Ҳиҷоб

Ҳиҷоб

Ҳиҷоб

Number of volumes :

1

Publish number :

Дуюм

Publication year :

2012

Publish location :

Техрон

(0 Votes)

QRCode

(0 Votes)

Ҳиҷоб

Муқаддима Зарурати пўшидагии зан дар муқобили марди бегона яке аз масоили муҳимми исломӣ аст. Дар худи Қуръони Карим ин матлаб ба равшанӣ баён шудааст. Бинобар ин, дар асли матлаб аз назари исломӣ наметавон тардид кард. Масъалаи пўшида будани зан аз марди бегона яке аз мазоҳири лузуми ҳарим байни мардон ва занони бегона аст, ҳамчунон ки адами ҷавози хилват байни марду зани номаҳрам яке аз мазоҳири дигари он аст. Ин баҳсро дар панҷ бахш бояд баррасӣ кард: 1.Оё пўшиш аз мухтассоти Ислом аст ва пас аз зуҳури Ислом аз мусулмонон ба ғайри мусулмонон сироят кардааст? Ё аз мухтассоти Ислом ва муслимин нест ва дар байни миллатҳои дигари пеш аз Ислом низ вуҷуд доштааст? 2.Иллати пўшиш чист? Чунон ки медонем, дар байни ҳайвонот ҳеҷ гуна ҳариме байни ҷинси нар ва мода вуҷуд надорад, онҳо озодона бо якдигар муошират мекунанд. Қоидаи аввалии табиӣ ин аст, ки афроди инсон низ чунин бошанд. Ҳоло чӣ сабаб шудааст, ки байни ҷинси зану мард ҳарим ва пардае ба сурати пўшида будани зан ва ё ба шакли дигаре ба вуҷуд ояд? Ин савол ихтисос ба пўшиш надорад ва дар тамоми ахлоқи ҷинсӣ инчунин саволе ҳаст. Дар бораи ҳаё ва ифоф низ ҳамин пурсиш ҳаст. Ҳайвонот дар масоили ҷинсӣ эҳсоси шарм намекунанд, вале дар инсон, хусусан, дар ҷинси зан ҳаё ва шарм вуҷуд дорад. 3.Фалсафаи пўшиш аз назари Ислом. 4.Эродҳо. 5.Ҳудуди пўшиши исломӣ чист? Оё Ислом тарафдори парданишинии зан аст, ҳамчунон ки луғати ҳиҷоб бар ин маъно далолат мекунад, ё Ислом тарафдори ин аст, ки зан дар ҳузури марди бегона бадани худро бипўшонад, бидуни он ки аз ҷомеа канорагирӣ кунад? Дар ҳолати дуюм ҳудуди пўшиш чӣ қадар аст? Оё чеҳра ва ду даст то банд низ бояд пўшида шавад ё болои чеҳра ва ду даст бояд пўшида шавад, аммо чеҳра ва ду даст то банд пўшиданаш лозим нест? Дар ҳар ҳол, оё дар Ислом масъалаи сеюме, ки на парданишинӣ ва маҳбусият ва на омехтагӣ бошад, вуҷуд дорад ё на? Ва ба иборати дигар, оё Ислом тарафдори ҷудо будани маҷомеи занон ва мардон аст ё на? Инҳо пурсишҳое аст, ки ин китоб ба онҳо посух мегўяд.