Одоби нигох кардан дар Ислом
Одоби нигох кардан дар Ислом
0 Vote
238 View
Масъулияти тарбияи ҷинсӣ
Қисми-2
بسم الله الرحمن الرحيم Ба номи Худованди ҷону хирад, К-аз Ӯ бартар андеша барнагзарад. Худованди ҷону Худованди рой, Худованди бахшандаи раҳнамой. رَبِّ اشْرَحْ لِي صَدْرِي وَيَسِّرْ لِي أَمْرِي وَاحْلُلْ عُقْدَةً مِنْ لِسَانِي يَفْقَهُوا قَوْلِي الحمد لله رب العالمين والصلاة والسلام على سيدنا محمد الصادق الوعد الامين. اللهم اخرجنا من ظلمات الجهل والوهم الى انوار المعرفة والعلم ومن وحول الشهوات الى جنات القربات Падарону модарон ва ҷавонони азизу гиромӣ! Мо дар дарси чилу дуюм қисматиякуми мавзуъи “Масъулияти тарбияи ҷинсӣ” суҳбат намуда будем. Муҳимтарин нуқоти қисмати якум аз инҳо иборат буд: 1.Одоби иҷозат пурсидан. 2.Одоби нигоҳ кардан. Дарси имрӯзаи мо иборат аст аз: в) Одоби нигоҳ кардани мард ба ҳамсараш. Барои зану шавҳар ҷоиз аст, ки тамоми бадани якдигарро бубинанд, чи ба шаҳват бошад ва ё бидуни шаҳват. Зеро нигоҳ кардан камтар аз оғушу ҳамхобагист, ки ин ҳарду амали савобу маъмулӣ барои ҳар зану шавҳар мебошад. Аммо беҳтар он аст, ки зану шавҳар ба аврати якдигар нигоҳ накунанд. Зеро Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: “Паёмбари Худо (с) аз дунё гузаштанд, дар ҳоле, ки аврати манро надид ва ман аз ӯро надида будам”.Аммо далели ҷоиз будани нигоҳ ба тамоми бадани ҳамсар ҳадисест, ки Тирмизӣ ва Абу Довуд аз Муъовияҳ ибни Ҳайдаҳ (р) ривоят кардаанд: “Гуфтам: Эй Паёмбари Худо (с) ба кадом аврат нигоҳ ҷоиз аст ва ба кадомаш не? Эшон фармуданд: “Аврататро аз ҳама кас ба ҷуз ҳамсарат ва канизат ҳифз намо”. Худои таъоло фармудааст: وَالَّذِينَ هُمْ لِفُرُوجِهِمْ حَافِظُونَ*إِلَّاعَلَى أَزْوَاجِهِمْ أوْمَامَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَإِنَّهُمْ غَيْرُمَلُومِينَ المؤمنون / 6-5 “Ва ононе, ки шармгоҳи худро нигаҳ медоранд, ҷуз бар ҳамсарон ё канизони худ, ки онон мавриди маломат қарор намегиранд”. г) Одоби нигоҳ кардан ба зани бегона. Ҷоиз нест ба марди болиғ, ки ба зани бегона нигоҳ кунад, ҳарчанд зани мазкур нозеб бошад. Манзур аз зани бегона ва марди бегона кист? Марди бегона нисбат ба зан касест, ки метавонад бо ӯ издивоҷ кунад, монанди писари амма ва амакӣ, писари хола ва тағоӣ, шавҳари хоҳару амма ва хола ва ғайра... Аммо зани бегона нисбат ба мард касест, ки метавонад бо ӯ издивоҷ кунад, монанди духтари амма ва амакӣ, духтари хола ва тағоӣ, зани бародару амакӣ ва тағоӣ ва ғайра ... Наврасону навҷавононе, ки миёни зишту зебо фарқ мегузоранд, ҳукми мардро доранд. Асли таҳрими нигоҳ кардан бар асоси ин ояти муборак мебошад: قُلْ لِلْمُؤْمِنِينَ يَغُضُّوا مِنْ أَبْصَارِهِمْ وَيَحْفَظُوا فُرُوجَهُمْ ذَلِكَ أَزْكَى لَهُمْ إِنَّ اللَّهَ خَبِيرٌ بِمَايَصْنَعُونَ * وَقُلْ لِلْمُؤْمِنَاتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَارِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ نور30-31 “Ба мардони муъмин бигӯ, ки (аз нигоҳи номаҳрамон) чашмони худро бипушанд ва шармгоҳи худро (аз амали ҳаром яъне зино) нигаҳ доранд. Ин амал барояшон покизатар аст, зеро Худо ба корҳое, ки мекунанд огоҳ аст. Ва ба занони муъмин бигӯ, ки (аз нигоҳи номаҳрамон) чашмони худро бипушанд ва шармгоҳи худро (аз амали ҳаром яъне зино) нигаҳ доранд...”. Дар ҳадиси Табаронӣ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) аз Парвардигори худ нақл фармудаанд: “Нигоҳ ба номаҳрам тире аз тирҳои шайтон аст. Касе, ки он нигоҳро аз тарси ман тарк кунад, ба ҷойи он имоне ҷойгузин менамоям, ки ҳаловати онро дар қалби худ эҳсос хоҳад намуд”. Тирмизӣ аз Умми Салама ривоят намудааст, ки мегӯяд: “Ман ва Маймуна (р) дар назди Расули Худо (с) будем. Ибни Умми Мактум ворид шуд. Ин воқеъа баъди фарзияти ҳиҷоб буд. Расули гиромӣ (с) фармуданд: “Худро бипушонед”. Гуфтем: “Эй Паёмбари Худо (с) магар ибни Умми Мактум нобино нест? На моро мебинад ва на мешиносад. Фармуданд: “Магар шумо ҳам нобиноед ва ӯро намебинед”? Далелҳои зикршуда бидуни шак собит менамоянд, ки нигоҳ кардани зану марди номаҳрам ба якдигар ҳаром аст. Хусусан ҳангоми танҳо будан ва эҳтимоли зуҳури фитна баъд аз нигоҳ кардан вуҷуд дошта бошад. Бешак ҳадафе, ки Ислом аз ин пешгирии нигоҳ кардан дар назар дорад, бино намудани ҷомиъаи пок ва беолоишест, ки дар он ҷо ба куллӣ ғаризаҳои шаҳвонӣ барангехта нашавад ва ҳеҷ инсоне мавриди ҳуҷуми оташи шаҳват қарор нагирад. Ин ангезиши доимии шаҳвонӣ одамиро ба марҳалае мерасонад, ки оташи майлу рағбати шадиди ҷинсӣ барои ҳамеша дар ӯ шуълавар мемонад. Нигоҳҳои хоинона, ҳаракатҳои шаҳвонӣ, худороиҳои номатлуб, урёну нимбараҳнагӣ ва ғайра чун бензин оташи шаҳватро шуълавар мегардонанд. Дини мубини Ислом бо дастуроти ҳакимонаи худ барои аз байн бурдани омилҳои шаҳватангез чораҳо андешида, майлу рағбати фитрии миёни ду ҷинсро ба ҳадди табиъии худ во мегузорад. Ба назари коршиносони ғарбӣ чашмчарронӣ, омезиши озод миёни писарон ва духтарон, суханони шаҳватангез бо якдигар, шухиҳои бепарда ва дидани аъзои пушидаи бадан навъе оромиш аст, ки боиси нашоту хурсандӣ мегардад, майлу рағбати аз дастрафтаро бедор месозад ва як навъ пешгирӣ аз пайдоиши уқдаҳои равонӣ аст. Миқдоре аз фишорҳои ғаризаи ҷинсиро мекоҳад ва аз шиддати тамоми омилҳое, ки дурӣ ҷустан аз онҳо имконпазир нест, кам мекунад. Касоне, ки ба чунин назарияҳо ва афкори ботил эътимод доранд, фаромуш кардаанд, ки майлу