Ҳамсардории Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо)
Ҳамсардории Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо)
Author :
Нафисаи Соҳибназар
0 Vote
99 View
Ҳамсардории Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) Оини ҳамсардории ҳазрати Фотимаи Заҳро (саломуллоҳ алайҳо) Паёмбари Акрам(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуданд: дар Ислом биное, ки назди Худованд маҳбубтар аз издивоҷ бошад, ниҳода нашуда аст[1]. Нигоҳи Паёмбари Акрам(салавотуллоҳ алайҳ) ва Аҳли Байт(саломуллоҳ алайҳим) ба хонавода бисёр амиқ ва ҳама ҷониба аст ва тамоми абъоди онро, аз оғоз то анҷом, дар ҳамаи мароҳил дар бар дорад. Паёмбари Акрам(с) ва аҳлибайташон ба фармудаи Қурони карми дар тамоми абъоди зиндагии мо улгу ва усва ҳастанд ва бояд по дар ҷои пои онҳо гузорм то, ки ба саодати дунявӣ ва ухравӣ бирасем. Дар ин мақола нигоҳи гузарое шуда аст ба оини ҳамсардории ҳазрати Фотима(с) танҳо ёдигори ҳазрати Расули акрам(с). Агар ҳар яке аз мо худро ба як ё чанд сифат ва хислати он бонуи бартарин олам баҳраманд созем, бовар дошта бошем, ки саодати дунё ва охират насибамон шуда аст. Исор ва таовун[2]: Исор ва аз худ гузаштагӣ яке аз муҳимтарин авомили истиҳкоми равобит миёни аъзои ҷомеа аст. Дар зиндагии ҳазрати Фотима(с) ва исор дар баробари шавҳари бузургаш намунаҳои ошкоре ба чашм мехурад. Ҳангоме, ки Паёммбари акрам(с) он дуро машғули кор дид аз онҳо пурсид, ки кадом як аз шумо хастатаред? Ҳар як аз онҳо дигариро муқаддам дониста ва ӯро хаста ва машаққати кор зикр мекард. Тақсими кор: Яке аз намодҳои зиндагии муштараки ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) тақсими матлуби вазоифи зиндагии муштарак буд. Вақте, ки Паёмбари акрам(с) тақозо карданд, то корҳоро миёни он ду тақсим кунад, Расули Худо (с) корҳои хонаро ба ҳазрати Фотима(с) супурд ва масъулияти хориҷ аз хонаро ба ҳазрати Алӣ(а) вогузор кард. Муҳаббат ба ҳамсар: Паёмбари Аъзам(с) борҳо духтар ва домоди гиромиашро ба муҳаббати якдигар супориш мефармуданд. Рӯзе ба ҳазрати Фотима(с) фармуданд: духтарам! шавҳари ту беҳтарини ҳамсарҳост, туро аз нофармонии ӯ барҳазар медорам. Сипас ба ҳазрати Алӣ(а) фармуданд: Алиҷон! ба ҳамсарат меҳрубони кун, зеро Фотима(с) пораи тани ман аст. Ранҷи ӯ ранҷи ман ва хушнудии ӯ хушнудии ман аст. Роздорӣ: Рӯзе ҳазрати Фотима(с) ба ҳузури Паёмбари акрам(с) расид, дар ҳоле ки осори заъф ва гуруснагӣ аз чеҳраи фархундааш намоён буд. Расули Худо(с) бо мушоҳидаи ин ҳолат дастҳояшро ба осмон баланд намуд ва гуфт: Худоё! гуруснагии фарзандамро ба серӣ табдил кун ва вазъи зиндагии ӯро обод кун. Бале ҳазрати Фотима(с) аз фақри хонаи Алӣ(а) шиква ва гилоя намекунад ва Паёмбари акрам(с) бидуни ин ки ҳазрати Фотима(с) ба ӯ сухане бигӯяд, аз заъф ва гуруснагии ӯ бо хабар мешавад, ки ин худ яке аз намунаҳои пойбандии асос ва асрори хонавода аст. Фидокорӣ ва сабр бар фақр: Субҳи яке аз рӯзҳо, ки Алӣ(а) ва Фотима(с) дар канори ҳам буданд ҳазрати Алӣ(а) барои рафъи гуруснагии шадиди худ, аз ҳамсараш таоме талаб кард. Ҳазрати Фотима (с) дар ҷавоб гуфтанд: худ ду рӯз аст, ки чизе нахурдаам ва ҳарчӣ дар хона буд барои шумо ва фарзандон овардаам. Ҳазрати Алӣ(а) фармуд: чаро маро аз ин амр хабар насохтӣ, то барои таҳияи ғизо андеша кунам. Ҳазрати Фотима (с) посух дод: аз Худои худ шарм кардам, ки чизе аз ту бихоҳам, ки анҷоми он барои ту сахт бошад. Нигоҳи шифо ва рӯҳбахш: Амири муъминон Алӣ(а) мефармоянд: Ҳеҷгоҳ Фотима(с) аз ман наранҷид. Ва ӯ ҳаргиз маро наранҷонд. Ӯро ба ҳеҷ коре маҷбур накардам ва ҳар гоҳ ба сурат ва рухсорааш назора мекардам тамоми ғусаҳои ман бартараф мешуд ва дардҳоямро фаромуш мекардам. Ба Худо қасам ҳаргиз коре накардам, ки Фотима(с) хашмгин шавад. Ӯ низ ҳеҷгоҳ маро хашмгин накард. Бале ҳазрати Фотима(с) барои эҷоди як муҳити ором ва босафо дар даруни хона талош мекард ва ончи мегуфт ва анҷом медод дар ҷиҳати аҳдофи ҳамсари фидокор ва диловараш буд. Тақвияти равонии шавҳари муҷоҳид: Ҳангоме, ки ҳазрати Алӣ(а) аз ҷабҳа боз мегардад. Ҳазрати Фотима(с) ба истиқболи Ӯ меравад ва бо рӯи гушода ва лабханде ҳокӣ аз ризоят ва ифтихор бар ӯ менигарад, либос ва шамшери хунолуди Ӯро мешуяд ва аз ҳаводиси майдони ҷанг мепурсад ва бадин тариқ нақши худро дар ҷиҳоди сарнавиштсози Ислом ва дар тақвияти равонии шавҳари муҷоҳидаш ифо мекунад. Нафисаи Соҳибназар