Фарқ байни илми динӣ ва дунявӣ
Фарқ байни илми динӣ ва дунявӣ
Author :
Ҳомидулоҳи Иззатулло
0 Vote
130 View
Ҷудо кардани илми динӣ ва дунявӣ имрӯзҳо аз забони баъзе ашхоси пастфитрат суханҳое мешунавем, ки инсонро тамоман дар тааҷҷуб мегузоранд. Шахсе ба мартабаи илм бадгӯиҳо карда, нисбат ба неъматҳои бузурги Худо суханони беодобона мегӯян, ҷои ранҷидан ҳам ҳаст, ки баъзе аз «мулло»-ҳо мегӯяд, ҳама чизро медонанд. Дар ҳоле ки ба гирди сурфаи илм гузар накардаанд ва мавқеъгирии хешро аз Ислом медонанд. Исломе, ки дар тамоми масоил тарафдорӣ аз илму дониш ва маърифат мекунад. Вақте назари Ислом нисбат ба илм ва омӯзиши он рӯшан мешавад, бояд ба саволи бисёр муҳиме таваҷҷуҳ намоем, ки оё фармудаҳои Худованд ва Паёмбар (с) дар бораи илм ва фазилати он махсуси «илмҳои динӣ»-ст ё ҳамаи илмро дар бар мегирад? Албатта, барои касоне, ки аз мавқеъи Ислом дар мавриди илм ба хубӣ ошно ҳастанд, чунин пурсиш маъно надорад. Вале чун ин савол дар бисёр суҳбатҳо ба миён гузошта мешавад, зарур донистем, ки ба он то ҷое рӯшанӣ андозем. Маҷмӯи фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ дар масъалаи илмф, ҳамчунин нфсазари аксари уламо ва бузургони исломӣ нишон медиҳад, ки Ислом дар мавриди илм чунин тақсимотро қабул надошта, илму донишро ба «динӣ» ва «дунявӣ» ҷудо намекунад. Албатта, илмҳое ҳастанд, ки аз назари мавзӯъ маҳз чигунагии масъалаҳои шаръию имонӣ ва иҷрои амалии фароиз ва ибодатро шарҳу баён месозанд. Вале ин ҳаргиз ба он маъно нест, ки маҳз ҳамин илмҳо «динӣ»-анд ва мусалмонон танҳо онҳоро омӯзанд. Ислом омӯхтани тамоми илмҳои нофеъро зарур дониста, ба истифодаи ҳамаи навъи донишҳо дар рушди инсон ва ҷомеа таъкид менамояд. Донишманди мусалмоне, ки дар ин масъала таҳқиқи ҷудогонаи амиқеро анҷом додаст, хулосаи ниҳоии худро чунин меорад: «Баъзе аз мардуми бехабар аз мабонӣ ва муҳтавиёти Ислом гумон мекунанд, ки мақсуд аз илм дар ояҳои қуръонӣ фақат илм ба ақоид ва аҳкоми динӣ аст ва шомили илмҳои табииву риёзӣ ва дигар донишҳои муфиди башарӣ намебошад. Ин фикри беасос, тибқи ояҳои фаровоне, ки Қуръон дастури ақоид ва зиёде ба тафаккур ва тадаббур дар олами табиат ва мавҷудияти инсон медиҳад, комилан мардуд аст». Дар ҳақиқат, агар мо ба матну мазмуни худи Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ, ҳамчун ба сарчашмаҳои аслии исломӣ нигарем, мебинем, ки дар канори масъалаҳои сирф шаръӣ масъалаву донишҳои зиёде дар бораи иқлиму табиат, ҷирмҳои осмониву коинот, инсону ҷомеъа, фарҳангу маънавиёт, сиёсату давлат ва ғайра матраҳ гаштаанд. Имрӯз мавзӯъҳои улуми гуногуне, чун табиатшиносӣ, ҷуғрофиё, астрономиё,фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ, ҳуқуқшиносиву сиёсатшиносӣ ва ғайра мавриди баҳси ҷомеъа карор доранд. Аз ин рӯ, бе донистани ин илмҳо на танҳо пешрафти моддии ҷомеа, балки дарки комилу дурусти худи таълимоти исломӣ низ номумкин мебошад. Вале тафовути муҳими назари Ислом дар масъалаи илм дар он аст, ки ин дин омӯхтани ҳамаи илмҳоро бо нияти хайр, барои ҳаракат дар роҳи Худованд ва расонидани нафъ ба ҷомеа тавсия мекунад. Ин баҳсро метавон бо андешаи мутафаккири барҷастаи исломӣ, доктор Муҳаммадсаид Вакил ҷамъбаст намуд, ки ӯ низ ба «динӣ» ва «дунявӣ» тақсим намудани илмҳоро хоси таълимоти исломӣ надониста, мегӯяд: «Ислом ҳамон гуна ки фақеҳро аз назари моддӣ ва маънавӣ таъмин мекунад, пизишкро низ таъмин мекунад. Ҳуқуқи муҳандисро камтар аз ҳуқуқи муҳаддис намедонад ва аз физикдон ва кимиёшиносон истиқболу қадрдонӣ мешавад, ҳамон тавре аз муфассирони