рағбати зану мард бо якдигар эҳсоси фитрӣ аст, ки дар вуҷуди инсон ҳамчун амонат гузошта шудааст, то ҳаёти инсонӣ дар рӯи замин идома ёбад. Пас эҳсоси ҷинсӣ як навъ майлу рағбатест, ки гоҳе шуълавар мегардад ва гоҳе оташи он хомуш мешавад. Инсонро маҷбур месозад, ки ин оташи барафрӯхтаро аз вуҷуди худ берун бифиристад ва худро софу холӣ бисозад. Агар он бо алоқаи ҷинсӣ бароварда нашавад, оқибаташ ба асабоният меанҷомад. Фарди таҳрикшуда ҳамеша дар маърази шиканҷа қарор мегирад. Нигоҳи шаҳватангез, хандаву шухӣ, ҳаракатҳои ноҷо ва ҳатто каломи андаке дар бораи майлу рағбати ҷинсӣ боиси барангехтани он мегардад. Роҳи эмин барои кам намудани ин ангезаҳо он аст, ки майлу рағбати ҷинсиро дар ҳудуди табиъиаш маҳдуд созем. Сипас кушиш намоем бо шеваи машруъи издивоҷ ин ниёзи табиъиро бароварда созем. Ба ростӣ беҳтарин роҳ ҳамин роҳ аст, ки Ислом барои ҷинси башар матраҳ намуда аст. Дар ин роҳ нафсаш ором, фикраш қарор ва асабҳояш осоиш меёбанд. Паёмбари Худо (с) дар ривояти Табаронӣ чӣ хуб фармудааст: “Чашмони се нафар оташи дузахро намебинад: 1.Чашме, ки дар роҳи Худо посдорӣ кардааст. 2.Чашме, ки аз тарси Худо гиря кардааст. 3.Чашме, ки аз нигоҳи ҳаром боздошта шудааст”. ғ) Одоби нигоҳ кардани мардон ба якдигар. Ҷоиз нест марде аз зону то ба нофи марди дигареро бубинад. Дар ин ҷо фарқе нест, ки он мард аз наздиконаш бошад ва ё бегона, мусулмон бошад ва ё ғайри мусулмон. Аммо нигоҳ кардан ба аъзои дигар ҷоиз аст. Асли ин таҳрим бар асоси гуфтаҳои Паёмбари Худо (с) аст, ки фармудаанд: “Аврати худро аз ҳама кас ба ҷуз занону канизонатон ҳафз намоед”. Ва дар ривояти Ҳоким омадааст: “Байни зону ва ноф аврат аст”. Инчунин Ҳоким ривоят мекунад, ки он Ҳазрат (с) мардеро дид, ки зонуҳояш намоён буданд, гуфт: “Зонуҳоятро бипушон, зеро зону аврат аст”. Аз ин матнҳо натиҷа мегирем, ки барои ҳеҷ марде ҷоиз нест, ки аз зону то нофи худро ошкор кунад, ҳарчанд аз таҳарруки шаҳват эмин бошад. Варзиш, шиноварӣ, ҳаммом ва ғайра барои кашфи аврат баҳона шуда наметавонад. Агар як нафаре шахси дигарро ба кашфи аврат амр намояд, бояд ки итоъат накунад, зеро Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Ҳеҷ итоате аз махлуқ дар маъсияти Холиқ вучуд надорад”. Баъзе афроди ноогоҳ бар ин ақидаанд, ки аврат назди имом Молик танҳо шармгоҳ аст ва нигоҳ кардан ба боқимонда аъзо ҷоиз аст. Бешак ин даъво ботил ва беасос мебошад. Аврат аз нигоҳи имом Молик бар ду навъ аст: 1. Аврат барои намоз. 