаи сипоҳиёнро дастур дод, ки ҳар яке барои худ аз он бардорад ва ҳеҷ зарфе дар урдугоҳ боқӣ намонд магар он ки аз пур аз таом шуд.[72] Боре Ҳакам ибни Ос дар бораи роҳравии он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) сухан гуфта, онро масхара намуд. Ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд: “Ту худ чунон шавӣ, ки анҷом медиҳӣ”. Баъд аз он, Ҳакам мубтало ба ларзон ларзон роҳ рафтан шуда ва то охири ҳаёташ чунон монд.[73] Ва ҳамчунин шаллие, ки бар дасти Талҳа дар набарди Уҳуд расид, баъд аз он ки Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар он даст кашид, аз байн рафт. Аз ҷумлаи ахбори ғайбии Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки аз тариқи Аҳли Байт (Алайҳимус салом) нақл шудааст, дар бораи шаҳодати Амири мўъминон Алӣ (Алайҳис салом) мебошад, ки дар моҳи мубораки Рамазон бар фарқи сари он ҳазрат (Алайҳис салом) зарба ворид шуда ва риши муборакаш оғушта бо хун мегардад.[74] Ҳамчунин он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шаҳодати Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн (Алайҳимас салом) ва ин ки Имом Ҳасан (Алайҳис салом) ба воситаи заҳр ва Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) баъд аз шаҳодати ёронаш, танҳо ва ғарибона дар замине, ки Карбало ном дорад кушта хоҳад шуд хабар додааст.[75] Ва ҳамчунин Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хабар додааст, ки порае аз тани ў (яъне Имом Ризо (Алайҳис салом)) дар Тўс ба хок супурда хоҳад шуд.[76] Ва ҳамчунин он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) чунин башорат додааст, ки Имомон баъд аз ў дувоздаҳ нафар хоҳанд буд ва ҳатто аз яко якашон ном бурдааст. Ва ҳамчунин хабар додааст, ки баъд аз ў Амири мўъминон Алӣ (Алайҳис салом) бо се гурўҳ хоҳад ҷангид: нокисин[77],...... қоситин[78] ва мориқин[79]. Ва ҳамчунин Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хабар додааст, ки баъзе аз ҳамсаронаш роҳи ситам бар он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро пеша хоҳад намуд ва он ҳангом ки ба чунин коре иқдом мекунад, сагҳои минтақаи Ҳавъаб бар ў порс хоҳанд намуд.[80] Ва ҳамчунин аз тамоми фитнаҳое, ки баъд аз ў воқеъ хоҳад шуд хабар додааст. Ва низ хабар додааст, ки Абўзар танҳо ва ғариб хоҳад мурд[81] ва охирин рўзии Аммор аз дунё, як соъ шир хоҳад буд[82] ва ғайра. Яке дигар аз мўъҷизаҳои Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармонбардории хуршед буд аз он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), боре дар истодан аз ғуруб ва боре дар тулўъ баъд аз ғуруб.[83] Ва низ фармонбардории дарахт буд аз ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) он ҷо ки фармон ба омадан дод ва он дарахт аз ҷои худ канда шуда ва ба назди он ҷаноб (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омада истод ва салом кард, сипас боз ба амри он ҳазрат (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ҷоии аввалааш баргашт. Ин ҳодиса дар “Наҳҷул−балоға” зикр шудааст.