Дуои Нахудак ва ҷавоби сарвари ҳукумат
Дуои Нахудак ва ҷавоби сарвари ҳукумат
0 Vote
66 View
Яке аз аъзоёни тими ҳукумати Тоҷикистон аз Нахуд қарздор мешавад. Нахудак ин тараф мезанад, он тараф мезанад, ҳеч илоҷе намеёбад, ки қарзашро баргардонад. Он мард ҳам ҳар рӯз баҳонаҳои нав ба нав пеш меорад. Ахиран, аз дасти Нахудак ба дод омада, худашро баробари дидани Нахудак пинҳон мекунад. Нахудак, ягона роҳи ҳалро шикоят ба сарвари ҳукумат мебинад. Ва роҳ пеш мегирад, ба дарвозаи ҳукумат наздик мешавад. Касе барои вурӯди ӯ иҷоза намедиҳа. Хуллас, бо сад найрангу ҳилла ва бо ришва диҳӣ вориди ҳукумат мешавад. Дар қабули сарвари ҳукумат мешинад. Ду пояшро дар як мӯза мемонад, ки то сарваратон маро қабул накунад, аз ин ҷо хориҷ намешавам. Нахудакро сарвари ҳукумат қабул мекунад. Нахудак чи дарду аламе аз дасти қарздораш дошт, ба сарвари ҳукумат арз мекунад. Сарвари ҳукумат мегӯяд, писарам интизор шав, қарзатро бармегардонад. Нахудак, мебинад, ки аз сарвари давлат низ ба ӯ кӯмаке нест, ба зора даромада дуо мекунад, ки Иллоҳо рӯи Биҳиштро набинад. Сарвари ҳукумат дили Нахудакро таскин доданӣ шуда, фавран ҳозирҷавобӣ мекунад: Нахудакҷон зиқ нашав, ман ба ту кафолат медиҳам, ки аз тими ман касе ба Биҳишт роҳ намеёбад!!!