Сиёсатҳои илмӣ ва фарҳангии Сомониён

Мақдисӣ дар васфи дарбори Сомониён чунин менависад: "Возеҳ аст дар дарборе, ки подшоҳон ҳамвора дар андешаи он бошанд, ки бар шумори донишмандон бияфзоянд, то чӣ ҳад мардон ба сӯйи дониш мегароянд! Аз ойинҳои дарбори Сомониён он буд, ки донишмандонро ба заминбӯси худ раво намедоштанд, ва эшонро маҷолисе шабона буд дар ҳузури подшоҳ, донишмандон мунозира мекарданд ва подшоҳ худ дари мунозираро мегушуд, бо зердастони худ гушодарӯй ва меҳрбон буданд, вузарои эшон ба корҳо мерасиданд, ва чун касеро бармеоварданд, бо худ ба хон менишонданд ва бо суфаро пурсиш аз муҳиммот мекарданд ва ҳар кас дар Бухоро дар фиқҳ ва ифоф бартар аз дигарон буд, вайро бармекашиданд ва аз ӯ раъй меҷустанд ва корҳо ба қабули ӯ мекарданд." Пас аз зуҳури ислом, агар ҷаҳон шоҳиди як наҳзат ва ҷунбиши азими фарогирии илм ва дониш шуда буд, розаш дар омӯзаҳои худи ислом нуҳуфта аст. Ислом, марду зани мусалмонро мулзам ба фарогирии дониш мекард. Паёмбари ислом (с) фармуда буд: "Бар ҳар марду зани мусалмон фарогирии дониш воҷиб аст", дуруст мисли вуҷуби намоз бар эшон. Ба ҳамин далел аст, ки мебинем, мусалмонони садри ислом, аз ҳамон рӯзи нахуст аз пайи дастёбӣ ва касби дониш баромаданд. Эрониён, ки аз дербоз мардуме илмдӯст ва мутамаддин ва бофарҳанг буданд, аз пештозони ин ҷунбиш ва наҳзат ба шумор мерафтанд. Аҳодисе низ бар шоистагӣ ва қобилияти илмии эрониён далолат дорад. Ва ин падида бештар дар қарнҳои сеюм ва чаҳорум ва беш аз ҳама дар даврони фармонравоии Сомониён дар Хуросон ва Мовароуннаҳр намоён аст. Амирони донишманд Аз онҷо, ки дарбори сомонӣ (шомили худи амирони сомонӣ, вузаро ва фармондеҳон ва ...) ошно ба ҳадис буданд ва баъзан аҳли ривоят будаанд, ҷои шигифтӣ нахоҳад буд, ки Хуросонро мадрасаи бузурги дарси ҳадис бихонем. Аз боби намуна, ба чанд нафар аз умаро ва вузаро ва дигар фармондеҳони ошно ба ин илм ишора хоҳад шуд: Аҳмад ибни Асад аз Суфён ибни Уяйна, Язид ибни Ҳорун ва Исмоил ибни Алия ривоят намудааст.[1] Абулфазли Балъамӣ, вазири кордони Оли Сомон, аз муҳаддисони баноми рӯзгори худ будааст ва аз машойихи бисёре аз донишмандони асри хеш истимоъи ҳадис кардааст.[2] Фоиқи Хосса, ки аз наздикони дарбор ва муддатҳо сипаҳсолори Хуросон буд, аз бисёре аз асотиди он замон ҳадис шунида ва аз вай аҳодиси фаровоне ривоят шудааст.[3] Илми ҳадис чунон ҷойгоҳи болое дар Хуросони бузург ёфта буд, ки бархе хонаводаҳо бад-он хотир машҳур мегаштанд, ки афрод ва муҳаддисони бештареро ба ҷомеаи худ муаррифӣ намуда буданд; монанди хонадони Мосарҷисӣ, ки беш аз даҳ муҳаддис аз миёни онон бархостааст.[4] Илмдӯстии амирони сомонӣ Амирони сомонӣ бо озодманишӣ ва тасомуҳ ба милал ва мазоҳиби мухталиф менигаристанд, чунонки дар дарбори онон пайравони адён ва мазоҳиб ба озодӣ зиндагӣ ва кор мекарданд ва ҳеч кас дар даврони Сомониён бо сахтгириҳое, ки дар даврони Ғазнавиён ва Салҷуқиён падид омад, рӯбарӯ нагардид. Чунонки ин равиш ба ривоҷи илм ва адаб ва фалсафа дар он рӯзгор кӯмаки шоёне кард. Мақдисӣ дар васфи дарбори Сомониён чунин менависад: "Возеҳ аст дар дарборе, ки подшоҳон ҳамвора дар андешаи он бошанд, ки бар шумори донишмандон бияфзоянд, то чӣ ҳад мардон ба сӯйи дониш мегароянд! Аз ойинҳои дарбори Сомониён он буд, ки донишмандонро ба заминбӯси худ раво намедоштанд, ва эшонро маҷолисе шабона буд дар ҳузури подшоҳ, донишмандон мунозира мекарданд ва подшоҳ худ дари мунозираро мегушуд, бо зердастони худ гушодарӯй ва меҳрбон буданд, вузарои эшон ба корҳо мерасиданд, ва чун касеро бармеоварданд, бо худ ба хон менишонданд ва бо суфаро пурсиш аз муҳиммот мекарданд ва ҳар кас дар Бухоро дар фиқҳ ва ифоф бартар аз дигарон буд, вайро бармекашиданд ва аз ӯ раъй меҷустанд ва корҳо ба қабули ӯ мекарданд."[5] Дар канори амирони сомонӣ, вазирони донишманд ва донишпарвари онон, ҳамчун хонадонҳои Балъамӣ, Ҷайҳонӣ ва Атбӣ, ба ташвиқ ва ҳимояти уламо ва удабо ва шуъаро даст заданд ва тавонистанд муҳите бисёр мусоъид барои пешбурди аҳдофи илмӣ фароҳам оваранд, ки ин заминаи муносиб, илова бар пойтахт ва шаҳрҳои бузург ва машҳур, бисёре аз шаҳрҳо ва рустоҳои кучаки Хуросон ва Мовароуннаҳрро дарбар мегирифт ва онҳоро ба конуни фарҳанг ва дониш мубаддал месохт, ба гунае ки маҷолиси дарсу ваъз, маҳофили шеъру адаб ва курсиҳои илмии фаровоне дар ҷой-ҷойи ин сарзамин барпо гашта буд. Қаламрави Сомониён дар ин замон ба манзилаи як мадрасаи бузурги илму дониш буд. Ривоҷи илм ва дониш дар ин даврон дар сарзаминҳои таҳти тасарруфи Сомониён ба гунае буд, ки ба унвони пойгоҳи илм аз он ёд шудааст. Мақдисӣ дар ин бора чунин менависад: "Сарзамини Хуросон ва Мовароуннаҳр бештарини бузургон ва уламоро дар худ ҷой дода ва пойгоҳи илм буд ва дар Мовароуннаҳр беш аз ҳар ҷой гаройиш ба фиқҳ ва ҳадис вуҷуд доштааст."[6] Ва ё инки Хуросон "беш аз ҳама ҷой донишманд дорад, ҷои некӯкорӣ ва маркази дониш ва пойгоҳи ислом ва дежи устувори он аст. Шоҳи онҷо саромади шоҳон ва сарбозонаш беҳтарин сарбозонанд. Мардуме нерӯманд, соҳибраъй, номдор, сарватманд, савордор, кишваргушо ва пирӯзманд дорад. Дар онҷо диёнати дурустин, додгарии ростин, давлати пирӯзманд ва кишвардории ҳамвор аст. Дар онҷо донишмандон ба ҳукумат расанд."[7] Аз дигар нишонаҳои ин тамоюли илмии дарбори сомонӣ, муҳоҷирати бисёре аз донишмандон ба қаламрави Сомониён, ба дунбол рӯйи кор омадани Мутаваккили Аббосӣ ва мухолифати ӯ бо фалсафа аст. Ҳамлаи Мутаваккил ва муҳаддисони қишргаро ба фалсафа ва улуми ақлӣ, сабаб гардид, ки бисёре аз пайравони ин афкор ба дарбори Сомониён рӯй оваранд ва дар сарзамини Эрон ба нашри ороъ ва афкори худ бипардозанд.