[84] Ҳар касе ки дар вуқўи кори хориқулода ба дасти Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шак карда ва чунин пиндорад, ки ин воқеаҳо ба сурати тавотур нақл нашудааст[85], балки фақат ин Қуръон аст, ки ба сурати мутавотир нақл гардидааст, чунин шахсе монанди ҳамон касеро мемонад, ки дар шуҷоат ва далерии Имом Алӣ (Алайҳис салом) ва ё дар мавриди саховати Ҳотам шак мекунад. Сипас, ҳамин ки наметавонад дар тавотури Қуръон шак кунад, худ кофист. Зеро Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба ҳамин Қуръон − ки худ мўъҷизаест ҷовидон дар миёни халқ − тамоми фасеҳон ва балиғонро ба мубориза талабид ва нимҷазираи Арабистон дар он замон пур аз ҳазорон фасеҳу балиғ буд. Аслан дар фасоҳату балоғат ҳунарманд буданд ва ба чизе ба андозаи он ифтихор намекарданд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба онҳо дод мезад, ки агар дар ҳаққонияти ман шак дошта бошед, ақаллан ба андозаи як сураи Қуръон ҳам ки бошад, чизе биёваред. Дар худи Қуръони Карим мехонем: “Агар инсу ҷин як ҷо ҷамъ шуда ва бикўшанд, ки ба монанди ин Қуръон биёваранд, ҳаргиз нахоҳанд тавонист, ҳарчанд даст рўи дасти ҳамдигар гузошта якдигарро пуштибонӣ кунанд”.[86] Худованди Мутаол ба ҷиҳати оҷиз донистани онҳо чунин фармуда ва онон ҳам ба оҷизии хеш иқрор намуда ва аз майдон берун рафтанд. Онҳо ҷони худ дар маърази қатл ва занону фарзандонашонро дар маърази асорат қарор дода, вале на тавонистанд дар муқобили Қуръон истодагӣ намоянд ва на тавонистанд дар зебоӣ ва некўии он хадшае ворид созанд. Сипас баъд аз он, Қуръон дар ақсо нуқоти олам интишор ёфт, вале ҳанўз касе пайдо нашуд, ки битавонад ба ин муборизаталабии Қуръон посух дода ва дар баробараш чизе биёварад. Пас, чӣ бузург аст аҳмақии он касе ки дар ҳолоти Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), сипас дар кирдор, сипас дар суханон, сипас дар ахлоқ, сипас дар мўъҷизаҳо, сипас дар истимрор пайдо кардани шариаташ то ба имрўз, сипас дар интишори дини ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ақсо нуқоти олам ва сипас дар гардан ниҳодани подшоҳони рўи замин дар баробари ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар замонаш ва ҳатто баъд аз он, бо ин ки ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) як араби сода ва ятиме беш нест, нигаҳ андозад, аммо баъд аз ҳамаи ин, дар ростгўӣ ва садоқати ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ба шакку гумон роҳ бидиҳад! Ва дар муқобил, чӣ бузург аст тавфиқи он касе ки ба ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) имон оварда ва ўро тасдиқ намуда ва аз ў (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) пайравӣ кардааст. Поён Қисмати 1 [1]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 4, с. 229. [2]−”Шамоил”−и Тирмизӣ, с. 1. [3]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 7, с. 74. [4]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 7, с. 74. [5]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 4, с. 12. [6]−”Шамоил”−и Тирмизӣ, с. 26. [7]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 4, с. 115. [8]−Таърихи Табарӣ, ҷ. 2, с. 135. [9]−Манбаи пешин. [10]−Абулҳасани ибни Заҳҳок дар “Шамоил” нақл кардааст. [11]−”Шамоил”−и Тирмизӣ, с. 23. [12]−Аҳмад дар “Муснад”−аш ривоят кардааст. [13]−”Сунан”−и Тирмизӣ, ҷ. 10, с. 212. [14]−”Мустадрак”−и Ҳоким, ҷ. 2, с. 66. [15]−”Сунан”−и Абўдовуд, ҷ. 2, с. 527. [16]−Абўшайх аз Абдуллоҳ ибни Убайдуллоҳ ибни Умайр ривоят кардааст. [17]−Ин ривоятро низ Абўшайх аз Абдуллоҳ ибни Убайдуллоҳ ибни Умайр нақл кардааст. [18]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 7, с. 91. [19]−”Маҷмаъ−уз−завоид”, ҷ. 9, с. 20. [20]−”Шамоил”−и Тирмизӣ. [21]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 7, с. 78. [22]−”Усули кофӣ”, ҷ. 1, с. 443. [23]−”Усули кофӣ”, ҷ. 1, с. 449. [24]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 7, с. 82. [25]−”Шамоил”−и Тирмизӣ, с. 1. [26]−”Усули кофӣ”, ҷ. 1, с. 449. [27]−”Ал−маонӣ”−и Садуқ, с. 80. [28]−Мукалсам, яъне кўтаҳрў бо чонаи поиномада ва пешонии доираӣ ва камгўшт. [29]−Кассуллиҳя, яъне касе ки риши кўтоҳ ва сермў дошта бошад. [30]−”Муснад”−и Аҳмад, ҷ. 1, с. 96. [31]−Аз оринҷ то сари ангуштонро “зироъ” гўянд. [32]−”Маҷмаъ−уз−завоид”, ҷ. 8, с. 282. [33]−”Ад−дур−рул−мансур”, ҷ. 4, с. 148. [34]−”Маҷмаъ−уз−завоид”, ҷ. 8, с. 284. [35]−Ҳинд бародари ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) аз тарафи модар буд. Ў парваришёфтаи Паёмбар (с) буда, марди бисёр фасеҳ ва яке аз сифаткунандагони сифоти Паёмбар (с) ба шумор мерафт. Ў дар канори Алӣ (а) дар набарди Ҷамал ба шаҳодат расида. [36]−Сухани фасл, суханест файсалабахш. Яъне барои шунаванда чизеро мубҳам намегузорад, ҳама чизро файсала мебахшад. [37]−”Макорими ахлоқ”, боби аввал, фасли аввал, баҳс дар хулқ, халқ ва шамоили Паёмбар (с). [38]−”Макорими ахлоқ”, боби аввал, с. 41. [39]−Ахбор ва ё ривояти мустафиз, он аст, ки онро ҷамоати зиёде нақл карда бошанд. [40]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 8, с. 132. [41]−”Сунан”−и Доримӣ, ҷ. 1, с. 24. [42]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 4, с. 234. [43]−”Далоил”−и Байҳақӣ. [44]−”Сунан”−и Доримӣ, ҷ. 1, с. 14. [45]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 4, с. 234. [46]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 7, с. 60. [47]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 5, с. 169. [48]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 