Аввал бихонед баъд издивоҷ кунед
Аввал бихонед баъд издивоҷ кунед
0 Vote
65 View
Иллати баъзе рафторҳои мутафовити мардону занон, сохтори мағзи онҳост
Ҳатман гоҳе аз худ пурсидаед, ки чӣ чиз боис мешавад то занон бихоҳанд мураттаб дар бораи воқеаҳои зиндагии рӯзмарраашон бо ҳама сӯҳбат кунанд, дар ҳоле ки мардон одатан дар ин маврид дарунгаро ҳастанд ва ҳолу ҳавсалаи сӯҳбат дар мавриди воқеаҳои зиндагии рӯзмарраашонро надоранд?
Чаро мардон одатан вақти озоди худро сарфи кор кардан ва ё хондани маҷаллот мекунанд, дар ҳоле ки занон бештар тарҷеҳ медиҳанд ба ахбори расида аз ину он бипардозанд ва ё сайъ кунанд робитаҳояшон бо дигарон барозанда ва маъқул ба назар бирасад?
Чаро мардону занон аз робитаҳояшон бо якдигар чизҳои мутафовитеро талаб мекунанд?
Шояд иллат, тафовутҳои бунёдин дар мағзи мардону занон бошад. Дар баррасии намунае аз тафовутҳои рафторӣ, муҳаққиқони яке аз донишгоҳ мутаваҷҷеҳ шуданд, эҳсоси дард дар занону мардон мутафовит аст. Мардон дар мувоҷиҳа бо дард, бештар ба ин фикр мекунанд, ки чӣ гуна аз шарри он дар кӯтоҳтарин замони мумкин халос шаванд, аммо дар муқобил, занон бештар даргири посухи эҳсосияшон нисбат ба осеб ҳастанд, ки ин худ мумкин аст боис шавад то онҳо дардро шадидтар эҳсос кунанд.
Барои муқобила бо нороҳатии ношӣ аз талоқ низ тафовути ду ҷинс ба хубӣ машҳуд аст. Занон тавоноии бештаре барои татобуқ бо мавзӯъ доранд. Дар сайри такомулӣ, занон бештар аҳли муошират ва рафторҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Онҳо дорои маҳоратҳои барқарории иртиботи иҷтимоӣ ҳастанд. Ва ин дар ҳоле ки мардон камтар қодир ба барқарории робитаи иҷтимоии муносиб, ҳатто бо дӯстонашон ҳастанд ва дар ҳангоми нороҳатиҳои эҳсосӣ, ба ҷои мувоҷиҳа бо мавриди нороҳаткунанда, бештар саъй мекунанд онро аз ҳар тариқи мумкин, гарчанд дар даруни худ бирезанд, ба ҳадди ақал бирасонанд.
Шояд як далели илмӣ барои ин мавзӯъ ин бошад, ки мағзи мардон тавре танзим шуда, ки ба сурати системаи таҳлилӣ амал кунад, дар ҳоле ки мағзи занон, бештар дар мавриди эҳсосот танзим шудааст. Дар тайи чанд соли аввали пас аз талоқ, занон равобити бештаре бо дӯстонашон барқарор карда ва вақти бештаре сарфи хонаводаашон карданд ва ба дунболи мушовираҳо ва дармони нороҳатиҳояшон буданд, дар ҳоле ки мардон ғолибан ба дунболи лаззатҳои худ буданд. Одатан пас аз ба ҳам хӯрдани як робитаи заношӯӣ, мардон барои ҳифзи эътимод ба нафсашон, ба дунболи робитаи ҷадид ҳастанд, ба ҷои он ки фикр кунанд чаро издивоҷашон бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.
Илова бар ин, бар хилофи ақидаи умумӣ, дар як робитаи ду тарафа, мардон бештар аз занон даргири ишқ мешаванд. Аз тарафи дигар, занон бештар аз тариқи барномарезишудатар ошиқ мешаванд, ки таҳти таъсири сайри такомулиашон аст. Онҳо бештар ба дунболи шарике ҳастанд, ки муроқиби онҳо буда ва қодир бошад онҳоро, ҳам аз назари молӣ ва ҳам аз назари отифӣ таъмин кунад. Занон дар робитаашон бо тарафи муқобил, илова бар ҷаззобиятҳои физикӣ, ба дунболи меҳрубонию саховат низ ҳастанд. Албатта доктор Тейс, яке аз устодони донишогҳи амрикоӣ, хотиршинон мекунад, фишорҳое низ дар иҷтимоъ вуҷуд доранд, ки боис мешаванд мардону занон ба сӯи шеваҳои рафтории барномарезишудаашон суқ дода шаванд. Дар иҷтимоъ мардон бештар ташвиқ мешаванд, то эҳсосоти худро контрол карда ва тобеи он набошанд. Шояд контроли эҳсосот дар қарнҳои гузашта ва ба хусус дар ҷангҳо барои мардон хуб буда бошад, аммо умуман контрол кардани эҳсосот барои шаклдиҳии як робитаи заношӯӣ кори ҷолиб ва муфиде нест.
Дар тарафи муқобил, занон дар иҷтимоъ ғолибан ба сӯи шеваи рафторӣ тарғиб мешаванд, ки дар тайи он аз занон бештар интизор меравад мулоимтар ва меҳрубонтар бошанд, ки ин худ мӯҷиб мешавад барқарории иртибот бо ашхоси дигари ҷомеа барояшон осонтар бошад. Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт, ҳеҷ зану марде тамоми хусусиёте, ки муҳаққиқон дар мавриди мағзи зану мард мегӯянд-ро надорад. Ағлаби мардум мағзҳои мутаодиле доранд, ки дорои мақодири мусовӣ аз хусусиятҳои мардона ва занона аст. Аммо бояд гуфт, ки баъзе хусусиятҳо дар мардон бештар аст ва баъзе дар занон. Ҳатто баъзе аз ашхос дорои мағзҳое ҳастанд, ки рафторе хилофи ҷинси онҳо дорад. Ба унвони мисол, мумкин аст дар ихтилофи заношӯӣ, мард орому сокит бошад, вале ин ба он маъно нест, ки вай асабонӣ шуда аст, балки маънои аслии он ин аст, ки мағзи он мард беҳтар метавонад масъаларо даруни худ ва бо оромиш ҳаллу фасл кунад. Ба таври мушобеҳ, чунон чи зане барои сӯҳбат кардану мубоҳиса пофишорӣ мекунад, набояд фикр кард иллати он баҳрабардорӣ аз ниқ заданҳои мудовим аст, балки ин ғаризаи вай аст, ки аз ӯ мехоҳад то барои барқарории иртибот ва нишон додани эҳсосаш сӯҳбат кунад.
Агар шумо ин тафовутҳоро пеш аз ин ки мавриде пеш биёяд дар назар бигиред, ҳатман робитаи роҳаттар ва дарки беҳтаре аз тарафи муқобил хоҳед дошт ва мутаваҷҷеҳ хоҳед шуд, ки кори мағзҳои мутафовити зану мард ба кӯмаки якдигар комил мешавад. Агар шинохти ниёзҳо ва хусусиятҳои ҷинси мухолифро пеш аз издивоҷ тасреъ бахшида ва бидонем, ки табиати рафтории ин ҷинс дар умуми вақтҳои мушобеҳ чӣ гуна аст, метавон аз бисёре аз интизороти бемаврид ҷилавгирӣ намуд ва ашхосро дар ҷиҳати чароии рафторҳо тавҷеҳ кард. Ба илова, завҷайн бо доштани ин маълумот ҳатто метавонанд ниёзҳои худро мӯътадил кунанд ва дар баробари баъзе бетаваҷҷӯҳиҳо сатҳи мувофиқати худро афзоиш диҳанд.
Манбаъ: Хонаводаи намуна