Посухе бар ҷаҳонбинӣ ва маърифатшиносии моддигароӣ

Муқаддима бар мақолаи аввал. Роҳи ҳисс роҳи харон аст ай аъёр… Ба номи Худованде, ки маснуъҳо нишон аз қудрати уст ва махлуқҳо баён аз ҳикмати уст, ва мавҷудҳо бурҳон аз вуҷуди уст. Дар асри гузашта ду навъ ҷаҳонбинӣ ва ду мактаби идеологӣ дар ҷаҳони ҳасти дар муқобили ҳам қарор дошт. Яке: ҷаҳонбинии илоҳӣ ва Худошиносӣ. Ва дигари ҷаҳонбинии моддигарӣ ва ё материалистӣ. Моддигароҳо ва ё материалистҳо, – ки маал-асаф бақияе аз онҳо дар асри мо низ мушоҳида мешаванд, – меъёр ва ченаки шинохт дар ҷаҳонбинии хеш фақат <<ҳисс>>-ро қарор додаанд. Бинобар ин ҳар чизеро, ки <<маҳсус>>> ва дар доираи ҳисс набошад, онро аз қаламравӣ ҳастӣ ва илм, – ки бешармона вожаи<<илм>>-ро манополияи хеш кардаанд – берун медонанд. Ва ҳастиро ҳамтои модда дониста ва ҳар шайъеро, ки аз модда ва элементҳои химиявӣ таркиб наёфтааст, онро аслан мавҷуд намедонанд. Аз ин ҷиҳат <<ҷаҳони ғайб>> ва олами <<мовароут-табиъат>>, вуҷуд ва ҳастии Худо (ҷ) ва фариштаҳо, ва ваҳю нубувват, ва қиёмату ҳаёти охират...-ро яксара афсона ва хурофот ва бофтаю сохтаи зеҳни башар мехонанд. Ва барои онҳо берун аз зеҳни башар вуҷуд ва ҳастие қоил нестанд. Возиҳтараш эшон мегуянд: инсон дорои чашмест, ки рангҳо ва суратҳоро мебинад. Ва соҳиби гушест, ки садоҳоро мешунавад. Ва дорои шомма ва ҳисси буёиест, ки буиданиҳоро мефаҳмад. Ва зоиқа ва ҳисси чашоие дорад, ки таъм ва маззаҳоро дарк мекунад. ва ломисае дорад, ки нармию дуруштӣ ва гармию сардиро ламс ва эҳсос мекунад. Ин ҳавоси панҷгона аз хориҷ ҳама навъи маълумотҳоро аз ҳақоиқи ашё мегиранд, ва ба мағз ва системаи асаб ирсол мекунанд, ва мағз ҳам ин маълумотҳои воридшударо таҷзия ва таҳлил намуда, шиносоӣ ва ҳукм мекунад. Ва саранҷом ба таври хулоса чунин қазоват мекунанд: ба ғайр аз чизҳое, ки бо ҳавоси панҷгона дарк ва ҳис карда мешавад, ҳақиқат ва чизи дигаре дар олами ҳастӣ вуҷуд надорад. Агар Худое ва олами ғайбе ва ё ҷаҳони дигаре ғайр аз ин ҷаҳони маҳсус ва моддӣ вуҷуд медошт, пас он бояд бо яке аз қувваҳои панҷгона дарк ва ҳисс карда мешуд. Ва чун дарк ва ҳисс карда намешаванд, пас – ба Худо (ҷ) паноҳ – на Худое вуҷуд дорад ва на ҷаҳони дигаре мавҷуд аст. Чанд моҳ пеш аз ҷониби гуруҳе аз файласуфҳои тоҷик баъд аз заҳмати фикрии 20 сола, китобчае дар ҳаҷми 39 саҳифа, бо номи“Ҷаҳонбинии оянда” табъу нашр шуд. Дар ҳақиқат китобчаи номбурда нусхаи тоза ва соддае аз ҷаҳонбинии материалистии асри гузашта аст, ки имруз гуё дубора аз қабристони таърих қад алам кардааст. Барои исботи гуфтаҳои боло чанд ҷумлаеро аз он иқтибос меорем: << Худо қаҳрамони асосии афсонаҳои динии мост. Мо одамон Худоро(дар зеҳни худ. М.Т) ихтироъ кардем... Аагар Худо ва соҳиби бузургтаре вуҷуд дорад, бигузор худро ошкор кунад! (то мо уро бо чашми сар бубинем. М.Т) (саҳ, 6-9) Дар ҳоле, ки меъёр ва абзори шинохт дар ҷаҳонбинии илоҳӣ ва худошиносӣ – ғайр аз ваҳйи Анбиё – аам аз <<ҳисс>> ва <<ақл>>мебошад. Илоҳиюн ва Худошиносҳо ҳар чизеро, ки маъқул ва қобили дарк ва фаҳми зеҳни башар бошад, онро низ дар қаламрави илм ва ҳастӣ дохил медонанд. Агар чи он шайъ <<маҳсус>> ва қобили ҳисс, ва ё дар доираи ҳисси башар набошад. Бинобар ин эшон вуҷуд ва ҳастиро аам аз олами табиъат ва моварои табиъат ва ё ҷаҳони моддӣва ҷаҳони ғайри моддӣ медонанд. Ва дар баробари ин ҷаҳони модди ва мавҷудоти моддӣ ба ҷаҳон ва мавҷудоти дигаре низ қоил ҳастанд, ки онҳо аз модда ва элементҳои химиявии заминӣ мураккаб нестанд. Назири вуҷуди зоти ақдаси Илоҳӣ, ва фариштаҳо ва ҷинҳо ва ғайра... Ҳоло бубинем, ки ҷиҳоз ва дастгоҳи ҳисси инсон, ки материалистҳо онро ягона меъёри шинохт ва абзори илм дар ҷаҳонбинии хеш қарор додаанд, то чи андоза дар маърифати ашё ва ё дар ҷаҳоншиносӣ – чи расад ба Худошиносӣ – қудрат ва тавоноӣ дорад. Ва ё то чи ҳадд қобили эътимод ва боварӣ аст. Албатта манзур аз дастгоҳи ҳисс чуноне, ки гуфтем ҳамон ҳавос ва қувваҳои панҷгонаи зоҳирӣ ҳастанд, ки дар забони илм бо исмҳои: босира(биноӣ) сомиъа (шунавоӣ) шомма (буёӣ) зоиқа (чашоӣ) ва ломиса(расоӣ ва ё бисовоӣ) маъруф ва маълум мебошад. Оре ин ҳавоси панҷгона дар бунёди илм ва огоҳии инсон аз олами хориҷ нақши хеле бузург дорад. Он монанди панҷ равзанае ҳаст, ки хонаи ақл ва мағзи инсонро бо анвори маърифат ва маълумоте, ки аз олами берун мефиристад равшан ва нурони мекунад. Вале набояд фаромуш кард, ки майдони амали ҳар кадом аз ин қувваҳои панҷгона мушаххас ва маҳдуд дар як доираи муайян аст. Берун аз қаламрави худ наметавонанд фаъолият бикунанд. Ва низ гоҳе дар фиристодани маълумот дучори хато ва иштибоҳ мегарданд. Барои мисол: қувваи биноӣ (чашм) танҳо чизҳоеро метавонад дар партави нур бубинад, ки он қобилияти инъикоси нурро дошта бошад. Ҳар шайъе чунин қобилият дар у набошад, ва ё аслан нур ва равшание набошад, чашми инсон наметавонад чизеро бубинад. Гоҳо қувваи бинои маълумоти нодуруст ба маркази асаб ва хонаи ақл мефиристад. Масалан хуршед ва ситорагонро бо он ҳаҷми бузурге, ки доранд дар назари инсон ба андозаи қурси нон, ва ё нуқтаи кучаке нишон медиҳад. Дар ҳоле, ки онҳо аз кураи замин миллионҳо ва миллиардҳо маротиба бузургтар ва калонтар ҳастанд. Қувваи шунавоӣ (гуш) танҳо садоҳоеро метавонад бишнавад, ки амвоҷи он садо дар торҳои асаби гуш иҷоди иҳтизоз ва лапиш ва ё ҷунбиш бикунад. Савту садое, ки чунин иҳтизоз ва ҷунбиш надошта бошад сомиъаи инсон наметавонад онро бишнавад, ва ё дарк ва эҳсос бикунад. Ва инчунин гуши инсон қудрати ташхис ва таъйини шунидаҳоро надорад. Ҳарчи мешунавад аз каломи росту дуруғ ва ахбори воқеъӣ ва ғайри воқеъӣ, бидуни тамйиз ва ташхис онро ба хазинаи мағз ирсол мекунад. Ҳисси буёӣ (бинӣ) фақат чизҳоеро ташхис мекунад, ки он дорои гази буйнок бошад. Ва гоҳе он ҳам дар баъзе ҳолатҳо, назири ҳолати зуком – маълумоти нодуруст ба маркази асаб мефиристад. Ин як навъ иштибоҳи қувваи зоиқа аст. Ҳисси чашоӣ (зоиқа) низ майдони амали маҳдуд ва хеле танг