Қиссаи домоди беҳтар
Қиссаи домоди беҳтар
0 Vote
65 View
Халифаи Умавӣ [1] Абдулмалик ибни Марвон хост духтари яке аз бузургон ва донишмандони тобеин, [2]ба номи Саъид ибни Мусаябро ба писар ва валиюлаҳдаш[3] Валид ибни Абдулмалик хостгорӣ намояд, аммо Саъид сахт аз ин хешовандӣ дўрӣ ҷуст ва нахост духтараш дар оянда ҳамсари халифа гашта сайдаи дарбори амири мисли Абудлмалик бошад. Саъидро ҳамнишин ва дӯсти факире буд, ки ўро Абдуллоҳ ибни Вадоъа мегуфтанд. Абдуллоҳ чанд рўзе нопадид гашт. Саъид аз ў ҷўё шуд ва хост то ў ба наздаш биояд. Абдуллоҳ ба наздаш ҳозир шуда ва аз Саъид узрхоҳӣ намуд ва сабаби чанд рўз набудан ва дер омаданашро чунин гуфт: сабаби наомаданам бемории ҳамсарам ва сипас марги ў буд. Саъид гуфт: Чаро моро хабар накардӣ то ба аёдаташ биравем, ё ин ки пас аз маргаш ба ҷанозааш ҳозир шавем? Сипас гуфт: эй Абдуллоҳ! Боз издивоҷ кун. Абдуллоҳ гуфт: Худо шуморо раҳмат фармояд, кӣ ба мани фаќиру нодор духтар медиҳад? Саъид гуфт: ман духтарамро ба ту медиҳам. Абдуллоҳ аз шарм хомўш шуд. Саъид гуфт: чаро хомўш шудӣ? Инро ќабул надорӣ? Абдуллоҳ гуфт: ман куҷову духтари шумо куҷо? Саъид гуфт: як касро аз ансор бихоҳ! Ў ҳозир шуд то шоҳиди издивоҷашон гардад. Чун намози хуфтанро хонданд Саъид аз худ ходим ва чанд дирҳам ва таом омода карда ба назди духтараш рафт ва ўро ба издивоҷи Абдуллоҳ даровард, дар ҳоле, ки Абдуллоҳро ҳеҷ боваре набуд бо чунин духтаре издивоҷ менамояд. Аҳмад Азиз Манбаъ : Сомонаи Васатият ------------------------------------------------------------------------------------------------- Шарҳи луғатҳо : (1)Хулафои бани Умаййа ба фарзандони Абусуфёну муовияро гуянд , ки бисёрашон амирони золим ва фосик буданд .! (2) Тобеи ба касе гуянд , ки сахобаеро дида бошад ва аз у касби адабу маърифат намуда бошад . [3] Валийулаҳд ба касе гуянд ки чонишини амир дар амри ҳокимият бошад ва баъд аз фавти амир подшоҳ ва амир гардад .