Аҳаммияти имон ба рӯзи охират
Аҳаммияти имон ба рӯзи охират
0 Vote
89 View
Дар воқеъ, омили аслӣ дар таъйини гунаи зиндагии инсонро навъи нигариш ва биниш ва шинохти вай нисбат ба ҳақиқати худ ва камолу саодаташ ташкил медиҳад ва касе ки ҳақиқати худро танҳо маҷмӯае аз аносури моддӣ ва феълу инфиъолоти печидаи онҳо мепиндорад ва ҳаёти худро мунҳасир ба чанд рӯзи зиндагии дунё меангорад ва лаззат ва саодат ва камолеро варои баҳраҳои марбут ба ҳамин зиндагӣ намешиносад, рафторҳои худро ба гунае танзим мекунад, ки танҳо ниёзҳои дунявӣ ва хостаҳои инҷаҳонияширо таъмин кунад, аммо касе ки ҳақиқати худро фаротар аз падидаҳои моддӣ медонад ва маргро поёни зиндагӣ надониста, онро нуқтаи интиқол аз ҷаҳони гузаро ба ҷаҳони ҷовидонӣ мешиносад ва рафторҳои шоистаи худро василае барои расидан ба саодат ва камоли абадӣ мешуморад, барномаи зиндагияшро ба гунае тарҳу иҷро мекунад, ки ҳар чӣ бештар ва беҳтар барои зиндагии абадияш судманд бошад. Ва аз сӯйи дигар, сахтиҳо ва нокомиҳои зиндагии дунё ӯро дилсард ва ноумед намекунад ва аз талош дар роҳи анҷоми вазоиф ва касби саодат ва камоли абадӣ, бознамедорад. Таъсири ин ду навъ инсоншиносӣ, мунҳасир ба зиндагии фардӣ нест, балки дар зиндагии иҷтимоӣ ва рафторҳои мутақобили афрод нисбат ба якдигар низ таъсири басазое дорад ва эътиқод ба ҳаёти ухравӣ ва подошу кайфари абадӣ, нақши муҳиммеро дар риояти ҳуқуқи дигарон ва эҳсону исор нисбат ба ниёзмандон бозӣ мекунад ва дар ҷомеае, ки чунин эътиқоде зинда бошад, барои иҷрои қавонин ва муқаррароти одилона ва ҷилавгирӣ аз зулму таҷовуз ба дигарон, камтар ниёз ба эъмоли зӯр ва фишор хоҳад буд. Ва табиатан дар сурате ки ин эътиқод ҷаҳонӣ ва ҳамагонӣ шавад, мушкилоти байналмилалӣ ҳам ба сурати чашмгире коҳиш хоҳад ёфт. Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукот, аҳаммияти масъалаи бовар ба рӯзи охират ва арзиши пажӯҳиш ва таҳқиқ дар бораи он рӯшан мешавад ва ҳатто эътиқод ба тавҳид, ба танҳоӣ (ва бидуни эътиқод ба охират) наметавонад таъсири комил ва густардае дар бахшидани ҷиҳати матлуб ба зиндагӣ дошта бошад. Ва аз ин ҷо рози таваҷҷӯҳи адёни осмонӣ ва ба хусус дини муқаддаси Ислом ба ин асли эътиқодӣ ва талоши фаровони паёмбарони илоҳӣ барои росих кардани ин ақида дар дилҳои мардум, ошкор мегардад. Эътиқод ба зиндагии ухравӣ дар сурате метавонад нақши худро дар ҷиҳат додан ба рафторҳои фардӣ ва иҷтимоӣ ифо кунад, ки навъе робитаи иллият байни фаъолиятҳои инҷаҳонӣ ва саодату шақовати онҷаҳонӣ пазируфта шавад ва дастикам, неъматҳо ва азобҳои ухравӣ ба унвони подош ва кайфар барои рафторҳои шоиста ва ношоистаи ин ҷаҳон шинохта гардад. Вагарна, дар сурате ки чунин пиндошта шавад, ки саодати ухравиро метавон дар ҳамон ҷаҳон касб кард – ҳамчунон ки баҳраҳои дунявиро метавон дар ҳамон ҷаҳон ба даст овард - эътиқод ба зиндагии ухравӣ, нақши таъйинкунандаи худро дар рафторҳои инҷаҳонӣ аз даст хоҳад дод. Зеро тибқи ин пиндор метавон гуфт, ки: Дар ин дунё бояд барои таҳсили саодати дунявӣ кӯшиш кард, ва барои расидан ба саодати ухравӣ, бояд пас аз марг ва дар ҳамон олами охират ба талош пардохт. Бинобар ин, лозим аст илова бар исботи рӯзи охират, робита байни ду зиндагӣ (дунё ва охират) ва таъсири рафторҳои ихтиёрӣ дар саодат ё шақовати абадӣ низ исбот гардад. Эҳтимоми Қуръон ба масъалаи охират Беш аз сеяки оёти Қуръон иртибот бо зиндагии абадӣ дорад. Дар як даста аз оёт, бар лузуми имон ба охират, таъкид шуда (1), ва дар дастаи дигар, паёмадҳои инкори он гӯшзад шуда (2), ва дар дастаи севвум, неъматҳои абадӣ (3), ва дар дастаи чаҳорум азобҳои ҷовдонӣ баён шудааст. (4) Ҳамчунин дар оёти фаровоне робита байни аъмоли