2. Аврат барои намудор шудан. Аврат барои намоз низ ба ду навъ аст. 1. Аврати зишт яъне шармгоҳи пешу пас. 2. Аврати хафиф яъне аз ноф то зону. Агар дар вақти намоз аврати зишт намоён гардад, намоз дубора хонда мешавад. Вақти намоз гузашта бошад ва ё боқӣ монда бошад. Вале агар аврати хафифа намоён шавад, вақти намоз боқӣ монда бошад, дубора хонда шавад, агар гузашта бошад, лозим нест. Аммо нигоҳ кардан ба ҳар ду навъи аврат яъне аврати зишт ва хафифа назди ҳамаи мазоҳиби Ислом ҳаром аст ва аз ҷумлаи гуноҳони бузург ба шумор меравад. Аврати мард бо мард аз ноф то ба зону аст ва аврати зани мусулмон бо зани мусулмон низ ҳамин андоза аст. Аммо аврати зани мусулмон бо зани ғайри мусулмон тамоми бадани ӯст ба ҷуз рӯю панҷаи дасту пойҳо. Аз матнҳое, ки аз фуқаҳои Моликӣ нақл шуд, натиҷа мегирем, ки имомҳои тамоми мазҳабҳо иттифоқи назар доранд, ки аврати мард бо мард аз ноф то ба зону аст. Бинобар ин назар кардан ба ин қисмати бадан ҳаром аст. д) Одоби нигоҳ кардани зан ба зани дигар. Ҷоиз нест, ки ҳеҷ зане ба аврати зани дигаре нигоҳ кунад, яъне аз ноф то ба зонуи ӯро бубинад. Он зан чи наздик бошад ва чи дур, кофир бошад ва ё мусулмон. Бо таваҷҷуҳ ба матнҳои зикршуда аз аҳодиси набавӣ баён медорем, ки ба ҳар зане ҳаром аст, ки ба зери ноф то зонуи духтар, модар, хоҳар, дуст ва хидматгори худ бингарад. На дар ҳаммом ва на дар ҷои дигар. Ҳикмат аз ин таҳрим он аст, ки аз туғёни шаҳвати занон ҷилавгирӣ шавад. Зеро гоҳе ин таҳрики шадиди ҷинсӣ ба “сиҳоқ” мекашонад. “Сиҳоқ” як навъ робитаи ҷинсии зан бо зани дигар аст, ки тавассути он оташи шаҳвати худро хомуш мегардонанд. Паёмбари гиромӣ (с) фармуданд: “Яке аз аломатҳои наздик шудани қиёмат, иктифо кардани мардон ба мардон ва занон ба занон мебошад”.Яъне ҳамҷинсгароӣ тавассути “ливотат” миёни мардон ва “сиҳоқ” миёни занон. Пас бар занони ғаюру бономуси мусулмон воҷиб аст, ки аз нигоҳ кардан ба аврати занони дигар парҳез намоянд. Чӣ дар вақти либос кашидан барои шустушу ва чӣ барои даллокӣ ва масаж ва ё дар маросими арусӣ, ки сару гардан ва пеши бару дастони арусонро урёну бараҳна месозанд, ки арақи хиҷолат бар ҷабини ҳар инсони бо ғайрате ҷорӣ мешавад. Ва бар мардони ғаюр воҷиб аст, ки занону духтарони худро иҷозат надиҳанд, ки ба ҳаммомҳои умумӣ ворид шаванд, зеро бо урён шудан мафосиди дигар ҳамроҳ аст. Ҳаммомҳои умумиӣ занона ва салонҳои масаж мутаассифона дар ҷомиъаҳои имрӯзаи мусулмоннишин хеле зиёд ба назар мерасад, ки як василаи боризе дар интишори фасоду бебандуборӣ ба шумор меравад.