қуръон истиқболу қадрдонӣ менамояд. Ба шарте, ки ҳадафи ҳамаи онҳо касби ризояти Худо ва хидмат ба башарият ва ниёзмандон бошад. Шикофтани илм ва тақсимбандии он бо тавсияи душманони дин ва дугонагии илмӣ ва омӯзишӣ эҷод шудааст»… Ин тақсим бо ваҳдате, ки Ислом ба он амр кардааст, мухолифат дорад. Чунки эҷоди ду ҷинси мухолиф дар таълим ба эҷоди ду даста аз олимони мухталиф меанҷомад, ки ҳар яке аз дигаре дурӣ меҷӯяд ва монанди ду хатти баробар ба якдигар намерасанд. Сардамдор ва пуштибони ин тафриқа истеъморгарони ғарбӣ ва пайравони онҳоянд.Чунончи байни ду гурӯҳ оташи тафриқа барангехтаанд ва ба аҳли дин чунон фаҳмондаанд, ки донишмандоне, ки дар ғайри илмҳои динӣ фаъолият мекунанд, аз доираи дин берун рафтаанд ва ба донишмандони илмҳои ғайридинӣ чунон фаҳмонданд, ки аҳли дин афроди иртиҷоӣ ва ақибмондаанд». Ба ақидаи банда бояд ба як чизи дигар назари ҷиддӣ андозем. Ҳама медонем, ки моро низоми Шӯравӣ чӣ қадар аз дин дур кард, хусусан дар он замон донишҷӯи мактабу донишгоҳҳо будан. Нисбати илм дар дили мардум, махсус табақаҳои оддӣ ва авом ҳарфҳоеро ҷо карданд, ки касби муаллимиро то имрӯз бад мебинанд. Сабаб дар чист? Дар он аст, ки низоми бединии Шӯравӣ танҳо тавассути муаллим ва ҷавонон партияи коммунистӣ ва бехудоиро таблиғ кард. Ҳамин буд, ки мӯйсафедони каме олимнамо ва якчанд сурае медонистагӣ, мегуфтанд: илми раҳмонӣ ва шайтонӣ, ҳатто кор ба дараҷае расида буд, ки фарзандонро аз таҳсил бозмедоштанд. Агар аз вазифаи бисёр пуршарафу пурқимати муаллимӣ сухан гӯем, дунё-дунё ҳарф мешавад. Аз ин хотир, мепардозем бевосита ба суханони мутафаккири барҷаста ва сиёсатмадор, устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ки мегӯяд: «Ин аст, ки аз назари Ислом омӯзгорӣ ва муаллимӣ як касби бисёр арҷманд ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баъзе тӯҳматҳои таблиғотии солҳои 90-ум, ки гӯё муллоҳо касби муаллимиро рад намуда, ҳатто нони муаллимро ҳаром эълон карда бошанд, ҳеҷ рабте ба таълимоти исломӣ надорад. Ҳатто агар шахсе аз сари ноогоҳии худ чунин суханро гӯфта бошад, ин назари шахсии ӯ буда, таълимоти Ислом нест»… Албатта, ин ақида дуруст аст, ки назари Ислом дар мавриди муаллим ва касби омӯзгорӣ бояд аз сарчашмаҳои асили исломӣ гирифта шавад, на аз забони шахсони ноогоҳ. Аз сӯи дигар, сабаби ба баъзе аз муаллимони давраи Шӯравӣ назари нек надоштани мардуми мусалмон ва уламои исломӣ дар он буд, ки дар ҳақиқат, ҳукумати вақт ба дӯши муаллимон, илова бар таълими илму дониш, ҳамчунин таблиғи ақидаҳои атеистӣ ва зиддидинӣ, мубориза бо динро низ мегузошт, ки банда инро дар ҳама навиштаҳоям борҳо зикр кардаам ва ин қобили мазаммат ва танқид ҳам ҳаст. Вале ба ҷавонон ва ба толибилмоне, ки имрӯз дар ҳар риштае таълим мегиранд, гуфтаи устод Муҳаммадсаидро ин ҷо меорам, ки ҳар илме барои нафъи ҷомеаи муслимин бошад, албатта, илми раҳмонӣ ва хайр аст. Дар таълимоти шариати исломӣ илми шайтонӣ гуфтан ақида ва сухане вуҷуд надорад, магар ба зарари дину пешвоҳои дин. Дар охир аз Худованди Ҳанону Маннон барои ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳҳо ва муҳассилини макотиби таълимоти ҳамагонӣ таманно мекунам, дар ҳар роҳе, ки сабаби ободии кишвар ва хизмати мардуми мусалмони Тоҷикистони азиз бошад, Худованд пирӯзиро насиб гардонад. Бигузор номуси динию миллӣ ва ватандорӣ онҳоро бедор гардонад, то дар мубориза бар зидди ақидаҳои бепояи динию фарҳангӣ муқобилат нишон бидиҳанд. Бо ҳидояти Худо дӯстдор ва маҳбуби шумо, ҷавонмардони роҳи Худо, Ҳомидулоҳи Иззатулло