2-Подшоҳ ва канизак
2-Подшоҳ ва канизак
0 Vote
76 View
Подшоҳ ва канизак (2) Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад, Ишқ набвад, оқибат нанге бувад. Достон то ба онҷо пеш рафт, ки ба подшоҳ дар хоб мужда медиҳанд, ки табибе аз ҷониби Ҳақ барои дармони канизак меояд: Буд андар манзара шаҳ мунтазир, То бибинад он чӣ бинмуданд сир. Дид шахсе, фозиле, пурмояе, Офтобе дар миёни сояе. Подшоҳ аз дур табиби расида аз ҷониби Ҳақро мебинад ва ба истиқболи ӯ меравад: Шаҳ ба ҷойи ҳоҷибон фопеш рафт, Пеши он меҳмони ғайби хеш рафт. Подшоҳ бо дидани он пир эҳсоси ошноии аҷибе бо ӯ мекунад ва эҳсос мекунад, ки ҷонаш ба ҷони он пир вобаста ва бо он яке аст ва танҳо дар зоҳир аз якдигар ҷудо ҳастанд, бо ӯ мегӯяд: Гуфт, маъшуқам ту будастӣ, на он, Лек кор аз кор хезад дар ҷаҳон. Подшоҳ метаваҷҷеҳ мешавад, ки маъшуқи ҳақиқии ӯ ҳамон пире аст, ки аз ҷониби Ҳақ расида, то ӯро барои расидан ба ҳақиқат кӯмак кунад. Онгоҳ чандин байт дар бораи адаб ва одоби нигоҳ доштан меоварад ва достони ҳазрати Мӯсо ва қавмаш ва Исо ва қавмашро шоҳиди мисол меоварад, ки касоне буданд, ки ҳурмати онҳоро нигаҳ надошта ва эшонро дурӯғ мепиндоштанд. Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб, Беадаб маҳрум гашт аз лутфи раб. Беадаб танҳо на худро дошт бад, Балки оташ дар ҳама офоқ зад... Дар миёни қавми Мӯсо чанд кас Беадаб, гуфтанд, ку сиру адас? Мунқатеъ шуд хону нон аз осмон, Монд ранҷи заръу белу досамон. Подшоҳ пирро дар оғӯш мегирад. Даст бигшоду каноронаш гирифт, Ҳамчу ишқ андар дилу ҷонаш гирифт. Подшоҳ пирро бисёр азиз медорад ва достони ишқ ба канизак ва бемории ӯро таъриф карда ва пирро ба болини каниз мебарад. Қиссаи ранҷуру ранҷурӣ бихонд, Баъд аз он дар пеши ранҷураш нишонд. Пир канизакро муойина мекунад ва ба подшоҳ мегӯяд, ки ҳар давое, ки барои ӯ навиштаанд ӯро бадтар кардааст. Ӯ пас аз муойина дарди ӯро мефаҳмад, аммо ба подшоҳ чизе намегӯяд. Ранги рӯю набзу қорура бидид, Ҳам аломоташ, ҳам асбобаш шунид. Гуфт, ҳар дору, ки эшон кардаанд, Он иморат нест, вайрон кардаанд. Табиби руҳонӣ мутаваҷҷеҳ мешавад, ки канизак беморияш руҳист ва дар воқеъ дили ӯ бемор аст ва ҷисмаш комилан солим. Дид аз зориш, к-ӯ зори дил аст, Тан хуш асту ӯ гирифтори дил аст. Онгоҳ ин баҳонае мешавад, ки Мавлоно абёти бисёр зебоеро дар васфи ишқ баён кунад. Ошиқӣ пайдост аз зории дил, Нест беморӣ чу бемории дил. Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост, Ишқ устурлоби асрори Худост. Ошиқӣ гар зин сару гар з-он сар аст, Оқибат моро бад-он сар раҳбар аст. Ҳар чӣ гӯям ишқро шарҳу баён, Чун ба ишқ оям, хаҷил бошам аз он. Гарчи тафсири забон равшангар аст, Лек ишқи безабон равшантар аст. Чун қалам андар навиштан мешитофт, Чун ба ишқ омад, қалам бар худ шикофт. Ақл дар шарҳаш чу хар дар гил бихуфт, Шарҳи ишқу ошиқӣ ҳам ишқ гуфт. Офтоб омад далели офтоб, Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб. Табиби руҳонӣ аз подшоҳ мехоҳад, ки ӯро бо каниз танҳо гузорад. Гуфт, эй шаҳ, хилвате кун хонаро, Дур кун ҳам хешу ҳам бегонаро. Ором-ором аз канизак суолҳое мепурсад. Нарм-нармак гуфт, шаҳри ту куҷост? Ки илоҷи аҳли ҳар шаҳре ҷудост. В-андар он шаҳр аз қаробат кистат? Хешиву пайвастагӣ бо чистат? Табиби руҳонӣ ба ҳарфҳои канизак гӯш медод ва бо ӯ ҳарф мезад дар ҳоле ки набзи ӯро дар даст дошт ва комилан ба ҳуш буд, ки бо сӯҳбат дар мавриди чӣ касе набзи ӯ тағйир мекунад. Табиб кам-кам мепурсад, то ба шаҳри Самарқанд мерасад. Бо овардани номи Самарқанд тағйироте дар набз мутаваҷҷеҳ мешавад. Набзи ӯ бар ҳоли худ буд бегазанд, То бипурсид аз Самарқанди чу қанд. Набз ҷасту рӯй сурху зард шуд, К-аз самарқандии заргар фард шуд. Табиби руҳонӣ мутаваҷҷеҳ мешавад, ки дар