Шаҳри Карбало
Шаҳри Карбало
0 Vote
96 View
Шаҳри Карбало Муаррифи: Шаҳри муқаддаси Карбало дар 105 километрии ҷануби ғарбии Бағдод ва дар канори саҳрои ғарбӣ Фурот қарор дорад. Карбало дар 44 дараҷа ва 40 дақиқа тули шарқӣ ва 33 дараҷа ва 31 дақиқаи арзи шимолӣ қарор дорад. Аз шимол ба устони Анбор, аз ҷануб ба устони Наҷаф ва аз шарқ ба устони Ҳилла ва бахше аз устони Бағдод ва аз ғарб ба водии Шом ва Арабистони Саудӣ маҳдуд мешавад. Торихча Торихи Карбало ба даврони бобулиҳо боз мегардад. Пеш аз Ислом, Карбало куҳистони масеҳиён ба шумор меомад. Аз ин рӯ, баъзе аз пажуҳишгарон муътақиданд, ки Карбало яъне “қурби Илоҳ” ки решаи вожаи бобулии қадим аст. Баъзе дигар, ки бо торихи Карбало ошнои доранд мегуянд, ки Карбало аз вожаи “курбобул” гирифта шудааст, ки ба маънои маҷмуаи рустоҳои Бобули қадим аст, ки Найнаво ва Ғозирия аз ҷумлаи онҳост ва имрӯза сарзаминҳои ҳусайнӣ номида мешавад. Сипас Карбало, Навовис ва Ҳияр номида шуд, ки имрӯза ба Ҳоир маъруф аст. Вақте Мутавккил дастур дод қабри шарифро вайрон кунанд ва бар он об бубанданд об пиромуни қабри он ҳазрат аз рафтан боз истод ва мутаҳайир шуд. Баъзе дигар муътақиданд торихи Карбало ба тамаддунҳои Байн-ан-наҳрайн боз мегардад ва дар он ибодатхонаҳое барои намоз вуҷуд доштааст. Карбало мураккаб аз ду вожаи ошурии “карб” ба маънои ҳарам ва “ил” ба маънои “Худо” аст ва маъно карбало ҳарами Худо аст. Баъзеи дигар эътиқод доранд решаи Карбало форсӣ аст ва аз ду вожа кор ва боло ташкил шудааст, ба маъноӣ кори боло. “Таф” яке дигар аз номҳои Карбалост. Эҳтимолан меравад вожаи Карбало аз карба ба маънои ҷудо кардан аст. Гуфта мешавад карбалат-ул-ҳинта, гандумро ғирбол ва ҷудо кардам. Яъне онро такон дода ва пок кардам. Пас бояд ин сарзамин аз ҳар гуна сангреза пок шуда бошад, ки инчунин номида шудааст. Карбало номи поҷуши шабдар турушак аст. Пас бояд ингуна гиёҳ дар ин сарзамин зиёд бошад, ки ба ин ном хонда шудааст. Вусъат ва бозсозӣ Дар давоздаҳи Муҳаррам ду рӯз пас аз ҳодисаи Ошуро, ободонии шаҳри Карбало оғоз гардид. Дар давоздаҳуми муҳаррам Бани Асад ҷасадҳои мутаҳҳари Имом Ҳусайн (а) ва бардоараш Аббос (а) ва фарзандон ва ёрони бовафояшро ба хок супурданд. Дар соли 247.ҳ. Мунтасари аббосӣ пас аз куштани падараш Мутаваккил, ки Карбалоро вайрон карда буд, биноҳоеро дар Карбало эҷод кард ва даври онро девор гирифт. Аввалин алавие, ки бо фарзандаш дар он иқомат гузид Сайид Иброҳим муҷоб бин Муҳаммад-ул-Обид бин Имом Мусо Козим(а) аст. Дар соли 372.ҳ. аввалин девор ба даври Ҳоир бино шуд ва масоҳати он ба 2400 метри мураббаъ расид. Дар соли 412.ҳ. Ҳасан бин Фазл бин Саҳлон Ромеҳрмазӣ вазир, дувумин деворро ба даври шаҳр бино кард ва чаҳор дарвозаи оҳанӣ дар атрофи он насб кард. Дар соли 941.ҳ. шоҳ Исмоили Сафавӣ ба зиёрати Карбало рафт. Наҳри қадимиро лойруби кард ва бинои боргоҳи Ҳусайн(а)-ро таъмир ва бинои нав кард. Дар соли 953.ҳ. шоҳ Сулаймон Қонунӣ ду зиреҳро таъмир кард ва мазрааҳоеро, ки ба василаи шин ва моса пушида шуда буд ба боғ табдил намуд. Дар аввалҳои қарни нуздаҳуми милодӣ пас аз ҳамлаи ваҳҳобиҳо дар соли 1216.