дорад. Зеро он ба ашёе маҳсус аст, ки бар забон ва даҳон ки маҳалли қувваи зоиқа аст, тамос бигирад. Аҳёнан қувваи зоиқа (чашоӣ) ба маркази ақл, ки хазинаи дониш ва маълумоти инсон аст, хабарҳои нодуруст ва хато мефиристад. Масалан дар ҳолати беморӣ таъми баъзе ашё дар назари инсон тағйир меёбад. Чизе, ки таъми ширин дорад дар назари бемор талх менамояд. Ҳоло, ки мизони қудрат ва тавоноии ҳавоси панҷгона, бо доираи амали тангу маҳдуд, ва хатову иштибоҳҳояш маълум шуд, оё мешавад онро бо эътимоди комил ба унвони ягона меъёр ва абзори шинохт дар ҷаҳоншиносӣ ихтиёр намуд? Ва ё дар масъалаи ҳасти ва нестии Худо (ҷ) ва ҷаҳони ғайб, мешавад ба қазоват ва ҳукми он иктифо кард? Қазоват бо шумост – хонандагони азиз! Интиқод бар моддигароҳо Воқеъан имруз инсон барои тақвияти қувваи биноӣ ва шунавоии хеш дастгоҳҳои бузурге – назири микроскоп, телескоп, ҷиҳозҳои ирсолкунанда ва қабулкунандаи мавҷҳои радиёи (бе сим) – телевизион, телефон, радио – ва ғайра ихтироъ карда ва сохтааст, ки ба воситаи он неруи чашму гуши худро хеле-хеле қавӣ ва неруманд гардонидааст. То андозае, ки дар як лаҳза метавонад сурат ва садои ҳамдигарро аз фосилаи ҳазорҳо км бинад ва шунавад. Дар ҳақиқат ин дастгоҳҳои аҷиб барои инсон ҷаҳони тозае ва мавҷудоти дигареро, аз ҳамин олами моддӣ кашф ва ошкор намудааст, ки қаблан аз вуҷуди хориҷии онҳо хабар ва маълумоте надошт.Масалан: қабл аз ихтироъи микроскоп (чашми мусаллаҳ), инсон аз олами ҳайвоноти микроорганизм – мисли вирусҳо ва микробҳо, ва низ аз вуҷуди мавҷудоти заррабин – назири молекула, атом, электрон, протон ва нейтрон хабаре надошт. Ҳамчунин пеш аз сохтани телескоп башарият аз бисёр асрори коинот – мисли каҳкашонҳо, сияҳчолҳо, шиҳобпораҳо ва ғайра маълумоте надошт. Ва ҳамин тавр қабл аз ихтироъи дастгоҳи телефон, радио ва телевизион аз вуҷуди мавҷҳои радиоӣ дар атмосфераи замин огоҳӣ надошт. Ва инчунин пеш аз кашфи Исҳоқ Ньютон, касе аз қувваи ҷозибаи умумиолам иттилоъе надошт. Дар ҳоле, ки ашёи мазкур аз рузи нахуст бо инсон дар оламе, ки ҳарду машмули он ҳастанд, вуҷуд доштанд. Вале он руз аз сабаби набудани дастгоҳҳои пешрафтаи имруза ашёи номбурда аз доираи ҳисси инсон хориҷ буданд. Пас маҳсус набудан ва дида нашудан маънои мавҷуд набуданро надорад. Чунки олами вуҷуд ва ҳасти омтар ва фарогиртар аз олами ҳисс ва диданиҳо аст. Ва олами маҳсус ва диданиҳо танҳо бахши кучаке аз олами вуҷуд аст. На ин, ки вуҷуд ва ҳасти дар олами маҳсусот ва диданиҳо хулоса бишавад. Пас даъвои касоне, ки мегуянд: ҳар чизе, ки имруз дар қаламрави ҳисси мо дохил нест ва мо онро намебинему намешунавем, ҳатман он чиз вуҷуди хориҷӣ дар ин олам надорад ва намешавад онро мавҷуд ва ҳаст гуфт – даъвоест ҷоҳилона ва суханест ғайри олимона. Зеро агар шахсе ба материалистҳои қарни 15 милодӣ, аз вуҷуд ва ҳастии вирусу микробҳо ва дигар мавҷудоти фавқуз-зикр ҳарфе мегуфт ва ё хабаре медод, ҳатман он руз вуҷуд ва ҳастии ашёи гузаштаро инкор ва рад карда, ва шахси гуяндаро хурофотӣ ва хаёлпараст мегуфтанд. Барои ин, ки у ба вуҷуди чизҳое, ки дида, ва шунида ва эҳсос карда намешавад бовар дорад. Шояд 5 аср баъд, боз чизҳое аз ҳамин ҷаҳони моддӣ – чи расад ба ҷаҳони ғайри моддӣ – барои инсон кашф ва ошкор шавад, ки имруз дар гушаи фикру хаёли у намегузарад. Зеро физик ва кайҳоншиноси машҳури таърихи илм – Исҳоқ Ньютон гуфтааст: <<он чизе, ки имруз аз ҷаҳони моддӣ барои инсон маълум ва кашф шудааст, дар баробари он чизе, ки ҳануз барояш номаълум ва пушидааст, монанди қатрае дар баробари уқёнусе ва ё пари коҳе дар муқобили куҳе мебошад. Ман худро назири баччаи хурдсоле тасаввур мекунам, ки дар канори уқёнуси бекарони ҳастӣ истодаам. Санги дурахшандае, ки мунъакискунандаи нури хуршед аст назарамро ҷалб намуда, ва тамоми маълумотам дар ин санг хулоса шудааст. Дар муқобил, ҳама уқёнуси азими ҳастӣ бароям маҷҳул ва ношинохта аст.>> (кит. Модда алайҳи моддӣ, таъл. Маҳмуд, муҳаққиқи Домиғонӣ.) Оре ҳоло асрори замине, ки чун хонаи зиндагӣ барои инсон аст, ва у онро аз рузи таваллуд то рузи марг бо ҳавоси панҷгонааш аз наздик ламс ва эҳсос мекунад, барояш пурра кашф нашудааст. Беш аз чаҳор моҳ мешавад, ки ҳавопаймои Boeing 777-200ER-рейси 370-и Малайзиёи бо кулли сарнишинонаш нопадид гаштааст, ва 28 кишвари пешрафтаи дунё бо навтарин дастгоҳҳояшон дар ҷустуҷуи он ҳастанд, вале то ин ҳангом асаре аз он пайдо накардаанд. Ҳануз пои инсон, ба ҷуз аз кураи моҳ, ки наздиктарин ҷирми осмонӣ барои инсон аст, ва тақрибан 384 ҳазор км аз замин фосила дорад, дар ҳеҷ сайёраи дигаре нарасидааст. Ҳатто инсон то ҳол ба ягон сайёрае аз сайёраҳои ҳамсоя, ки онҳо бо кураи замин ҳама аъзои як хонадон – системаи офтобӣ – ҳастанд сафар накардааст. Чи расад ба ситораҳое, ки фосилаи наздиктарини онҳо ба замин 4-уним соли нур, ва дуртаринаш то панҷсад миллион соли нур буда, ва аз назари ҷусса миллионҳо маротиба аз хуршеди мо бузургтар аст. Агар инсон дар муҳтавои ин сухан фикр кунад, ваҳшат ва даҳшати азиме уро фаро мегирад. Зеро маънои он ин аст, ки инсон бояд киштии кайҳоние бисозад, ки бо суръати 300 ҳазор км, дар як сония, ки суръати нур аст ҳаракат бикунад, ва боз барояш миллионҳо сол умр дода шавад, то у ба он ситораи азимҷусса бирасад. Ҳайҳот, чунин чизе барои инсон амри муҳол ва номумкин аст. Тибқи маълумоте, ки аз тариқи шабакаҳои илмӣ – моҳворавӣ аз забони донишмандони ин соҳа шунидаам, сохтани киштии кайҳоние, ки тобу тоқати суръати нурро дошта бошад, барои инсон имкон надорад. Зеро ҳар навъ метал ва фулузе, ки кишти аз он сохта мешавад дар чунин суръати баланд оташ гирифта хокистар мешавад. Ҳеҷ метале тоқат ва таҳаммули чунин суръати сарсомоварро надорад. Моҳи сентиябри соли 2013 шабакаи Euronews ва дигар шабакаҳои моҳворавии ҷаҳон бо нақл аз созмони фазоии NASOхабаре пахш намуданд, ки дар он гуфта мешуд: киштии кайҳоние, ки бо суръати 45 км дар як сония, дар таърихи 1977 асри гузашта барои хориҷ шудан