Роҳҳои Худошиносӣ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Дар бораи Худошиноси аз дуртарин замон то имруз китобҳои зиёде навишта шуда ва баҳсҳо ва гуфтугуҳои фаровоне дар миёни донишмандон ва ғайри донишмандон будааст. Ҳар кадом барои пай бурдан ба ин ҳақиқати бузург, киисботи вуҷуди Аллоҳ аст, роҳеро интихоб кардаанд. Маҷмуъи роҳҳое, ки башар ба ақли худ – ғайр аз роҳи ваҳй, ки анбиё овардаанд, – барои Худошиноси тай намудааст се навъ роҳ аст: Якум: Роҳе аз даруни инсон, яъне роҳи фитрат ва сиришт, қалб ва руҳи инсон, ки он наздиктарин роҳи Худошиноси аст. Дуввум: Роҳе аз беруни инсон, яъне роҳи осор ва нишонаҳои олами хилқат ва офариниш, ки он равшантарин роҳ барои Худошиноси аст. Саввум: Роҳи ақл ва истидлол ва ё ба иборати дигар роҳи фалсафа ва улуми ақлӣ аст. Аммо аз ҳамаи роҳҳо, беҳтарин роҳе, ки метавонад моро ба зуди ба инмабдаи бузурги ҷаҳони ҳасти наздик созад, ду роҳи аввал аст, ки Қуръони карим барои исботи вуҷуди Худо аз ин ду роҳ зиёд истифода кардааст. Дар қисмати аввалсаре ба аъмоқи вуҷуди худ мезанем ва нидои тавҳид ва ҳастии Худоро аз даруни ҷон ва қалби худ мешунавем. Ва дар қисмати дуввум дар олами паҳновари офариниш ба гардиш мепардозем ва нишонаҳои вуҷуд ва ҳастии Худоро дар пешонии тамоми мавҷудот ва дар дили ҳар заррае аз махлуқот мушоҳида мекунем. Албатта ҳар кадом аз ин се роҳ баҳсҳои тулони дорад. Аммо мо бо маълумоте, ки аз сарчашмаҳои муътабари исломи ва аз навиштаҳои донишмандони динӣ дар ихтиёр дорем кушиш кардаем дар ибтидо роҷеъ ба ду роҳи аввали Худошиноси, ки мавриди таъйиди Қуръон аст, муфассалтар суҳбат дошта бошем. Ва дар охир роҷеъ ба роҳи саввум, ки роҳи фалсафа ва ақл аст танҳо бурҳони ақлии ду нафар аз файласуфони машҳури дунёро зикр намоем. Роҳе аз даруни инсон. Донишмандон мегуянд: инсон тавре офарида ва сиришта ва сохта шудааст, ки дар умқи руҳу ҷони у эҳсос ва майл ва кашиши нохудогоҳе ба суи Худо вуҷуд дорад. Ин эҳсос ва майл худ ба худ инсонро ба суи Худо мекашонад. Мисле, ки байни тифл ва пистони модар ва ё оҳан ва оҳанрабо чунин майл ва робитае мавҷуд аст. Эшон дар тавзеҳи ин гуфта менависанд: <<Ҳар инсонеро, ки фикр кунед аз ҳар нажод ва табақае, ки бошад агар уро ба ҳоли худ вогузоранд, ва таълимоти хоссе, ҳатто сухане аз баҳсҳои Худопарастон ва атеистон нашунаавад ҳам, худ ба худ мутаваҷҷиҳи неруи тавоно ва муқтадире мешавад, ки мофавқ ва берун аз ҷаҳони модда аст, ва бар тамоми олами ҳастӣ ҳукумат дорад. Гоҳ вақте инсон дар гушаҳои қалби худ, ва аъмоқи руҳу равони хеш эҳсос мекунад, ки нидои латиф ва пур аз меҳру муҳаббат, ва дар айни ҳол расо ва муҳкаме вайро ба суи як мабдаи бузурги илму қудрат, ки мо форсизабонон уро Худо меномем ва дигарон бо исмҳои дигар мехонанд, даъват мекунад. Ин ҳамон нидои фитрати пок ва майли сиришти беолоиши инсон аст, ки уро ба суи Худо даъват мекунад. Мумкин аст ғавғои ҷаҳони модди ва ташвиши зиндагии рузона, ва зарқу барқи дунё, гоҳе инсонро ба худ машғул созад, ва муваққатан аз шунидан ва эҳсос намудани ин майл ва нидои фитрат ғофил шавад, аммо ҳангоме, ки худро дар баробари мушкилот ва гирифториҳо мушоҳида мекунад, ҳангоме, ки ҳодисаҳои ваҳшатноки табии, монанди селҳо, заминларзаҳо, туфонҳо ва ё лаҳзаҳои пуризтироби як ҳавопаймо ва ё киштӣ дар ҳавои номусоид ва хатарнок ба у ҳамлавар мешавад ва ё замоне, ки ба як бемории табобатнашаванда мубтало мегардад, ва умедаш аз ҳама ҷо қатъ мешавад, оре дар ин ҳангом, ки дасти у аз тамоми васоили наҷот кутоҳ мегардад ва ҳеҷ гуна паноҳгоҳе ва илоҷе барои худ намеёбад, ин нидо дар даруни ҷони у қувват мегирад. Эҳсос мекунад, ки аз даруни вуҷудаш қудрате уро ба суи худ мехонад, қудрате ки бартар аз тамоми қудратҳост, неруи азиме, ки ҳамаи мушкилот дар баробари у саҳлу содда ва осон аст.>> Ин навъ эҳсос ва идрокро урафо дарк ва эҳсоси виҷдонӣ гуянд, ки он дар ҳукми идроке, ки аз тариқи ҳавосси панҷгона ҳосил мешавад, мебошад. Дарки виҷдонӣ ба ҷои ҳисс бувад, Ҳар ду дар як ҷадвал ай ъам меравад. (Мавлоно) Оре, камтар касеро метавонед пайдо кунед, ки дар баробари ҳодисаҳои сахти зиндагӣ ва ҳолатҳои ноумедӣ чунин эҳсос ва таваҷҷуҳеро пайдо накунад, ва бе ихтиёр ба ёди Худо наафтад. Албатта нидои фитрат ҳамеша дар даруни ҷони одамӣ ҳаст, вале дар ин лаҳзаҳо бо канор рафтани пардаҳои ғафлат, қуввати бештаре пайдо мекунад. Сад ҳазорон оқил андар вақти дард, Ҷумла нолон пеши он дайёнфард. (Мавлоно) Посухи Ҷаъфари Содиқ (р) ба пурсиши марде. Ривоят мекунанд шахсе аз Ҷаъфари Содиқ (р) ки фарзанде аз хонадони нубувват аст, пурсид. Эй фарзанди Паёмбар! Барои исботи ҳастии Худо дар ин олам, агар бурҳону далеле дорӣ пас бароям бигу, то шакку шубҳа аз дилам берун шавад? Ҳазрат фармуданд: Гуфт бурҳон дар даруни ҷонам аст, Дар даруни ҷон ниҳон бурҳонам аст. Ҷаъфари Содиқ (р) аз наздиктарин роҳи Худошиносӣ, ки роҳи фитрат ва сиришти инсон аст, барои у бо пурсишҳои зайл далел оварданд: Шумо дар зиндагии худ бо кишти сафари дарё кардаед? Гуфт: оре, бисёр сафар кардаам. Ҳазрат гуфт: оё боре чунин иттифоқе афтодааст, ки баҳр дар ҳолати туфонӣ ва киштӣ дар ҳолати ғарқ шудан қарор гирифта бошад? Ва умеди шумо аз наҷот ёфтан қатъ гашта бошад? Гуфт: оре, боре чунин иттифоқе руй дода буд Ҳазрат гуфт: оё шумо дар он лаҳзаҳои пуризтироб ва ноумедӣ боз аз ягон нуқта ва қувваи ғайбие бо илтиҷоу зорӣ кумак мепурсидед? Гуфт: оре Ҳазрат фармуд: пас бидон! Ҳамон қувваи ғайбӣ ва нуқтаи умеде, ки умедгоҳи ноумедон аст, Худо аст, ки майл ва кашише ба суи у дар умқи руҳу ҷони ту нуҳуфта аст ва он дар чунин ҳолатҳои ноумеди зоҳир мешавад. Ва ин далели ҳастии Худо (ҷ) дар ин олам аст. Истидлоле, ки Ҷаъфари Содиқ (р) барои исботи Худо овардаанд, дар ҳақиқат гирифта шуда аз Қуръон аст. Қуръон дар сураи Юнус – ояти 22-23 – мефармояд: <<Худованд аст, ки асбоби сайрро барои сафари шумо дар саҳрову дарё муяссар гардонидааст. То ҷое, ки гоҳе дар кишти нишинед, ва боди мулоиме киштиро ба ҳаракат орад ва шумо шодмону хушҳол бошед, ки ногоҳ тундбоди сахте бивазад ва кишти аз ҳар ҷониб дар оғуши амвоҷи хатар гирифтор ояд, ва шумо худро дар вартаи ҳалокат бубинед, он ҳангом Худоро бо ихлос ва имони фитри бихонед, ки: бор Илоҳо! Агар моро аз ин вартаи ҳалокат наҷот бахши, дигар ҳамеша аз куфру исён даст кашида, шукру сипоси ту хоҳем гуфт.>> Худованд (ҷ) ин бурҳони фитратро дар сураи Анкабут ояти 65 мухтасартар аз ояти гузашта баён мекунад: <<Ҳангоме, ки ба кишти савор шаванд ва зарбаҳои туфон ва амвоҷи куҳпайкари баҳр, онҳоро ба марг таҳдид кунад, Худовандро аз руи ихлос ва бо илтиҷоу зори мехонанд. Аммо вақте, ки Худованд онҳоро наҷот дод ва ба соҳили мурод овард, уро фаромуш карда домани бутҳо (ва дунё)-ро мегиранд.>> Оре таърих ба мо нишон медиҳад қудратмандоне, ки дар лаҳзаҳои оромиш ва оддӣ ҳатто аз бурдани номи Худо нанг мекарданд, аммо ҳангоме, ки пояҳои қудрати худро мутазалзил, ва кохи ҳастии худро дар ҳоли фуру рехтан диданд, ва дигар ёру ёваре барои худ наёфтанд даст ба домани Худо заданд ва нидои фитратро аз умқи ҷони худ шуниданд. Қуръон достони Фиръавни мағрур ва мутакаббирро, ки дар миёни раияти хеш худро бузургтарини Худоҳо эълон намуд ва нисбати Мусо (а) ва бандаҳои муваҳҳиди Худо зулму ситами зиёд кард, ҳикоят мекунад: Ҳангоме, ки у дар миёни амвоҷи хурушони дарё  худро гирифтор дид ва мушоҳида кард обе, ки чанд лаҳза пеш сарчашмаи тамоми қудрати давлаташ шуда буд, акнун фармони марги уро иҷро мекунад, оҷизона фарёд зад: <<Альон эътироф мекунам, ки ҷуз Худои бузурги Мусо, ҳеҷ Худо ва маъбуди дигаре дар ин олам нест.>> Ин нидо дар ҳақиқат аз даруни қалб ва умқи ҷони у бархоста буд. На танҳо Фиръавн, балки тамоми касоне, ки дар шароити у қарор мегиранд ҳамин нидоро аз даруни худ мешунаванд. Мавлонои Рум сабаби туғён ва аз худ рафтан ва даъвои худои кардани Фиръавнро чунин баён мекунад: Дод мар Фиръавнро сад мулку мол, То бикард у даъвии иззу ҷалол. (даъвои худоӣ) Дар ҳама умраш надид у дарди сар, То нанолад суи Ҳақ он бадгуҳар. Дод уро ҷумла мулки ин ҷаҳон, Ҳақ надодаш дарду ранҷу андуҳон. Дард омад беҳтар аз мулки ҷаҳон, То бихони мар Худоро дар ниҳон. Оре, агар мисли Фиръавн инсонҳои ба қудрату сарвати хеш мағрур гашта, боре мубтало ба шикасте дар зиндагӣ ва ё гирифтор ба ранҷ ва бемории бедармоне мешуданд, шояд он лаҳза худро ба оҷизию нотавонӣ ва Худоро ба қудрату тавоноӣ мешинохтанд. Ва ба гуфтани: ай Худо – ай Худо! мутаваҷҷиҳ ба у мешуданд, ва аз у бо илтиҷоу зори илтимоси кумак ва шифо мекарданд. Худованд ин ҳолати инсонро дар сураи Юнус ояти – 12 чунин баён мекунад:<<Ҳаргоҳ инсон ба ранҷу зиёне гирифтор шавад ҳамон лаҳза дар ҳар ҳолате, ки бошад, хоҳ нишаста хоҳ хуфта ва истода, фавран моро (барои дафъи мусибати худ)бо дуо мехонад. Ва он гоҳ, ки ранҷу зиёнаш бартараф шавад, боз ба ҳоли ғафлат ва ғурур чунон боз мегардад, ки гуё ҳеҷ вақт моро барои дафъи зарар ва ранҷи худ нахонда бошад, Ҳамин куфрону ғафлат аст, ки аъмоли зишти табоҳкоронро дар назарашон зебо намудааст.>> Мавлоно, ки яке аз шефтагони Қуръон аст барои сарзаниши инсонҳои ҳақношинос ва фаромушкор ин маъноро чунин баён мекунад: Вақти дарди марг аз он су менами, (менолӣ) Чунки дардат рафт чунӣ аъҷами? (чун ҳайвон безабонӣ) Вақти меҳнат гаштаи аллоҳгу, Чунки меҳнат рафт гуи роҳ ку? Ҳам аз он су ҷу, ки вақти дард ту, Мешави дар зикри ё рабби ду ту. (қомат хамида) Ду достони воқеъӣ 1. Вазири тавоно ва неруманде буд, ки дар асри худ бештари қудратҳоро ба даст гирифта буд. Касеро ҷуръати мухолифат кардан бо у набуд. Рузе ба маҷлисе, ки гуруҳе аз донишмандони динӣ дар он ҳузур доштанд ворид шуд, ва руй ба онҳо карда гуфт: <<То кай шумо мегуед ҷаҳонро Худоест! Ман ҳазор далел бар инкори ин сухан дорам.