Мард аз зан чӣ мехоҳад ?
Мард аз зан чӣ мехоҳад ?
0 Vote
93 View
Худованд ҳар як инсонро новобаста ба ҷинсаш бо хулқу хислати ба худаш хос офаридааст.Равоншиносон баъд аз гузаронидани пурсишҳои зиёде байни мардону занон чанд одати бадтарини бонувонро аниқ кардаанд, ки мо ҳоло онро пешниҳоди шумо месозем. Бонувони азиз, баъд аз хондани маводи омоданамудаи мо барои худатон як ташхиси оддӣ гузаронед. Оё шумо низ аз ин одатҳои бад бархурдоред? Агар ҳа, пас фурсати ислоҳ фаро расидааст, чун мехоҳед назди марди дилатон дар мавқеи баланди «маликаи қалб» боқӣ монед, аз худи ҳамин лаҳза бо одатҳои бади занона хайру хуш намоед! Сухан бисёр дону… Одати сергапии бону ба мард ҳеҷ хуш намеояд, зеро мардон табиатан худро аз зан донотар гирифта, мехоҳанд, ки бону назди ӯ соддаяк ҷилванамоӣ кунаду аз ӯ зиндагӣ омӯзад. Баъзе бонувон дар ҳузури мард гоҳ аз аршу гоҳ аз фарш он қадар пургӯӣ мекунанд, ки мард танҳо роҳи гурез мекобаду халос. Барои нагурезондани мард ва дар шомҳои танҳоӣ ашк нарехтан, аз ними суханҳои медонистаатон нимаш кофист, беҳтараш, монед мард гап занад ва шумо худро ҳайратзадаи хиради ӯ ангошта танҳо гӯш кунед. Моли шахсӣ Як одати ба мардон номақбули дигари бонувон шавҳар ё дӯстдоштаашонро моли шахсии худ ҳисобидани онҳост. Мардро танҳо аз худатон донистан, барои ӯ таҳқиру ҳақорат ҳисоб меёбад, барои ҳамин ҳам тамоми санъати занона, дилрабоӣ, латофату малоҳататонро кор фармуда мардро дар банд нигоҳ доштанро ёд гиред. Аммо ҳеҷ гоҳ аз ӯ моли шахсӣ насозед, зеро дер ё зуд ин гуна мардон бонуи худкомаро тарк хоҳанд кард. Зеро мардон мавҷуди озодипарастанду ҳеҷ гоҳ дар банд будан намехоҳанд, харчанд ин гуна банда будан ба онҳо ҳаловати хоса бахшад ҳам! Кунҷкобӣ Кунҷкобиро мардон чашми дидан надоранд, аммо бонувон, акасарияти онҳо, кунҷкобӣ накунанд бемор мешаванд. Бовар кунед, ман муболиға намекунам, зеро зан ҳама чизро дар бораи марди дилаш донистан мехоҳад. Чаро имрӯз либосҳои шинам пӯшидӣ? Атри гароннарх барои чӣ? Кӣ занг зад? Бо кӣ бо телефон гап мезанӣ? Чаро дер омадӣ? Чанд сум маош мегирӣ? Маошатро куҷо кардӣ? Ба ин монанд саволҳо дили мардро чун шоми зимистонӣ сиёҳ мекунанду новобаста аз он ки саволдиҳанда соҳибҷамоли даврон бошад ҳам, дар назари мард шум менамояд. Маро дӯст медорӣ? Мардон гуфтани ҷумлаи сеҳрноки «Туро дӯст медорам»-ро тамоман хуш надоранду равоншиносон исбот намудаанд, ки он мардоне, ки тез-тез ба бонуи дилашон изҳори ишқ менамоянд, он қадар самимӣ нестанд. Баракс, мардони аз гуфтани ин сухани барои занон осмонӣ дурӣ меҷуста бовафоянду бо ин рафторашон ба зан фаҳмонданӣ мешаванд, ки « Туро дӯст медорам!» гуфтан мисли никоҳу ишқ чизи муқаддас аст. Дугонаҳои азиз, ҳеҷ гоҳ аз мард напурсед, ки маро дӯст медорӣ? Зеро ин зиннати занонаи шуморо коста мегардонад, ишқи мардро аз нигоҳу муносибаташ фаҳмидан хеле осон аст. Худатонро паст назанед! Ҳар як инсон ашёи шахсие дорад, ки онро ҳатто ба наздиктарин касаш ҳам нишон додан намехоҳад. Занон як одати баде доранд, ки худашон аз мард сад сири пинҳон доранду мехоҳанд дар бораи ӯ ҳама чизро донанд. Ягон бону ба гӯшаи хотир ҳам намеорад, ки кофтани киса, сумка , телефон ва дафтарчаҳои мард аз рӯи таомули инсонӣ нест. Ба мардон занони аз ҳад зиёд ба зиндагии шахсии эшон мароқдошта тамоман маъқул нестанд. Дугонаҳои азиз, худро паст зада чун дуздон ба кисаи шавҳар даст задану чун ҷосусон телефони онро кофтанро аз саратон дур кунед. Ҳеҷ гоҳ аз хотир набароред, ки мардон занони назарбаландро эҳтиром мекунанд. Гиря-силоҳ Силоҳи аксари бонувон бар зидди дилхоҳ гуноҳи мард гиря аст, вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки 99-фисади мардон бонуи гирёнро чашми дидан надоранд. Агар шумо аҳмият дода бошед, ҳангоми ранҷидану оби чашм рехтани шумо марди дӯстдошта ё шавҳаратон зуд аз наздатон дур мешавад, ё дарро аз пушташ пӯшида ба кӯча мебарояд. Шумо гумон доред, ки ӯ ғамгин шудаасту берун гирякунӣ меравад?! Хато мекунед, ӯ аз дар баромадан замон шумо ва гиряаатонро ба ҳукми фаромӯшӣ партофта пайи дилхушии хеш мешавад! Пас, чӣ ҳоҷат ашки худро ҳайфи чунин лаҳзаҳо намудан? Дар дилхоҳ ҳолат нигоҳ доштани ҳиссиёти худро ёд гиред, зеро бонуи бонаҷобат ҳеҷ гоҳ мушкилашро бо гиря ҳал намекунад. Ба қавли мардон, «ашки зан дар нӯги остинаш», аммо шумо ҳар қатра ашки хешро қиммат донед! Қадами аввал Дар урфият мегӯянд, ки «Ба ҷанги зану шавҳар-остонаи хона механдад» ва оилаи бемоҷароро дар замони мо ёфтан, амрест муҳол. Ҷанҷолҳои оилавӣ як балою оштӣ кардан баъди он, мушкили дигар аст. Қадами аввалро дар оштӣ бояд шахсе гузорад, ки моҷаро бо айби ӯ сурат гирифтааст. Аммо бонувон табиатан мехоҳанд, ки аввал мард оштӣ кунад. Дугонаҳои азиз, агар оташи ҷанҷоли оилавӣ бо «иқдом»-и шумо фурӯзон гаштааст, пас, узр пурсидан эҳтироми шуморо назди мард кам нахоҳад кард. Узр пурсед, зеро боҳам қаҳрӣ будану кина варзидан, меҳру муҳаббатро аз хонадони шумо мерабояд. Ҷавҳари Саидназар Манбаъ: Бонувони тоҷик