Мақоми падару модар
Мақоми падару модар
Author :
Editor :
Publish number :
Аввал
Publication year :
2009
Publish location :
Эрон - Қум
Number of volumes :
1
(0 Votes)
(0 Votes)
Мақоми падару модар
Пас аз Қуръони Карим, суханони Паёмбари Акрам(с), ки бо номи "ҳадис" ё "ривоят" маъруфанд, ҳидоятгар ва роҳнамои мусулмонон мебошанд. Ҳадисҳои Паёмбар(с) дар китобҳои фаровоне гирдоварӣ шудааст. Касоне, ки ин ҳадисҳоро ҷамъоварӣ кардаанд, заҳмату ранҷҳои зиёде кашидаанд, то ин суханони роҳнамо аз байн нараванд ва ба наслҳои оянда бирасанд. Ҳамаи қонунҳо ва аҳкоми Ислом дар Қуръони Карим зикр нашудааст ва хеле аз аҳком дар ҳадису ровоятҳо баён шудааст. Бинобар ин, суханони Паёмбар(с) тафсиркунандаи Қуръон ба шумор меоянд ва агар мо аз он ғофил шавем, дар ҳақиқат хеле аз аҳкоми дини худро аз даст хоҳем дод.
Аз тарафи дигар мо мебинем, ки мардуми мусулмони мо, он гуна ки шоиста аст бо ин суханони нуронӣ ошно нестанд. Аз ин рӯ яке аз вазифаҳои мо ин аст, ки то ҳадди имкон мардумро бо аҳодиси Паёмбари Акрам(с) ошно кунем.
Ба ҳамин хотир чанд тан аз дӯстон талошу кӯшиши зиёде карданд то дар мавзӯъҳои гуногун "чиҳил ҳадис" ҷамъоварӣ намоян.
Китоби ҳозир намунае аз ин корҳост ва умедворем, ки Худованд онро аз мо бипазирад ва мавриди писанди шумо низ қарор гирад.