>>  Ин ҷумларо бо ғурури хоссе гуфту рафт. Донишмандони ҳозир чун медонистанд, ки у аҳли мантиқ ва баҳс нест ва қудрату тавоноӣ ва мансабу мақом ба қадре уро мутакаббиру мағрур сохтааст, ки ҳеҷ ҳарфи ҳаққе дар у таъсир нахоҳад кард. Аз ин ҷиҳат бо бе эътиноӣ дар баробари у сукут карданд, вале сукути пур маъно ва таҳқиромез. Ин ҷараён гузашт. Баъд аз муддате вазири мулҳид ва атеист мавриди туҳмат қарор гирифт. Бо амри подшоҳ уро дастгир карда ба зиндон андохтанд. Яке аз донишмандоне, ки он руз дар маҷлис ҳозир буд фикр кард, ки мавқеъи бедорӣ ва худшиносии вай расидааст. Акнун, ки аз маркаби кибру ғурур пиёда шуда ва пардаҳои худбузургбинию худхоҳӣ аз ҷилави чашми у канор рафта аст, ва ҳисси ҳақпазирӣ дар вай бедор гардидааст, агар бо у суҳбат бикунад ва панду насиҳат бидиҳад, шояд натиҷабахш хоҳад буд. Бо ин мақсад иҷозати мулоқот кардан бо вайро гирифт, ва ба суроғаш дар зиндон омад. Ҳамин, ки наздик омад, аз пушти панҷара мушоҳида кард, ки у дар як утоқи танҳо қадам мезанад ва фикр мекунад ва абётеро зери лаб зам-зама менамояд. Вақте бо диққат ба зам-замааш гуш дод, дид ин шеърро мехонад: Мо ҳама шерон, вале шери ъалам, Ҳамламон аз бод бошад дам ба дам. Ҳамламон пайдоу нопайдост бод, Ҷон фидои он, ки нопайдост бод. Яъне мо – инсонҳо монанди шере ҳастем, ки руи парчамҳо нақш мекунанд. Ҳангоме, ки бод мевазад ҳаракате дорад, ва гуё ҳамла мекунад. Вале дар ҳақиқат аз худ чизе надорад, ва вазиши бод аст, ки ба у қудрат медиҳад. Мо ҳам ҳар қадр қудратманд шавем, аз худ чизе надорем. Худое, ки ин қудратро ба мо дода аст, ҳар лаҳзае, ки бихоҳад аз мо мегирад. Донишманди мазкур дид, ки у дар ин лаҳза на танҳо мункири Худо нест, балки як Худошиноси доғ шудааст. Дар айни ҳол баъд аз он, ки аз у аҳвол пурси кард, гуфт: ёдатон ҳаст рузе, ки гуфтед: <<Ҳазор далел барои инкори Худо дорам?.>> Имруз ман омадаам то ҳазор далели шуморо бо як далел посух бидиҳам: Худованд он зотест, ки он қудрати азими туро, ба ин осони аз ту гирифт, ва туро аз руи тахт ба зиндони сард гирифтор кард. Вазири маъзул сар базер андохт ва ҷавобе нагуфт, зеро ба иштибоҳи худ кайҳо пай бурда буд, ва дар даруни ҷонаш нури Худоро медид. 2. Яке аз бузургони муосир мегуяд: <<Онгоҳ, ки дар Аврупо таҳсил мекардам бо яке аз мункирони сарсахти Худо, ки дар риштаи атеизми илмӣ унвони доктори дошт, ҳамкорӣ доштам. Эшон аз ҷумлаи касоне буданд, ки илмро ба ҷойи Худо (ҷ) ба ҳайси маъбуд, қабул карда буданд. Ва ҳама имону эътимодашон ба илм ва қувва ва неруи илм буд. Онро мушкилкушои тамоми мушкилоти худ медонистанд. Ҳамвора байни ман ва у дар мавзуи ҳасти ва нестии Худо баҳсу ҷадал буд. Ҳарчи барояш далел меовардам ё намегузошт ҳарфҳоямро тамом кунам, ва ё ҷавобҳои бе сару таҳ медод, ки мантиқан қобили қабул набуд. То ин, ки барои ягона писараш беморие пеш омад, ки ба амали ҷарроҳии фаврӣ дар ноҳияи мағзи сар, вале дар айни замон хеле хатарнок эҳтиёҷ дошт. Ҷарроҳӣ он қадр хатарнок буд, ки ҳатто табибони ҷарроҳ барояш шонси зинда мондани писарашро кафолат надоданд. Чун чораи дигар надошт ноилоҷ ба амали ҷарроҳӣ рози шуд. Рузе, ки қарор шуд бояд ҷарроҳи шавад ҳамроҳи у дар бемористон будам. Ҳангоме, ки баччаро ба утоқи ҷарроҳӣ бурданд, ва дарро аз дарун бастанд, дидам, ки ҷаноби доктор пушти дар, бо дастҳои ба суи осмон бардошта дуо мекард: Худоё ба фарёдам бирас! Худоё ба ҳолам раҳм кун! Худоё писарамро ба ман бибахш! Худоё писарамро шифо бидеҳ...! Аз фурсати муносиб истифода бурда наздаш омадаму гуфтам: Ҷаноби доктор! Шумо, ки мункири вуҷуди Худо ҳастед чаро Худо-Худо мегуед? Гуфт: То имруз Худои ман ва ягона такягоҳи ман илму дониш ва қудрату неруи илму дониш буд. Он чуноне, ки шумо ба Худо ва қудрати Худо бовар ва эътимод доред, ман чунин имон ва эътимод ба илму дониш ва неруи илму дониш доштам. Вале имруз чуноне, ки мебинед ин даричаи умед ба руям баста шуд. Аьлон ба ҷуз дари Худо дигар равзанаи умедеро ба руи худ боз наёфтаам. Пас шуморо ба Худо қасам медиҳам, ки маро ба ҳоли худам гузоред, то аз Худо писарамро бихоҳам.>> Оре чуноне, ки гуфтем онҳое, ки бо забон Худоро инкор мекунанд, дар аъмоқи руҳашон имони ба Худо вуҷуд дорад. Шак нест, ки гоҳе қудрату сарват, гоҳе пирузию муваффақият ва гоҳе илму дониш ба вижа барои афроди камзарфият ва бадгавҳар иҷоди кибру ғурур мекунад. Ва ҳамин кибру ғурур сарчашмаи инкори Худо ва ғафлат аз ёди Худо мешавад. То он ҳадде, ки гоҳе инсон фитриёти худро низ ба дасти фаромуши месупорад. Аммо ҳангоме, ки туфони ҳаводиси зиндагӣ уро дарҳам мекубад, ва тундбоди мушкилот аз ҳар су ба у ҳамлавар мешавад, ва дасташ аз ҳама ҷо кутоҳ мегардад, ва дар ҳолати ноумеди меафтад, пардаҳои кибру ғурур ва худхоҳию худбузургбинӣ аз ҷилави чашми у канор меравад ва фитрат ва сиришти тавҳидӣ ва Худошиносии у ошкор мегардад. Ва саранҷом садои Худо – Худо гуфтани у шунида мешавад. ҳамонгуна, ки дар чунин ҳолат садои калимаи шаҳодатро аз забони Саддом Ҳусайн тамоми ҷаҳониён шуниданд. Таърихи башар намунаҳои фаровоне аз ин гуна ашхос ба дасти мо додааст, ки достонҳои гузашта, порае аз он намунаҳо буд. Чуноне, ки ишора кардем, мешавад аз намунаҳои тоза ва воқеъӣ аз асри мо барои тамсили ин гуфтаҳо достони зиндагии Муаммар Қаззофӣ – ҳокими собиқи Либия, ва Саддом Ҳусайн – ҳокими собиқи Ироқ, ва Башшор Асад – ҳокими феълии давлати Сурияро зикр намоем. Ҳмон