[8] Алоқаи Сомониён ба илм ва фарҳанги эронӣ Амирони сомонӣ, илова бар таъкиди бисёр бар равнақи фазои илмӣ ва хусусан улуми шаръӣ ва ақлӣ дар густараи ҳукуматии хеш, ҳамчунин дар даврони қудрати худ бисёре аз одоб ва русуми дерини эрониёнро, ки дар Хуросон ва Мовароуннаҳр боқӣ монда буд, бори дигар эҳё карданд. Ба забони порсӣ ва назму наср алоқаи фаровон нишон доданд ва кутуби гаронбаҳо ва судманде назири "Торихи Табарӣ" ва "Калила ва Димна"-и Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ба дастури онон тарҷума шуд. Ҳамчунин бояд растохези воқеъии назм ва наср ва адаби порсиро дар аҳди Сомониён донист. Дар замони Сомониён забони порсӣ забони расмии давлат ва дарбор шуд ва шоирони номдоре чун Рӯдакӣ, Шаҳид Балхӣ, Дақиқӣ ва Абӯшакури Балхӣ ва ғайруҳум пайдо шуданд, ҳатто баҷост, ки Фирдавсии бузургро низ мансуб ба он даврон бидонем.[9] Яке аз дурахшонтарин айёми адабиёти классики порсӣ, давраи Сомониён аст. Дар ин давра, Мовароуннаҳр гаҳвораи рушди адабиёт буд ва бисёре аз намунаҳои дилнишини шеър ва адаби порсӣ аз ин сарзамин ба дигар манотиқи Эрон баст ёфтааст. Умарои сомонӣ барои парокандани номи хеш ба атрофу акноф, шуъаро ва аҳли илмро ба дарбори худ ҷалб мекарданд. Аз тарафе ҳам, ҳисси шӯҳратталабӣ ва эҳтиёҷоти моддӣ, шуъаро ва нависандагонро водор мекард, ки ба дарбор ва марокизи қудрат наздик шаванд ва дар паноҳи ҳимояти умаро ва салотин, осор ва афкори иҷтимоӣ, адабӣ ва сиёсии худро мунташир кунанд ва зиндагии худро бо иззат ва ҷоҳ сипарӣ созанд. Шукӯҳи фарҳангии пойтахти Сомониён Равнақи фарҳангӣ ва илмие, ки аз он ёд мешавад, танҳо маҳдуд ба дарбор набуд. Абӯалӣ ибни Сино бахше аз даврони зиндагии худро дар поёни фармонравии Сомониён дар Бухоро гузаронид. Вай аз бозори китобфурӯшони Бухоро ҳамеша ёд менамуда ва онро беназир медонист. Зоҳиран ағлаби китобфурӯшони он давра афроди босаводе буданд, дӯконҳои онҳо маркази таҷаммуъи шуъаро, фалосифа, атиббо, мунаҷҷимин ва афроди дигаре буд, ки барои баҳс дар онҷо гирд меомаданд. Абӯалӣ ибни Сино дар давраи аморати Нӯҳ ибни Мансур дар Бухоро мезист ва таҳсил мекард. Вай аз хусусиёти китобхонаи салтанатӣ ва диққат ва назме, ки дар он ба кор рафтааст, ба некӣ ёд мекунад... Шояд чизе ки беш аз ҳама мӯҷиби шӯҳрати Бухоро гардид, ҳамони теъдоди донишмандоне буд, ки дар Бухоро гирд омада буданд. Саъолибӣ дар мавриди пойтахти Сомониён чунин менависад: "Бухоро дар давлати Оли Сомон ба масобаи (яъне ба манзилаи) маҷд ва каъбаи мулк ва маҷмаъи афроди замон ва матлаъи нуҷуми удабои арз ва мавсими фузалои даҳр буд." Сипас аз қавли Абуҷаъфар менависад, ки Бухоро маркази уламо ва донишмандон буд ва "гумон накунам бо гузашти айём, иҷтимое муташаккил аз афроде назири онон тавон дид; ва чунин низ шуд, зеро пас аз он чашми ман ҳаргиз ба ҷамоли чунон ҷамъе рӯшан нагардид." Гавҳари дарбори Сомониён, Рӯдакӣ ва бузургтарин шахсияте, ки дар ин муҳит рушд ва такомул ёфт Фирдавсии Тӯсӣ буд.