аз қаламрави манзумаи шамсӣ ва ё системаи офтобӣ фиристода шуда буд, моҳи сентябри 2013, бо фиристодани охирин сигнали, худ аз мадори системаи офтобӣ берун шуда нопадид гашт. Фазопаймои мазкур дар муддати 36 сол тавонистааст 93 млрд км-ро тай бикунад. Сигналҳои ба суи он фиристодашуда дар фосилаи 19 соат ба замин бармегаштааст. Хонандагони азиз! Оё медонед ин киштии сариъус-сайр ва тезрафтори башарӣ бо он суръати баландаш, дар муддати 36 сол то чи андоза аз ҳудуди олами ҳастиро тай намудааст? Агар бо забони Мавлоно посух бидиҳем: ҳануз хами як кучае аз ҷаҳони ҳастиро паймудааст. Оре, киштии мазкур дар ин муддат фақат муҳити оилаи манзумаи шамсиро, ки замини мо бо бародарон ва хоҳаронаш аъзои он хонадон ҳастанд, тай намудааст. Он ҳам аз васати манзумаи шамсӣ – яъне аз сайёраи замин – сафари худро шуруъ намудааст. На аз оғози системаи офтобӣ, ки хуршед ва ё сайёраи Аторуд аст. Дар ҳоле, ки танҳо дар галактика ва каҳкашони мо, ки он ба манзилаи шаҳристони бузурге, барои оилаи системаи офтобии мо аст, миллиардҳо манзумаҳои шамсӣ ва системаҳои офтобӣ, ва ситораҳои собиту сайёр мавҷуд аст, ки баъзеи онҳо дар бузургии ҷусса ва дурии масофа миллионҳо маротиба аз системаи хуршедии мо бузургтар ва дуртар аст. Ва боз дар коинот назири галактикаи мо сад ҳазор галактикаҳои дигар вуҷуд дорад, ки адади ситораҳо ва манзумаҳои онҳо аз шумор берун аст.   Сайри кутоҳе дар коинот. Барои ин, ки хонандагони мо дарку фаҳми саҳлу содда аз сохтори коинот ва азамату бузургии ҷаҳони моддӣ ва ночиз будани илму дониши худ дар баробари он дошта бошанд, беҳтар аст бо эшон мусофирати хаёлӣ (фантастикӣ) дар осмон ва ё фазо бикунем. Дар ибтидо сафина ва киштии кайҳоние омода мекунем, ки бо суръати нур ва равшанӣ ҳаракат бикунад. Ва чуноне, ки қаблан гуфтем: нур дар як сония 300 ҳазор км масофаро тай мекунад.Азбаски коинот фавқулодда бузург ва фарох аст кайҳоншиносҳо масофаи байни ҷирмҳои осмониро бо соли нур ҳисоб мекунанд. Ва нур дар як сол тқрибан 10 трлн км-ро тай мекунад. Адади тақрибии мазкур ҳосили зарби 60 сон x 60дақ x 24соат x 365руз x 6соат+300,000мебошад. Ҳамсафарони мо ин соли нуриро, ки миқёс ва ченаки кайҳонии мо дар ин сафари фазоист, бояд ҳамеша мавриди назар дошта бошанд, то битавонанд ба сахтӣ гушае аз фазои бекаронро сайр намоянд. Инак сафинаи нурӣ ва киштии кайҳонии мо омодаи сафар ва мо ва шумо савор бар он мешавем то бо кумаки фикру дониш азамати кайҳонро мушоҳида намоем. Саранҷом киштии хаёлии мо бо суръати 300 ҳ км дар як сония дар роҳ мебарояд, ва мо дар фосилаи камтар аз ду сония ба кураи моҳ, ва баъд аз 8 дақ-у 30 сон ба кураи хуршед, ки 150 млн км аз замин фосила дорад, мерасем. Ва пас аз 5-ним соат ба охирин сайёраи манзумаи шамсӣ, ки Аполлон ном дорад хоҳем расид. Аз системаи офтобӣ, ки гузаштем ба наздиктарин ситораи осмонӣ, ки Проксима номгузори шудааст, баъд аз 4-ним соли нурӣ мерасем. Ва вақте аз он гузаштем бо каҳкашон (галаситораҳо)-е мерасем, ки анбуҳи бузурги ситораҳоро дар он мушоҳида менамоем. Ин каҳкашон ҳамон <<Роҳи шири>> аст, ки дар шаб аз осмон дида мешавад. Фосилаи каҳкашони мазкур аз замин 15 ҳазор соли нур аст.Яъне сафинаи нурии мо бо он суръати гиҷкунандааш 15 ҳазор сол вақт мехоҳад то ба он каҳкашон бирасад. Тибқи муҳосиботи ахтаршиносон 30 млрд ситораҳои ғулпайкар дар ин каҳкашон вуҷуд дорад, ки баъзеи он миллионҳо маротиба аз хуршеди мо бузургтар ҳастанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки хуршеди мо аз замин, ки хонаи мост,1 млн 300 ҳазор маротиба бузургтар буда, ва замин дар баробари хуршед монанди себе дар баробари замин аст. Акнун тасаввур кунед, ки он ситораҳои ғулпайкар чи қадар бояд азимҷусса бошанд. Мо бо сафинаи нурии хеш 55 ҳазор соли нурии дигар, вақт лозим дорем, то битавонем аз каҳкашони мазкур убур намуда, онро пушти сар гузорем. Ва баъд аз гузаштан аз ин каҳкашон ба фазое мерасем, ки пур аз газ ва маводди кайҳони аст. 25 ҳазор соли нурӣ мебояд то мо аз миёни ин газҳо бигзарем ва ба он суи он бирасем. Баъд аз гузаштан аз ин фазо ба каҳкашони дигаре мерасем, ки ситораҳо ва манзумаҳои он ба маротиб бештар ва анбуҳтар аз каҳкашони қаблӣ аст. Ва қутр (диаметр)-и он 3 млн соли нури аст. Яъне киштии нурии мо бо он суръати баланд 3 млн соли замин бояд ҳаракат бикунад, то аз ин каҳкашони сонӣ хориҷ шавад. Муҷаддадан ба фазои ғуборолуди дигаре дохил мешавем. Ва ҳазорон сол бояд дар миёни ин фазо низ бошем, то ба каҳкашони саввум бирасем, ки он хеле бузургтар аз ду каҳкашони қаблӣ аст. Муддати 5 млн соли нур бояд дар миёни ин каҳкашон сайр намоем, то онро бипаймоем. (иқт, аз китоб <<Модда алайҳи Моддӣ>>) Ин як мусофирати кутоҳе буд, аз як гушаи кучаки аз ҷаҳони моддӣ, ки мо бо ҳамроҳии шумо – азизон онро анҷом додем. Гумон мекунам барои дарку фаҳми азамати ҷаҳони моддӣ ва ҳақиру ночиз будани илму қудрати башарӣ ҳамин қадр басанда аст. Ва илло агар мо сафари хаёлии худро идома бидиҳем, ба ҳазорон каҳкашонҳои дигаре мулоқот хоҳем кард, ки онҳо бузургтар ва баъидтар аз каҳкашонҳои гузашта аст. Зеро имруз ситорашиносони бо таҷрибато 100 ҳазор каҳкашон кашф намудаанд, ки ҳамаи онҳо ба ҳаракати сарсомоваре дар фазо ба таври муназзам ва дақиқ шиноваранд.(таваҷҷуҳ кунед!) Алъон донишмандон ба воситаи телескопҳои пешрафта то 500 млн соли нурӣ аз кайҳонро мушоҳида кардаанд. Ва бештар аз онро дунёи имруз натавонистааст кашф намояд. Мумкин аст дар оянда расадхонаҳои муҷаҳҳазтаре сохта шавад ва башар битавонад аз фазои дуртаре иттилоъ пайдо намояд. Ногуфта намонад: маълумоте, ки донишмандон аз ин ситораҳо ва каҳкашонҳо ба даст овардаанд, ҳама маълумоти сатҳӣ, фишурда ва ноқису нокомил буда, эҳтимоли хато ва иштибоҳро низ дорад. Аз-ин гарданда гунбадҳои пурнур, Ба ҷуз гардиш чи шояд дид аз дур? (Мавлоно) Чуноне, ки эшон қаблан дар баъзе сайёраҳои ҳамсояи замин мавҷудияти об ва ҳаётро тахмин мезаданд, вале баъдан ин тахмини илмии онҳо ғалат баромад. Ва низ бояд донист ҳар гоҳ ситораи ҷадиде ва ё каҳкашони тозае барои инсон кашф мешавад, дар баробари он як ҷаҳони пур аз муаммо ва розу асрори пушидаи дигаре бар маҷҳулот ва надонистаниҳояш зам мешавад. Бинобар ин Худованд (ҷ) дар Қуръони карим мефармояд:<<Баҳраи шумо – ай башарият! Аз илму дониш (роҷеъ ба ҷаҳони ҳастӣ) бисёр кам ва ночиз аст.>> (сура, Исро оят-85) Дар-обе, ки пайдо надорад канор, Ғурури шиновар наёяд ба кор. (Мавлоно) Яке аз донишмандони риштаи кайҳоншиносӣ дар баёни мавқиъ ва ҷойгоҳи замин дар умқи коиноти азим ташбиҳ ва тамсили воқеъие зикр намуда гуфтааст: Ҷойгоҳи замине, ки мункирони Худо (ҷ) дар руи он бо кибру ғурур қадам мезананд ва ба гумони худ, хаёл мекунанд тамоми асрори оламро – ба ҷуз вуҷуди Худо (ҷ) – кашф намудаанд, дар баробари уқёнуси азими коинот монанди як қатра обе аз уқёнуси Ором, ва ё як зарра ғуборе дар ҳаво, ва ё назири як дона реги кучаке аз <<Саҳрои кабири>> Африқо аст. Исҳоқ Ньютон, ки дар риштаи кайҳоншиноси нобиға аст, ва ҷаҳони моддиро аз “файласуфҳои” тоҷик беҳтару хубтар мешиносад тааҷҷуб ва ҳайрати худро дар баробари азамати кайҳон ва Офаридагори он чунин баён кардааст: <<Дар ҳайратам, ки вуҷуди ночизи худамро дар муқобили азамати Офаридагор ва ин дунёи бузурге, ки дар он зиндагӣ мекунам, ба чи ташбиҳ кунам?>> Пас инсоне, ки ҳануз алифбои китоби бузурги ҷаҳони ҳастиро комилан аз худ накардааст, ҳақ дорад даъво бикунад, ки ман ҷаҳони ҳастиро кашф ва ҷустуҷу намудам, вале (алъиёзу биллоҳ) аз вуҷуди Худо (ҷ) дараке наёфтам? Ва уро бо чашми сар надидам? Хулосаи калом: олами ҳастиро, ба вижа вуҷуди Худоро фақат бо чашми сар ва бо ҳисси зоҳирӣ, ки абзори ноқис дар ҷаҳоншиносӣ ва Худошиносӣ ҳаст, набояд ҷустуҷу кард. Балки Худоро ба чашми ваҳй, ки Анбиё овардаанд ва бо чашми ақл ва чашми дил, ки ба манзилаи ҳисси ботинии инсон ҳаст бояд талаб ва ҷустуҷу намуд. Ҷамоли чеҳраи ҷонон агар хоҳи, ки бини ту, Ду чашми сар нобиноу чашми ақл бино кун. Дидани руи туро дидаи ҷонбин бояд, Ин куҷо мартабаи чашми ҷаҳонбини ман аст. (Кошифӣ) Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст, Бар рухи у назар аз оинаи пок андоз.(бо чашми дил назар кун) (Ҳофиз) Абзори шинохти дигар Ҳамон гуна, ки гуфтем: дар ҷаҳоншиносӣ ба вижа худошиносӣ фақат такя ба ҳисс ва ҳавоси зоҳирӣ кардан, ва онро ягона мизон ва абзори маърифат ва роҳи худошиноси қарор додан, ва руи он қазоват намудан ки Худо (ҷ) ҳаст ва ё нест, чуноне ки марксистҳо мекунанд, ҷуз кутоҳназари кори дигаре нест. Зеро як ҳавоси панҷгона ба танҳои, бо қудрат ва сифати ноқисе, ки дорад барои шиносои ба зоти ақдаси Худо, ки бе ҳудуд ва ғайри модди аст, кифоят намекунад. Аз ин хотир барои маърифат ва шинохти Худо ба ғайр аз роҳи <<ҳисс>> роҳи дигаре ҷустуҷу намуд. Ва илова бар ҳавос ва неруҳои зоҳири аз неру ва қувваи дигаре бояд истифода бурд. Аз назари Қуръони карим – ба ғайр аз роҳ ва неруи ваҳй – роҳ ва қувваи дигаре, ки метавонад инсонро ба ҳастии Худо ошно бисозад ин <<қувваи тафаккур ва истидлол ва ё роҳи ақл ва замир>> –яъне: қалб ва руҳи инсон – аст. Бояд азизони мо бидонанд, байни шинохте, ки тавассути неруҳои зоҳирӣ ва ҳавоси панҷгона ба даст меояд, ва шинохте ки ба василаи неруҳои ботинӣ, – яъне ақл ва замир ҳосил мешавад, тавофути бузурге мавҷуд аст. Зеро неруҳои зоҳирии панҷгона – олати шинохти сатҳӣ ва ё марҳалаи аввали маърифат ва шинохти ба ашё аст. Аммо неруҳои ботинӣ, фикрӣ – олат ва абзори шинохти умқӣ, мантиқӣ ва ё марҳалаи ниҳоии маърифат ва шинохт аст. Бинобар ин гуфта, тамоми маълумот ва ёфтаҳои башарӣ, аз назари олат ва абзори шинохташон тақсим мешаванд ба ду қисм: 1. Маҳсусот – яъне он ёфтаҳое, ки бо фаъолияти бевоситаи ҳавоси панҷгона барои инсон ҳосил шудааст. 2. Маъқулот – ин ҳамон маълумоти дақиқи фикриест, ки берун аз доираи <<ҳисс>> буда, маҳсули кори ақл ва неруҳои фикрии инсон аст. Албатта роҳи убур ба <<маъқулот>> аз миёни <<маҳсусот>>аст. Чунки дастгоҳи ақлӣ ва фикрии инсон аз ҳамин роҳи <<ҳисс>> ва неруҳои ҳиссӣ моя ва қувват мегирад. Бинобар ин Қуръони карим барои маърифати Худо ба мизони 750 бор хонандагонашро ба тадаббур ва тафаккур намудан дар <<махлуқоти маҳсус>> даъват мекунад. Зеро аз ҳамин маҳсусот мешавад ба маъқулот пай бурд. Вале набояд дар олами танги маҳсусот назири марксистҳо асир ва зиндони шуд. Барои каме равшани андохтан бар ин ҷумалот, тамсили латиферо ёдовар мешавем: Масалан вақте мо дар як гул назар мекунем чӣ мебинем? Албатта рушд ва нашъунамо мебинем. Хуррамию шодобӣ ва тароват мебинем. Рангомезӣ ва атрпошӣ мебинем. Дар охир аз роҳи вуҷуди ин чизҳо, ки ҳама аз навъи <<аломат ва нишонаҳои маҳсус аз вуҷуди ҳаёт>>-анд, ҳукм мекунем, ки руҳи ҳаёт ва зиндагӣ дар ниҳоди ин гул пайдо шудааст ва ё вуҷуд дорад. Ин ҳукм ва қазовати мо дар бораи ботини гул, ки ҳамон руҳи ҳаёт ва ҳақиқати зиндагӣ аст, танҳо ба василаи ҳавоси зоҳирӣ нест. Балки он ба воситаи қувваи дигарест дар мо, ки у ҳам барои мо ботини мо шумурда мешавад. Ва он ҳамон неруи ақлӣ ва фикрии инсон аст. Мо бо зоҳири худ – яъне бо ҳавосси бадании худ – танҳо зоҳири гулро ки рангу буй аст мебинем, ва дарк мекунем. Аммо бо ботини худ – яъне бо неруи ақл ва фикри худ – каму беш ба ботини вуҷуди гул, ки он руҳи ҳаёт ва ҳақиқати зиндаги аст, пай мебарем ва иртибот пайдо мекунем. Бо ибораи дигар: мо дар ин сайри фикрии худ ба воситаи<<олами маҳсус>> убур ба <<ҷаҳони маъқул>> мекунем. Акнун хонандагони мо бо таваҷҷуҳ ба ин шарҳу тамсили гузашта бояд бидонанд, ки маърифат ва шинохти муъминон дар ин дунё – ба ғайр аз Анбиё – ба мавҷудият ва ҳастии Худованд (ҷ) аз навъи <<маъқулот>> аст, на аз навъи <<маҳсусот>>. Ҳамон гуна, ки авомуннос мегуянд: <<инсон Худоро бо ақл шинохтааст, на бо ҳисс.