неку бад бо натоиҷи ухравии онҳо зикр гардида, ва низ бо шеваҳои гуногуне имкон ва зарурати растохез мавриди таъкид ва табйин қарор гирифта ва ба шубаҳоти мункирон посух дода шуда, чунончи маншаи табаҳкориҳо ва каҷравиҳо, фаромӯш кардан ё инкори қиёмат ва рӯзи ҳисоб муаррифӣ шудааст. (5) Аз диққат дар оёти қуръонӣ ба даст меояд, ки бахши умдае аз суханони паёмбарон ва баҳсҳо ва ҷидолҳои эшон бо мардум, ихтисос ба мавзӯъи охират доштааст ва ҳатто метавон гуфт, ки талоши паёмбарон барои исботи ин асл, беш аз талоше буда, ки барои исботи тавҳид кардаанд; зеро аксари мардум сарсахтии бештаре барои пазируфтани ин асл нишон медодаанд. Иллати ин сарсахтиро метавон дар ду омил, хулоса кард: яке, омили муштарак дар инкори ҳар амри ғайбӣ ва номаҳсус, ва дигарӣ омили хос ба мавзӯи охират, яъне майл ба бебандуборӣ ва адами масъулият; зеро ҳамон гуна ки ишора шуд, эътиқод ба қиёмат ва ҳисоб пуштвонаи нерӯманде барои эҳсоси масъулият ва пазируфтани маҳдудиятҳои рафторӣ ва худдорӣ аз зулму таҷовуз ва фасоду гуноҳ аст ва бо инкори он, роҳ барои ҳавасрониҳо ва шаҳватпарастиҳо ва худкомагиҳо боз мешавад. Қуръони Карим бо ишора ба ин омил мефармояд: “Оё инсон чунин мепиндорад, ки устухонҳояшро (пас аз муталошӣ шудан) ҷамъ нахоҳем кард? Чаро (ин корро хоҳем кард (дар ҳоле ки) тавоноем, ки сари ангуштонашро (монанди аввал) ҳамвор созем. Балки инсон мехоҳад ҷилави хешро боз кунад (ва бебандубор бошад).” (6) Ҳамин руҳияи худдориву имтиноъ аз пазируфтани охират ба маънои ҳақиқиро метавон дар касоне ёфт, ки дар гуфторҳо ва навишторҳояш мекӯшанд, ки “растохез” ва “рӯзи вопасин” ва дигар таъбироти қуръонӣ дар бораи онро бар падидаҳои инҷаҳонӣ ва растохези миллатҳо ва ташкил додани ҷавомеаи бетабақа ва сохтани биҳишти заминӣ татбиқ кунанд, ё олами охират ва мафоҳими марбут ба онро мафоҳиме арзишӣ ва эътиборӣ ва устураӣ (7) қаламдод намоянд. Қуръони Карим чунин касонеро “шаётини инс” ва “душманони анбиё” донистааст, ки бо суханони ороста ва фиребандаашон, ба роҳзании дилҳо мепардозанд ва мардумро аз имон ва эътиқоди саҳеҳ ва пойбанд ба аҳкоми илоҳӣ бозмедоранд: “Ва бад-ин сон барои ҳар паёмбаре душмане аз шаётини инсу ҷин қарор додем, ки барои фарефтани мардум пирояҳои суханро ба якдигар илҳом мекунанд ва агар Худо мехост (ҷабран ҷилави онҳоро мегирифт ва) чунин корҳое анҷом намедоданд, (вале хости Худо ин аст, ки мардум дар гузиниши роҳи хубу бад озод бошанд) пас ононро бо дурӯғҳояшон вогузор. Ва то дилҳои касоне, ки имон ба охират надоранд, ба суханони оростаи онон фаро дода шавад ва онҳоро бипасанданд ва он чиро бихоҳанд муртакиб шаванд.”(8) Натиҷа Барои ин ки шахс битавонад роҳеро дар зиндагӣ баргузинад, ки ба саодати ҳақиқӣ ва камоли ниҳоияш биянҷомад, бояд бияндешад, ки: оё ҳаёти инсонӣ бо марг поён меёбад ё пас аз он, ҳаёти дигаре хоҳад дошт? Ва оё интиқол аз ин ҷаҳон ба ҷаҳони дигар, ҳамонанди мусофират аз шаҳре ба шаҳри дигар аст, ки метавон лавозиму васоили зистанро дар ҳамон ҷо фароҳам кард ё ин ки ҳаёт дар ин ҷаҳон, муқаддима ва заминасози хушиҳо ва нохушиҳои он ҷаҳон аст ва корро бояд дар ин ҷо анҷом дод ва натиҷаи ниҳоияшро дар онҷо ёфт? Ва то ин масоил ҳал нашавад, навбат ба шинохти роҳу гузиниши хатти машй ва барномаи зиндагӣ намерасад, зеро то мақсади сайру сафар маълум нашавад, наметавон роҳи вусул ба онро ташхис дод. * * * 1) Бақара\4, Луқмон\4, Намл\3 ва... 2) Исро\10, Фурқон\11, Сабо\8, Мӯъминун\74 ва... 3) Арраҳмон\36 то охири сураи Воқеъа\15-38, Даҳр\11-21 ва... 4) Алҳоққа\20-27, Мулк\6-11, Воқеъа\42\56 ва... 5) Сод\26, Саҷда\140 6) Алқиёма\3-5 7) Намл\68, Аҳқоф\17 8) Анъом\112-113 Кимиёи саодат