[10] Дар манобеъ, аз ҳузури 119 шоири арабзабон дар замони Сомониён дар Хуросон ва Мовароуннаҳр хабар додаанд, ки аксари онҳо аз намояндагони ашроф ё кормандони расмии давлатӣ буданд.[11] Фароҳам намудани замина ҷиҳати фаъолиятҳои илмӣ Овозаи муҳити илмии Сомониён боиси муҳоҷирати бархе аз донишмандон ба қаламрави онон шуд. Хонадони илмпарвари Балъамӣ, ки аз манотиқе дигар ба Мовароуннаҳр муҳоҷират карда буданд, пас аз онки бархе аз онон дар дарбори Сомониён ба вазорат расиданд, дар Бухоро пойтахти Оли Сомон иқомат гузида ва то муддатҳо баъд дар он шаҳр монданд, чунонки Самъонӣдар тарҷумаи ҳоли Абулфазли Балъамӣ гӯяд: "Вай аз мардуми Бухоро аст ва аҳфоди ӯ то имрӯз (яъне рӯзгори Самъонӣ, соли 550 ҳиҷрии қамарӣ) ба Бухоро бар ҷоянд." Хонадони Балъамӣ шояд пас аз Бармакиён - пуровозатарин хонадон вазироне бошанд, ки ном ва ёдашон дар китобҳои адаб ва торих ба фаровонӣ омадааст, албатта ин гузашта аз волоии пойгоҳи афроди он хонадон дар адаб ва дониш ва ҳикмат, эҳтимоми онон дар нигаҳ доштан ва эҳтироми донишмандон, нависандагон ва муаррихон будааст.[12] Ҳамчунин амирони сомонӣ аз бархе дигар аз донишмандон барои ҳузур дар сарзаминҳои хеш даъват ба амал оварданд; монанди Соҳиб ибни Убод, ки дар шаҳри Рай китобхонаи азиме дошт, ки мавриди алоқаи фаровони ӯ буд, то ҷое ки дар ҷавоби Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ, ки ӯро ба Бухоро ва пайвастан ба дарбори Сомониён фаро хонда буд, посухе маъзиратомез навишт, ва аз ҷумлаи суханони ӯ иборати "барои ҳамли китобҳои ман беш аз чаҳорсад шутур лозим аст" буд."[13] Девонсолорӣ ва пешбурди илму дониш Фармонравоёни рӯшанраъйи сомонӣ ва вазирон ва коргузорони ботадбири онҳо, барои инсиҷом ва истимрори шукӯҳ ва ваҳдати ҳукумат, ба зарурати эҷоди низоми девонии мутамаркиз пай бурданд. Барои анҷоми ин муҳим, тадбир ва таҷрубаи дабирони корварзидаи бархоста аз хонадонҳои девонсолори куҳан ба ёрии Сомониён омаданд. Ин дабирони фарҳехта, бо омезиши суннатҳои идории эронӣ ва мабонии шариати исломӣ, ба таъсиси ончунон ташкилоти пешрафта, печида ва коромаде муваффақ шуданд, ки ба қудрати марказии сомонӣ, султаи ғайриҷобирона бар тамомии қаламрави таҳти иқтидорашон мебахшид. Ин амр заминаи бисёр мусоидро ҷиҳати рушд ва нумувви илм ва уламо муҳайё менамуд ва ҳамин гуна низ шуд ва қаламрави сомонӣ ба маркази тавсиъа ва пешрафти