тавре, ки таърихи зиндагии эшон бо ривояти шоҳидони зинда ва филмҳои мустанаде, ки аз тариқи шабакаҳои моҳворавӣ намоиш дода мешавад, хабар медиҳад: Ҳар кадоми аз эшон дар ибтидои кор, бо он ҳукумати фиръавние, ки дар ихтиёр доштанд, ончунон масту мағрури қудрат ва ҳукумат буданд, ки на Худоро мешинохтанд ва на итоат аз амру наҳйи Худо (ҷ) доштанд. Балки ҳар се бештар ба мазҳаб ва маслаки коммунистӣ – материалисти майл ва гироиш доштанд. Чи бисёр мусулмонҳои мустазъаф ба хотири динашон аз дасти зулму ситами эшон азияту озор диданд ва ё зиндонию кушта шуданд. Саранҷом вақте эшон мавриди имтиҳони сахти Илоҳӣ қарор гирифтанд, ва чашми умедашон аз хоҷаҳо, ва аз ҳама ҷо канда шуд, якбора ру ба суи Худо (ҷ) оварданд. Ва ҳамонгуна, ки аз шабакаҳои моҳворавӣ мушоҳида кардем, ҳама руйи ҷойнамоз даст ба дуо ба суи Худо (ҷ) бардоштанд. Ва аз у ёрию кумак хостанд. Аммо ҳайҳот... зеро ҳар ки Худоро дар рузи кушодӣ нашинохт ва фаромуш кард, Худо (ҷ) ҳам уро дар рузи сахтӣ нахоҳад шинохт. (Мазмуни ҳадиси шариф) Албатта масъалаи қабул шудан ва нашудани тавбаи онҳо ба даргоҳи Худо, ба ният ва садоқати эшон дар тавбаашон вобастагӣ дорад. Чунки Худованди меҳрубон (ҷ) то замони додани ҷон дари тавбаро ба руи бандагони гунаҳгораш боз нигоҳ медорад. Ва ба эшон фурсати тавба кардан медиҳад. Аммо ҳамин, ки инсон чун Фиръавни Миср дар ҳолати сакароти марг ва додани ҷон қарор гирад, дигар дари қабули тавба ба руяш баста мешавад. Имон ва тавбаи у дар он ҳангом ба даргоҳи Худо (ҷ) пазируфта намешавад. Чуноне, ки Қуръон достони имон овардан ва тавба кардани Фиръавнро дар лаҳзаҳои охири ҳаёташ баён мекунад, ки мо пештар бахше аз онро зикр карда будем, ва инак ба хотимаи он таваҷҷуҳ кунед:<<Ҳангоме, ки Фиръавн дар ҳолати ғарқ шудан қарор гирифт, гуфт: имон овардам ба Маъбуди яктое, ки бани Исроил (яъне: Мусо ва қавми Мусо) ба у имон овардааст. Худованд (ҷ) (дар радди имон ва тавбаи у) гуфт: Акнун имон меорӣ? (ва тавба мекунӣ?) дар ҳоле, ки (чанд лаҳза пеш) нофармони аз мо мекардӣ (ва худро дар баробари мо Худои бузург мехондӣ?) Ва дар залолату гумроҳи будӣ.>> (сураи Юнус, ояти 90-91) Шояд монанди достони Фиръавни Миср ва фиръавниёни асри бист, ҳар кадом аз мо ва шумо хонандагони азиз дар таърихчаи зиндагии хеш саргузашти бисёр касонеро медонем, ки дар айёми ҷавонӣ ва мансабдорию сарватмандӣ, ончунон масту мағрури дунё ва молу мансаби дунё буданд, ки Худо (ҷ) ва ибодату бандагии Худо (ҷ) ба гушаи хаёлу хотири эшон намегузашт. Ва баъзе аз онҳо, ба вижа баъзе мансабдорони комунист ва комунистмаоб на танҳо мункири Худо (ҷ), балки душмани сарсахти Худо ва дини Худо ва мардони Худо буданд. Ва ҳатто бо Худо (ҷ) ва дини Худо (ҷ) эълони ҷанг карда буданд. Ҳангоме, ки эшон ба рузгори пирӣ ва нафақаю бознишастагӣ расиданд, ва дарҳои ҳукумат ва мансабро ба руи худ баста диданд, ва ба сабаби заъфу нотавонӣ умедашон аз тули зиндагӣ ва мансабу вазифа қатъ шуд, ва фосилаи худро бо қабр ва дарвозаи марг чанд қадам диданд, якбора 180 дараҷа тағйири равиш доданд, ва бо ришу тасбиҳ, Худогу ва намозию масҷидӣ шуданд. Сабаб ва иллати ин инқилоби азим ва таҳаввулоти бузург дар зиндагии афроди гузашта дар чист? Албатта посухи ин суол: ҳамон имони фитрӣ ва майлу ҷозибаи руҳӣ – равонӣ аст, ки дар чунин ҳолати яъсу ноумедӣ эшонро ба суи Худо (ҷ) кашондааст. Решаи пайдоиши эътиқод ба Худо. Аз назари атеистон ва мункирони Худо решаи пайдоиши эътиқод ба Худо ва Худопарастӣ дар таърихи башар ғолибан ҷаҳлу нодони ва тарсу ҳароси инсон аст. Онҳо мегуянд: Вақте инсон бори аввал бо баъзе ҳодисаҳои азими табиат, мисли раъду барқ ва туфону заминларза ва маргу мирҳо ва амсоли он мувоҷиҳ ва ру ба ру мешавад, азбаски илм ва огоҳӣ ба сабабҳои пайдоиши ин ҳодисаҳои табиъӣ надорад, гумон мекунад, ки пушти ин дастгоҳи бузурги табиат зоти қудратманде нишастааст, ки ин ҳодисаҳои табиъиро ба вуҷуд меорад. Табиист, ки у баъд аз чунин тавваҳуму гумон дар баробари он Худои аз гумон ва хаёли худ тарошидау сохта ба зону меафтад ва уро аз тарс, ниёишу парастиш мекунд. Аз ин лиҳоз баъзе донишмандони эшон пешгуи карда гуфта буданд: Худопарастӣ ва диндорӣ умри дарозе надорад. Зеро ҳар қадар сатҳи маълумот ва дониши башар дар улуми табии ва таҷрибавӣ боло равад, ва асрори табиат барояш кашф шавад ба ҳамон андоза эътиқод ва парастиши Худо аз ҷомеъа рахт мебандад ва ё таназзул мекунад. Ҳатто баъзе аз аблаҳони эшон ал-иёзу биллоҳ соати марги Худоро эълон намуда буданд. Вале хушбахтона чуноне, ки дидем баръакс марги худи онҳо ва марги мактаб ва мазҳаби атеистии онҳо фаро расид. Ва саранҷом дар қабристони таърих мадфун гашт. Бар хилофи гумон ва пиндори эшон илму дониш на танҳо эътиқод ва имони ба Худоро аз байн набурд, балки бузургтарин хидматро дар мавзуъи Худошиносӣ адо намуд. Барои исботи вуҷуди Худо дар ин олам, садҳо ҳазор далелу бурҳони тоза тақдими донишмандон намуд. Оре, илму дониш бо кашфиёт ва дастовардҳои худ ба вижа дар риштаҳои: астрономия, (кайҳоншиносӣ) анатомия, (инсоншиносӣ) зоология (ҳайвоншиносӣ) ва ғайра... садҳо ҳазор дарҳои нави Худошиносиро ба руи донишмандон боз намуд. То ҷое, ки имруз пешрафтатарини миллатҳо ва инсонҳо дар илм, бештар Худошинос ҳастанд. Ва инчунин равшантарин мавзуъҳои илмӣ, мавзуи ҳастии Худо дар ин олам аст. Ба қавли Мавлонои Рум ва Мирзо Абдулқодири Бедил дигар имруз барои исботи ҳастии Худо далелу бурҳон ҷустан ва ё дархост намудан нанг ва аблаҳӣ аст: Ҳамонгуна, ки дар рузи равшан бо чароғ ҷустани офтоб ҳамоқату нодонӣ аст. Зиҳи аблаҳ, ки У хуршеди тобон, Ба нури шамъ ҷуяд дар биёбон. (Мавлоно) Пайдоии Ҳаққ нанги далоил написандад, Офтоб на чизест, ки ҷуи ба чароғаш. (Бедил) Ин буд нуқтаи назар ва пешгуиҳои атеистони мулҳид пиромуни пайдоиши эътиқод ба Худо ва зуҳури  дину ойин дар таърихи башар, ки ба сурати мухтасар зикр карда шуд. Аммо аз назари Қуръон ва донишмандони бузурги ҷаҳон мисли Вилъём Ҷимз ва Алберт Энштейн ва амсоли он, пайдоиши эътиқод ба Худо ва парастиши Худо реша аз фитрат ва сиришти руҳи инсон дорад. Яъне ҳамон майли фитрӣ ва ҷозибаи руҳӣ – равоние, ки дар хамираи вуҷуди инсон аст, инсонро ба дунболи Худо ва Худопарастӣ кашондааст. Ин тоифа аз донишмандон мегуянд: дар вуҷуди инсон ғайр аз тамоюлоти ҳайвонӣ, мисли майл ба ғизо ва тамоюли ҷинсӣ, як силсила тамоюлот ва ҳиссиёти олие вуҷуд дорад, ки он марбут ба руҳ ва қалби инсон аст. Баъзе аз равоншиносони бузург онро ба чаҳор қисм тақсим намудаанд: 1. Майл ба ковишгарӣ ва ҳисси доноӣ.Вақте инсон дар муқобили ҳар шайъи маҷҳул ва номаълуме қарор бигирад, хоҳ барояш нафъе бошад ва ё набошад, як ҳисс ва майли: <<бояд бидонам>> <<бояд бифаҳмам>> <<бояд дарк кунам>> дар у пайдо ва таҳрик мешавад. Дилаш мехоҳад пардаи маҷҳул ва номаълумиро ақиб бизанад, ва он чизи номаълумро кашф бикунад ва бидонад. Ҳамин майл аст, ки инсонро ба дунболи касби илму дониш кашондааст. 2. Майл ба некукорӣ ва ҳисси некипарастӣ, ки он сарчашмаи масоили ахлоқӣ ва инсонӣ дар ҷомиъаи башарӣ аст. 3. Майл ба зебои ва ҳисси зебоипарастӣ, ки он маншаъи пайдоиши шеъру адабиёт ва санъату ҳунар ба маънои воқеъӣ мебошад. 4. Майл ба ибодат ва парастиш ва ҳисси мазҳабӣ. Ин майли фитрӣ ва руҳӣ инсонро ба ҷустуҷу ва парастиш ва наздик шудан ба ҳақиқати комилае мекашонад, ки мо форсизабонон онро Худо мегуем. Ҳамин майли олии руҳӣ решаи пайдоиши Худоҷуӣ ва Худопарастӣ мебошад, ки ҳеҷ гоҳ аз инсон ҷудо набуда ва ҷудо нахоҳад шуд. Ин масъала имруз аз руи назариёти бисёре аз муҳаққиқини равоншинос ва равонков ба исбот расидааст. Равоншиноси маъруф бо исми Юнг, ки аз шогирдони Фройд аст мегуяд: <<воқеан шуур ва ҳисси инсон мунҳасир ва маҳдуд ба шуури зоҳирӣ нест. Балки шуур ва ҳисси ботинии дигаре ҳам ҳаст, ки дар фитрат ва сиришти ҳар инсоне қабл аз ин, ки ба ин дунё биёяд вуҷуд дорад.>> Яке дигар аз донишмандоне, ки Худопарастиро ба сурати як ҳисс ва майли фитри дар вуҷуди инсон мешиносад, равоншинос ва филосуфи машҳури Амрикои Вилъём Ҷимз аст, ки нимаи аввали қарни 20 гузашта аст. У китобе дорад бо номи <<Дин ва равон>> ва дар он роҷеъ ба масъалаи баҳси мо чунин навиштааст: <<Ҳар қадр ангезаи майлҳои мо аз ин олами табиат сарчашма гирифта бошад ҳам, боз ғолиби майл ва орзуҳои  мо аз олами моварои табиъат сарчашма гирифта аст.>> Яъне эшон мехоҳанд бигуянд: қисмате аз майлу хостаҳои мо реша аз табиат дорад. Агар дар мо майл ба обу хурок вуҷуд дорад, решааш ҳамон обу ғизои хориҷӣ аст, ки дар табиат мавҷуд аст. Вале дар вуҷуди инсон майлҳои олитаре вуҷуд дорад, ки решаи он табиати моддӣ нест. Балки маншаъ ва сарчашмаи он, ҳақоиқи болотар аз умури моддӣ аст. Майл ба парастиши Худо аз ин ҷумла аст. Ҳамон тавре, ки майл ба ғизо далолат бар вуҷуди ғизо мекунад, ҳамчунин майл ба парастиши Худо (ҷ) далолат бар вуҷуд ва ҳастии Худо (ҷ) мекунад. Зеро ҳеҷ майле дар вуҷуди инсон бар абас ва беҳуда офарида нашудааст. Олими машҳури дунё султони риёзидон ва кашшофи атом – Алберт Эйнштейн, ҳам инчунин назарияе дар бораи пайдоиши эътиқод ба Худо ва дину оин дорад. Қуръон нахустин китобест, ки ин масъаларо қабл аз олимони равоншинос ба сароҳат матраҳ намудааст: Сураи Рум ояти – 30. <<Пас ту ай Расули мо! (ба пайравонат) мустақим руй ба ҷониби оини поки ислом биёр! Ва пайваста аз дини фитрии Худо, ки фитрат ва сиришти инсонҳоро бар он офаридааст пайрави кун!...>> Ин ояти карима диндорӣ ва Худопарастиро як амри фитрӣ медонад. Яъне тамоюли динӣ ва Худопарастиро дар вуҷуд ва сиришти ҳар касе мавҷуд медонад. Ояти дигаре, ки ба ин матлаб ишора мекунад, ояти 172-и сураи Аъроф аст: <<Ай Паёмбари мо! Ба ёд ор он замонеро, ки Худои ту аз пушти фарзандони Одам насли онҳоро баргирифт, ва онҳоро бар худ гувоҳ сохт, ва аз онҳо пурсид: ки оё ман Парвардигори шумо нестам? Ҳама дар посух гуфтанд: бале (ту Парвардигори моӣ)Мо ба Худоии ту гувоҳӣ медиҳем, (Худованд (ҷ) чунин кард) то ин, ки дар рузи қиёмат нагуед: мо аз рубубият ва парвардигории ту ай Худо! Ғофил ва бехабар будем.