Тавоноии забони порсӣ дар муодилсозӣ
Тавоноии забони порсӣ дар муодилсозӣ
0 Vote
74 View
Мақолаи зер, навишторе бисёр гӯё ва шево аз равоншод дуктур Маҳмуди Ҳисобӣ – донишманди бузург ва фақиди эронӣ аст, ки тавоноӣ ва қудрати боло ва бартари забони порсиро дар вожасозӣ дар муқоиса бо бисёре дигар аз забонҳои ҷаҳон, бо шарҳ ва баёне илмӣ ва равишманд ба намоиш мегузорад ва ба душманони фарҳанг ва ҳувияти асили эронӣ, посухе кӯбанда ва дарҳамшикананда медиҳад. Дар торихи ҷаҳон, ҳар даврае вижагиҳое доштааст. Дар оғози торих одамиён зиндагии қабилаӣ доштанд ва даврони афсонаҳо будааст. Пас аз пайдоиши кишоварзӣ, давраи деҳнишинӣ ва шаҳристоннишинӣ оғоз шудааст. Сипас даврони кишваргушоиҳо ва ташкили подшоҳиҳои бузург монанди подошоҳиҳои Ҳахоманишиён ва Искандар ва имперотурии Рум будааст. Пас аз он, давраи ҳуҷуми ақвоми барбарӣ бад-ин кишварҳо ва фурӯ рехтани тамаддуни онҳо будааст. Сипас давраи растохези тамаддун аст, ки ба номи “ренусонс” шинохта шудааст. То он давра милали мухталиф дорои васоили кору пайкори яксон буданд. Мегӯянд, ки васоили ҷангии сарбозони румӣ ва барбарҳои жерманӣ бо ҳам фарқе надошта ва тафовут танҳо дар инзибот ва назм ва вазифашиносии лежиюнҳои румӣ буда, ки зомини пирӯзии онҳо будааст. Ҳамчунин васоили ҷангии муҳоҷимони муғул ва милали мутамаддин чандон фарқе бо ҳам надоштааст. Аз даврони ренусонс ба ин тараф, милали ғарбӣ кам-кам ба пешрафтҳои санъатӣ ва сохтани абзори навин ноил омаданд ва пас аз гузашти яке ду қарн, абзори кори онҳо ба андозае комил шуд, ки милали дигарро ёрои истодагӣ дар баробари ҳамлаи онҳо набуд. Ҳамзамон бо ин пешрафти санъатӣ, таҳаввули бузурге дар фарҳанг ва забони милали ғарб пайдо шуд; зеро барои баёни маълумоти тоза ногузир ба доштани вожаҳои навине буданд ва кам-кам забонҳои урупоӣ дорои нерӯи бузурге барои баёни матолиби мухталиф гардиданд. Дар авоили қарни бистум, милали машриқ пай ба ақабмондагии худ бурданд ва кӯшиданд, ки ин ақабмондагиро ҷуброн кунанд. Мавонеъи зиёде сари роҳи ин кӯшишҳо вуҷуд дошт, ва яке аз онҳо надоштани забоне буд, ки барои баёни матолиби илмӣ омода бошад. Баъзе милал чораро дар пазируфтани яке аз забонҳои хориҷӣ барои баёни матлаб диданд монанди Ҳиндустон, вале милали дигар ба воситаи доштани мироси бузурги фарҳангӣ, натавонистанд ин роҳи ҳалро бипазиранд, ки як мисоли он, кишвари Эрон аст. Барои баъзе забонҳо, ба иллати сохтмони махсуси онҳо, ҷуброни камбуди вожаҳои илмӣ, коре бас душвор ва шояд нашуданӣ аст, монанди забонҳои сомӣ – ки ишорае ба сохтмони онҳо хоҳем кард. Бояд хотирнишон кард, ки шумори вожаҳо дар забонҳои хориҷӣ, дар ҳар кадом аз риштаҳои илмӣ хеле зиёд аст ва гоҳе дар ҳудуди милюн аст. Пайдо кардани вожаҳое дар баробари онҳо коре нест, ки бишавад бидуни доштани як равиши илмии мутмаин ба