Ба хусус тавассути дурбинҳои махфӣ занҳои урёнро филмбардорӣ намуда, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъии интернетӣ пахш менамоянд, ки боиси расвогиӣ он зан ва аҳлу хонадони эшон мегардад ва дар асари он оилаҳо фуру мепошанд. Инчунин ба воситаи чунин наворҳои нанговар гоҳе духтарони ғафлатзадаро баъзе мардони шаҳватпарасти расво шантаж намуда, ба аъмоли пасту касифи ғайриинсонӣ мекашонанд. Паёмбари гиромӣ (с) дар ривояти Насоӣ ва Тирмизӣ мефармоянд: “Касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад, набояд занаш вориди ҳаммом шавад”. Табаронӣ ривоят мекунад, ки занони Шом ба назди Ҳазрати Оиша (р) омаданд. Ба онон гуфт: “Оё шумо он заноне ҳастед, ки ба ҳаммомҳои умумӣ ворид мешавед? Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: “Ҳар зане, ки либосҳояшро дар ғайри хонаи шавҳараш бадар мекунад, пардаи ҳаёро миёни худ ва Худояш пора карда аст”. Паёмбари гиромӣ (с) дар ривояти Абу Довуд ва ибни Моҷаҳ ба ёрони худ фармуданд: “Ба зудӣ сарзаминҳои бегона ба рӯи шумо кушода мешавад. Дар он ҷо хонаҳоеро мебинед, ки ҳаммом мегӯянд. Мардон танҳо ба эзор вориди он шаванд, вале аз рафтани занон ҷилавгирӣ намоед, магар дар ҳолати беморӣ ва нифосашон”. е) Одоби нигоҳ кардани зани ғайри мусулмон ба зани мусулмон. Бар зани мусулмон ҳаром аст, ки бадани худро дар ҳузури зани ғайри мусулмон зоҳир созад. Зани ғайри мусулмон дар нигоҳ кардани аврат ҳукми мардро дорад. Танҳо зоҳир сохтани рӯй ва панҷаҳои дастону пойҳо ҷоиз аст. Зеро Худои таъоло мефармояд: وَلَايُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّالِبُعُولَتِهِنَّ أَوْآَبَائِهِنَّ أَوْآَبَاءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْأَبْنَائِهِنَّ أَوْأَبْنَاءِبُعُولَتِهِنَّ أَوْإِخْوَانِهِنَّ أَوْبَنِي إِخْوَانِهِنَّ أَوْبَنِي أَخَوَاتِهِنَّ أَوْنِسَائِهِنَّ... نور / 31 “...Зинатҳои худро ошкор накунанд ҷуз барои шавҳарони худ ё падарони худ ё падарони шавҳарони худ ё писарони худ ё писарони шавҳарони худ ё бародарони худ ё бародарзодагон ё хоҳарзодагон ё занҳояшон...”. Аз ин фармудаи Худованди субҳон أَوْنِسَائِهِنَّдармеёбем, ки бар зани мусулмон ҷоиз нест, ки зинатҳои худро дар ҳузури занони ғайри мусулмон ё занони мусулмони бадкор зоҳир созанд. Аммо зуҳури зинатҳои эшон дар ҳузури занони мусулмон ҷоиз аст. Дар ҳошияи Дассуқӣ дар мавриди ҳикмати ин таҳрим чунин омадааст: “Тамоми бадани зани мусулмон, ғайр аз рӯй ва панҷаи дастону пойҳояш бар зани ғайри мусулмон аврат аст. Ҳикмат дар ин кор он аст, ки зани ғайри мусулмон бадани зани мусулмонро барои шавҳари кофираш васф накунад. Ҳамчунин зоҳир сохтан бар зани бадкору фоҳиша ҳаром аст. Зеро ӯ низ ба мардони бадкор он чиро дида аст, васф менамояд. Пас таҳрим ба хотири натиҷаест, ки ба вуҷуд меояд”. Аз ин фармудаҳо бармеояд, ки бояд занони мусулмон амин бошанд ва ҳар чиро, ки аз бадани зани мусулмони дигар мебинанд ба шавҳарҳои худ васф накунанд. Агар шавҳарҳо чунин суханон аз занҳояшон бишнаванд, бояд ки даҳони