илм ва фарҳанг ва адаб табдил шуд. Тасоҳул ва тасомуҳ бо адён ва пешрафти улум Яке аз ҷанбаҳои шоёни таваҷҷӯҳ дар давлати Сомониён, вуҷуди фирқаҳо ва ниҳлаҳои гуногуни динӣ ва фикрӣ аст. Бо вуҷуди иқтидори давлат ва низ нуфузи уламо дар дастгоҳ ва дар миёни мардум, талоше дар ҷиҳати фишор ва сахтгирӣ бар адён ва фирақ ва пайравони онҳо сурат нагирифт. Дар воқеъ асбоби давом ва иқтидор ва маҳбубияти давлат, сиёсати нармиш ва тасомуҳе буд, ки дар баробари пайравони адён ва фирақи гуногун иттихоз карда буд. Бақои ин гурӯҳҳо дар қаламрави Сомониён ва муҳоҷирати бархе дастаҳои динӣ аз дигар сарзаминҳо ба он диёр, нишонгари сиъаи садри дастгоҳи Сомониён дар эҷоди фазое озод барои баёни андеша ва эътиқод, ва аз тарафи дигар ҳокӣ аз ғинои фикрии ҷомеаи исломӣ барои мувоҷеҳа бо оро ва ақоиди мухталиф аст. Сомониён аз некрафтортарин шоҳон буданд, ки зимни додгарӣ ва диндорӣ ва донишдӯстӣ, ақида доштанд, ки илм ҷуз дар сояи озодии баҳс ва осон гирифтан ва мудоро кардан, пешрафт ва рушд намекунад.[14] Ин маврид барои пешбурди илмии ҷомеа чунон зарурӣ аст, ки яке аз мутафаккирони ғарбӣ чунин ёдоварӣ мекунад: "Ниёз ба зиндагии муштарак ва лозимаи он, ки тафоҳум буд, навъе осонгирӣ ва мудоро дар ҷомеаи исломӣ падид оварда буд, ки дар Урупои қуруни вусто шинохта нест. Намунаи ин тасомуҳ пайдоиши илми "Милал ва ниҳал" ва таҳқиқ дар адёни гуногун аст, ки бо шӯру шавқ дунбол шуд."[15] Дар қаламрави Сомониён, илова бар мазоҳиби гуногун, яҳудиён, масеҳиён ва зардуштиён пароканда буданд.[16] Ва дар бархе шаҳрҳо пайравони адёни мухталиф ба гунаи муолиматомез дар канори мусалмонон зиндагӣ мекарданд. Барои мисол, дар Нишопур шумори фаровоне аз аҳли китоб ва зардуштиён сукунат доштанд.[17] Кимиёи саодат ----------------------------------- [1] Самъонӣ, Муҳаммад ибни Мансур, Алансоб, ҷ 7, с 24. [2] Ҳокими Нишопурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, Торихи Нишопур, с 146. [3] Ҳамон, с 158. [4] Самъонӣ, Муҳаммад ибни Мансур, Алансоб, ҷ 12, с 36-37. [5] Мақдисӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад, Аҳсанут-тақосим фи маърифатил-ақолим, ҷ 2, с 495-496. [6] Ҳамон, ҷ 3, с 260-261. [7] Ҳамон, ҷ 2, с 278-279. [8] Ровандӣ, Муртазо, Торихи иҷтимоии Эрон, ҷ 10, с 32. [9] Кишоварз, Карим, Ҳазор соли насри порсӣ, ҷ 1, с 33-34. [10] Саъолибӣ, Атиматуд-даҳр, с 81 ва 142. [11] Ровандӣ, манбаъи пешин, ҷ 8, с 39. [12] Балъамӣ, Торихномаи Табарӣ, ҷ 3, с 17. [13] Мақдисӣ, манбаъи пешин, ҷ 1, с 6. [14] Мустафо Ҷавод, Ассақофатул ақлия вал ҳолоту иҷтимояи фи асрии раис Ибни Сино, с 505. [15] Митз, Адам, Тамаддуни исломӣ дар қарни ҷаҳоруми ҳиҷрӣ, ҷ 1, с 47. [16] Мақдисӣ, манбаъи пешин, с 323. [17] Самъонӣ, манбаъи пешин, ҷ 11, с 62.