Мизон дар Қуръон 1
Мизон дар Қуръон 1
Author :
Number of volumes :
1
Publisher :
Publish number :
Аввал
Publication year :
2010
(0 Votes)
(0 Votes)
Мизон дар Қуръон 1
Пешгуфтор Ба номи Худои Бахшоянда ва Мецрубон Худож! Цамоно Ту дастамро бигрифтк ва жриям кардк, то муваффақ бар тиловат ва қироати китобат шудам; (китобе) цамчу нур, ки нозилаш кардк!... (Китобе, ки) онро бар цамаи китобцои осмонк, ки фуруд фиристодак, нозир қарор додк!... (Китобе, ки) онро бар цар сухане, ки қиссааш кардак, бартарк бахшидк!... (Китобе) ҷудосозандааш қарор додак, то бо он цалолатро аз царом ҷудо созк!... Қуръонест, ки бо он ацкоматро бажн фармудк!... Китобест, ки онро барои бандагонат тафсил намудк!... Вацйест, ки бар пажмбарат Муцаммад – Дурудцоят бар ф ва ацли байташ бод! – фуруд фиристодк!... Шифоест барои цар он кас ки бо фацм, гфши ҷон ба вай биспорад!... Тарозуи адлест, ки аз цаққ забонаш барнагардад!... Нурест роцнамо, ки бурцонаш барои гувоцон хомфш нашавад!... Илми наҷотжбист, ки цар он кас ки рацрави роцаш гардад, гумроц нашавад!... (Фарозе аз дуои Имом Саҷҷод (а) цангоми хатми Қуръон) Аз дерзамон ин орзу дар дил доштам, ки Худованди мутаол фурсате бароям фароцам созад, то ба баргардондани тафсири арзишманди "Мизон"-и цакими фарзона Аллома Таботабок (р) ба забони тоҷикк (ба хатти кирилл) бипардозам. Вале иштиғол ба дарс ва дигар корцо ин фурсатро намедод, то онки - 4 - шароити рфзгор ба сфи дижри Шом кашонидам, ва Худованд ин тавфиқ насибам кард, ки замоне дар ҷивори боргоци муқаддаси цазрати Зайнаби Кубро (с) басар бубарам, ва цам фурсате дастгирам шавад, то орзуи дар дил доштаи хешро бароварда созам. Онгоц бо истифода аз ин фурсат, шурфъ кардам ба баргардондани ин тафсири арзишманд ба хатти кирилл, ва то ба имрфз тақрибан чацор ҷилди он омодаи чоп шудааст. Ва аз Худованди Маннон масъалат менамоям ин тавфиқро бидицад, то битавонам цамаи онро комил созам. Аммо иллати интихоби ин тафсир барои хонандаи тоҷик аз мижни тафсирцои мутааддида, чанд чиз аст: Аввалан, имтижзи ин тафсир аст дар ба коргирии шеваи тафсири Қуръон ба Қуръон, ки ба зудк аз муқаддимаи худи Аллома, бо он огоц хоцед шуд.