эшонро бубанданд ва сахт танбеҳ намоянд. Аммо мутаассифона дар ҷомиъаи имрӯзаи мо ин падидаи номатлуб яъне кушода суҳбат намудан дар бораи асрори маҳрамонаизане ба таври густурда маъмулӣ гаштааст. Аксари мардон ончиро, ки аз занонашон мешунаванд, бидуни ҳазар ба дигарон нақл менамоянд. Ба ин хотир аст, ки зиштии гуноҳ аз назари мардум оҳиста оҳиста дур мегардад. Ҳамагон ба шахси бадкор ба таври маъмулӣ муомила менамоянд ва ӯ барои корҳои ношоямаш аз касе шарм ва ҳазар наменамояд. Донишманди барҷаста ва бузурги исломӣ Абулаъло Мавдудӣ дар ин бора бардошти хосе дорад, ки дар тафсири сураи “Нур” мегӯяд: “Мақсад аз қавли Худованд “Ё занонашон” заноне аст, ки ягон навъ иртиботе бо зани мусулмон доранд ва ӯ онҳоро ба хубӣ мешиносад мисли дустон, хидматгорон ва алоқамандон, чи мусулмон бошанд ва чи ғайри мусулмон. Ғарази ояти мазкур ин аст, ки аз доираи занҳои аҷнабие, ки ахлоқу одоб ва одатҳояшонро намедонадва ё аҳволи зоҳирии эшон шубҳаовар аст, берун ояд. Дар ҳақиқат инҷо ихтилофи динӣ не, балки ихтилофи ахлоқӣ ба эътибор гирифта шудааст....”. Ин назари шайхи бузургвор Мавдудӣ буд. Аммо ба назари банда занони ғайри мусулмони дорои ахлоқи волои инсонӣ дар ин асри мо нодир ба назар бирасад ва ё аслан вуҷуд надошта бошад. Пас зарур аст, ки занҳои мусулмони боиффат дар ин бора бештар эҳтиёт намоянд, то аз ахлоқи занони бадрафтори бедиёнат ва бо ном мусулмон таъсир напазиранд. Падарону модарон ва ҷавонони азизу гиромӣ! Дарси имрӯзаи мо, ки қисмати дуюми мавзуъи “Масъулияти тарбияи ҷинсӣ” буд, ба поён расид. Муҳимтарин нуқоти қисмати дуюм аз инҳо иборат аст: 1. Одоби нигоҳ кардани мард ба ҳамсараш. 2. Одоби нигоҳ кардан ба зани бегона. 3. Одоби нигоҳ кардани мардон ба якдигар. 4. Одоби нигоҳ кардани зан ба зани дигар. 5. Одоби нигоҳ кардани зани ғайри мусулмон ба зани мусулмон. Ин буд хулосаи дарси чилу сеюми мо. Умед аст, ки падарону модарон, мураббиёну сарпарастон ва ҷавонони азизу гиромӣ аз он истифода карда бошанд. Ва охиру даъвоно анил ҳамду лиллоҳи раббил оламин. Раббанағ-фир лано зунубано ва исрофано фи амрино ва саббит ақдомано вансурно алал қавмил кофирин. Аллоҳуммағфир ли хатиъатӣ ва ҷаҳлӣ ва исрофӣ фи амрӣ, ва мо анта аъламу биҳи миннӣ. Аллоҳуммағфир ли ҷаддӣ ва ҳазлӣ ва хатаӣ ва амдӣ ва куллу золика индӣ. Аллоҳуммағфир ли мо қаддамту ва мо аххарту ва мо асрарту ва мо аъланту ва мо анта аъламу биҳи миннӣ. Антал муққадиму ва антал муаххиру ва анта ало кулли шайъин қадир. Ва саллиллоҳумма ало сайидино ва набийино Муҳаммадин ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Омин ё раббал оламин. Муаллиф: Исмоил АбдулваҳҳобзодаМанбаъ:сомонаи Тураҷон