>> Албатта ин шинохти Худо ҳам барои инсон ба василаи убур намудан аз роҳи <<ҳисс>> ҳосил шудааст. Яъне инсон дар ибтидои назар маснуъоти сохта ва махлуқоти офаридаи Худоро, ки ҳама ба манзилаи нишона ва асар ва нақше аз дастони қудрати У ва оинаи худонамоӣ аст, бо дидаи <<ҳисс>> мушоҳида мекунад, сипас аз ҳамин роҳ – яъне роҳи ҳисс ва асари дидашуда – иртибот ва истидлол пайдо мекунад ба вуҷуд ва ҳастии зоти ақдаси Илоҳӣ. Чунки дар фалсафа қонуни мусаллам ва ғайри қобили инкорест ба номи <<Қонуни сабабият ва эҳтиёҷ ба иллат.>> Бинобар тақозои ин қонун ҳар падидаи пайдошуда барои пайдоиши худ эҳтиёҷ ва ниёз ба падидоварандае дорад. Ҳамчуноне, ки ҳар маснуъи сохтаи башарӣ барои сохта ва пайдо шудани худ эҳтиёҷ ба сонеъ ва созандае дорад. Ҳеҷ гоҳ ҳеҷ падидае ва ҳеҷ маснуъе дар ин олам худ ба худи пайдо нашудааст ва пайдо намешавад. Ончи пайдо мешавад ҳатман марбут ба иллат ва сабабҳое ҳаст, ки агар он иллат ва сабаб набудӣ, он падида ва он маснуъ пайдо нашудӣ. Пас ин қонуни куллӣ – фалсафиро татбиқ менамоем ба пайдоиши олам ва ҳаёту зиндагӣ дар он. Аз кашфиётҳои дақиқи илми кайҳоншиносӣ ва фалсафаи исломӣ ва ғайриисломӣ ба хуби фаҳмида мешавад, ки ин дастгоҳи бузурги коинот, ки замини мо як ҷузъи кучаки аз он аст, бо тамоми мавҷудот ва махлуқоте, ки шомил аст, ва бо он ҳама қонуният ва интизоме, ки дар он ҳукмфармо аст, ҳама падидае будааст пайдошуда, ки оғоз ва анҷоме дорад. Он “кашфиёте,” ки муаллифони китоби “Ҷаҳонбинии оянда” кардаанд, ки гуё коинот ва ҷаҳони ҳастӣ <<азалӣ ва абадӣ буда, оғозу анҷоме надорад>> сухани бидуни далел ва даъвои хушку холие беш нест. Онҳо ба хотири фирор кардан аз ҳукми <<қонуни сабабият>>чунин ҳарфи бе асос ва бе пояро руи коғаз овардаанд. Мо дар мақолаи дигар – агар Худо (ҷ) хоста бошад – бутлони ин суханро исбот хоҳем кард. Хулосаи калом: олами ҳастӣ агар бо тамсили содда бигуем: назири соати бузургест мутаҳаррик ва дақиқкор. Ончуноне, ки як дақиқа таваққуф ва пасу пеш надорад. Балки ҳамвора дар ҳаракати мавзун ва муайян ва ҳисобшуда аст. Пас бинобар тақозои қонуни сабабият ваэҳтиёҷи ба иллат, ки он як қонуни пазируфта дар назди донишмандони ҷаҳон аст, ин падида ва соати бузург, ҳам дар навбати худ эҳтиёҷ ва ниёз ба падидоваранда ва пайдокунандае дорад. Ҳамон гуна, ки соати кучаки сохтаи инсон эҳтиёҷ ба сонеъ ва созанда дорад. Ва ҳамон тавре, ки вуҷуд ва ҳастии соати кучак бурҳони возиҳ ба ҳастии сониъ ва сифоти созандаи уст, ҳамчунин вуҷуд ва ҳастии олам далели равшан ба вуҷуд ва ҳасти ва сифоти Офаридагори олам аст. Бурҳони пиразан. Ривоят мекунанд яке аз бузургони дин бо ҷамъи шогирдони худ аз маконе мегузаштанд, ки пиразане бо чархаи дастии ресандагӣ машғули кор буд. Он бузургвор дар назди пиразан лаҳзае таваққуф карданд ва аз у пурсиданд: Модар! Оё Худоро мешиносӣ ва ба ҳастии У имон ва бовар дори? Гуфт: имон ва яқини комил дорам дар ин, ки олами ҳастӣ Парвардигоре дорад. Гуфт: бо чи далеле уро шинохтӣ ва ё чи бурҳоне барои исботи вуҷуди Худо (ҷ) дори? Пиразан даст аз чархаи худ бардошт, ва чарха аз ҳаракат боз монд. Сипас гуфт: далел ва бурҳони ман барои исботи ҳастии Худо (ҷ) дар ин олам ҳамин чархаи ресандагиям аст. Зеро мебинам, ки як чархаи кучак ва содда барои ҳаракат кардан ва чарх задан иҳтиёҷ ба неруи дасти ман дорад, пас чи гуна мешавад, ки ин чархи фалаки ҳастӣ, бо он азамат ва ҳаракати сариъе, ки дорад иҳтиёҷ ва ниёз ба муҳаррик ва неруи ҳаракатдиҳандае надошта бошад? Мавлонои Рум қазияи пиразанро дар риштаи назм кашида, хулосаи мантиқие аз он мебарорад: Аз-он чарха, ки мересад зани пир, Қиёси чархи гарданда ҳаме гир! Бале дар табъи ҳар донандае ҳаст, Ки бо гарданда гардонандае ҳаст. Яъне: ҳарчизе, ки дар ҳаракат ва гардиш аст, табъан ба ҳукми қонуни сабабият ниёз ба муҳаррик ва гардонандае дорад. Яке аз бурҳонҳои ақлие, ки аз ҷониби Арасту барои исботи вуҷуди Худо (ҷ) нақл шудааст, ҳамин <<бурҳони пиразан>> аст, ки дар фалсафа ба номи бурҳони ҳаракат ва ё бурҳони Арастуи маълум ва машҳур аст. Хулосаи қисса: пиразани дарснахонда чун Арастуи файласуф, бо чашми ақл ва истидлоли ақлӣ, аз тариқи муқоисаи чархи фалак ба чархаи ресандагии хеш, вуҷуд ва ҳастии Худоро дар ин олам исбот намуд. Бинобар ин яке аз абзорҳои шинохти вуҷуди Худо (ҷ) дар ин олам – чуноне, ки гуфтем – неруҳои фикрӣ ва зеҳнӣ ва истидлолҳои ақлии инсон аст. Аз ин ҷиҳат вақте шахсе аз ҳазрати Али (р) пурсиданд: <<Оё шумо! Боре Худоро дидаед? Эшон дар посухи суол гуфтанд: Ман Худоеро, ки надидаам бандагӣ накардаам. (Шояд суолкунанда гумон кард, ки эшон Худоро ба чашми сар дидаанд, ки) Ҳазрат барои дафъи гумони у изофа карданд: Бале Худо дида мешавад, вале на бо чашми сар. (ва ҳавосси зоҳирӣ. Чашми сар абзори ин кор нест, ва барои ин кор офарида нашудааст.) Балки Худоро бо чашми ақл (яъне: далелҳои ақлӣ) ва ба чашми диле, ки равшан бо нури имон аст дида мешавад.>> Чашми сар бо ҷумла ҳайвон ҳамдам аст, Чашми дил махсуси насли Одам аст. Ба зоҳир гову хар ҳам ҳаст бино, Ба чашми дил нигар гар ҳасти доно. (Мавлоно) Оре, ба суроғи Худо (ҷ) на фақат аз роҳи ҳисс ва чашму гуши сар, ки муштарак байни инсон ва ҳайвон аст, рафт. Балки барои расидан ба вуҷуд ва ҳастии Худо (ҷ) аввалан аз роҳи ваҳй, ки Анбиё ба мо нишон додаанд ва сониян аз роҳи ақл ва замир, (дил) ки он хосси инсон аст, ҳаракат ва саъй намуд. Зеро: Роҳи ҳисс роҳи харон аст, ай ъаёр, (заранг ва доно) Ай харонро ту музоҳим шарм дор. (заҳматдиҳанда) (Мавлоно) Бале, дустони Худо мисли ҳазрати Али (р) илова бар ҳисси зоҳирӣ ва чашму гуши сар, ки ҳама доранд, ҳисси вижаи дигаре ва чашму гуши хоссе низ доранд, ки онро ҳисси ботинӣ ва замир ва ё чашму гуши дил мегуянд, ки мо дар ин маврид ба такрор чанд бор ишора кардаем. Албатта авлиёи Худо ба ин дараҷа аз камоли инсонӣ аввалан ба инояти Худо ва сониян дар асари ишқу муҳаббати ба Худо ва дар натиҷаи пайрави намудан аз шариъати Худо, ибодат риёзат ва поксозии нафс ва қалб аз олудагиҳо ва сайру сулуки хоссе мерасанд. Гар туро аз ғайб гуше боз шуд, Бо ту зарроти ҷаҳон ҳамроз шуд. Зикри хоку зикри обу зикри гил, Ҳаст маҳсуси ҳавоси аҳли дил. (Мавлоно) Дустони Худо бо чашму гуши дил ва бо ҳисси ботинии хеш ҷаҳони дигаре ғайр аз ин ҷаҳони моддӣ мебинанд, ки онро ҷаҳони ғайб ва ботини ин ҷаҳон гуянд. Ва гоҳе дар олами шуҳуд таҷаллии анвори зоти ақдаси Илоҳиро низ мушоҳида мекунанд. Мавлонои Рум дар ин робита мефармояд: Ҳаст У маҳсус андар макмане, (макони хоссе) Лек маҳсуси ҳиси ин хона не. Он ҳисе, ки Ҳаққ дар он ҳисс мазҳар аст,(зоҳир) Нест ҳисси ин ҷаҳон, он дигар аст. Ҳисси ҳайвон гар бидиди он сувар,(суратҳо) Боязиди вақт буди гову хар. Гар бидиди ҳисси ҳайвон шоҳро, Пас бидиди гову хар Ал-лоҳро. Ҳикояте аз Маснавӣ Мавлоно дар маснавӣ ҳикояте дорад бо номи <<Фил дар тавилаи торик.