4, с. 237. [49]−”Ад−дур−рул−мансур”, ҷ. 6, с. 217. [50]−”Мустадрак”−и Ҳоким, ҷ. 3, с. 386. Ва дар воқеъ ҳам чунин шуд. Дар айёми хилофати Амири мўъминон Алӣ ибни Абўтолиб (Алайҳис салом) набарде миёни сипоҳиёни Алӣ (Алайҳис салом) ва миёни сипоҳиёни Муовия ба вуқўъ пайваст. Дар миёни уммат хеле аз соддалавҳоне ҳам буданд, ки намедонистанд ҳақ дар ин набард дар ҷониби кист. Ва ин хабари ғайбии Паёмбар (с) чунон машҳур буд, ки вақте ҳазрати Аммор ибни Йосир, ки дар саффи сипоҳиёни Алӣ (а) қарор дошт ва ба дасти сипоҳи Муовия кушта шуд, онгоҳ фаҳмиданд, ки ҳақ дар ҷониби Алӣ (а) будааст, чун Паёмбар (с) фармудаанд, ки Амморро гурўҳи боғӣ ва таҷовузгар хоҳанд кушт. [51]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 5, с. 32. Ва воқеан ҳам чунин шуд. Зеро баъд аз ба шаҳодат расидани Имом Алӣ (а) хилофат ба васияти Имом Алӣ (а) барои фарзанди бузургаш Имом Ҳасан (а) мунтақил шуд ва мусулмонон ба ў байъат карданд. Аммо душмани деринаи хонадони Паёмбар (с) Муовия, ки вилояти Шомро дар даст дошт, аз чунин байъате даст бардошта иддао намуд, ки халифа ўст. Ба ҳамин хотир миёни сипоҳиёни Имом Ҳасан (а) ва сипоҳиёни Шом ҷанг воқеъ шуд. Ва аз тарафи дигар Румиён, ки ҳанўз минтақаҳои зиёде зери тасарруфашон буд, дар интизори чунин фурсате буданд, ки миёни ду гурўҳи мусулмонон ҷанг шуда ва ҳар ду заиф ва нотавон гарданд ва онгоҳ ба сарзамини мусулмонон ҳамла намуда ононро шикаст диҳад. Ба ҳамин сабаб ва бо таваҷҷўҳ ба таҳдиди ҷомеаи исломӣ аз тарафи кофирон, Имом Ҳасан (а) чорае надошт ҷуз ин ки паймони сулҳ бо Муовия баста ва муваққатан ўро ба унвони халифаи мусулмонон бипазирад. Ва ҳамин кор сурат гирифт. [52]−”Усули кофӣ”−и Кулайнӣ, ҷ. 8, с. 263. [53]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 5, с. 216. [54]−”Ад−дур−рул−мансур”, ҷ. 3, с. 240. [55]−”Сунан”−и Доримӣ, ҷ. 1, с. 11. [56]−”Сунан”−и Доримӣ, ҷ. 1, с. 13. [57]−”Ад−дур−рул−мансур”, ҷ. 2, с. 38. Мубоҳала дар забони арабӣ ба маънои нафрин фиристодан ва лаън кардан аст. Достони мубоҳала аз ин қарор аст, ки боре ду нафар аз масеҳиён ба номҳои Оқиб ва Сайид ба ҳузури Паёмбар (с) расиданд. Паёмбар (с) он дуро ба гароиш ба дини Ислом даъват кард. Гуфтанд: Мо Ислом гаравидем, эй Муҳаммад! Паёмбар (с) фармуд: Дурўғ мегўед. Агар хостед бароятон хабар медиҳам, ки чӣ чизе монеи шумо аз қабули дини Ислом аст. Гуфтанд: Бигў. Фармуд: Муҳаббат ба салиб, нўшидани шароб ва хўрдани гўшти хук. Онгоҳ Паёмбар (с) он дуро барои мубоҳала даъват намуда ва фардои он рўзро вақти он таъйин кард. Фардои ҳамон рўз Паёмбар (с) дасти Алӣ, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайнро гирифта барои мубоҳала омад. Онҳо барои мубоҳала розӣ нашуданд. Пас Паёмбар (с) фармуд: Ба Худо савганд, агар чунин мекарданд, ин водӣ бар онҳо пур аз оташ мешуд. [58]−Табаронӣ дар “Ал−кабир” ривоят кардааст. [59]−Таърихи Табарӣ, ҷ. 2, с. 201. [60]−”Сунан”−и Доримӣ, ҷ. 1, с. 33. [61]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 5, 170. [62]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 4, с. 39. [63]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 8, с. 171. [64]−Албатта ин ки муаллифи китоб (марҳуми Файзи Кошонӣ) аввали машриқро Туркистон ва охири мағрибро баҳри Андалус ва билоди Барбар дониста ва фармудаи Паёмбар (с)−ро бар он мунтабиқ мекунад, назари худи ўст. Чун Паёмбар (с) фармуданд, ки мамлакати ман то он ҷое ки дар маърази дидам қарор гирифт хоҳад расид ва дақиқан мушаххас накарданд, ки чӣ миқдор аз замин дар маърази дидашон қарор дода шуд. Бинобар ин наметавон бардошти марҳуми Файзро дақиқан ба ҳамон муроди Паёмбар (с) таҳмил намуд. Зеро ҳамагӣ медонем, ки имрўз дуртарин нуқтаи машриқ, кишварҳои Шарқи Дур ҳастанд, ки минҷумлаи он, кишвари Индонезия ва Малайзия, ки ҳар ду аз кишварҳои исломӣ ба шумор мераванд, мебошад. [65]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 4, с. 248. [66]−”Мустадрак”−и Ҳоким, ҷ. 4, с. 25. [67]−”Муснад”−и Аҳмад, ҷ. 1, с. 379. [68]−”Маҷмаъ−уз−завоид”, с. 297. [69]−”Саҳеҳ”−и Бухорӣ, ҷ. 5, с. 171. [70]−”Муснад”−и Аҳмад, ҷ. 1, с. 460. [71]−”Муснад”−и Аҳмад, ҷ. 4, с. 48. [72]−”Саҳеҳ”−и Муслим, ҷ. 1, с. 42. [73]−”Далоил”−и Байҳақӣ. [74]−”Амолӣ”−и Садуқ, с. 69. [75]−”Амолӣ”−и Садуқ, с. 71. [76]−”Ал−уйюн”−и Садуқ, с. 362. [77]−Хулосаи достони набарди Имом Алӣ бо “нокисин” (байъатшиканҳо) аз ин қарор аст, ки вақте халифаи сеюм Усмон ибни Аффон кушта шуд ва мардум ба Алӣ барои хилофат байъат карданд, яке аз нахустин барномаҳое, ки Имом Алӣ иқдом ба иҷрои он намуд, ин буд, ки дар хутбае чунин эълон кард, ки аз ин пас тамоми имтиёзҳоеро, ки баъзе аз саҳоба дар замони хулафои қабл аз ў барои худ ихтисос дода буданд лағв намуда ва ба ҳама бо як чашм нигоҳ хоҳад кард ва касе бар касе имтиёзе нахоҳад дошт, магар ба тақво. Ва ҳамчунин фармуд, ки тамоми амволи байтулмолро, ки дар замони хулафои қабл аз ў, баъзеҳо ба ноҳақ бардошта буданд, ба байтулмол бархоҳад гардонд, гарчӣ аз он молҳо барои маҳрияи занони худ ҳам сарф карда бошанд. Ин иқдоми Имом барои хеле аз бузургон, ки аз имтиёзҳои вижа бархўрдор буданд, гарон омад. Рўзи баъд Талҳа ибни Убайдуллоҳ ва Зубайр ибни Аввом, ки аз бузургони саҳоба буда ва аз аввалин касоне ки дасти байъат ба Имом дода буданд, ба ҳузури Имом расида, ўро ба кўтоҳ омадан ташвиқ намуда ва зимнан аз ў вилояти ду шаҳри бузурги хилофатро дархост намуданд. Имом ба онҳо посухи манфӣ гардонд. Онгоҳ ин ду нафар роҳи Маккаро пеш гирифта, ба ҳузури Уммул-муъминин Оиша расида, ба ў аз иқдомоти Имом Алӣ шикоят намуданд. Ва зимнан Оишаро бар хуруҷ бар алайҳи Имом ташвиқ намуданд. Оиша низ бар пешниҳоди