Миёни обу оташ
Миёни обу оташ
Author :
Publisher :
Publish number :
Аввал
Publication year :
2009
Number of volumes :
1
(0 Votes)
(0 Votes)
Миёни обу оташ
Тобистони соли 1991 пас аз саркубии кудатои нофарҷоми коммунистӣ (ГКЧП 19-21 август) фазои сиёсию иҷтимоии Иттиҳоди Шуравӣ ба кулли тағйир ёфт. Агарчанде ки то ин таърих сиёсати бозсозии М. С. Горбачёв дар роҳи озодиҳои сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷомеаи шӯравиро тағйир дода буд, вале баъд аз шикасти ин кудато ба раҳбарии дастгоҳҳои муҳими давлатӣ, ба вижа КГБ ва ВУД, омадани шахсиятҳои озодихоҳу демократ, раванди истиқлолталабӣ ва озодихоҳиро дар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ тезонд. Пуштибонии раҳбари Ҳизби Коммунист ва давлати Тоҷикистон аз ГКЧП ва сарони он нерӯҳои озодихоҳи мардумиро дар Ҷумҳурӣ ба таҳрик оварда, боиси баргузор шудани гирдиҳамоии 29-30 августи 1991 гардид. Сарони Ҳизби Коммунист талаби гирдиҳамомадагонро баҳона карда аз тариқи Шӯрои Олӣ, ки дар он аксарияти мутлақро доштанд, Қаҳҳор Маҳкамовро аз мақоми Раиси Ҷумҳур барканор карданд. Онҳо истеъфои чанд рӯз пеши Қ.Махкамовро аз вазифаи Муншии аввали Ҳизби Коммунистӣ «дар ин рӯзҳои сахт хиёнат ба ҳизб» дониста, бо барканорӣ аз мансаби Президентӣ, вайро сахт ҷазо доданд Бо эъломи истиқлоли кишвар дар таърихи 9-сентябри соли 1991 ва барканории Қ.Махкамов масъалаи интихоботи Раиси Ҷумҳур мавзӯи муҳими сиёсии рӯз гардид. Гурӯҳи зиёде аз дӯстон, мухлисон ва тарафдорон, аз ҷумла Раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва ҷамъи бузурге аз шахсиятҳои бонуфузи аҳли тасаввуф, эшонҳо, машоиху уламои ислом дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурӣ номзадии бандаро ба мақоми Раиси Ҷумҳурӣ (Президентӣ) пешниҳод карда буданд. Рӯйхат бо имзои пешниҳодкунандагон аз манотиқи гуногуни ҷумхурӣ ба Комисиюни Марказии Интихобот ироа шуда буд.