ҳ. яке аз фармонравоёни Ҳинд ба зиёрати Карбало омад. Ӯ хонаҳо ва бозорҳои зебое сохт ва девори муҳкаме ба даври шаҳр кашид. Дар соли 1217.ҳ. Сайид Алӣ Таботабоӣ (соҳиби Ар-риёз) пас аз ҳамлаи ваҳҳобиҳо саввумин девори шаҳрро сохт ва шаш дарвоза барои он қарор дод, ки ҳар дарвозае исми хоссе дошт. Дар соли 1860.м. хатҳои телегроф ба Карбало расид ва Карбало ба дунёи хориҷ васл гардид. Дар соли 1285.ҳ. баробар бо 1868.м. Мидҳат подшоҳ, сохтумонҳо ва идороти давлатиро бино кард. Ӯ бозорҳоро густариш дод. Бахше аз девори шаҳрро аз самти дарвозаи Наҷафро вайрон кард ва бар бахши дигари шаҳр, ки ба маҳаллаи Аббосия маъруф буд изофа намуд. Дар соли 1914.ҳ. пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал сохтумонҳои нав ва хиёбонҳои ариз сохта шуд ва заминҳои Карбало густариш ёфт. Масоҳати Карбало акнун ба ҳудуди 52856 километри мурабаъ мерасад ва заминҳои он аз шин ва сангреза холӣ шуда ва пур аз боғҳои зебо шудааст. Оби Фурот ин боғҳоро обёрӣ мекунад. Ду ҷодаи аслӣ ба Карбало тамом мешванд яке ҷодаи Бағдод ба Карбало, ки аз шаҳри Мусайиб мегузарад ва тули он 97 километр аст ва дигари ҷодае аст, ки ба Наҷаф меравад ва тамоми роҳҳо ба марқади шарифи Имом Ҳусайн(а) ва дигар шаҳидҳои Карбало тамом мешавад. Аз назари умрон ва созандагӣ, шаҳр ба ду қисмат Карбалои қадим ва Карбалои нав тақсим мешавад. Бахши нав биноҳои бузург ва хиёбони дароз дорад ва муассисот, бозорҳо, мадрасаҳои динӣ ва давлатии бисёре дар ин қисмат вуҷуд дорад. Машҳуртарин маҳалаҳои шаҳр иборатанд аз маҳалаи Боб-ус-Саломат, маҳалаи Боб-ут-Тоқ, маҳалаи Боб-ул-Бағдод, маҳалаи Боб-ул-Хон, маҳалаи Мухаййам, маҳалаи Боб-ун-Наҷаф, маҳалаи аббосияи шарқӣ ва ғарбӣ. Шаҳракҳои нав низ ба шаҳр изофа шуданд монанди: шаҳраки Ал-Ҳусайн, шаҳраки Муаллимон, шаҳраки Ал-Аббос, шаҳраки Ан-Нақиб, шаҳраки Инқилоб, шаҳраки Ҳурр, шаҳраки Рамазон, шаҳраки Ас-Сиҳҳа, шаҳраки Ал-Искон, шаҳраки Қазвинӣ, шаҳраки Адолат, шаҳраки Бонкҳо, шаҳрак- Ал-Ансор, шаҳраки Кормандон, шаҳраки Шаҳрдорӣ, шаҳраки Ал-Аруба, шаҳраки Ас-Саъдия, шаҳраки Уламо, шаҳраки Ал-Мулҳиқ, шаҳраки Ат-Таълиб, шаҳраки Ислоҳоти зориъӣ ва шаҳраки Коргарон. Муҳимтарин хиёбонҳои Карбало иборатанд аз хиёбони Имом Алӣ(а), хиёбони Имом Ҳусайн(а), хиёбони Аббос(а), хиёбони Алӣ Акбар(а). Дар ҷавори марқади Имом Ҳусайн(а) ва ҳазрати Аббос(а) теъдоди зиёде марқад ва қабрҳо вуҷуд доранд: марқади Алӣ Акбар(а), марқади Сайид Иброҳим Муҷоб(а), марқади Ҳабиб ибни Музоҳири Асадӣ ва зиреҳи шаҳидҳо. Аз дигар маконҳое, ки зоирон ба зиёрати онҳо мераванд иборатанд аз: марқади Ҳурр ибни язиди риёҳӣ(а), хаймагоҳ, мақоми Имом Маҳдӣ(аҷ), тали Зайнабия, макони дасти рости Аббос(а), мақоми дасти чапи Аббос(а), мақоми Имом Ҷаъфари Содиқ(а), мақоми Авн ибни Абдуллоҳ, мақоми ибни Ҳамза, маҳали гуфтугуи Имом Ҳусайн(а) бо Умар ибни Саъд, мақоми ибни Фаҳди Ҳиллӣ, мақоми Физза, мақоми Имом Алӣ(а), мақоми Имом Козим(а), мақоми Алӣ Акбар(а), мақоми раъс-ул-Ҳусайн(а), мақоми Уммул Банин (саломи худо бар ӯ бод) ва мақоми Ахрас ибни Козим. Дар атрофи Карбало чандин макони бостони низ вуҷуд дорад монанди: қалъаи Ахизар, қалъаи Ҳиндӣ ва корвонсарои Ал-атшон. Баййинот