онон розӣ шуда ва бо баҳона қарор додани ин ки Имом ба қотилони Усмон паноҳ додааст, лашкаре фароҳам сохта ва ба сўи Куфа, ки мақарри хилофати Алӣ буд, ҳаракат намуданд. Имом Алӣ чандин бор бо фиристодани намояндагони хеш чӣ ба назди Оиша ва чӣ ба назди Талҳа ва Зубайр, аз онон хост даст аз лаҷоҷат бардоранд. Вале онҳо гўш ба насиҳатҳои Алӣ надода, балки бо озори волии Имом дар Басра, Усмон ибни Ҳунайф, аланан эъломи ҷанг бо Алӣ намуданд. Имом чорае надошт ҷуз ин ки амалан вориди майдон шавад. Ба ҳамин тартиб ҷанге миёни сипоҳиёни Алӣ аз як тараф ва сипоҳиёни Оиша, Талҳа ва Зубайр аз тарафи дигар даргирифт, ки ин ҷанг ба ҷанги Ҷамал маъруф аст. Баъд аз задухўрди сангине, сипоҳиёни Имом бар сипоҳи асҳоби Ҷамал пирўз гардиданд. Онгоҳ Имом Оишаро, ки зоҳиран изҳори пушаймонӣ намуд, ба ҳамроҳи нигаҳбононе бо эҳтиром ба сўи манзилаш гусел дошт. [78]−“Қоситин” (ситампешагон) ҳамон сипоҳиёни Муовия ҳастанд, ки дар Сиффин бо сипоҳиёни Имом Алӣ ҷангиданд. [79]−“Мориқин” (беруномадаҳо), ки ҳамон Хавориҷ ҳастанд, гурўҳе буданд аз сипоҳиёни Имом Алӣ (а), ки дар набарди Сиффин аз саффи сипоҳиёни Алӣ (а) ҷудо шуда ва оҳанги душманӣ бо Алиро сар доданд. Достони Хавориҷ ба ин шарҳ аст, ки сипоҳиёни Муовия ибни Абўсуфён вақте мебинанд, ки дар баробари сипоҳиёни Алӣ (а) шикаст мехўранд, хостанд барои наҷоти худ аз роҳи фиреб вориди майдон шаванд. Амр ибни Ос, вазири Муовия, ки ба макру найранг маъруф буд, ба сипоҳиёни Шом дастур медиҳад, ки Қуръон сари найзаҳо қарор дода ва аз тарафдорони Алӣ (а) бихоҳанд ба ҷои ҷанг, Қуръонро миёни худ ва онҳо довар қарор диҳанд. Фармондеҳони сипоҳи Алӣ (а) аз он ҷо ки медонистанд, ки ин кор найранге беш нест, ба набарди худ идома доданд. Вале гурўҳе аз сипоҳиёни содалавҳ гўли ин найрангро хўрда, аз Алӣ (а) хостанд фавран фармони таваққуфи набард дода ва ба пешниҳоди шомиён гўш фаро бидиҳад ва Қуръонро довар миёни мусулмонон қарор диҳад. Алӣ (а) ҳарчанд борҳо ба онҳо тавзеҳ медод, ки ин найранги ибни Ос ва Муовия аст ва набояд гўли онро хўрд, вале ин содалавҳони бехирад бар гуфтаи худ пофишорӣ мекарданд, то кор ба ҷое расид, ки Алӣ (а)-ро таҳдид ба қатл намуданд агар ба гуфтаашон гўш фаро надиҳад. Ин ҷо буд, ки Амири мўъминон дастури таваққуфи набард дод. Онгоҳ қарор бар ин шуд, ки аз ҳар ду ҷониб намояндае интихоб шуда ва ин ду нафар бо ҳам барои ҳалли мушкила ба тавофуқ бирасанд ва ба ҳар қароре, ки расиданд, бар ҳамагӣ пойбандӣ ба он воҷиб буд. Аз ҷониби Муовия Амр ибни Ос намояндаи гуфтугў таъйин шуд ва аз ҷониби Алӣ (а) чунин шуд, ки Алӣ (а) мехост яке аз ёрони бовафояш ўро дар ин гуфтугўҳо намояндагӣ кунад, вале дар ин ҷо ҳам Хавориҷ вориди майдон шуда ва ҳар касеро, ки Алӣ (а) ўро барои намояндагӣ пешниҳод мекард, ба ин далел, ки ҳавои Алиро дорад рад мекарданд. Саранҷом қарор бар