анҷом расонид ва намешавад аз рӯи ташобуҳ (монандӣ) ва истиъора ва тақриб ва тахмин дар ин кори пурдомана ба ҷое расид, ва ин кор бояд аз рӯи усули илмии муайяне анҷом гирад, то зимни амал, ба бунбаст барнахӯрад. Барои ин ки битавон дар як забон ба осонӣ вожаҳое дар баробари вожаҳои бешумори илмӣ пайдо кард, бояд имкони вуҷуди як чунин усули илмие дар он забон бошад. Мехоҳем нишон диҳем, ки чунин асле дар забони порсӣ вуҷуд дорад ва аз ин ҷиҳат, забони порсӣ забоне аст тавоно, дар сурате ки баъзе забонҳо – гӯ ин ки аз ҷиҳоти дигар собиқае дурахшони адабӣ доранд – вале дар мавриди вожаҳои илмӣ нотавон ҳастанд. Акнун аз ду навъ забон, ки дар Урупо ва Ховари Наздик вуҷуд дорад сӯҳбат мекунем, ки иборатанд аз: забонҳои ҳиндуурупоӣ (INDO-EUROPEAN) ва забонҳои сомӣ (SEMITIC = забонҳои: ибрӣ, арабӣ, аккадӣ (шӯъбае аз забони сомӣ, яъне бобулии қадим), сирёнӣ, оромӣ ва ... ) Забони порсӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуурупоӣ аст. Дар забонҳои сомӣ вожаҳо бар асли решаҳои сеҳарфӣ ё чаҳорҳарфӣ қарор доранд, ки ба номи “сулосӣ” (сеҳарфӣ) ва “рубоъӣ” (чаҳорҳарфӣ) гуфта мешаванд ва иштиқоқи вожаҳои мухталиф бар асоси тағйири шакле аст, ки ба ин решаҳо дода мешавад ва ба номи “абвоб” хонда мешавад. Пас шумори вожаҳое, ки мумкин аст дар ин забонҳо вуҷуд дошта бошад, нисбати мустақим дорад бо шумори решаҳои сулосӣ ва рубоъӣ. Пас бояд бисанҷем, ки ҳадди аксар шумори решаҳои сулосӣ чӣ қадр аст. Барои ин кор як равиши риёзӣ ба номи “ҷабри таркибӣ” (ALGEBRA COMBINATORY) ба кор мебарем. Ҳадди аксар теъдоди решаҳои сулосиии муҷаррад мусовии 19656 мешавад ва наметавонад беш аз ин теъдод решаи сулосӣ дар ин забон вуҷуд дошта бошад. Дар бораи решаҳои рубоъӣ медонем, ки теъдоди онҳо кам аст ва дар ҳудуди панҷ дарсади теъдоди решаҳои сулосӣ аст, яъне теъдоди онҳо дар ҳудуди 1000 аст. Чун решаҳои сулосие низ вуҷуд дорад, ки ба ҷои се ҳарф фақат ду ҳарф вуҷуд дорад, ки яке аз онҳо такрор шудааст; монанди феъли “شدّ” (шадда), ки ҳарфи “د” (д) ду бор ба кор рафтааст, аз ин рӯ бар теъдоди решаҳое, ки дар боло ҳисоб шудааст, чанд ҳазор меафзоем ва ҷамъан адади бузургтари 25000 решаро мепазирем. Чунон ки гуфта шуд, дар забонҳои сомӣ аз ҳар феъли сулосии муҷаррад метавон бо тағйири шакли он ва ё изофа (кардан)-и чанд ҳарф, калимаҳои дигаре аз роҳи иштиқоқ гирифт, ки иборат аз 10 боби мутадовал мебошад, монанди: فعّل ، فاعل ، أفعل ، تفعّل ، تفاعل ، انفعل ، افتعل ، افعلّ ، افعالّ ، استفعل ... Аз ҳар кадом аз афъол асомии мухталифе иштиқоқ меёбад: номҳои макону замон, номи абзор, номи тарзу шева, номи ҳирфа, исми масдар, сифат (ки сохтмони он 10 шакли мутадовал аст), ранг, нисбат, исми маънӣ. Бо дар назар гирифтани ҳамаи анвоъи иштиқоқи калимот, натиҷа гирифта мешавад, ки аз ҳар решае ҳадди аксар 70 муштақ метавон ба даст овард. Пас ҳар гоҳ теъдоди решаҳоро, ки аз 25000 камтар аст, дар 70 зарб кунем, ҳадди аксар калимаҳое, ки ба даст меояд, 1750000 калима аст. Як ишколе, ки дар фаро гирифтани ин навъ забон аст ин аст, ки барои тасаллут ёфтан ба он, бояд дастикам 25000 решаро аз бар дошт, ва ин кор барои ҳама мақдур нест, ҳатто барои аҳли он забон, чӣ расад ба касоне ки бо он забон бегона ҳастанд. Акнун агар теъдоди калимоти лозими он аз ду милюн адад бигзарад, дигар дар сохтори ин забон роҳе барои адои як маънои навин вуҷуд надорад, магар ин ки маънои тозаро бо як ҷумла адо кунанд. Ба ин иллат аст, ки дар фарҳангҳои луғат аз як забони урупоӣ ба забони арабӣ мебинем, ки иддаи зиёде калимот ба василаи як ҷумла баён шудааст, на ба василаи як калима. Масалан, калимаи CONFRONTATION, ки дар порсӣ онро мешавад ба “рӯбарӯӣ” тарҷума кард, дар фарҳангҳои фаронса ё англисӣ ба арабӣ, чунин тарҷума шудаст: "جعل الشهود و جاهاً و المقابله بین اقولهم". Калимаи PERMEABILITY, ки метавон онро дар порсӣ бо калимаи “таровоӣ” баён кард, дар фарҳангҳои арабӣ чунин тарҷума шудааст: “امكان قابلیة الترشح”. Ишколи дигар дар ин навъ забонҳо ин аст, ки чун теъдоди калимот камтар аз теъдоди маъонии мавриди лузум аст ва бояд теъдоди зиёдтари маъонӣ миёни теъдоди камтари калимот тақсим шавад, пас ба ҳар калимае чанд маъно таҳмил мешавад, дар сурате ки шарти аслии як забони илмӣ ин аст, ки ҳар калимае фақат ба як маъно далолат бикунад, то ҳеч гуна ибҳоме дар фаҳмидани матлаби илмӣ боқӣ намонад. Ба тавре ки яке аз устодони донишманди донишгоҳ изҳор мекарданд, дар яке аз маҷаллаҳои хориҷӣ хондаанд, ки дар баробари калимоти бешумори илмӣ, ки дар риштаҳои мухталиф вуҷуд дорад, Окодемии Миср, ки дар тангнои мавонеъ (-и ёдшуда дар боло) воқеъ шудааст, чунин назар додааст, ки бояд аз ба кор бурдани қоидаҳои забони арабӣ дар мавриди калимоти илмӣ сарфи назар кард ва аз қоидаҳои забонҳои ҳиндуурупоӣ истифода кард. Масалан, дар мавриди калимаи CEPHALOPOD, ки ба ҷонвароне монанди “ахтопус” гуфта мешавад, ки сару пои онҳо ба ҳам муттасиланд ва дар порсӣ ба онҳо “сарповарон” гуфта шудааст, билохира калимаи “رأس رِجلی”-ро пешниҳод кардаанд, ки ин таркиб ба ҳеч ваҷҳ арабӣ нест. Барои худи калимаи MOLLUSK, ки дар порсӣ “нармтанон” гуфта мешавад, дар арабӣ як ҷумла ба кор меравад: “حیوان عادم الفقار”. Қисмати дуввуми сӯҳбати мо марбут ба сохтмони забонҳои ҳиндуурупоӣ аст. Мехоҳем бибинем чӣ гуна дар ин забонҳо мешавад теъдоди бисёр зиёде вожаи илмиро ба осонӣ сохт. Забонҳои ҳиндуурупоӣ дорои шумори каме реша дар ҳудуди 1500 адад мебошанд ва дорои тақрибан 250 пешванд (PREFIX) ва дар ҳудуди 600 пасванд (SUFFIX) ҳастанд, ки бо изофа кардани онҳо ба асли реша метавон вожаҳои дигаре сохт. Масалан, аз решаи “рав” метавон вожаҳои “пешрав” ва “пешрафт”-ро