>> Муфассирини киром мегуянд: ин паймон гирифтани Худо ба рубубият ва парвардигории хеш аз бандагонаш, баъд аз хилқати Одам алайҳиссалом, вале қабл аз офариниши фарзандони у ҷисман ба сурати кунунӣ, воқеъ гаштааст. Яъне ин гуфтугу дар олами арвоҳ байни Парвардигори олам ва арвоҳи фарзандони Одам (а) иттифоқ афтодааст. Хулосаи калом ояти муборака ба мо мегуяд: ки инсон қабл аз он, ки дар ин дунё ба шакли инсони мураккаб аз ҷисму руҳ ба вуҷуд биёяд, дар хамираи руҳ ва умқи ҷони у иқрор ба вуҷуд ва рубубияти Худованди олам мавҷуд ҳаст. Паёмбари акрам (с) масъалаи мазкурро дар ҳадиси саҳиҳе сароҳатан зикр намудааст: <<Ҳар тифли навзод бо фитрати Худоҷуӣ ва бо сиришти Худопарастии тавҳидӣ аз модар таваллуд мешавад. Сипас (баъзе) волидайн (ва ё мактаб ва таблиғоти ҷомеа) бо тарбияти нодурусти худ фарзандро аз масири фитрати хеш хориҷ мекунад ва ба гумроҳӣ мекашонад. Яъне уро (ё) ба суи Худопарастии ғайри тавҳидӣ аз тариқи динҳои таҳрифшудаи инҳирофӣ мисли Масеҳият, Яҳудият ва Маҷусият мекашонад.(Ва ё атеист ва мункири Худо мекунад.) (Ривояти Бухори ва Муслим)>> Муртазо Мутаҳҳари – файласуф ва донишманди маъруфи иронӣ дар ин бора навиштааст: Урафои исломи дар ин замина фавқулодда доди суханро додаанд. Ончи дар забони ирфон ба номи ишқ гуфта мешавад, ҳамин майлу ҷазби руҳӣ ва имони фитрӣ аст. Шуриши ишқи ту дар ҳеҷ саре нест, ки нест, Манзари руи ту зеби назаре нест, ки нест. Чашми мо дидаи хуффош бувад варна туро, Партваи ҳусн ба девору даре нест, ки нест. Мусие нест, ки даъвои анал-ҳаққ шунавад, В-арна ин замзама андар шаҷаре нест, ки нест. Дар ин мавзуъ ашъори шуъарои мо бисёр аст. Эшон ишқи илоҳиро дар фитрати ҳамаи инсонҳо нуҳуфта медонанд. Баъзе аз урафои мо пиромуни ояти.. 23-и сураи Исро мегуянд: қазо ва ҳукме, ки Худованд дар ин ояти муборака роҷеъ ба парастиши худаш фармудааст, қазо ва ҳукми таквинӣ аст на таклифӣ. Ва он иҷтинобнопазир аст. Яъне барои башар имкон надорад ғайри Худоро парастиш кунад. Зеро Худованд башарро бо сиришт ва руҳи ибодат ва парастишкунандагӣ офаридааст. Дар ҳамин ҷо як ҳарфе задаанд, ки доду фарёди фуқаҳоро баланд кардаанд: Мусалмон гар бидонисти, ки бут кист, Яқин кардӣ, ки дин дар бутпарастист Албатта ин сухан аз назари фиқҳи исломӣ сухани ботил ва нодуруст ва куфромез аст. Ва албатта он шоире, ки ин суханро гуфтааст намехоҳад бутпарастиро ба маънои касиф ва ширкомезаш таъйид ва тасҳиқ кунад. Балки мехоҳад бигуяд: Он бутпараст ҳам дар воқеъ Худопараст аст, яъне он ҳисс ва майли парастиши Худои воқеъист, ки уро ба ин тарафу он тараф кашондааст. Дар ниҳояти кор иштибоҳ дар татбиқи ибодат кардааст. Худо ва маъбуди воқеъии худашро гум карда ба парастиши худоҳои ботил ва сохтаи худ пардохтааст. Яъне ҳақиқатро гум карда ба маҷоз часпида аст. Аммо иллат ва сабаби часпиданаш ба маҷоз ҳамон ҳисс ва майли фитрӣ ва воқеъист, ки уро ба дунбол ва ҷустуҷуи ҳақиқат равона кардааст. Вале роҳро гум карда дар татбиқи ибодат иштибоҳ кардааст. Мисли тифле, ки пистони модарро наёбад бо пистонаки резини худро ором ва саргарм мекунад. (Поёни иқтибос) Шаҳодати таърих. Дар тули таърих ҳамеша аксарияти кулли башар эътиқод ва бовар ба вуҷуди Худо (ҷ) ва ҳастии Офаридагори олам доштанд ва доранд. Ин як ҳақиқати таърихӣ ва воқеъии инкорнопазир аст. Албатта дар муқобил иддаи хеле каме аз инсонҳо мункири вуҷуди Худо буданд ва ҳастанд. Ин гироиши аксарияти башар ба суи Худо (ҷ) худ як далели воқеъӣ ва зинда аз шаҳодати таърих, барои исботи фитрӣ будани имон ва эътиқоди ба Худо (ҷ) ва ибодат ва парастиши он зоти муқаддас ва муназзаҳ аст. Дар ҳақиқат, агар мо саҳифаҳои таърихи башарро аз оғоз то имруз варақ бизанем мебинем, ки аксарияти инсонҳо – шояд 90% дар сади онҳо – бо ҳар дину ойине, ки доштанд ва доранд, бовар ва тасдиқ ба ҳастии Худои офаридагор (ҷ) доштанд ва доранд. Мисдоқ ва далели сидқи гуфтаҳои мо омори пайравони динҳои ҷорӣ дар руи замин аст: Феълан тибқи оморе, ки созмонҳои илмӣ – социологии ҷаҳон пахш намудааст, аз 7 млрд аҳолии кураи замин: беш аз 1.5 млрд мусулмон, тақрибан 2.5 млрд масиҳӣ бо мазҳабҳои мухталифаш, ва  боқимондаи аҳолии замин, ба вижа дар манотиқи Осиёи шарқӣ ва ё минтақаи Ҳинду Хитой, ки сераҳолитарин минтақаи замин аст, аксари мардум пайравони дини Будоӣ ва дигар динҳои сершуморе, ки дар он ҷо ҳоким аст, мебошанд. Пайравони динҳои мухталифи ҷаҳон – қатъи назар аз ин, ки динашон дини ҳаққ аст, ва ё ботил – ҳама дар як масъала бо ҳамдигар иттифоқи назар доранд. Ва он масъала: эътиқод ва бовар доштан ба вуҷуд ва ҳастии Офаридагори Олам аст. Яъне кулли эшон сарфи назар аз ин, ки ба аҳкоми дини худ амал мекунанд ва ё намекунанд, барои ҷаҳони ҳастӣ қоил ба Холиқ ва Офаридагоре ҳастанд. Ва мисли атеистҳои мулҳид мункири Сониъ ва созандаи Олам нестанд. Ёдам ҳаст, дар оғози солҳои 2000-ум яке аз ҳафтаномаҳои ҷумҳурӣ дар байни мардуми Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаи: ҳастӣ ва нестии Худо (ҷ) назарсанҷие доир намуда буд. Дар он назарсанҷӣ 99% дар сад мардуми кишвари мо имон ва эътиқоди худро ба ҳастии Худованди Офаридагор