ин шуд, ки Абўмўсои Ашъарӣ, ки аз душманони Алӣ (а) буд, аз ҷониби аҳли Куфа намояндагӣ кунад. Дар мавзее, ин ду намоянда гирди ҳам омада ва ба чунин тавофуқ расиданд, ки ҳам Алӣ (а) ва ҳам Муовияро, ки ба гумонашон ин ду нафар боиси рехта шудани хуни мусулмонон шудаанд, аз мақомашон барканор сохта ва интихоби халифаро бар ўҳдаи Шўро қарор бидиҳанд. Ба ҳамин тартиб, Абўмўсо болои минбар қарор гирифта ва ҳар ду нафар, яъне Алӣ (а) ва Муовияро аз мақом барканоршуда эълон намуд, вале вақте Амр болои минбар баромад, бар хилофи тавофуқе, ки бо Абўмўсо намуда буд, Алӣ (а)-ро аз мақом барканоршуда эълон карда, вале Муовияро ба унвони халифаи мусулмонон эълон намуд. Ин ҷо буд, ки Хавориҷ пай ба иштибоҳашон бурда ва фаҳмиданд, ки ин кор аз ҷониби Муовия найранге беш набудааст ва онҳо бехуд ба Алӣ (а) исрор карда будаанд. Аммо наомаданд эълон кунанд, ки мо иштибоҳ кардем, балки баръакс ба Алӣ (а) ҳуҷум оварданд, ки ту чаро розӣ ба доварӣ ва ҳакамият шудӣ? Ин ҷо ҳам Алӣ (а) ба онҳо мегуфт, ки боз шумо иштибоҳ мекунед. Чун аз аввал ба суханам гўш надодед ва исрор кардед, ки розӣ ба ҳакамият шавам ва баъд, ки розӣ ба он шудам, на ба хотири ин буд, ки ҳакамият аз реша нодуруст буда ва танҳо ба хотири лаббайк гуфтан ба хостаҳои шумо ба он иқдом карда бошам. Чунин нест, балки худи масъалаи ҳакамият дуруст аст. Кор ба ҷое мерасад, ки ҳеҷ гуфтаи Алӣ (а) рўи онҳо таъсир намегузорад ва шиор медоданд, ки “Ло ҳукма илло лиллоҳ” (яъне ҳукм ҷуз аз барои Худо собит нест). Рафта рафта чунин мавзегирии ғалаташон боиси ташаккул ва пайдоиши як назарияи сад дар сад ботил дар миёни мусулмонон мешавад, ки қоил ба ин буд, ки ҷуз Худо касе наметавонад ҳоким бошад ва ҳамаи мусулмонон аз ҷумла Алӣ (а)-ро ба кофирӣ нисбат медоданд ва даъват мекарданд, ки Алӣ (а) бояд тавба кунад. Дар оғоз, Алӣ (а) мутаарризи онҳо намешуд ва ба ёронаш ҳам дастур дода буд, ки мутаарризи онҳо нашаванд. Вале вақте дид ин гурўҳи аҳмақ ва бехирад даст ба қатли мусулмонон заданд, дигар дастури набард бо ин ғуддаи саратонӣ дода ва дар набарде дар Наҳравон ҳамаи онҳоро ба ҷуз теъдоди андак ба қатл расонид. Алӣ (а) борҳо дар суханрониҳояш ифтихор мекард, ки худ решаи ин фитнаи бузург дар Исломро хушконидааст ва касе ҷуз ў наметавонист бо ин гурўҳ рў ба рў шавад. [80]−”Ал−маонӣ”, с. 375. [81]−”Маҷмаъ−уз−завоид”, ҷ. 9, с. 231. [82]−”Мустадрак”−и Ҳоким, ҷ. 2, с. 385. [83]−”Ал−ғадир”, ҷ. 3, с. 126. [84]−Хутбаи Қосиа дар Наҳҷул−балоға. [85]−Ривояти мутавотир ва ё воқеае, ки ба сурати тавотур нақл мешавад, ба ин сурат аст, ки онро гурўҳе нақл кунанд, ки эҳтимоли ин ки ҳамаашон дурўғ гуфта бошанд, аз назари ақл маҳол бошад. Мисли ин ки як ҳодисае аз тарафи одамони гуногун, ки аз ҷойҳои мухталиф ҳастанд ва чи басо якдигарро ҳам нашиносанд нақл гардад. [86]−Сураи Исро, ояти 88.