бо пешванди “пеш” ва вожаҳои “раванд”, “равол”, “рафтор” ва “равиш”-ро бо пасвандҳои “анд”, “ор” ва “иш” сохт. Дар ин мисол, мулоҳиза мекунем, ки решаи “рав” ба ду шакл омадааст: яке “рав” ва дигаре “раф”. Бо фарзи ин ки аз ин тағйири шакли решаҳо сарфи назар кунем ва теъдоди решаҳоро ҳамон 1500 бигирем, таркиби онҳо бо 250 пешванд, теъдоди 375000 вожаро ба даст медиҳад. Инак ҳар кадом аз вожаҳоеро, ки ба ин тартиб ба даст омадааст метавон бо як пасванд таркиб кард. Масалан, аз вожаи “худгузашта”, ки аз пешванди “худ” ва решаи “гузашт” дуруст шудааст, метавон вожаи “худгузаштагӣ"-ро бо афзудани пасванди “гӣ” ба даст овард, ва вожаи “пешгуфтор”-ро аз пешванди “пеш” ва решаи “гуфт” ва пасванди “ор” ба даст овард. Ҳар гоҳ 375000 вожаеро, ки аз таркиби 1500 реша бо 250 пешванд ба даст омадааст, бо 600 пасванд таркиб кунем, теъдоди вожаҳое, ки ба даст меояд, мешавад 225000000. Бояд вожаҳоеро, ки аз таркиби реша бо пасвандҳои танҳо ба даст меояд низ ҳисоб кард, ки мешавад 900000. Пас ҷамъи вожаҳое, ки фақат аз таркиби решаҳо бо пешвандҳо ва пасвандҳо ба даст меояд, мешавад 226275000 вожа. Дар ин муҳосиба фақат таркиби решаҳоро бо пешвандҳо ва пасвандҳо дар назар гирифтем, он ҳам фақат бо яке аз талаффузҳои ҳар реша. Вале таркибҳои дигаре низ ҳаст мисли таркиби исм бо феъл (монанди: пиёдарав) ва исм бо исм (монанди: хирадпеша) ва исм бо сифат (монанди: равшандил) ва феъл бо феъл (монанди: гуфтугӯ) ва таркибҳои бисёри дигар, ва агар ҳамаи таркибҳои мумкинро дар забонҳои ҳиндуурупоӣ бихоҳем ба шумор оварем, теъдоди вожаҳое, ки мумкин аст вуҷуд дошта бошад, марзи муайяне надорад ва нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки барои фаҳмидани ин милюнҳо вожа, фақат ниёз ба фаро гирифтани 1500 реша ва 850 пешванд ва пасванд дорем, дар сурате ки дидем дар як забони сомӣ барои фаҳмидани ду милюн вожа, бояд дастикам 25000 решаро аз бар дошт ва қоидаҳои печидаи сарфи афъол ва иштиқоқро низ фаро гирифт ва дар зеҳн нигоҳ дошт. Асоси тавоноии забонҳои ҳиндуурупоӣ дар ёфтани вожаҳои илмӣ ва баёни маъонӣ, ҳамон аст, ки шарҳ дода шуд. Забони порсӣ яке аз забонҳои ҳиндуурупоӣ аст ва дорои ҳамон решаҳо ва ҳамон пешвандҳо ва пасвандҳо аст. Талаффузи ҳуруф дар забонҳои мухталифи ҳиндуурупоӣ мутафовит аст, вале ин тафовутҳо тибқи як риволе пайдо шудааст. Тавоноие, ки дар ҳар забони ҳиндуурупоӣ вуҷуд дорад монанди юнонӣ, лотин, олмонӣ, фаронса ва англисӣ, дар забони порсӣ ҳам ҳамон тавоноӣ вуҷуд дорад. Равиши илмӣ дар ин забонҳо мутолиа шуда ва омода аст ва барои забони порсӣ ба кор бурдани онҳо бисёр сода аст. Барои баргузидани як вожаи илмӣ дар забони порсӣ фақат бояд вожаеро, ки дар яке аз шохаҳои забонҳои ҳиндуурупоӣ вуҷуд дорад бо шохаи порсӣ муқоиса кунем ва бо он ҳамоҳанг созем. Манбаъ:Kemyaesaadat