эълон доштанд. Шояд як фоизи боқимонда ҳамон файласуфнамоҳое ҳастанд, ки имруз китобе бо номи “ҷаҳонбинии оянда” барои гумроҳ сохтани насли наврас таълиф намудаанд. Аз замоне, ки дарҳои илм ба руи башар боз шудааст то имруз, ки қарни 21 ва нанотехнология аст, аксари донишмандон ва нобиғаҳои илм – аам аз уламои дин ва ғайри дин – муъмин ва муътақид ба ҳастии Худо (ҷ) буданд ва ҳастанд. АзАфлотуну Арасту гирифта, то Синоу Форобӣ ва то Ньютону Эйништейн ва мобаъди эшон, ҳама тасдиқ ва бовар ба вуҷуди Офаридагоре барои олами ҳастӣ доштанд ва доранд. Устод Абдуллоҳи Аҳмадиён аз уламои аҳли суннати Ирон аз доктор Динорти олмонӣ нақл мекунад: <<Аз маҷмуъи донишмандоне, ки дар чаҳор қарни охир, бар асари тахассус ва иктишофоту ихтирооти муҳайирул-уқулашон(ҳайратоварашон) дар тамоми ҷаҳон шуҳрат ёфтаанд, омор гирифта шудааст ва шумораи онҳо ба 290 нафар расидааст. Аз ин теъдоди анбуҳи азими нобиғаҳо танҳо 20 нафар нисбат ба боварии Худо ё бетаваҷҷуҳ буда, ва ё дар ҷиҳати мухолифат ба он ибрози назар кардаанд. (Яъне: Худоро инкор кардаанд.) Ба фарзи ин, ки афроди бетаваҷҷуҳро низ дар сафи мухолифон (ва мункирон)-и Худобоварӣ қарор диҳем, боз 92% дар сад аз тамоми донишмандон тайи чаҳор қарни тараққиёти илму санъат ва текнулужӣ, Худошинос ва Худопараст хоҳанд буд.>> (Сайри таҳлили каломи аҳли суннат. Саҳ: 282) Ҳатто Чарлз Дарвин соҳиби назарияи эволюция ва ё таҳаввулоти анвоъ – бо вуҷуде, ки атеистҳои шуравӣ аз у пайғамбаре барои мункирони Худо сохта буданд, ва аз назарияҳои илмии у барои гумроҳ сохтани мардум суистифода мебурданд – муъмин ва муътақид ба ҳастии Офаридагори Олам буд. Ва ҳаргиз мисли атеистони тоҷик мункири вуҷуди Худо (ҷ) набуд. Муртазо Мутаҳҳарӣ, дар шарҳи ҳоли Дарвин менависад: <<Дарвин – донишманди зистшинос ва соҳиби мактаби фалсафии <<Нушуъ вал-иртиқо>> (эволюцияи анвоъ) шахсан марди илоҳӣ (Худошинос ва Худопараст) ва пойбанди мазҳаби масиҳ буд. Ва то охир бо калисо робита дошт. Ва ҳангоми додани ҷон китоби Инҷил бар руи синааш қарор дошт. Ҳарчанд дигарон фалсафа ва назарияи уро бад таъбир ва тафсир кардаанд, ва онро васила ва абзори инкори Холиқ (Худои офаридагор) қарор додаанд. Ин мард вақте тасалсули ҷондорон ва иштиқоқ ва ҷудошавии анвоъи ҳайвонотро аз якдигар баён мекунад, саранҷом мерасад ба ин ҷо: ки дар оғози ҳаёт як навъ ҷондор дар руи замин буда, ки у аз навъи дигаре муштаққ ва ҷудо нашуда, балки он бо нафха(яъне: бо фармон) ва амри илоҳӣ ба вуҷуд омадааст. Дарвин дар номаи машҳуре, ки ба ҷамъе аз донишмандони Олмон (Германия) дар соли 1882 – яъне соли вафоташ нигоштааст, далоиле дар заминаи исботи вуҷуди Худо (ҷ) зикр кардааст, ки ба қисмате аз он ишора мекунем: Ақли рашид ва фикри солим камтарин шакку шубҳа надорад дар ин, ки муҳол (ва номумкин) аст, ки ин ҷаҳони паҳновар бо ин ҳама оёт (ва нишонаҳо)-и равшан, ва шавоҳид (ва далелҳо)-и муҳкам, ва бо ин ҳама нуфуси нотиқа ва уқули муфаккира (яъне: инсонҳои соҳиби нутқ ва ақли мутафаккир) худ ба худ бар асари тасодуф (ва руйдодҳои ногаҳони)-и куркурона ва иттифоқоти ҷоҳилона ба вуҷуд омада бошад. Зеро тасодуфи куру нобино (ва руйдодҳои ногаҳонӣ) қодир нест, дастгоҳи муназзам (яъне: олами дорои назм ва низом) биофаринад, ва созмони ҳакимона ба вуҷуд оварад. Ба назари ман ин ҷаҳони муназзам ва ҳакимона бо қонунҳое, ки дар он ҳукмфармост бузургтарин бурҳон бар вуҷуди зоти ақдаси Илоҳӣ аст. Ҷое, ки ин бурҳони арзанда мавриди таъйиди мантиқ ва илм аст, ман пиромуни бурҳонҳои дигаре, ки метавонад Худованди ҷаҳонро исбот намояд баҳс намекунам.>> Ҳамин тавр Дарвин дар поёни китоби <<Аслул-анвоъ>> зимни баҳс дар бораи пайдоиши мавҷудот менависад: <<Агар аз ин дарича ба ҳаёт бингарем, дар он азамате хоҳем ёфт, ки бо анвоъи мутааддидаш (сершумораш) рузе ба сурати як мавҷуд ба дасти Холиқи мутаъол (ҷ) пой ба арсаи вуҷуд ниҳодааст.>> (Поёни иқтибос) Аз иқтибоси боло маълум мешавад, ки Дарвин мавҷуди аввали зиндаро дар руи замин, ки тибқи назарияи у дар зери об, аввалан ба сурати обсабза ва баъдан ба сурати ҳайвони якҳуҷайра – амёба – пайдо шудааст, мисли атеистҳои шуравӣ, худ ба худ – тасодуфан пайдошуда намедонист. Балки онро махлуқ ва офаридаи Худо (ҷ) медонист. Ва у бо фаҳми худ ин назарияи хешро бо имон ва эътиқоди ба Худо (ҷ) ва дини масиҳ дар тазодд намедонист. Зеро эшон ба гумони худ байни ин ду қавл ҳеҷ тафовуте намедиданд, ки гуфта шавад: Худованд (ҷ) ҳар ҳайвонро алоҳида ба сурати феълие, ки дорад офаридааст. Ва ё Худованд ҷамиъи ҳайвонотро аз як асл ва реша ба тариқи эволюция – аз шакле ба шакли дигар гузаштан – офаридааст. Дар ҳар ду сурат инсон мункири холиқияти Худо намебошад. Балки у дар ҳар ду ҳолат Худоро холиқ ва офаридагор ва ҷамиъи ҷондоронро махлуқ ва офаридаи Худо медонад. Аз ин ҷиҳат Дарвин ҳеҷ гоҳ худро кофир ва мункири Худо намедонист, агарчи калисо ва руҳонияти масиҳ уро кофир мехонданд. Мутаассифона атеистони шуравӣ ин ҳақиқати таърихӣ ва илмиро аз назари мардуми шуравӣ ва пасошуравӣ то имруз пинҳон медоштанд