>> Мақсади эшон аз зикри ҳикоят ин аст, ки инсон дар худошиносӣ фақат ба ҳавосси зоҳирии хеш эътимод ва такя накунад. Балки бояд машъале аз ваҳйи илоҳӣ ва ақл ва замири Худододӣ бо худ дошта бошад, ки роҳи уро равшан кунад. Сипас дар партави нури он ба суи Худо (ҷ) ҳаракат кунад. Ҳикоят чунин аст: Чанд нафар аз аҳолии Ҳинд, филеро ба шаҳре оварданд то дар маърази фуруш ё тамошои мардум қарор диҳанд. Чун шаб ба он шаҳр расиданд, филро дар тавилаи торик ҷой доданд. Мардуми он шаҳр, чун дар тамоми умрашон филро надида буданд, намедонистанд, ки фил чи шакл ва сурате дорад. Бинобар ин ҳавасе ба сарашон уфтод, ки ба тамошои фил бираванд. Гуруҳе дар ҳамон шаб, канори тавила омаданд ва як ба як дохили тавила рафтанд ва дар торики, дасте ба фил кашида берун меомаданд. Аввалӣ ки дасташ ба хуртуми фил расида буд, вақте берун омад гуфт: фил монанди <<новадон>> аст! Дуввумӣ ки дасташ ба гуши фил расида буд, берун омад ва гуфт: фил монанди <<бодбизан>> аст! Саввумӣ, ки дасташро ба пойи фил кашида буд, берун омад ва гуфт: фил монанди <<сутун>> аст! Чаҳорумӣ, ки дасташ ба пушти фил расида буд, берун омад ва гуфт: фил шабиҳи <<тахт>> аст! Ҳамчунон ҳар як ба ҷузве к-у расид, Фаҳми он мекард, бар он метанид. Дар хулосаи ҳикоят Мавлоно мефармояд: Эй бародар! Чашми дил боз кун то дарёро бубини! Чашми сар танҳо кафҳои руйи дарёро менигарад ва ҳамчун каффи даст аст, ки аҷзои филро дармеёбад. Кафбин набош, балки дарёбин бош:! Чашми ҳисс ҳамчун кафи даст асту бас, Нест кафро бар ҳама он дастрас. Чашми дарё дигар асту каф дигар, Каф биҳил в-аз дида дар дарё нигар. Мақсади Мавлоно аз ҳикояти гузашта баёни зарфият ва қудрату неруи ҳавосси зоҳирӣ ба вижа ҳисси биноии инсон дар худошиносӣ аст. Эшон бо ин қисса мехоҳанд ба мо бигуянд, ки қудрат ва тавоноии ҳисси биноӣ ва чашми зоҳирии инсон дар шинохти ҷаҳони ҳастӣ – ба хусус дар масъалаи Худошиносӣ – монанди ҳисси ломиса ва каффи даст аст, дар филшиносӣ. Ҳамон тавре, ки барои шинохти воқеъии фил танҳо бо қувваи ломиса ва каффи даст намешавад эътимод ва кифоят кард, пас дар шинохти вуҷуд ва ҳастии Худо (ҷ) низ танҳо бо қувваи биноӣ ва чашми зоҳирӣ намешавад эътимод ва иктифо кард. Зеро идрок ва мушоҳидаи қувваи бинои инсон чуноне, ки дар оғози мақола гуфтем: дар як андоза ва чорчубаи муйяне маҳдуд аст. Бинобар ин вақте ҳазрати Мусо (а) аз Худованди таборак ва таоло тақозои дидор намуд, аз боргоҳи илоҳӣ хитоб омад, ки (ай Мусо) ҳаргиз маро (дар ин дунё бо ин чашме, ки дорӣ) наметавони бубинӣ. (сураи 7 ояти 143) Ба фонӣ дидани боқӣ муҳол аст, Ки қурби ошиқон завқи висол аст. (Мавлоно) Дуруст аст, ки муминон дар охират – тибқи мазҳаби аҳли суннат – ҷамоли бе мислу монанди Худоро мебинанд, вале на бо ин чашмҳои маъмулие, ки имруз доранд. Балки он руз Худованд (ҷ) барои бандаҳои бо имонаш чашми дигаре ато мекунад, ки он қудрат ва тавоноии дидани таҷаллии зоти ақдаси Илоҳиро дорад. Ҳамон тавре, ки 5 қарн пеш инсон бо чашми феълие, ки дорад қудрати дидани мавҷудоти заррабин ва микроскопӣ – назири вирусу микроб, ва заррачаҳои элементари-ро надошт. Вале имруз бо чашми дигаре, ки онро чашми мусаллаҳ ва микроскоп гуянд, он чизҳоро ошкоро мушоҳида мекунад. Оре Худованди бузург (ҷ) дар охират барои бандагони солиҳаш неъматҳое халқ кардааст, ки имруз на чашме онҳоро дида, ва на гуше васфи онҳоро шунида, ва на бар хаёлу хотири шахсе гузашта аст. (мазмуни ҳадиси Бухорӣ ва Муслим (р)) Ҳамон тавре, ки имруз инсони оҷиз ва ноқис чизҳое сохта ва ихтироъ кардааст, ки инсонҳои 5 аср пешбуда на он чизҳоро дида ва на васфашонро шунида ва на ҳатто бар фикру хаёли эшон гузашта буд. Ва лаҳул-масалул-аъло. Албатта қудрати Холиқ бо қудрати махлуқ, аслан қобили муқоиса нест. Ончуноне, ки зоту сифоти Илоҳӣ бо зоту сифоти инсон қобили муқоиса нест. Ду ҳикояти зариф. Ба хотири хуш кардани вақти хонандагони азиз фарҷоми мақоларо бо ду ҳикояти зариф, вале воқеъӣ ва таълимӣ ва бо хулосае аз ин ҳикоятҳо, ҳусни хитом мебахшем. Ин ду ҳикоят, ки шомили мубоҳасаи зарифи таърихӣ аст, шояд як посухи дигаре ба сурати соддатар ва фаҳмотар ба ҷаҳонбинии материалистӣ бошад. 1. Донишманди шаҳир ва шаҳиди ислом ­– Ҳасанул Банно (1906-1949) дар яке аз рисолаҳои тавҳидии хеш ҳикояти зариф ва ҳазломез, вале воқеъӣ ва ҷолиби таваҷҷуҳеро нақл мекунад, ки дар яке аз мактабҳои ибтидоии кишвари Миср иттифоқ афтодааст. Ҳикоят иборат аз муҳовара ва гуфтугуи муаллими атеист бо шогирдонаш аст. Муаллим барои исботи набудани Худо (ҷ) ва дуруст будани ҷаҳонбинии атеистии хеш суолҳои гумроҳкунандае ба сурати зайл ба шогирдон медиҳад: – Баччаҳои азиз! Ба пурсишҳои ман ҷавоб бидиҳед! Оё шумо тахтаи синфро мебинед? – Оре мебинем. – Миз ва курсии маро мебинед? – Бале мебинем. – Маро, ки дар баробари чашмони шумо қарор дорам мебинед? – Оре, дида истодаем. Муаллим аз суолу ҷавобҳои гузашта натиҷагирӣ карда мегуяд: пас маълум мешавад, ман ва предметҳои номбаршуда вуҷуди хориҷӣ дорем, ва дар ин олам мавҷуд ҳастем. Ва саранҷом ба суоли аслӣ ва охирини худ, ки суолҳои пешин заминае барои он аст, мерасад: – Баччаҳои хуб! Акнун ба ман бигуед: Оё Худоро ҳам мебинед? – На намебинем. – Пас маълум мешавад Худо дар ин олам мавҷуд нест. Ва у аслан вуҷуди хориҷӣ надорад. Зеро У агар мебуд, ҳатман