Самарқанд марди заргаре аст ва ин канизак ошиқи ӯст. Ба ӯ умедворӣ медиҳад, ки ман дарди туро дармон мекунам, аммо ту ҳам ҳавоссат бошад, ки ба касе аз ин роз ҳарфе назанӣ, ҳатто агар подшоҳ аз ту хост. Чаро ки агар мехоҳӣ зудтар ба муродат бирасӣ, набояд дар бораи он бо касе ҳарф бизанӣ. Гӯрхонай рози ту чун дил шавад, Он муродат зудтар ҳосил шавад. Гуфт пайғамбар, ки ҳар кӣ сир нуҳуфт, Зуд гардад бо муроди хеш ҷуфт. Табиби руҳонӣ ба назди подшоҳ меравад ва миқдоре аз достонро таъриф мекунад ва чораи дардро ин медонад, ки он марди заргарро ба инҷо даъват кунанд. Марди заргарро бихон з-он шаҳри дур, Бо зару хилъат бидеҳ ӯро ғурур. Подшоҳ чанд нафарро барои овардани ӯ маъмур мекунад. Пайкҳо ба дидори марди заргар мераванд ва баъд аз таърифи ҷараён, ба ӯ мегӯянд, чун ту бузург ва моҳирӣ, подшоҳ туро барои умури заргарии худ интихоб кардааст ва молу зару хилъат бароят фиристода. Марди заргар ба худ мағрур мешавад ва аз зану фарзанд мебурад ва ба дарбор меояд. Пас аз омадани марди заргар, ҳаким ба подшоҳ мегӯяд: канизакро ба марди заргар бидеҳ, бо ин кор ӯ ором ва дармон мешавад. Он канизак ва марди заргар то шиш моҳ бо якдигар зиндагӣ мекунанд ва канизак рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Пас аз шиш моҳ ба дастури табиби руҳонӣ шарбате ба марди заргар хӯронда мешавад, ки кам-кам аз зебоии ӯ коста мешавад. Ҳарчи зебоии ӯ камтар мешавад, ишқи духтар ҳам ба ӯ кам мешавад. Чунки зишту нохушу рухзард шуд, Андак-андак дар дили ӯ сард шуд. Онгоҳ Мавлоно ин байти зеборо меоварад: Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад, Ишқ набвад, оқибат нанге бувад. Ишқи канизак ба он мард як ишқи зоҳирӣ буд ва бо кам шудани зебоии он мард, он ишқ ҳам аз байн рафт. Хӯрдани он шарбат боиси марги он мард мешавад. Мард дар охирин лаҳазот абётеро хитоб ба канизак мегӯяд. Душмани товус омад парри ӯ, Эй басе шаҳро бикушта фарри ӯ. Гуфт, ман он оҳуям, к-аз нофи ман Рехт ин сайёд хуни софи ман. Эй ман он рӯбоҳи саҳро, к-аз камин Сар буридандам барои пӯстин. Марди заргар мемирад. Аммо шояд барои бисёре ин суол пеш меояд, ки чаро табиби руҳонӣ марди заргарро кушт? Мавлоно ба ин суол ба хубӣ ва зебоӣ посух медиҳад. Ӯ накушташ аз барои табъи шоҳ, То наёмад амру илҳоми Илоҳ. Мавлоно мегӯяд, ки ин кор ба дастури Ҳақ анҷом шуд ва сайри ин кор мисли достони ҳазрати Хизр ва он писаре аст, ки гулӯяш ба дасти Хизр бурида шуд ва ё достони Иброҳим ва куштани Исмоил ҳам ба ҳамин шакл аст. Ва Мавлоно бо овардани мисолҳои зиёде ин достони зебо ва пурмафҳумро ба поён мерасонад. Дар ибтидои достон ва дар бахши аввали ин мақола ин суол матраҳ шуд, ки чаро Мавлоно мегӯяд, эй дӯстон! Ин достонро гӯш диҳед, чун ки шарҳи ҳоли ҳамаи мост. Дар инҷо ба ин суол посух медиҳем. Муфассирони бисёре ин достонро ба шаклҳои мухталиф тафсир кардаанд ва дар ниҳоят ба ин натиҷа расидаанд, ки дар ин достон подшоҳ рамзи руҳ аст, табибони мағрур, ки натавонистанд дармоне анҷом диҳанд, рамзи ақли ҷузъӣ ва машойихи зоҳирӣ, канизак рамзи нафси ҳайвонӣ, марди заргар рамзи дунё ва табиби руҳонӣ рамзи пир ва муршид ва ё ақли куллӣ аст. Руҳ (шоҳ) ошиқи нафс (канизак) мешавад то онро ба мартабаи нафси мутмаинна (ором) бирасонад, аммо нафс (канизак) ошиқи дунё (марди заргар) аст ва моил нест, ки ҷаҳони зоҳирро раҳо карда ва мароҳили камолро тай кунад. Ибтидо ақли ҷузъӣ (табибони мағрур) мехоҳанд, ки тааллуқоти шаҳавониро аз нафс ҷудо созанд, вале ҳоли ӯ бадтар ва вобастатар ба дунё мешавад. Пас руҳ ба ҷониби Худо рӯй меоварад ва Худованд ақли куллӣ (табиби руҳонӣ)-ро маъмур мекунад, ки бо нишон додани ҳақиқат ва заволи дунё, майли нафсро кам карда ва ӯро ба самти нафси мутмаинна ҳидоят кунад. Кимиёи саодат