ва медоранд. Ногуфта намонад, ки назария ва ё фаразияи Дарвин ки дар охир инсонро зодаи маймун медонад ҳамонгуна, ки аз исмаш мафҳум мешавад, як ҳадс ва тахмини илмӣ буд, на қонун ва ҳақиқати илмӣ, мисли қонуни ҷозибаи Ньютон. Аз ин ҷиҳат назарияи эшон на танҳо аз ҷониби уламои дин, балки аз ҷониби аксари уламои ҳампешаи у – яъне биологҳо ва пизишкҳо,  ҳатто аз ҷониби шогирдони муосири у дар замони худи у радду нақз карда шуд. То ҷое, ки таълими назарияи эшон дар мадориси бисёре аз кишварҳои Аврупо ва Амрико мамнуъ ва ҷиноят эълон карда шуд. Мақсад аз зикри номи баъзе аз нобиғаҳои илм, минҷумла Чарлз Дарвин бо нуктаҳои ногуфтае аз шарҳи ҳол ва назарияи илмии эшон ин аст, ки файласуфнамоҳои дарвинпарасти тоҷик, ки <<аз поп ҳам католиктаранд>>бидонанд, ки эътиқод ва бовар доштан ба Худо (ҷ) маънои ҷоҳилу хаёлпарасту хурофотӣ буданро надорад. Агар чунин бошад, пас чигуна шумо дастовардҳои илмии уламои гузаштаи таърихро – мисли Ньютону Дарвин, Эйнштейну Сино, Ҳайсамию Фирдавсиро мепазиред? Дар ҳоле, ки ҳамаи эшон аз назари шумо, ҷоҳилони Худошиносу Худопараст буданд!? Агар чуноне, ки шумо ва гузаштагони шумо ақида доштед ва мегуфтед: ҳар киро ва ё ҳар миллатеро илму донишаш бештар пас куфру инкораш нисбати вуҷуди Худо (ҷ) бештар... воқеан агар ин ҳарф дуруст бошад, пас аввлан бояд аксари донишмандон дар тули таърих, ва сониян мардуми Аврупо ва Амрико, ки пешрафтатарини миллатҳо дар илму дониш аст, бояд нисбати ҳастии Худо мункиртару кофиртар мебуданд. Вақте 90% мардуми кураи замин, ба хусус аксари нобиғаҳо ва донишмандон дар тули таърих то имруз, бо шумо – ай мункирони Худо – ҳамфикру ҳамақида нестанд, пас беҳтар аст, шумо нахуст ба ақли худ, ва сипас ба илму дониши шахшудаи худ таҷдиди назар намоед, то агар қобили муолиҷа ва ислоҳ бошад, пас дар пайи дармон ва ислоҳи он шавед! Ва агар ислоҳнопазир бошад, пас айбу нуқсон аз ҷониби шумо ва ақли ноқиси шумост, на хуршеди оламоро... Гар ба руз шаппара набинад чашм, Чашмаи офтобро чи гуноҳ? Нурӣ гетифурузи чашмаи хур, (хуршед) Зишт бошад ба чашми мушаки кур. (Саъдӣ) Хулоса. Аз зикри оёту ривоёт ва аз гуфтаҳои донишмандону орифон ва аз шаҳодати таърих ба хуби равшан мешавад, ки дарк намудани вуҷуд ва ҳастии Худованд барои инсон пеш аз ҳама яке аз ёфтаҳои ғаризӣ ва фитрии у ҳаст. Яъне инсон қабл аз он, ки Худоро аз тариқи ваҳй ва ақлу дониш биёбад, уро аз тариқи фитрат ва ғаризаи Худопарастии хеш ёфтааст. Оре инсон дар ин олам ҳама чизро аз тариқи дастгоҳи ақл, ки ҳавоси панҷгона абзори кории уст, ва ё аз роҳи илму дониш, ки он маҳсули кори ақл аст, наёфтааст. Ончи ақлу дониш дар ихтиёр ва дастраси башар қарор дода аст, қисмате аз ёфтаҳои башарӣ аст. Бисёре аз ёфтаҳои башар аз тариқи ғариза ва нидои замир ва виждон аст. Ҳамчуноне, ки тақрибан ҳама ёфтаҳо ва фаъолиятҳои ҳайвонот, ба хусус ҳашарот ба ҳукми ғариза аст. Занбури асал ва ё ҳар ҳайвони дигар, ҳаргиз аз роҳи ақлу илм ва истидлолу таҷриба ва ё таълиму тарбия амалиёти ҳайратангези худро наёмухта аст. Ҳамчунин майл ба парвариши насли худ дар ҳайвонот ва ё меҳру муҳаббат ба фарзанд дар инсон, ҳеҷ гоҳ аз тариқи илму дониш касб нашудааст. Лабҳои кудак дар оғози таваллуд бидуни фикру андешаи қаблӣ ва бе таълиму тааллум, дар ҷустуҷуи пистони модар ҳаракат мекунад, ва амалиёти макидани пистонро, ки хеле кори мураккаб ва печида аст, бидуни таълим ва тарбияти пешакӣ анҷом медиҳад. Ва ё инсон ва ҳайвон пас аз расидан ба синни булуғ, бидуни он ки ниёзе ба тазаккур ва омузиш дошта бошад, ба суи ҷинси мухолифи худ, яъне ҷуфти худ ҷазб ва кашида мешавад, ва ба суи у майл мекунад. Ва ё руҳи инсон ҳарчанд ваҳшӣ бошад ҳам, маҷзуб ва шефтаи зебоӣ ва ҷамол мегардад... Хулоса ин қисмат аз ёфтаҳои башарӣ аз тариқи ақлу илму дониш барои инсон ҳосил нашудааст, балки он танҳо аз роҳи фитрат ва сиришти Худододӣ ҳосил шудааст. Ҳамчунин майл ба Худоҷуӣ ва Худопарастӣ ҳам, реша аз фитрат ва сиришти инсон дорад. Фаразан, инсон Худои воқеъиро наёбад мавҷуди дигареро, мисли сангу чуб ва ё хуршеду сайёраро барои худ ба унвони маъбуд интихоб мекунад, ва он майли фитрии худро аз ин тариқ қонеъ ва ором мекунад. Мисли кудак, ки вақте пистони ҳақиқии модарро наёбад, бо макидани пистонаки резинӣ худро машғулу саргарм ва ором мекунад. Чун майли Худоҷуӣ ва Худопарастӣ реша аз фитрат ва сиришти инсон дорад, аз ин ҷиҳат ҳеҷ гоҳ аз у ҷудо набуда ва ҷудо нахоҳад шуд. Ончуноне, ки меҳру муҳаббати фарзанд дар ҳама давраҳои таърихи башар, аз ибтидои таърих то имруз бо инсон буда ва ҳаст, ҳамчунин ҳеҷ марҳила аз марҳилаҳои таърихи башарро пайдо намекунем, ки дар он эътиқод ба Худо ва парастиши Худо бо шаклҳои мухталиф вуҷуд надошта бошад. Таҳқиқотҳои археологӣ нишон медиҳад, ки ҳатто инсонҳои ибтидоӣ, ки дар ғорҳо ва ҷангалҳо ба сурати дастаҷамъӣ зиндаги мекарданд, ва баъзе боқимондаҳои онҳо то имруз дар баъзе аз ҷангалҳои Африқо ва Амрикои Лотин ҳастанд, барои худ Худое доштанд ва онро парастиш мекарданд. Муаллиф: Эшони Маҳмудҷон Сомонаи Тураҷон