дида мешуд. Яке аз шогирдони бо фаросату зирак аз ҷои худ баланд мешавад ва хитоб ба ҳамсинфони хеш мегуяд: – Баччаҳо! Шумо ақлу хиради муъаллимро мебинед? – На, намебинем. – Пас маълум мешавад ақли муъаллим низ вуҷуди хориҷӣ надорад. Ва муъаллими мо беақлу бехирад ва маҷнуну девона аст. (поёни иқтибос.) Ҳатман материалистҳои ғарбгаро аз суханони ҳакимонаи ин кудаки навомузи мисрӣ мутаассир нагашта, онро сухани кудакона ва ғайри олимона мешуморанд. Вале вақте ҳамин суханро аз забони яке аз файласуфҳои олиқадри фаронсавӣ бо номи Идвор Монтин (1856-1927) мешунаванд, шояд ба фикру андеша раванд, ва бар ҷаҳонбинии хеш таҷдиди назар намоянд. Калимоти пурарзиши файласуфи мазкур чунин аст: рости инкори Худованд (ҷ) навъе аз ҷунун аст. Ва мункирони Худо (ҷ) инсонҳои девона мебошанд, ки ба василаи ситамҳо ва корҳои нораво бар худ ва амсоли худ маҷнунвор садма(зарба) заданд ва ақлро аз кафф додаанд. Бадиҳист, ки касе ақли худошиноси надорад яқинан девона аст. (кит, Мода алайҳи моддӣ. Таъ: Маҳмуд муҳаққиқи Домиғонӣ.) 2. Тақрибан 1300 сол пеш аз ҳикояти гузашта ба ҳамин мазмун, баҳсу мунозарае байни Имоми Аъзам Абу Ҳанифа (р) ва яке аз даҳриҳо ва атеистҳои ҳамасри эшон баргузор шудааст, ки мо тарҷумаи онро аз яке хутбаҳои воизи машҳури таърихи ислом – Абдулҳамид Кишк (р) манзури шумо – азизон мегардонем: Ровиёни таърих ривоят мекунанд, ки дар асри фархундаи Имоми Аъзам Абу Ҳанифа – раҳматуллоҳи алайҳ – як нафар аз даҳриёни мулҳид – ба таъбири имруз <<атеист ва мункири Худо>> барои баҳсу ҷадал бо Имоми Аъзам ба маҳзари эшон меояд, ва байни онҳо муҳоварае ба сурати зайл ҷараён мегирад: Даҳрӣ – ай Имом! Шумо мусулмонон, ки даъвои худошиносӣ доред ва худро Худопарасту муъмин меҳисобед, лутфан бигуед: ақаллан боре Худои худро дидаед? Ва ё садояшро шунида ва буяшро шамидаед? Оё ҷисму танашро ламс кардаед? Ва ё таъми уро чашидаед? Яъне: бо яке аз ҳавосси панҷгона эҳсоси у кардаед? Имом – субҳоналлоҳ! Поку муназзаҳ аст Худои ман аз дидани бо чашм, ва шунидани бо гуш, ва аз бақия авсофе ки пурсон шудӣ. Ҳеҷ дидае қодир нест дарк ва иҳсоси У кунад ва ё зоти ақдаси Уро бубинад. Ин олами моддӣ бо замону маконаш наметавонад шомили ҳоли У бошад (яъне: У берун аз замону макон аст.) Гузашти шаб ва руз қодир нест асаре ва тағайюре бар ҳоли У гузорад. У яктои бе назиру бе ҳамтост. Ҳеҷ мисл ва монанде дар ҷаҳони ҳастӣ надорад. Аммо ба гуфтор ва кирдори бандагонаш нек шунаву бино аст. Даҳрӣ – Ай Имом! Ҳар гоҳ Уро надидаи, садояшро нашнидаи, буяшро набуидаи, пас аз чи роҳ ва бо кадом далел исбот мекуни, ки Худо мавҷуд аст? Имом – Ай инсон! Шумо ҳам, ки худро бо ақлу бо хирад медонед, оё ҳаргиз ақл ва хиради худро дидаед? Ва ё онро эҳсосу ламс кардаед? Оё таъми онро чашидаед? Ва ё ҳадди аққал буяшро шамидаед? Даҳрӣ – На, ҳаргиз. Имом – Пас шумо оқил ҳастед ва ё бе ақл ва маҷнуну девона? Даҳрӣ – На, балки хирадманду оқил ҳастам. Имом – Пас куҷост ақлу хиради ту? Даҳрӣ – Ақли ман агар чи маҳсус нест, вале он бе шакку шубҳа мавҷуд аст. Зеро асар ва нишонаи он, ки шуъур ва фаҳму идроки ман аст мавҷуд ва маҳсус аст. Имом – Ҳамчунин Худои ман низ бо аломат ва нишонаҳои бузурги худ, ки ҷаҳони ҳасти бо тамоми мавҷудоташ баъзе аз он нишонаҳост, бе чуну чаро мавҷуд аст. Агарчи ҳастии У барои ту маҳсус ва малмус нест. Яъне он чуноне, ки ақли худро бо вуҷуди дида ва шунида нашуданаш, ва маҳсусу малмус набуданаш мавҷуд мехонӣ, назири ҳамин Худои ман низ бидуни дида ва шунида шудан ва маҳсусумалмус будан мавҷуд аст. Ва лаҳул-масалул-аъло (ва ҳоло он, ки мисоли Худо болотару волотар аз мисоли махлуқоташ аст.) Хулоса. Хонандагони азиз! Ба тавре, ки мулоҳаза намудед, Имоми Аъзам (р) дар ин мубоҳасаи торихӣ вуҷуд ва ҳастии Худоро ташбиҳ ба вуҷуд ва ҳастии ақли инсон намудаанд. Албатта ҳамон тавре, ки гуфтем: зоти ақдаси Илоҳӣ на дар зот ва на дар сифот мислу монанде надорад, ва намешавад онро ба чизе ташбиҳ ва монанд кард. Аммо ҳазрати Имом ба хотири наздик кардани матлаб ба фаҳм ва зеҳни он мулҳид ва ё барои мутобиқ намудани посухи хеш ба пурсиши у, чунин тамсилеро оварданд. Ва илло лайса камислиҳи шайун фил арзи ва ло фис-само (вагарна дар ҷаҳони ҳастӣ назири Худо (ҷ), чизе ва касе вуҷуд надорад.) Эшон бо ин ташбиҳи худ мехоҳанд ба он мулҳид бигуянд, ки дарки инсон аз вуҷуд ва ҳастии Худо (ҷ) аз навъимаъқулот аст, на аз навъи маҳсусот. Ҳамон гуна, ки дарки мо аз вуҷуд ва ҳастии ақли шумо низ – ай фалонӣ – аз навъи маъқулот аст, на аз навъи маҳсусот. Аз ин хотир дар алифбои худошиносӣ омадааст, ки Холиқ ва Офаридагори олам дар зот ва сифоти хеш хилофи махлуқоташ аст. Яъне ҳар он авсофе, ки мисли – дида шудан ва ё шунида шудан ва ламс кардан ва ғайра, ки дар махлуқ рост меояд, наметавонад дар Холиқ низ содиқ ояд. Мисли ашёи сохтаи инсон, – ки онро метавон маснуъ ва сохтаи дасти инсон гуфт – ҳарчанд дақиқ ва ҳайратовар ҳам бошанд, хилофи инсон аст. Ҳаргиз он шайъи маснуъ ва сохташуда дар зот ва дар сифот комилан монанди инсон буда наметавонад. Бо вуҷуде, ки ҳар ду махлуқанд. Пас чи расад ба муқоисаи байни Холиқ (ҷ) ва махлуқ. Албатта Худо (ҷ) бе шакку шубҳа мавҷуд аст. Аммо васфи мавҷудияташ бе мисол ва монанд аст. Яъне назир ва шабиҳ надорад. Оре Худо бинову шунаво аст. Аммо сифати биноӣ ва шунавоии У мисл ва монанде надорад. Назири сифат ва дастгоҳи бинои ва шунавоии махлуқоташ нест. Ҳамчунин аст шаъни поки У дар ҳар сифате, ки ба он муттасиф аст. Аз ҷаҳолат ва залолат аст, саъю талоши касоне ки мехоҳанд Холиқи Оламро дар ҳавзаи махлуқ фуруд оранд, ва авсофи махлуқро бар У рост кунанд, сипас аз он авсоф пурсон шаванд. Саъдии Шерози алайҳи раҳма дар васфи бемисолаш чунин гуфта: Ай бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм, В-аз ҳарчи гуфтаанду шунидему хондаем. Дафтар тамом гашту ба поён расид, умр, Мо ҳамчунон дар аввали васфи Ту мондаем. Ва Мавлоно дар ин маъно мухтасар гуфтааст: Ай бурун аз ваҳму қилу қоли ман, Хок бар фарқи ману тимсоли ман. (мисол, ташбиҳ) Аз ин ҷиҳат дар ривояти Байҳақи ва Табарони аз Паёмбари акрам (с) омадааст: <<Шумо – ай бандагон! дар ҳақиқат ва асли зоти Худо (ҷ) фикр ва андеша накунед! (ки У – наузу биллоҳ – чи сурат ва чи шакле дорад? Ва ё аз чи чизе мураккаб аст? Ва ғайра...) Балки дар неъматҳо ва махлуқот ва маснуъоти Худо (ҷ) фикр ва таҳқиқ кунед!