Насиҳати Паёмбар (с) ба ҷавонон / Қисми 2
Насиҳати Паёмбар (с) ба ҷавонон / Қисми 2
Author :
Publication year :
2009
Publish location :
Душанбе
Number of volumes :
1
Publisher :
Publish number :
Аввал
(0 Votes)
(0 Votes)
Насиҳати Паёмбар (с) ба ҷавонон / Қисми 2
Аммо баъд: Навҷавонони азиз, имрӯз соати он фаро расидааст, то аз чунин ҳақиқате ёдовар шавем, ки ояндаи ҳар як миллат ба навҷавонони он бастагӣ дорад. Барои аз одобу ахлоқи некӯ пайравӣ кардан бояд як пешво ё раҳбару роҳнамое дошт. Алҳамду лиллоҳ шумо беҳтарин пешворо доро ҳастед, ки дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ - хоҳ дар эҳтироми падару модар бошад, хоҳ дар эҳтироми устоду муаллим, хоҳ дар эҳтироми завҷу завҷа, хоҳ дар эҳтиром ва ҳаққи ҳамсоя ва ҳоказо аз ӯ пайравӣ кунед ва он пешво ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аст. Ва банда китобчаеро бо номи «Суфоришоти Расули акрам (с.а.с.) » - навиштаи доктор Ҳомид Аҳмади Тоҳир, тарҷумаи Расули Таймурй ба хатти сирилик баргардон намуда бо исми «Насиҳатҳои Пайгамбар (с.а.с.) ба ҷавонон» номгузорй карда ҷиҳати омӯхтани ахлоқи некӯро аз Пайғамбар (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) барои шумо азизон таҳия ва пешкаш менамоям. Иншоаллоҳ умеди онро дорам, ки ҷавонони мо бо ахлоқи некӯи пешвояшон худро ороста мекунанд.