Тафсири сураи Нур
Тафсири сураи Нур
Author :
Interpreter :
Publication year :
2012
Publish number :
Аввал
Number of volumes :
1
(0 Votes)
(0 Votes)
Тафсири сураи Нур
Китобҳои осмонӣ барои ҳидояти инсон нозил шудаанд ва Қуръони Карим комилтарини онҳо ва олитарин дастур барои расидан ба қуллаи саодат аст. Дар миёни китобҳои осмонӣ фақат Қуръони Карим аст, ки алфози он айни ваҳйи илоҳӣ аст ва дасисагарон ҳеҷ гоҳ натавониста ва нахоҳанд тавонист дасти нопоки худро ба таҳрифи он олуда созанд. >إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ< “дар ҳақиқат мо Қуръонро нозил кардем ва ба ростӣ аз он нигаҳдорӣ мекунем.”[1] Қуръон нур ва рӯшаноӣ аст ва инсонро аз торикиҳо ба сӯи рӯшноӣ ва роҳҳои саломати ҷисму рӯҳ раҳнамуд месозад. >قَدْ جَاءكُم مِّنَ اللّهِ نُورٌ وَكِتَابٌ مُّبِينٌ ... يَهْدِي بِهِ اللّهُ مَنِ اتَّبَعَ رِضْوَانَهُ سُبُلَ السَّلاَمِ وَيُخْرِجُهُم مِّنِ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِهِ < “Дар ҳақиқат аз тарафи Худо, нур ва китоби ошкоре ба сӯи шумо омад. ... Худованд ба баракати он, касонеро ки аз хушнудии Ӯ пайравӣ кунанд, ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад ва ба фармони худ аз торикиҳо ба сӯи рӯшноӣ мебарад.”[2] Ба ҳамин ҷиҳат Худои Субҳон дар оёти бисёре Қуръони Каримро китоби ҳидоят муаррифӣ мекунад. Гарчи ниёзи инсон ба Қуръон махсуси як замон нест, аммо ба ҷуръат метавон гуфт, ки имрӯз ниёзи инсон ба оёти нуронии Қуръон хеле бештар аст. Бетардид инсони дур афтода аз хештан ва аз фазоили ахлоқӣ ва авотифи инсонӣ ва гирифтор дар изтиробҳо ва нигарониҳо, ташнаи ҳақиқати ноб ва ба дунболи оби ҳаёт аст ва онро ҷуз дар дини ҳақиқӣ, ки ҳамоно Ислом ва дар китоби ҳидояташ, ки Қуръони Карим мебошад нахоҳад ёфт. Паёмовари ваҳй ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) мефармоянд: «اِذَا الْتَبَسَتْ عَلَيْكُمُ الفِتَنُ كَقِطَعِ اللَّيْلِ الْمُظْلِمِ فَعَلَيْكُمْ بِالْقُرآنِ» “Ҳар гоҳ фитнаҳо ҳамчун пораҳои шаби сиёҳ бар шумо рӯй овард, пас шумо бояд ба суроғи Қуръон биравед.”[3] Ва низ фармудаанд: “Қуръон суфраи меҳмонии Худованд аст, то метавонед аз зиёфати Ӯ баҳра бигиред.”[4] Дар дунёи имрӯз, душманони башарият бо пешрафтатарин абзор аз замину осмон бар ақоид, фарҳанг, ахлоқ ва имони мусулмонон ҳуҷум оварда ва аз ҳеҷгуна тавтиа, таҳриф ва шубҳапароканӣ даст намебардоранд. Фитнаҳо монанди абрҳои торик соя афканда ва ниёзи инсон ба киштии мутмаин аз ҳар замоне бештар шудааст. Муҳимтарин мушкили башари имрӯз, анвои дилҳураҳо ва изтиробҳо ва дағдағаҳост ва танҳо василаи оромбахш ёди Худост, ки мефармояд: >أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ< “Огоҳ бошед, ки танҳо бо ёди Худо дилҳо оромиш меёбад.”[5] Ва Қуръони Карим беҳтарин ёди илоҳист, ки метавон бо хондан ва тадаббур дар оёташ дилро оромиш бахшид. Яке аз мушкилоти ҷомеа гирифторӣ дар бархе мафосид ва гуноҳони ҷинсӣ ва риоят накардани ҳарим ва ҳудуди воқеӣ ва инсонии якдигар аст. Сураи муборакаи Нурро метавон сураи покдоманӣ ва баёни ҳадду марзҳои масоили ҷинсӣ ва муҷозотҳои мутахаллифони аз ин ҳадду марз донист, ки барои огоҳӣ ва кам кардани ин мафосид роҳкушост. Аз ин рӯ бо интихоби ин сура қасд дорем хидмате ба ҷомеаи мусулмон ва инсонӣ бо таваҷҷӯҳ ба маорифи Қуръон ва суннат дошта бошем. Барои фаҳмидани оёти Қуръони Карим тафсирҳои зиёде навишта шудааст, вале дар миёни ин тафосир тафсири Нури устод Қироатӣ равон ва корбурдӣ аст, аз ин рӯ сураи Нурро аз ин тафсири арзишманд баргузидем ва баргардон намудем, ки инак дар ихтиёри шумо аст. Бошад, ки мавриди писанд ва истифодаи хонандагони муҳтарам қарор гирад. Иншоаллоҳ. « اَللّهُمَ اجعَلِ القُرآنَ لَنَا نُورًا وَ هُدیً وَ رَحمَۀً وَ بُشریَ » [1]. Сураи Ҳиҷр, ояти 9. [2]. Сураи Моида, ояти 15‑16. [3]. Усули Кофӣ, ҷ.2, саҳ 598. [4]. Канзулуммол, ҳадиси 2356. [5]. Сураи Раъд, ояти 28.