>>(то фоидаҳои зиёди маънавӣ ва имонӣ шомили ҳолатон гардад.) Оре аз фикр кардан дар ҳақиқат ва кунҳи зоти Худо (ҷ) ба ҷуз гумроҳ шудан, инсон ба ҷое намерасад. Зеро ақл ва дониши инсон зарфият ва қудрати дарк кардани зоти ақдаси Илоҳиро надорад. Мисле, ки як ҷоми кучак қудрат ва зарфияти гунҷоиши оби уқёнуси Оромро надорад. Ба қавли Мавлоно: Ба фонӣ (яъне: инсон) дидани Боқӣ муҳол аст (яъне: дарк кардани зоти ақдаси Илоҳӣ номумкин аст.) Чунки инсон ҳануз ҳақиқат ва моҳияти зоти худро ба кулли нашинохтааст. Ҳатто яке аз донишмандони машҳури амрикои китобе таълиф намудааст бо номи: <<Инсон мавҷуди ношинохта.>> Пас чи расад ба шинохтани ҳақиқати зоти ақдаси Илоҳӣ? Аммо, инсон аз фикр кардан дар махлуқот ва маснуъоти Худо баҳраҳои зиёде аз худошиносӣ ба даст меорад. Уламо мегуянд: ончуноне, ки байни инсон ва маснуъи сохтаи инсон робита ва алоқаи мантиқӣ барқарор аст, ҳамчунин байни Худо (ҷ) ва махлуқоти офаридаи Худо (ҷ) чунин иртибот ва пайванди ақлонӣ вуҷуд дорад. То ҷое, ки ҳам махлуқот ва ҳам маснуъот барои ба намоиш гузоштани вуҷуд ва ҳастӣ, ва баъзе сифатҳои Холиқ ва сониъи худ, ба монанди оинаи нилгун (телевизион) хидмат мекунад. Барои мисол:вақте мо дар қалами худкоре, ки дар даст дорем тафаккур кунем баҳраҳои зиёди маънавӣ ва мантиқӣ аз ин сайри фикрии худ ҳосил мекунем. Нахуст ин, ки бо тақозои <<қонуни сабабият>> он қалами безабон бо забони ҳолаш аз вуҷуд ва ҳастии сониъ ва созандаи худ ба мо хабар медиҳад. Зеро қонуни сабабият мегуяд: агар сониъ намебуд қалам ҳам сохта ва пайдо намешуд. Сониян аз илму дониш, ва ҳунару маҳорат ва қудрату тавоноии у дар сохтани чунин предмети шигифтоваре маълумот медиҳад. Ҳамин тавр бо тақозои қонуни мазкур, ҳар махлуқе чун<<оинаи Худонамо>> аз вуҷуд ва ҳастӣ ва баъзе сифатҳои Холиқ ва Офаридагори хеш хабар медиҳад. Ҳар гиёҳе, ки аз замин руяд, Ваҳдаҳу ло шарика лаҳ гуяд. (Саъдӣ) Яъне: бо забони ҳол аз ҳастӣ ва ягонагии Офаридагори худ шаҳодат медиҳад. Барги дарахтони сабз дар назари ҳушёр, Ҳар варақаш дафтарест маърифати кирдгор (Саъдӣ) Бале, агар Қуръон китоби хондании Худо (ҷ) бошад, ҷаҳони ҳастӣ бо мавҷудоташ китоби дидании Худо (ҷ) аст. Ва ҳар барги дарахте барои инсони оқил ва ҳушёр дафтаре аз Худошиноси аст. Бар руи худ тафарруҷи сунъи Худо бикун. (тамошои) К-оинаи Худонамо мефиристамат. (Ҳофиз) Ҷаҳон миръоти ҳусни шоҳиди мост, Фашоҳид ваҳҷаҳу фи кулли миръот. (Кошифӣ) Шоир бо забони ним форсӣ ва ним арабӣ мехоҳад бигуяд: Ин ҷаҳони ҳастӣ бо так-таки мавҷудоташ оинаи нилгунест, ки дар он ҳусну ҷамоли маҳбуб ва маъшуқи мо – Аллоҳ ҷалла ҷалолаҳу – ба хуби мушоҳида мешавад. Пас ту – ай инсони мункир! Чашми ақли худро боз кун ва ҳусни руи уро дар ҳар оинаи махлуқоташ тамошо кун! Ҳамоно хирадмандони воқеъӣ бо чашми ақлу хирад дар оинаи махлуқот азамат, қудрат, халлоқият, илму ҳикмат... ва дигар сифатҳои Офаридагори якторо возиҳу равшан мушоҳида мекунанд. Барои расидан ба воқеияти ин сухан, шумо – хонандагони азиз, агар дастраси дошта бошед, як назар ба бол ё пари товус кунед! Сипас дар санъати наққошӣ, рангрезӣ, резакорӣ, интихоб ва ҷобаҷокунии рангҳо ва зебоии он... тафаккур намоед! Ва баъд аз сайри андеша бо суоли зер посух диҳед; Оё ҳунари фавқулодда зебое, ки дар бол ва пари товус мушоҳида мешавад кори Наққоши азал аст, ва ё амали табиъати куру карру шал аст? Суоли мазкурро ба забони ширини Мавлонои Рум муҷаддадан такрор менамоем. Эшон хитоб ба мункирони Худои доноу бино, ва бандагони табиъати шаллу курру нобино, назири атеистҳои асри мо мефармояд: Гирди маъқулот мегардӣ бубин! Инчунин беақлии худ ай маҳин! (ҳақир ва хор) Хатти бо котиб бувад маъқултар? Ё, ки бе котиб биандеш ай писар? Санъати хуб аз кафи шалли зарир, (нобино) Бошад авло ё ба гирои басир. (бино) Шоирони орифи мо – назири Хоқонию Саъдӣ (р), ки чашми бози худобин доранд аз мушоҳидаи нақшҳои зебо ва чеҳраҳои дилрабо бардошти ошиқона ва хулосаи орифона мебароранд. Хубруеро чу дидӣ ошиқи руяш мабош! Ҳусни у дар дил бигиру ошиқи Наққош бош! (Хоқонӣ) На ин нақш дил мерубояд зи даст, Дил Он мерубояд, ки ин нақш баст. (Саъдӣ) Инак вақти он расидааст, ки мо хулосаи ин мақоларо бо чанд абёти тавҳидӣ аз <<Бустон>>-и Саъдӣ (р), ки ғизое барои руҳу ҷони муъминон, ва мушти муҳкаме бар даҳони мункирон аст, ба поён бирасонем: Бубин то як ангушт аз чанд банд, Ба сунъи Илоҳӣ ба ҳам дар фиканд. Тааммул кун аз баҳри рафтори мард, Ки чанд устухон пай заду васл кард. Ки бегардиши каъбу зонуи пой, (буҷули пой) Нашояд қадам баргирифтан зи ҷой. Аз-он саҷда бар одами сахт нест, Ки дар сулби у муҳра як лахт нест. (пушти у) Дусад муҳра бар якдигар сохтааст, Ки гил муҳрае чун ту пардохтааст? Рагат бар танаст ай писандидахуй, Замине дар-у се саду шаст ҷуй. Баҳоим ба руй андар афтода хор, (чаҳорпоён) Ту ҳамчун алиф бар қадамҳо савор. Нагун карда эшон сар аз баҳри х-увар, Ту ори ба иззат хуриш пеши сар. Ба инъоми худ дона додат на коҳ, Накардат чу анъом сар дар гиёҳ. (ҳайвон) Ба дасти худаш чашму абру нигошт, Ки маҳрам ба ағёр натвон гузошт. Дар охир хитоб ба мункирони Худо (ҷ) мегуяд: Пас ошуфтагӣ бошаду аблаҳӣ, (девонагӣ) Ки ангушт бар ҳарфи сунъаш ниҳӣ. (Уро инкор куни) Назебад туро бо чунин сарвари,(е) Ки сар ҷуз ба тоат фуруд оварӣ! Валекин бадин сурати дилпазир, Фирефта машав сирати хуб гир! Раҳи рост бояд, на болои рост, Ки кофир ҳам аз руи сурат чу мост. туро он, ки чашму даҳан доду гуш, Агар оқилӣ дар хилофаш макуш! Вас-салому ало манит-табаъал-ҳудо Муаллиф: Эшони Маҳмудҷон Манбаъ: сойти Оли Тӯраҷон